http://tajikam.com

Низоми сиёсии федерол ягона роҳи ҷилавгирии таҷзияи Афғонистон
Муаллиф: Абдусалом Муқим Аҳмадӣ(Афғонистон)   
06.02.2012 11:34

 

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

 

Ногуфта пайдост, ки кишвари азизи мо дучори буҳронҳои ҷиддии беамниятӣ—иҷтимоӣ-- иқтисодӣ ва буҳрони сиёсӣ мебошад. Агар ба ин буҳронҳо ба сурати айнӣ ва воқеъбинона назар андозем,мебинем, ки буҳрони сиёсӣ маншаъ ва омили асосии эҷод ва тадовуми ҳама буҳронҳо дар ҷомиа буда ва мебошад. Мавзӯи буҳрони сиёсиро мешавад ба ду нуқтаи асосӣ, яъне ҳалли масъалаи миллӣ ва ҳокимияти сиёсӣ мутамарказ сохт.

Ҳокимияти сиёсӣ бидуни ҳалли масъалаи миллӣ беасос буда ва пойдор намебошад. Ҳалли масъалаи миллӣ, ки шомили ҳувияти миллӣ –миллатсозӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, дар кишвари мо ҳамеша дар адвори мухталиф аз тарафи ҳокимиятҳои сиёсӣ нодида гирифта шуда ва ба ҳалли асосии он аз рӯи воқеиятҳои айнии ҷомиа таваҷҷӯҳ нагардидааст ва ба ҳамин иллат аст, ки

Идома...
 
Забони форсӣ: Қолабҳои шӯравӣ ва тафаккури қолабӣ
Муаллиф: Пайванди Гулмуродзода   
06.02.2012 11:31

 

Пайванди Гулмурод,пажӯҳишгар(Тоҷикистон)

Дар замони Шӯравӣ талошҳои фаровоне барои дур нигоҳ доштани тоҷикон аз фарҳанги бумияшон сурат гирифт

Ба ҳеч ваҷҳ наметавон инкор кард, ки баъди ҳазор соли бедавлатиҳо, дар замони Шӯравӣ, тоҷикон, ҳарчанд хеле кӯчак ва бе марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ, соҳиби давлате гардиданд ва дар як рустои начандон маъруфу машҳур бо исми "Душанбе" маркази илмиву фарҳангиро бунёд карданд, ки онро имрӯз оламиён чун маркази Тоҷикистони соҳибихтиёр мешиносанд.

Идома...
 
Фашизми Пок Паштунӣ:Террори тоҷикон
Муаллиф: Ибодуллоҳи Оқилпур   
06.02.2012 11:27

 

Баргирифта аз нашрияи “Миллат”

Дар миёни хоку хун медидӣ саре

Шаҳодати Бурҳонуддин Раббонӣ ҷаҳони тираву торикро бо ҳама тирагиҳояш бори дигар такон дод. Ӯ медонист, ки рӯзе ин ҷаҳонро бо ҳама касодҳояш тарк мекунад ва дар муқобили ҷангҷӯёну ҷангхоҳон бо сари баланд ва синасипар истода буд, аммо шояд ҳеч гоҳе чунин ноҷавонмардиро ҳатто аз душманони буздилаш ҳам интизор надошт, ки дар либоси "дӯст" қасд ба ҷони азизаш хоҳанд кард. Ӯ тӯли 50 соли умри худро дар мубориза ба хотири истиқлолу озодии Афғонистон бахшид. Ҳатто лаҳзаеро барои худ, ки бояд ба хушнудӣ пардозад, ихтисос надод.

Идома...
 
Форсӣ
Муаллиф: Парвизи Боис   
06.02.2012 11:23

 

Форсӣ гӯям бинозам ин забони олимон

Ҳам забони ошиқону ҳам забони орифон.

Марзу буми форсигӯён билоди Форс аст

Пур зи ишқ дилҳоямон ҳамчун халиҷи Форс аст.

Гарчи чархи номурувват кард моро бахш- бахш

Лек медонем мо ин ростии озарахш.

Идома...
 
Бо Эътилофи Миллӣ яке хоҳем шуд
Муаллиф: Mandegaar   
19.01.2012 13:24

 


Баргирифта аз Tajikam(форсӣ)

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Раҳбарони Ҷабҳаи Миллӣ ва Эътилофи Миллӣ ҳар ду бар тағйири сохтори низоми раёсатии кунунӣ бар низоми порлумонии ғайри мутамарказ, интихобӣ шудани волиҳо ва шаҳрдорҳо ва бархе мавориди дигар таъкид карда ва низоми мавҷудро мояи фасод хондаанд. Раҳбари Ҷабҳаи Миллии Афғонистон гуфтааст, ки ба далели наздикии сиёсатҳои ин Ҷабҳа ва Эътилофи Миллии Афғонистон, ин ду ҷараёни сиёсӣ бо ҳам якҷо хоҳанд шуд. Аҳмад Зиё Масъуд --раҳбари Ҷабҳаи Миллӣ рӯзи гузашта дар гуфтугӯе бо рӯзномаи “Мондагор” гуфтааст, ки барномаҳои онҳо ва Эътилофи Миллии Афғонистон, дар бисёрӣ аз маворид бо ҳам мушобеҳ аст. Эътилофи Миллӣ ва Ҷабҳаи Миллӣ ду ҷараёни сиёсии муташаккили аҳзоби мухталифи сиёсӣ ва ниҳодҳои маданӣ ҳастанд,

Идома...
 
