http://tajikam.com

"Академик Мансуров пири табибони тоҷик буд"
Муаллиф: Би Би Си   
27.08.2013 07:00

Дар Масҷиди марказии Душанбе ташйиъи ҷанозаи окодемисиян Ҳомид Мансуров баргузор шуд
Дар маросими ташйиъи ҷанозаи Ҳамид Мансуров, пизишки саршинос ва раҳбари Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи (муолиҷаи амрози дохилӣ) Тоҷикистон ӯ устоди бештари пизишкони ин кишвар ва “пири табибони тоҷик” унвон шуд.

Идома...
 
Ҳафтаномаи “Ойина” садсола шуд
Муаллиф: Наҷми Ковиёнӣ, корманди илмии Пажуҳишкадаи байнулмилалии таърихи иҷтимоии Амстердам   
20.08.2013 00:39

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Замона ва корномаи ҳафтаномаи “Ойина”

Ҳафтаномаи “Ойина” сад сол пеш дар 20 августи соли 1913 ба сардабирии Маҷмудхоҷа Беҳбудии Самарқандӣ (1875 --1919) дар Самарқанд, яке аз марказҳои фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон оғоз ба нашр кард.

"Ойина” дар нахустин шуморааш навишт:

“ Дар ин замон баъзе ашхосе, ки бо чашми боз аҳвол ва авзоъро нигоҳ мекунанд, талаби ислоҳ мешаванд... Агар аз онҳо пурсида шавад, ки ислоҳ аз куҷо сар (оғоз) мешавад, ҷавоб хоҳанд, гуфт, ки аз мактабу мадраса . Чунки ҳаёти миллат вобаста ба мактабу мадраса аст...

Идома...
 
Боз гӯям, боз гӯям, боз гӯям: Тоҷикам!
Муаллиф: Баҳори Саид   
20.08.2013 00:27

Бознашр аз торнамои "Тоҷикам"

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Духти афғон нестам, духти Хуросонам ҳанӯз

Духти Кобул аз тани худ то Бадахшонам ҳанӯз.

Духти тоҷик аз ҳазоронсолаи ин меҳанам,

Кист гӯяд нестам хуни ниёконам ҳанӯз?

Идома...
 
Таассуф
Муаллиф: Зафари Сӯфӣ   
11.08.2013 23:39

Бознашр аз торнамои «Озодагон»

Онҳо аз табори офтобанд дар зулмат. Дар он зулмате, ки шояд чанд даҳаи дигар комилан боиси нобудии фарҳангу забони ин табор дар сарзаминҳои бобоияшон шавад. Онҳо вопасинҳоянд ва мо барои идома ва роҳрави дигар доштани роҳи онҳо ҳеч коре анҷом надодаему анҷом намедиҳем. Ҳарчанд иддаоҳои пучамон гӯши фалакро кар мекунад...
Онҳо чанд тан бештар нестанд. Барои шуморашон шояд ангуштони ду даст кофӣ бошад. Ин чанд тани ангуштшумор умеди ману афроде мисли ман аст, ки дар он марзу буми аҷдодӣ барои зинда мондани тоҷик талош кардаанду талош мекунанд. Онҳо баҳонае воқеъӣ барои мутанаффир нашудани ману афроде мисли ман аз ҳамзабонҳову ҳамхунҳо дар он обрав буданду ҳастанд. Онҳо парчамдоранд, онҳо қаҳрамонҳои воқеан миллӣ ҳастанд. Устод Муҳсин Умарзода яке аз он нафарон буданд.

Идома...
 
МАЪНИИ «ТОҶИК»
Муаллиф: Муҳсин Умарзода   
11.08.2013 23:12

МАЪНИИ «ТОҶИК» аз нигоҳи бархӯрдҳои таърих ё бехудиҳои муаллифи «Худро бишнос»


Калимаи «тоҷик» кай пайдо шудааст ва чӣ маънӣ дорад? Забони мо чаро пеш аз Инқилоби Октябр «форсӣ» номида мешуд? Оё ин маъное дорад, ки тоҷикон форс ҳастанду аз Эрон омада бошанд? Эронинаҷод, яъне чӣ? Оё дуруст аст, ки тоҷиконро баъзе фарҳангнависон турк меномиданду бархе араб? Сортҳо киёнанд?
Ҳамаи ин масъалаҳо асрҳо инҷониб диққати олимони забоншинос, муаррихон, этнографҳо, дигар намояндагони илму адаб, оммаи мардумро ба худ ҷалб менамоянд. Дар бораи калимаи «тоҷик» дар фарҳангҳои пешина фикру ақидаҳои гуногун ва пурихтилоф аст, ки баъзан ба арсаи муборизаҳои пуршиддати идеологӣ ва сиёсӣ табдил меёфт. Масалан, дар арафаи тақсимоти миллӣ дар Осиёи Миёна мегуфтаанд, ки «тоҷик» ном халқе умуман мавҷуд нест.

