|
Муаллиф: Муъмин Қаноат
|
|
17.05.2012 09:57 |
|

Қафасфурӯш садо мекунад, ки зуд биё,
Ки мехарӣ зи даруну бурун навои зиё,
Биё, ки кабки дариаш ба сони шоҳин аст,
Ки ин сарои сароянда аст, эмин аст;
Ва ман қафас харидаму рафтам.
Идома... |
|
|
Зинда бошед, зиндагии мо хуш аст, устод! |
|
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ
|
|
17.05.2012 09:55 |
|
Миллатро фарзандони фарзонааш шуҳратманд мегардонад. Устоди гаронқадр Муъмин Қаноат, ки ҳоло ҷашни 80 солагӣ доранд, аз ҷумлаи чунин фарзандони фарзонаи миллат ҳастанд. Устод аз рӯзҳои нахусти ба майдони адабиёт гом ниҳоданашон рисолати хешро бештар дар ин медиданд, ки асарҳое офаранд ва шеърҳое бигӯянд, ки барои боло бурдани худшиносӣ ва ҳуввияти миллии мо коргар бошанд. Ҳарчанд дар даврони шӯравӣ, ки ҳама дар чаҳорчӯби муайян бояд офаридгорӣ мекарданд ва низоми коммунистӣ аслан муқобили андешаҳои миллӣ буд, вале устод Муъмин Қаноат ва адибоне мисли устод Сотим Улуғзода, устод Лоиқ Шералӣ,устод Бозор Собир ва шоираи шинохта Фарзона тавонистанд дар ин замина корҳоеро анҷом диҳанд ва асарҳои мондагор
|
|
Идома...
|
|
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ
|
|
11.05.2012 15:28 |
|

Эй миллати хобида, бистезу талоше кун!
Эй қавми ҷафодида, бистезу талоше кун!
Эй оҳи гиреҳхурда дар ҳанҷараи таърих,
Эй ҷони ҳаросида, бистезу талоше кун!
Ганҷинаи ту бурданд, нақдинаи ту хӯрданд,
Эй соҳиби тарсида, бистезу талоше кун!
|
|
Идома...
|
|
Парчам ва суруди миллии Хуросон |
|
Муаллиф: Басири Комҷӯ
|
|
11.05.2012 15:12 |
|

Навиштаи доктор Басири Комҷӯ
Баргардон аз хати порсӣ: Насибҷон Амонӣ
Имрӯз бори дигар раҳбарии иқтисоду фарҳангу сиёсат ва сарнавишти сулҳ ва озодиву ҳокимияти миллии ин сарзамин, дар дасти неруҳое аз ҷинси хушунат, ва бегона ба фарҳанг ва таърихи ин хиттаи бостонӣ қарор гирифтааст. Ва орзумандем то фарзандони сулҳхоҳ ва аламбардорони озодипарвари бумӣ ва асили ин хок, ки аз арзишҳои ҳуввиятӣ ва аслияти таърихӣ ва дороиҳои моддиву маънавии ин сарзамин дифоъ менамоянд ва таҳти номи “Парчами миллии Хуросон” --ин намоди муқовимати миллӣ ва таърихии муштаракамон ҳамбаста шаванд. Ва кӯшиши хешро ба самти ҳамҷӯшии миллӣ ва сулҳу озодӣ ва хушбахтӣ савқ диҳанд.
|
|
Идома...
|
|
Шиносномаи авғонӣ, нишонаи бенангӣ |
|
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ
|
|
03.05.2012 09:18 |
|

