http://tajikam.com

Агар тоҷик ҳастӣ, аз Ашраф Ғанӣ тарафдорӣ накун!
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ   
02.04.2014 20:32

 

Баргардон аз хати порсӣ

Бознашр аз торнамои Тоҷикон(www.Tajikmedia.com)

Гапи интихобот аст ва инки кадом номзади раёсати ҷумҳурӣ беҳтар аз дигаре мебошад.

Ман ба мардуми дигар кору ғараз надорам. Паштун худаш медонаду кораш, ӯзбак ва ҳазора ҳам худашон медонанд, ки ба кадом номзад рой медиҳанд. Аммо чун барои ман коркарди тоҷикҳоям арзиш дорад ва ба худ ҳақ медиҳам, ки фикру назарамро бо ҳамтаборони худам дар миён бигзорам, мегӯям, ки:
Бародару хоҳари гиромӣ, тоҷики азиз! Агар тоҷик ҳастӣ ва намехоҳӣ, ки душмани забону фарҳанг ва арзишҳои волои инсониат бар ту чира гардад, ба Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки як фошисти қабилапараст ва бисёр мутаассиб аст, рой надеҳ ва аз ӯ тарафдорӣ накун!

Идома...
 
Р.Собиров: "Онҳое ки мани бегуноҳро зиндонӣ карданд, бояд муҷозот шаванд"
Муаллиф: Нурмуҳаммади Холзода   
23.03.2014 17:09

 

Равшан Собиров-вазири пешини рушди иҷтимоии Қирғизистон, ки ахиран аз зиндон бадар шуд мегӯяд, барои адолати додгоҳӣ мубориза хоҳад кард.

Вай мегӯяд, дар порламони Қирғизистон гурӯҳе пешниҳод карда буданд, ки Равшан Собиров-узви пешини порламон на танҳо аз зиндон раҳо, балки барои ҳабси ғайриодилона аз вай бояд узрхоҳӣ низ шавад. Худи Собиров мегӯяд, яке аз аввалин корҳое, ки вай хоҳад кард, навиштани нома ба Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳур дар ҳамин бора хоҳад буд.

Собиров то мо
ҳи декабри соли 2011 ягона вазири тоҷиктабор дар кишвараш буд...

Идома...
 
Панҷ вижагии Ҳафтсин
Муаллиф: Шаҳром   
23.03.2014 17:02

Дар нахустин рӯзҳои Соли Нав писандида донистам нукотеро пиромуни Ҳафтсини наврӯзӣ ба огоҳии дӯстон бирасонам.

Панҷ вижагӣ дар дарозои таърих аз сӯи ниёкони мо дар хони Ҳафтсин мавриди таваҷҷуҳ буда. 1. Номи онҳо порсӣ бошад.2. Бо бандвожа( ҳарфи) син оғоз шавад.3. Дорои поя( решаи) гиёҳӣ бошад.4.Хӯрданӣ бошад. 5. Номи онҳо аз вожаҳои таркибӣ(монанди сабзипалав, ширбиринҷ, сиртуршӣ, себизаминӣ ва монанди онҳо) сохта нашуда бошад.

 

Идома...
 
Намодҳои Ҳафтсин
Муаллиф: Administrator   
23.03.2014 16:48

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ҳар яки мо, албатта, суфраи наврӯзии Ҳафтсин оростем ва бо ин яке аз шартҳои пазироии Наврӯзи некӯпайро ба ҷо овардем. Вале оё медонед ҳар як аз “син”- ҳои суфраи Ҳафтсин намоди чист?

1. Сабза-- намоди навзоӣ( таваллуди дубора), баҳор

2. Себ-- намоди зебоӣ ва тандурустӣ, ишқ

3. Суману( суманак)намоди фаровонӣ( баракат), қудрат.

Идома...
 
Достони Наврӯз (бар асоси мифологияи халқи тоҷик)
Муаллиф: Шаҳнози Беназир   
23.03.2014 14:38

Рӯзатон ҳамвора нав, дӯстони азиз!

Биё, то гӯямат аз дуру наздик,
Ку
ҳан афсонае аз халқи тоҷик.
Биё, то достоне созам о
ғоз
Зи пир
ӯзии Наврӯзи сарафроз.
Аз он ва
қте, ки олам мустақар шуд,
Ҳамоно, гардиши Хуршед сар шуд.

Идома...
 
Ҳадаф эҳёи забон ва фарҳанги миллист
Муаллиф: Тоҳири Абдуҷаббор   
10.02.2014 22:27

 

10 феврал –зодрӯзи зиндаёд Устод Тоҳири Абдуҷаббор

Бояд гуфт, ки омӯхтани алифбои классикӣ ва иваз намудани алифбои имрӯза бо он, тавре ки баъзе касон тасаввур мекунанд, кори мушкил нест ва вақту масорифи чандон зиёдро ҳам талаб намекунад.

