http://tajikam.com

Забони порсӣ
Муаллиф: Хоҷа Муҳаммад Найими Қодирӣ (Афғонистон)   
18.11.2011 09:05

 


Ман забони порсиро посдорӣ мекунам,

Ҳам баёни хешро фарҳангдорӣ мекунам.

Хуни дил хӯрдам мудому бо сиришки дидаам,

Гулшани боғи адабро обёрӣ мекунам.

Ман забони паҳлавиро хондаам дурри дарӣ,

Вожаҳои ноби онро сохторӣ мекунам.

Шаҳриёрони адабро мениҳам арҷи гарон,

Идома...
 
ОСЕБШИНОСИИ ҚАВМИ ТОҶИК
Муаллиф: Ориё Вахшури Тоҷик   
18.11.2011 08:40

 


Таҷриба бор бор ба исбот расонидааст, ки мардуме метавонанд шоҳиди пирӯзиро ба оғӯш бикашанд, ки девораҳои маснуъӣ ва тарассуботи зеҳнӣ ва таъассуботи гуруҳӣ, маҳаллӣ ва худмеҳварбинии фардиро аз миён бурда ва ҳама наслҳо, маҷмуъаҳо, синхҳои (ҷинс) фикрӣ, гуруҳҳои сиёсӣ-иҷтимоиашон дар масири ҳаракат ба суи ҳадаф (ягонагӣ, иқтидор ва азамати миллӣ) шигирдҳои вежа (равиши кор) ва муассири хеш мумид (ёрирасонанда) ва мукаммили ҳамдигар бошанд, на ин ки таҳти таъсири талқинот ва тарассуботи зеҳнӣ ва чорчӯбаҳои танги маҳаллӣ, сиёсӣ ва созмонӣ ба доварӣ бинишинанд ва ҳар киро дар чорчӯбаи танги маҳал ва гуруҳи вежаи худ набинанд «такфир» кунанд, омоҷи хадангҳои бемеҳрӣ созанд, ё кам аз кам нодида гиранд.

Идома...
 
Мо барои васл кардан омадем!
Муаллиф: Administrator   
07.11.2011 09:13



Хонандаи гиромӣ, ҳаммиллат ва ҳамзабони арҷманд!

Инак, ба Шумо сафҳаи  сириллики сомонаи Tajikam.com («Тоҷикам») пешкаш   мегардад. Ҳадаф аз роҳандозии ин сафҳа ба ҳам пайвастан ва ҳамгароии тоҷикон ва ҳамаи порсизабонон аст. Зеро тайи наздики  сад сол , аз як сӯ ба асари сиёсати сталинӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ, яъне дигар кардани номи забони порсӣ ба  тоҷикӣ  ва гузаштан аз хати порсӣ аввал ба хати лотинӣ ва пас ба  сириллик, аз сӯи дигар  сиёсати қабилагароии  паштунӣ дар Афғонистон ва дигар кардани номи забони порсӣ ба дарӣ  тоҷикони ду сӯйи марз аз ҳам дур гардиданд . Ба  асари чунин сиёсатҳои фалокатбори тоҷикситезӣ ҳоло ағлаби тоҷикони Тоҷикистон  ва Осиёи Миёна  тоҷикони он суйи рӯди Омуро афғон меҳисобанд. Ин дар ҳолест, ки афғон буданро, тавре бародарони он сӯйи рӯди Ому мегӯянд, онон барои худ нанг медонанд. Он тоҷикон ҳам дар бораи тоҷикони Тоҷикистон ва Осиёи Миёна  иттилои ночиз доранд. Танҳо  ба шарофати  муборизаҳои бардавоми сипаҳсолори номвар  зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд ва пешвои муқовимат шаҳид Бурҳониддини Раббонӣ  алайҳи душманони

Идома...
 
Чу Эрон набошад тани ман мабод
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ   
07.11.2011 13:04

 

Баргардон аз хати порсӣ: Насибҷон Амонӣ

Аз замоне, ки дар соли 1247 ҳиҷрии шамсӣ, сарони қабилаҳои авғон комёб шуданд, ки ҳокимияти қабилавии хешро дар бахше аз сарзамини бузурги Эрон –Хуросон бунёд ниҳанд, барои мо мардумони бумии Эрон—Хуросон, ки таҳти ситраи ваҳшиёнаи онҳо қарор доштаем, мусибатҳои васфнопазиреро ба армуғон овардаанд.