аз ҷониби дабирони пойгоҳҳои “Тоҷик медиа” ва “Тоҷикам”
Овоза аст, ки Вазорати дохилаи Авғонистон дар ояндаи наздик ба додани шиносномаи электроникии авғонӣ оғоз мекунад. Барои ин ки заминаро беҳтару бештар муҳайё созанд, дар ин рӯзҳо саҳнасозиҳои масхара ва аҳмақонаи паштунистиро ба роҳ андохтаанд ва тавре нишон медиҳанд, ки гӯё ин шиноснома дар асл авғонӣ нест ва дар бахши миллият ҳуввияти қавмии ҳар фард дарҷ хоҳад шуд ва ин кор боиси тафриқа дар миёни миллати воҳиди авғон мегардад. Чанд нафар аз вакилҳои паштунизмзада ба хотири хушхидматӣ ба қабиласолорон ҷамъ шудаанд ва ғавғо ба роҳ андохтаанд, ки бояд аз тавзеъи шиносномае бо ҳуввиятҳои мушаххаси қавмӣ ҷилавгирӣ шавад ва “тазкира бо ҳуввияти воҳиди авғонӣ” ба ҳама мардуми Авғонистон тавзеъ гардад. Дар ҳоле ки ин гап аз
|
|
Идома...
|
|
Ҳ.Неъмат: "Дар Самарқанд танҳо 3 мактаби тоҷикӣ монд" |
|
Муаллиф: Абдуқаюми Қаюмзод
|
|
30.04.2012 13:01 |
|
 Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори радиои “Озодӣ” бо шоир ва донишманди маъруфи тоҷик, Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ "Он мактабҳои тоҷикие, ки дар замони Шӯравӣ амал мекарданд, дар замони истиқлол ҳама баста шуданд. Танҳо се мактаб боқӣ мондааст, ки аз синфи як то синфи нӯҳ яктоӣ синфи тоҷикӣ доранд. Дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ, ки дар наздикии шаҳр ҷойгир шудааст, миёни мактаб ва ҳавлии ман 200 метр масофа ҳаст. Пеш он мактаб 80 синфи тоҷикӣ дошт ва дар Узбакистон аз мактабҳои бузургтарин ба ҳисоб мерафт. Ягон мактаб ин қадар мутахассис тарбият ва ба камол нарасонидааст. Аз ин мактаб чандин математику физику химикҳои шинохта ва профессорҳо сабақ гирифта ва ҳоло дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Нависанда Адаш Истад ҳамин мактабро хондааст. Аммо ҳозир ҳамагӣ нӯҳ синф дорад ва талабҳояш ҳам аз 15-20 нафар беш нест."
|
|
Идома...
|
|
Баҳси тоҷикият ва Ислом: Обе ки то ҳол аз таги ях мерафт |
|
Муаллиф: Мирзои Салимпур
|
|
30.04.2012 12:48 |
|
Бознашр аз торнамои родиои "Озодӣ"
...дар Аврупое, ки аз Ислом хабар надоранд, намедонанд ки гадо кисту гадоӣ чист, вале дар кишварҳои исломӣ, ки “тамоми кирдору гуфторро бо номи Оллоҳ сар мекунанд, нисфи мардум гадост ва инсон чени саг қадр надорад.” Саломов ба ҳама хитоб кардааст, ки “Бародарҳо, охир дар қарни 21 ба худ оед, зеро зиндагӣ дар паи таъмири ҷаҳони дигар аст.”
|
|
Идома...
|
|
Қуръону Шоҳнома.Баҳси З.Мирзоён бо донишҷӯён |
|
Муаллиф: Мирзои Салимпур
|
|
30.04.2012 12:38 |
|
Бознашр аз торнамои родиои "Озодӣ"
Зафари Мирзоён дар ин мулоқот сатри Фирдавсиро, ки мегӯяд: «ба номи Худованди ҷону хирад», беҳтарин тарҷумаи «Бисмиллоҳи раҳмонирраҳим» ба форсӣ номида, гуфтааст, шояд рӯзе биояд, ки мардуми тоҷик дигарбора дуову намози худро ба тоҷикӣ адо кунанд, на ба арабӣ.
|
|
Идома...
|
|
|
|
|
<< Аввал < Қаблӣ 1 2 3 4 5 6 7 8 Баъдӣ > Oхир >>
|
|
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL |