http://tajikam.com

Чаро тоҷикон як китобхона ва ҳазору як ошхонаи миллӣ доранд?
Муаллиф: Абдуқодир Рустам   
20.07.2015 06:25

Ин ки барои бандагони Худо Мағз бар Шикам тарҷеҳ дорад, ҳақиқати одист ва ҳар ки ин маънӣ надонад, кавдан аст. Аммо ҳамагон ин нуктаро низ медонанд, ки гуруснагии Шикам метавонад дар ниҳоят боиси марг бишавад, вале ағлаби мардум гуруснагии Мағзро ҳатто эҳсос намекунанд ва тўли умр боре ҳам мағзашонро, ки маншаъи андеша ва дар баробари дил яке аз ду василаи шинохти ХУД ва Худост, ғизо намедиҳанд. Ба ин далел аст, ки дар ҳар сари қадам чанд ошхонаву чойхонаву қаҳвахонаву ресторан дорем, аммо барои шуморидани теъдоди китобхона дар шаҳрҳоямон ангуштони як даст ҳам кофист.

Идома...
 
Туро аз нав Хуросон мекунам боз!
Муаллиф: Беҳрӯз Забеҳулло   
20.07.2015 06:19

Хуросоно! Куҷоянд родмардон ?
Ҳижаброни далеру шери майдон ?

 

Бигу Момо! Куҷо шуд Рустами ту?
Ба дасти кист ҷому парчами ту ?

Идома...
 
Забони форсӣ ё “тоҷикӣ”: Рӯйоварӣ ба ҳамбастагӣ ё гусастагии фарҳангӣ?
Муаллиф: Дуктур Ҷалили Дӯстхоҳ   
20.07.2015 05:59

 

Гуфтанӣ аст, ки дар худи Эрон қашқоиён, ки забони модарияшон шохае аз забонҳои туркӣ аст, форсизабононро “тоҷик” меноманд ва ошкоро мебинем, ки ин унвонро барои ҳар кас ки забони модарӣ ва аслияш форсӣ аст, ба кор мебаранд ва тоҷикро на ба маънии касе аз сарзамине дигар, балки ба мафҳуми ҳар эронии форсизабон ва ҷуз (ғайр аз) қашқоии туркизабон мегиранд.

Аз сӯи дигар, ҳамакнун шоҳиди онем, ки моҳномаи адабӣ-фарҳангии муътабари “Бухоро” дар Теҳрон на танҳо номи худро аз номи яке аз хотираангезтарин шаҳрҳои эронии Фарозрӯд гирифтааст, балки дар ҳар шуморааш, бахше ба номи Тоҷикистон дорад, ки дар он хонданиҳое судманд ва огоҳонанда аз навиштаҳои тоҷикону эрониёнро нашр медиҳад ва ҳеч хонандае эҳсос намекунад, ки сухан аз сарзамину мардум ва фарҳанге ғариба ва ҷузэронӣ дар миён аст.

Идома...
 
Аз Бухороям, асилан тоҷикистонистам
Муаллиф: Наҷиб Борвар( Афғонистон)   
22.02.2015 09:26

Аз Бухороям, асилан тоҷикистонистам

Шаҳрванди Машҳадам, эронистам

Рустамам, Сӯҳроб, Фирдавсӣ, манам кохи  баланд,

Рӯдакиам, Ҷомиам, ашъори Хоқонистам.

Идома...
 
Устод Ато, гул гуфтӣ, дурр суфтӣ, хеле зебо!
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ   
20.09.2014 12:21

Баргардон аз хати порсӣ

Бознашр аз торнамои Тоҷикон(www.Tajikmedia.com

Ҳамин акнун ва ҳамин имрӯз, росташро бигӯям, дар миёни раҳбарони тоҷик, танҳо ва ягона касе аст, ки ман ба ӯ умед бастаам, Устод Ато аст.  Гумон мекунам, ки Устод Ато таслимӣ ва зиллат, яъне раиси ҷумҳур шудани Ашраф Ғаниро намепазирад. Ҳамин барои ман як масъалаи бисёр муҳим ва бузург ва таърихӣ аст. Пазируфтани ин ки Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳур шавад, ба ҳар баҳона, ба ҳар далел ба ҳар тавҷеҳ ки бошад, барои ман қобили қабул нест. Ба нигари ман, раиси ҷумҳур шудани Ашраф Ғанӣ , барои мо, тоҷикҳо як шикасти фаҷеҳи таърихӣ , як табоҳии комили рӯҳӣ ва равонӣ, ва як шармандагии мондагор ва фаромӯшношуданӣ аст.

Идома...
 
Интихобот: Афғонистон бо Толибон ё Афғонистони озод?
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
12.06.2014 22:14

Мардуми Афғонистон пас аз чанд рӯз ба паси сандуқҳои рой рафта ба номзади дилхоҳи хеш доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва ё доктор Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай рой медиҳанд.Вале ин интихоб интихоби одӣ набуда бас сарнавиштсоз аст. Зеро дар ин рӯз мардум ояндаи худ ва кишвари азизашонро муайян месозанд ва ба пурсиши аслӣ, ки онҳо бо Толибон хоҳанд буд ва ё бидуни онҳо посух мегӯянд. То имрӯз ҳар ду номзад бо барномаҳои қабл аз интихоботии худ, ки доктор Абдуллоҳ онро «Ислоҳот ва ҳамгароӣ» ном гузоштаасту доктор Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай «Таҳаввул ва тадовум» унвон кардааст ва бо бархурди пешина ва имрӯзиву суханрониҳои хеш мавқеъи худро дар ин маврид пурра рӯшан кардаанд.

Идома...
 
Бегумон доктор Абдуллоҳ пирӯз аст!
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
18.04.2014 10:05

 

Иттилоъҳо ба мо бовар мебахшанд…

Ба гунае ки медонед, Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон то имрӯз танҳо 10 дарсади орои мардумро дар 26 вилоят баршуморида, муайян кард, ки доктор Абдуллоҳ бо соҳиб шудан ба 41, 9 дарсади рой дар сафи пеш аст ва доктор Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо 37,6 дарсад ройи ин 10 дарсадӣ дар ҷойи дуюм аст. Залмай Расул 9 дарсад ва Абдурраб Расул Сайёф беш аз 5 дарсад рой гирифтаанд. Орои 4 номзади дигар хеле кам аст. Вале ҳам дар Афғонистон ва ҳам берун аз он огоҳони масоили ин кишвар ва масоили интихобот бар инанд, ки доктор Абдуллоҳ дар маҷмуъ беш аз 58 дарсад ройро ба даст оварда, тақрибан пирӯз гардидааст ва танҳо ин кор мондааст, ки Комиссиюни интихобот ин иттилоъро расман таъйид намояд.

Идома...
 
Доктор Абдуллоҳ баранда аст!
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
07.04.2014 17:05

Чанд лаҳза пеш ҷадвале тавассути Комиссиюни мустақили интихобот дар дастраси расонаҳо қарор гирифт, ки он бидуни ягон шакку шубҳа дар интихоботи сеюми раёсати ҷумҳурӣ баранда будани доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳро собит месозад. Дар ин ҷадвал омадааст, ки аз ҷумлаи беш аз 8 миллион интихобкунанда, ки дар интихобот ширкат кардаанд, 4.622. 526 нафарашон ба доктор Абдулло рой додаанд, ки ин баробар ба 57,13% аст. Ӯ дар 24 вилояти кишвар Кобул, Парвон, Бағлон, Дойкундӣ, Бадахшон, Панҷшир, Кундуз, Тахор, Самангон, Балх, Лағмон, Лӯгар, Нимрӯз, Зобул, Бомиён, Ғазнӣ, Нуристон, Ҳирот, Фароҳ, Бодғис, Ғӯр, Сарипул, Вардак, Кописо ройи баландро ба даст овард.

Идома...
 
Доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ пирӯзи интихобот?!
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
06.04.2014 23:22

 

Бино ба иттилои боэътимоде, ки аз 18 вилояти Афғонистон расида, ба доктор Абдулло 1 135 731 нафар рой доданд, ки ин 50,3 дарсади ройи умумии ин интихобкунандагон аст. Доктор Абдуллоҳ дар Кобул, Парвон, Балх, Кундуз, Бомиён, Кописо, Нуристон, Панҷшир ва Фароҳ ройи бештари интихобкунандагонро ба даст оварда, ҳамоно пешсафи сабқат аст.

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?