Яке аз мусибатҳои ҷонсӯз ин аст, ки авғоншоҳон ва фашистҳои қабиласолор ҳамвора кӯшидаанд пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва дигар риштаҳои инсонии моро бо мардуми мо дар он сӯйи марзҳои ангрез сохтае ба гунаи дарднок бибаранд ва дар водии сӯзони аз худбегонагӣ нигаҳамон доранд.Аз замоне, ки дар соли 1247- и ҳиҷрии шамсӣ сарони қабилаҳои авғон комёб шуданд, ки ҳокимияти қабила дар муддати дусаду панҷоҳ соли ҳокимияти фашистии авғоншоҳӣ, ба вижа дар яксаду панҷоҳ соли пасин аз Абдураҳмони калламанорсоз то Мулло Умари кӯри лангутадароз ва акнун Ҳомид Карзай ва ҳаворюни супари фашисти авғонзиллатиаш, ҳама залилона талош доштаанд, ки ҳувияти авғонии худро ба ҷабру зӯр ва садҳо найранг ҳувияти ҳамагонии

Идома...
 
Эй забони порсӣ
Муаллиф: Ҳаддоди Одил (Эрон)   
07.11.2011 13:03

Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA MicrosoftInternetExplorer4


Эй забони порсӣ, эй дурри дарёи дарӣ,

Эй ту мероси ниёкон, эй забони модарӣ.

Аз ту пайдо фарри мо, фарҳанги мо, ойини мо,

Аз ту пайдо рояти доноиву донишварӣ.

Кобулу Теҳрону Табрезу Бухорову Хуҷанд

Идома...
 
Шакурӣ: Аммаам худро "форс" гуфт, "ӯзбечка" навиштанд
Муаллиф: Administrator   
07.11.2011 13:01

Устод Шакурӣ 85-сола шуд

Окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ, мутафаккир ва донишманди маъруф, ки аз аъзои Фарҳангистони забон ва адабиёти Эрон аст, 30 октябр ба синни 85 қадам ниҳод.

Вай дар тӯли умри бобаракати хеш корҳои фаровонеро анҷом дода ва осори гаронбаҳое аз худ барои ояндагон ба ёдгор гузоштааст, ки "Хуросон аст инҷо" ва "Фитнаи инқилоби Бухоро" аз муҳиммтарини онҳост.

Дар ҳамин замина

Устод Шакурӣ дар хонаводаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, аз рӯшанфикрони маъруфи охири қарни 19 ва авоили қарни 20 дар Бухоро, таваллуд шудааст. Вай таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта ва дертар ба Тоҷикистон омада ва дар инҷо мондагор шудааст, аммо ёди Бухороро ҳаргиз аз сар бадар намекунад.

Идома...
 
Баъди сари Устод Раббонӣ: Толибон ба Тоҷикистон хатар доранд. Мухолифон ва ҷонибдорон
Муаллиф: Фирдавси Рустам   
07.11.2011 09:28

 

14 октябр дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди президент бо ибтикори Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон- "Афрӯз" ва нашрияи "Миллат" ҳамойише дар мавзӯъи "Афғонистон баъд аз шаҳодати Устод Раббонӣ: Пайёмади сиёсӣ ва низомӣ барои Тоҷикистон ва минтақа" баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони сафоратхонаҳои Афғонистон, Ирон, Русия, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, рӯшанфикрони саршиноси тоҷик, коршиносони масоили сиёсӣ ва рӯзноманигорони шинохтаи кишвар ширкат доштанд. Гардонандаи Мизи гирд Раҳматкарими Давлат, журналисти шинохта ва муассиси Анҷумани "Афрӯз" ҳамойишро ифтитоҳ намуда, мақсад ва ҳадафи ҷамъомадро шарҳ доданд. Баъдан оқои Ориёнфар, масъули бахши фарҳангии

Идома...
 
Эхдо ба устод Ато Мухаммади Нур-шери жиёни Балх
Муаллиф: Бехруз Забехулло   
06.10.2011 10:51

 


Ато Мухаммади Нур:" Ошкоро бигуем, ки мехоханд моро бемард бисозанд, бе мардхои пайкоргар бисозанд, сарони моро аз мо бигиранд курбони намоянд ва бакияи моро мисли гусфанд чупони кунанд. Мо инро намехохем ва харгиз чунин нахохад шуд. Мо аз хакки инсони, исломи ва афгонии хеш химоят мекунем. !"

Худой хифз кунад мар туро Мухаммади Нур

Чавонмарди далеру шучо Мухаммади Нур

Начоти миллати мо дар изои химмати туст

Баландхиммату Рустамнамо Мухаммади Нур

Силохи хеш маяндоз, сипохи хеш биёр

Сипохдори сипохи Худо Мухаммади Нур

Идома...
 
Баъди марги Бурҳониддин Раббонӣ
Муаллиф: Маликнеъмат Неъматов   
05.10.2011 23:53

 


Эй миллати ман, сиришк то кай резӣ,

Вақт аст, ки бо ҷўши замон омезӣ.

Шуд лаҳзаи он, ки хешро бишносӣ,

Эй шер, чаро ба ин сагон настезӣ?

Нон аз даҳану зи ҷўй обат бурданд,

То кай ба хамўшӣ обрў мерезӣ?

Дар Русия рўсиёҳ гаштиву чаро,

Бо ҳамнафасони хештан н-омезӣ?

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 21 22 23 24 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?