Идома...
 
Даргузашти Мӯҳсин Умарзода, муаллифи "Маънои тоҷик"
Муаллиф: Мирзои Салимпур   
06.08.2013 22:10

Бознашр аз торнамои родиои "Озодӣ"

Ба бовари бисёриҳо, бо даргузашти Умарзода забони тоҷикӣ дар Узбакистон аз як такягоҳи бузургаш маҳрум ва амалан бе болу пар мемонад. Соҳибназарон мегӯянд, марде аз дори дунё рафт, ки шояд кам касе мисли ӯ барои таблиғу ҳимоят аз забони тоҷикӣ ва аз ҳуқуқи мардуми тоҷикони бурунмарзӣ ин қадар истодагарӣ кардааст.
Ҷанозаи донишманди тоҷики муқими Тошканд Мӯҳсин Умарозодаро рӯзи якшанбеи 4 август дар оромгоҳи Минори пойтахти Узбакистон ба хок супурданд.

Идома...
 
Қадршиносӣ аз Тоҳири Абдуҷаббор ба таҳкими ваҳдат мусоидат мекунад
Муаллиф: Аҳмадшоҳи Комил   
03.07.2013 01:18


Ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои ҳаракати истиқлолталабӣ сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон аст
Иқдомоти арзишманди Ҳукумати Тоҷикистон барои эҷоди давлати демократӣ, ваҳдати миллӣ ва боло бурдани арзишҳои миллат пойгоҳи усулӣ мегузоранд. Дар ин росто, аз тарафи раҳбари давлат ва ҳукумат қадр кардани шахсиятҳое, ки барои бақои давлат, эҷоди давлати миллӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми тоҷик ва Тоҷикистон талош ба харҷ додаанд, боиси ифтихор ва қадрдонии мардуми ватандӯст ва рушанфикр шудааст.

Идома...
 
Пирӯзии Эрон пирӯзии мо, ҳама форсизабонон аст!
Муаллиф: Adminstrator   
03.07.2013 01:00

Ҷойи хушист, ки Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки пуштибон ва такягоҳи ҳама форсизабонон ва эрониасли ҷаҳон аст, рӯзҳои ахир лаҳзаҳои ёдмон ва пирӯзиҳои чашмрасе ёр мегарданд. Ба дунболи интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар, ки дар он нахуст 8 ва пасон 6 номзад барои рабудани гӯйи пирӯзӣ сабқат карданду мардуми кишвар низ дар ин маърака ба гунаи бесобиқа ширкат доштанд ва онон Ҳасани Рӯҳониро бо 50,7 дарсади ройъ раиси ҷумҳур баргузиданд, футболбозони кишвар низ даҳҳо миллион ҳаводорони хешро шодмону сарбаланд гардониданд. Онҳо дар мусобиқаи пешакии интихобии Ҷоми ҷаҳон дар бозии ниҳоии гурӯҳ дастаи футболи Куриёи Ҷанубиро , ки яке аз дастаҳои неруманди қораи Осиё ва ҳам ҷаҳон аст, дар майдони онон бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд ва бо 16 имтиёз ҷойи якумро гирифта, соҳиби роҳхат ба бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон дар Бразил шуданд.

Идома...
 
Оё аз ин пас Тоҷикистонро метавон хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон номид?
Муаллиф: Неъмат Неъматзода   
02.07.2013 23:19

Бознашр аз торнамои "Миллат"

Беш аз як сол аст, ки қазияи Равшан Собиров, вазири пешини рушди иҷтимоӣ ва раҳбари ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон аз як додгоҳ ба додгоҳи дигаре кашида мешавад ва дар ниҳояти кор ба Додгоҳи олии Қирғизистон расид. Ин додгоҳ   ҳукми Додгоҳи шаҳри Бишкекро дар бораи Равшан Собиров бетағйир боқӣ гузошт. Рӯзи 7 марти соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Бишкек мурофиаи Равшан Собировро ба поён бурда, ӯро ба панҷ соли зиндон маҳкум карда буд. Мувофиқи ҳукми ин додгоҳ бояд тамоми амволи ӯ низ мусодира гардад.

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?