http://tajikam.com

Гурдофарид
Муаллиф: Маҳмуд Икромӣ   
15.12.2011 13:53

 

http://tajikam.com/tajik/images/photos/gordafarid.jpg

Ба банд банди найистони Мавлавӣ савганд,

Ба най матлаи ҷонсӯзи “ Маснавӣ” савганд.

Ба оташе, ки забона кашида аз ангур,

Ба хоки хотирахези Хуҷанду Нишобур.

Ба байт байти ғазалҳои Хоҷаи Шероз,

Ба ҷони шефтаи Рӯдакӣ, ба зулфи Аёз.

Идома...
 
18.11.2011 09:20

 


Имрӯз яке аз мавзӯъҳои доғи марбут ба Авгонистон масъалаи таҷзияи кишвар аст. Сари ин мавзӯъ ҳам мардуми оддӣ ва ҳам сиёсатмадорону нашрияҳои гуногуни кишвар баҳс мекунанд ва инро бархе аз сиёсатшиносон беҳтарин гузиниш дар роҳи мубориза алайҳи бунёдгароӣ ва минбаъд орому осуда ва мутобиқ ба фарҳанг, расму русум ва анъанот ва хостаи хеш зиндагӣ кардани қавмҳои асосии кишвар медонанд. Аз ҷумла, сомонаи Кобулпресс дар ин маврид як назархоҳие гузаронд. Тибқи ин назархохӣ беш аз 80 дарсади пурсидашудагон ҷонибдори таҷзияи кишваранд. Бо назардошти доғ будани ин мавзӯъ мо низ чанд матлаберо дар ин маврид аз порсӣ ба сириллик баргардон кардем ва онҳоро ба шумо пешкаш мекунем.

 
Таҷзияи билфеъли Афғонистон
Муаллиф: Роберт Блеквейл   
18.11.2011 09:17

 

 

Баргардон аз англисӣ: Ҳорун Амирзода

Баргардон аз хати порсӣ ба сириллик: Довари Некзод

Дар мавриди ояндаи Афғонистон бо таваҷҷӯҳ ба шойеъоти хуруҷи Амрико дар соли 2011 дидгоҳҳо ва назариёти мухталифе дар Ғарб матраҳ шудааст ва яке аз ин назариёт тақсими Афғонистон ба шимоливу ҷанубӣ аст, ки тавассути сафири собиқи Амрико дар Ҳинд оқои Блеквейл ба масобаи ягона роҳи наҷот аз хушунатҳо дар ҷануб матраҳ шудааст. Ҳарчанд ин тарҳ барои аввалин бор тавассути Ник Клиг раҳбари Ҳизби либерал- демократ ва муовини феълии нахуствазири Британия дар ҳукумати эътилофӣ ва Педи Ишдован яке аз сиёсатмадорони кӯҳнакори Британия ва узви Ҳизби либерал- демократ дар сентябри соли 2009 дар рӯзномаи Гардиан ба ҳайси плони Б матраҳ шуд, аммо ҳоло ба назар мерасад, ки бо қувват гирифтани тасаввури шикасти ғарб

Идома...
 
Таҷзияи Афғонистон-- роҳи раҳоӣ аз ваҳшати паштунизм ва терроризм
Муаллиф: Исфандиёри Ростин   
18.11.2011 09:14

 

 

Баргардон аз хати порсӣ ба сириллик: Довари Некзод

Роберт Блеквейл намояндаи вижаи Амрико дар Ҳиндустон гуфтааст, ки Амрико ба хотири баранда шудани ҷанг ва ҳифзи тамомияти худ бояд Афғонистонро ба ду бахш тақсим кунад ва қисмати ҷанубро ба Толибон вогузор кунад.Ин назар воқиан як назари бисёр хирадмандона ва коршиносона аст ва оқои Роберт Блеквейл бо мутолиаи бисёр олимонае ин тарҳро матраҳ кардааст.

Имрӯз дигар масъалаи террор ва ваҳшатгарии паштунҳо дар асри интернет ва ҷаҳонӣ шудан бар касе пӯшида нест ва ҳама миллатҳои дунё ба хубӣ медонанд, ки террор, мактабсӯзӣ, тезобпошӣ ( кислота) ба сурати духтарон, интиҳору инфиҷор ҳама зодаи тафаккури паштунӣ дар Афғонистон ва Покистон аст ва касе дигар дар қарни бисту як то ин сатҳ ақибмонда нест.

Идома...
 
Забони порсӣ
Муаллиф: Хоҷа Муҳаммад Найими Қодирӣ (Афғонистон)   
18.11.2011 09:05

 


Ман забони порсиро посдорӣ мекунам,

Ҳам баёни хешро фарҳангдорӣ мекунам.

Хуни дил хӯрдам мудому бо сиришки дидаам,

Гулшани боғи адабро обёрӣ мекунам.

Ман забони паҳлавиро хондаам дурри дарӣ,

Вожаҳои ноби онро сохторӣ мекунам.

Шаҳриёрони адабро мениҳам арҷи гарон,

Идома...
 