Додоҷон бармегардад
Муаллиф: Дориюши Раҷабиён   
19.01.2012 13:23

 


Додоҷонро чи касе намешиносад? Додоҷон аз канори чашму гӯши чи касе пӯшидаву пинҳон гузаштааст? Чи мақоме аз канори номи Додоҷон беэътино рад шудааст? Додоҷонро чи касе офарин ё нафрин нагуфтааст? Магар ҳамин Раҳмон набуд, ки орзу дошту дорад, ки Додоҷон дастикам як бор сухане нек аз ӯ гӯяд?

Дасти ноинсоне, ки ба рағми куштани Додоҷон ӯро ба рестурони канори хонааш хонда буд, ларзид. Ва ҳарчанд ба қалбаш нишона рафта буд, хато зад. Кордро боло кашид, то ба қалби ин мард дарравад. Нарафт. Фирор кард ва имрӯз дар оташи баланди виҷдонаш месӯзад. Аммо Додоҷонро барои ҳамеша сапедном кард. Ҳар он чи баду бероҳе, ки дар борааш мегуфтанд, бо ҳамон қотили нофарҷом фирор кард.

Идома...
 
Ягонагии забони форсӣ дар деҳкадаи ҷаҳонӣ
Муаллиф: Расули Раҳин (Афғонистон)   
14.01.2012 03:19

Хонандагони мӯҳтарам огоҳӣ доранд, аз дер ба ин тараф дар чаҳорроҳиҳо ва чукҳои( нишастҳо) фарҳангии кишвар сухан аз хостгоҳи забони форсии дарӣ ва ин ки “форсӣ” асл аст ё “дарӣ” низоъҳо барпо мешавад.Яке мегӯяд , забони кишварамонро дарӣ мегӯянд, дигаре истидлол мекунад, ки “форсӣ” мегӯянд ва ҳалқаҳое мӯътақид ба форсии дарианд. Яке гуфтаҳои Носири Хисрави балхиро санад меоварад, ки “форсӣ” гуфтааст.Дигаре шеърҳои Ҳофизу Саъдиро, ки дар Форси қадим ё Эрони кунунӣ зиндагӣ кардаанд ва “дарӣ” гуфтаанд, мисол мезананд.Нокасони форсии дарӣ ҳатто аз ин ҳам ҷилавтар рафта вожаҳои асил ва суччаи форсии дарӣ монанди

Идома...
 
Ту шоҳиву “Шоҳнома” авранги ту
Муаллиф: Партав Нодирӣ   
14.01.2012 03:17

 


Ба Абулқосим Фирдавсӣ, ба он ниёи бузурги шеъри форсии дарӣ ҳамосасарои бузурги ҷаҳон , ба он рӯҳи бузург, ки тухми сухан пароганд дар киштори фарҳанг ва кохе барафрохт аз сухан, ки онро аз гузашти рӯзгорон ва боду борон газанде нест.

Ниёи бузурги сухандони ман,

Ту меҳри суханро Хуросони ман

Ба ёдат чу ёди Хуросон кунам

Чароғи суханро фурӯзон кунам.

Идома...
 
Таҷзия беҳтарин гузина барои сулҳу субот
Муаллиф: Фаришта Ҳазратӣ (Афғонистон)   
14.01.2012 03:13

 

Баргардон аз хати порсӣ ба сириллик: Довари Некзод

Баъд аз фурӯпошии низоми Толибон ва ҳузури густардаи ҷомиаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон ва ҳимояти онҳо аз давлати навпои Афғонистон умедвориҳои физояндае шакл гирифт мабни бар ин ки Афғонистон рафта- рафта аз доираи мусибат ва бадбахтӣ берун гардида ва ба як кишвари амн ва босубот табдил мегардад. Аммо баъд аз гузашти 10 соли ҳузури сангини ҷомиаи байналмилалӣ дар Афғонистон на танҳо ки ин уммедвориҳо ҷомаи амал напӯшид, балки нишонаҳои равшан қобили мушоҳидаанд, ки Афғонистон як бори дигар барои солҳои тӯлонӣ бистари тазодҳои хунин ва мусибатҳои сангин хоҳад буд. Акнун аввалин саволе, ки матраҳ мегардад ин аст, ки авомили

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 21 22 23 24 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?