Барқарор кардани алифбои классикӣ, на танҳо моро бо ниёгонамон, бо таърихи халқи худ пайванд медиҳад ва аз ин тариқ моро беҳтар месозад, балки ҳамчунон ба эҳё ва равнақи забону фарҳанги миллии мо мусоидат хоҳад кард. Ба иловаи он ба ислоҳи ғалатҳое, ки имрӯз дар навиштану талаффуз кардани калимаҳо ҷой дорад, кӯмак хоҳад кард, зеро он алифбо ба хислатҳои фонетики забони мо бештар мувофиқ мебошад. Гузашта аз он имконияте ба вуҷуд меояд, ки мардуми мо китобҳо, маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои кишварҳои ҳамсояро мутолиа кунанд ва аз дастовардҳои фарҳангию маънавии онҳо баҳраманд шаванд.

Идома...
 
Худо ёрат, Боғшоҳи азиз!
Муаллиф: Сафар Абдулло   
10.02.2014 21:16

Боғшоҳӯсти азизам,он шаб ки шунидам барои ҳамеша аз пеши мо рафтаӣ,он лаҳза,ки дарёфтам ғазали бидрудро сурудайӣ,ҳисси аҷибе вуҷудамро фаро гирифт ва ангор ,ки роҳи зиндагӣ барои мо мисли мӯ борик шуд ва ту рафтию кулабори сафаратро басти,рафтию ъаҳду вафоятро шикастӣ ,магар қарор набуд,ҳамроҳ биравем ва ба тоҷикони Чин сар бизанем,ки онҳо бо виқор худро тоҷик мегӯянд,вале ағлаб ба забони ширини ту ,ба вахонӣ сӯҳбат мекунанд ,ба ҳамон забоне,ки бароям «даргилик» мехондӣ,ёд дорӣ? Дигар, ки барои ману амсоли ман дардмандони ъошиқ,ошиқони меҳанамон ва фарҳангамон ва таърихамон, «даргилик» мехонад ва аз зебогиҳои лаҳҷаи вохонӣ сухан мегӯяд?

Идома...
 
Мӯъмин Қаноат: Метарсам, ки таркиш нашавад...
Муаллиф: Абдуқаюми Қаюмзод   
30.01.2014 00:12

Бознашр аз нашрияи “Ҳафта”
Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Мӯъмин Қаноат, Шоири Халқии Тоҷикистон
...сухан дигар арзиш надорад, одам қадр надорад. Дар ҳоле, ки ақли инсоният ончунон баланд рафтааст, ки дар кайҳон метавон зиндагӣ кард. Одам афсӯс мехурад, ки дар андешаву рафтори инсонҳо хуруфот у таззод бештар пайдо шудааст истода аст ва рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст. Гумон мекунӣ ҳамаи кори дунё ба нуқтаи охираш расидааст, қиёмат қойим шудаистода аст.ман дигар коре аз дастам намеояд, зӯрам на­мерасад. Он кореро, ки то ҳоло анҷом додам, дар эҷодиёти ман таҷассум ёфтааст.
Пойтахт бе ҷанг ба дасти нерӯе афтид, ки таҷрибаи таърихии давлатдорӣ надоштанд: -мардумӣ ва деҳотӣ буданд. Маърифати давлатдорӣ надоштанд.

Идома...
 
Кажбунёдии тафаккури миллигароии паштун дар Афғонистон
Муаллиф: Алӣ Майсам Назарӣ   
29.01.2014 23:25

Давлати ҳамагонӣ ва ғайриқавмӣ метавонад танишҳо ва кинаҳоро коҳиш диҳад ва эътимод ва таомули мусбатро миёни шаҳрвандон тақвият кунад. Дар чунин як вазъ, сиёсати расмии давлат чандфарҳангпарварӣ мебошад ва агар барои як миллат ва фарҳанг ёрӣ расонд, бояд барои ҳамааш бирасонад.Зимнан, давлат барои шакл додани як ҳувияти шаҳрвандӣ дар Афғонистон бояд номи ин густураи сиёсиро дигаргун кунад ва бо ҳамнавоиву пазириши тамоми миллатҳо ва таборҳо як ном ва ҳувияти ҷадидро барои худ итхоз(интихоб) намояд. Давлат, бо корбурд аз ин гуна созу корҳо, иҷтимоъро ба ҳамбастагиву ҳамгароӣ хоҳад бурд ва иқтидору машрӯъияти поё дар саросари кишвар пайдо хоҳад кард ва барои абад маъзали(мушкил) ҳувият ҳал хоҳад шуд.

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?