ОСЕБШИНОСИИ ҚАВМИ ТОҶИК
Муаллиф: Ориё Вахшури Тоҷик   
18.11.2011 08:40

 


Таҷриба бор бор ба исбот расонидааст, ки мардуме метавонанд шоҳиди пирӯзиро ба оғӯш бикашанд, ки девораҳои маснуъӣ ва тарассуботи зеҳнӣ ва таъассуботи гуруҳӣ, маҳаллӣ ва худмеҳварбинии фардиро аз миён бурда ва ҳама наслҳо, маҷмуъаҳо, синхҳои (ҷинс) фикрӣ, гуруҳҳои сиёсӣ-иҷтимоиашон дар масири ҳаракат ба суи ҳадаф (ягонагӣ, иқтидор ва азамати миллӣ) шигирдҳои вежа (равиши кор) ва муассири хеш мумид (ёрирасонанда) ва мукаммили ҳамдигар бошанд, на ин ки таҳти таъсири талқинот ва тарассуботи зеҳнӣ ва чорчӯбаҳои танги маҳаллӣ, сиёсӣ ва созмонӣ ба доварӣ бинишинанд ва ҳар киро дар чорчӯбаи танги маҳал ва гуруҳи вежаи худ набинанд «такфир» кунанд, омоҷи хадангҳои бемеҳрӣ созанд, ё кам аз кам нодида гиранд.

Идома...
 
Мо барои васл кардан омадем!
Муаллиф: Administrator   
07.11.2011 09:13



Хонандаи гиромӣ, ҳаммиллат ва ҳамзабони арҷманд!

Инак, ба Шумо сафҳаи  сириллики сомонаи Tajikam.com («Тоҷикам») пешкаш   мегардад. Ҳадаф аз роҳандозии ин сафҳа ба ҳам пайвастан ва ҳамгароии тоҷикон ва ҳамаи порсизабонон аст. Зеро тайи наздики  сад сол , аз як сӯ ба асари сиёсати сталинӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ, яъне дигар кардани номи забони порсӣ ба  тоҷикӣ  ва гузаштан аз хати порсӣ аввал ба хати лотинӣ ва пас ба  сириллик, аз сӯи дигар  сиёсати қабилагароии  паштунӣ дар Афғонистон ва дигар кардани номи забони порсӣ ба дарӣ  тоҷикони ду сӯйи марз аз ҳам дур гардиданд . Ба  асари чунин сиёсатҳои фалокатбори тоҷикситезӣ ҳоло ағлаби тоҷикони Тоҷикистон  ва Осиёи Миёна  тоҷикони он суйи рӯди Омуро афғон меҳисобанд. Ин дар ҳолест, ки афғон буданро, тавре бародарони он сӯйи рӯди Ому мегӯянд, онон барои худ нанг медонанд. Он тоҷикон ҳам дар бораи тоҷикони Тоҷикистон ва Осиёи Миёна  иттилои ночиз доранд. Танҳо  ба шарофати  муборизаҳои бардавоми сипаҳсолори номвар  зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд ва пешвои муқовимат шаҳид Бурҳониддини Раббонӣ  алайҳи душманони

Идома...
 
Чу Эрон набошад тани ман мабод
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ   
07.11.2011 13:04

 

Баргардон аз хати порсӣ: Насибҷон Амонӣ

Аз замоне, ки дар соли 1247 ҳиҷрии шамсӣ, сарони қабилаҳои авғон комёб шуданд, ки ҳокимияти қабилавии хешро дар бахше аз сарзамини бузурги Эрон –Хуросон бунёд ниҳанд, барои мо мардумони бумии Эрон—Хуросон, ки таҳти ситраи ваҳшиёнаи онҳо қарор доштаем, мусибатҳои васфнопазиреро ба армуғон овардаанд.

Яке аз мусибатҳои ҷонсӯз ин аст, ки авғоншоҳон ва фашистҳои қабиласолор ҳамвора кӯшидаанд пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва дигар риштаҳои инсонии моро бо мардуми мо дар он сӯйи марзҳои ангрез сохтае ба гунаи дарднок бибаранд ва дар водии сӯзони аз худбегонагӣ нигаҳамон доранд.Аз замоне, ки дар соли 1247- и ҳиҷрии шамсӣ сарони қабилаҳои авғон комёб шуданд, ки ҳокимияти қабила дар муддати дусаду панҷоҳ соли ҳокимияти фашистии авғоншоҳӣ, ба вижа дар яксаду панҷоҳ соли пасин аз Абдураҳмони калламанорсоз то Мулло Умари кӯри лангутадароз ва акнун Ҳомид Карзай ва ҳаворюни супари фашисти авғонзиллатиаш, ҳама залилона талош доштаанд, ки ҳувияти авғонии худро ба ҷабру зӯр ва садҳо найранг ҳувияти ҳамагонии

Идома...
 
Эй забони порсӣ
Муаллиф: Ҳаддоди Одил (Эрон)   
07.11.2011 13:03

Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA MicrosoftInternetExplorer4


Эй забони порсӣ, эй дурри дарёи дарӣ,

Эй ту мероси ниёкон, эй забони модарӣ.

Аз ту пайдо фарри мо, фарҳанги мо, ойини мо,

Аз ту пайдо рояти доноиву донишварӣ.

Кобулу Теҳрону Табрезу Бухорову Хуҷанд

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 21 22 23 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?