http://tajikam.com

Наврӯзи хушойин ва қиссаи мукаррари бадсиголон
Муаллиф: Меҳрони Муваҳҳид(Афғонистон)   
19.03.2013 21:09

Баргардон аз хати форсӣ: Фирдавси Аъзам

1

Мехоҳам бигӯям, агар қарор бошад ба сухани онҳое, ки исломро муродифи "арабпарастӣ" мешуморанд ва бардошти иртиҷоӣ ва инҳирофе аз ислом доранд, гӯш диҳем, бояд аз хайри хеле чизҳои боарзиши фарҳанги худ бигзарем.Инҳо мехоҳанд бо пинҳон шудан пушти шиорҳои динӣ, ҳувияти аслии худро махфӣ нигаҳ доранд. Имрӯз аз ҳаром будани баргузории ҷашни Наврӯз сухан мезананд, фардо масъалаи дигареро пеш хоҳанд кашид. Агар қарор бошад ба ёвабофиҳои инҳо гӯш диҳем, бояд комилан ҳувияти худро аз даст диҳем ва ба ҳувияти ҷаълӣ бичаспем. Душман дар талош аст, ки хокрезҳои фарҳангии моро яке пас аз дигаре фатҳ кунад ва ба тадриҷ ҳувияти моро аз байн бубарад.Бегумон Навруз намоде аз ҳувият ва фарҳанги мост, пас бояд дудастӣ ба он бичаспем ва бо душманони ҳувияту тоъриху фарҳанги миллиамон ҳамнаво нашавем.

Идома...
 
Ҳафт пешниҳоди наврӯзӣ ба Наврӯзбоварон
Муаллиф: Наҷми Ковиёнӣ   
19.03.2013 04:05


Дар қарори Маҷмаи умумии СММ, гуфта мешавад беш аз 300 миллион инсон Наврӯзи беш аз сеҳазорсоларо ид мекунанд.

Пас аз солҳо талош саранҷом Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар остонаи поёни ҳазорумин соли сароиши "Шоҳнома", дар нишасти рӯзи 23-юми феврали соли 2010, бо тасвиби қатъномае  21-уми мартро ба унвони “Рӯзи байнулмилалии Наврӯз” ба расмият шинохт ва онро дар тақвими худ ҷой дод. Пеш аз ин тасмим, Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милал (ЮНЕСКО) ҷашни Наврӯзро дар 20-уми сентябри соли 2009 мероси маънавии ҷаҳон эълон карда буд.

Аммо ин қадамҳо чӣ тағйире пеш овард? Як дигаргунӣ ин аст, ки имрӯз бархе аз шаҳрҳои Аврупо, Амрико ва Канада дар Наврӯз барномаҳои вижа баргузор мекунанд ва шуморе аз раҳбарони кишварҳо ва ниҳодҳо  паёмҳои наврӯзӣ мефиристанд, аз баракати технологияҳои пешрафта садҳо тарона ва  филм, шеъру мақола дар Интернет қобили дастрасист.

Идома...
 
Чопи китоби ҷадиде дар бораи Наврӯз дар Тоҷикистон
Муаллиф: Би Би Си   
17.03.2013 21:49

Бознашр аз торнамои Би Би Си

Китоби "Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо" аз ҷумлаи андак кутуби нашршуда дар бораи "Наврӯз" дар Тоҷикистон аст, ки дар он муштаракот ва тавофутҳои таҷлил аз Наврӯз дар се кишвари форсизабони минтақа аз нигоҳи пажӯҳишгарон баррасӣ мешавад.

Дар ин китоб таҳқиқоти пажӯҳишгарони тоҷику эронӣ дар бораии ойинҳои наврӯзии гузаштагон ва шеваи таҷлил аз наврӯзи кунунӣ ҷамъоварӣ шудааст Дар Тоҷикистон нашрияи "Дониш" китоберо бо номи "Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо" мунташир кардааст.

Идома...
 
Наврӯз ва растохези миллӣ
Муаллиф: Қодири Рустам   
17.03.2013 20:55

Барои он ки Наврӯз барои растохези миллии мо хидмат кунад, бояд сари соли нави расмии кишвар бошад, оғози марҳалаи нави зиндагии мо бошад. Оғози соли нав аз Наврӯз пайванди қавии миёни Олами Сағир ва Олами Кабирро барқарор месозад, моро ҳамгом, ҳамнафас ва ҳамнабзи Табиъат мекунад. Бурун шудан аз меҳвари замонии масеҳӣ ва бозгашт ба меҳвари солшумории ҳиҷрии шамсӣ пайванди моро ҳам бо густураи фарҳангии эронӣ (бо ҳамхунон ва ҳамзабононамон дар Афғонистон ва Эрон) ва ҳам бо ҷаҳони ислом қавитар мекунад. Ин амр дар ҷаҳони муосир, ки ҷаҳонӣ шудан аз мушахисҳои муҳимтарини он аст ва фарҳангҳои хурду заъиф дар баробари он осебпазир ҳастанд, хеле муҳим аст ва ба мавзуъи ҳаёту мамот табдил шудааст. Фарҳанги тоҷик, ки се рукни асосӣ- тақвими миллӣ, алифбои миллӣ (алифбои форсии арабӣ) ва исми аслии забонро ба таври иҷборӣ аз вай ҷудо кардаанд,

Идома...
 
Ҳуввиятзудоӣ аз ақвом Афғонистонро таҷзия хоҳад кард
Муаллиф: Осор Ҳакимӣ(Афғонистон)   
14.03.2013 23:53

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Миллионҳо тоҷик дар Ӯзбакистон ба зӯр салби ҳуввият мешаванд ва дар шиносномаашон ӯзбак навишта мешаванд. Ҳамин гуна ӯзбакҳои Тоҷикистон худро тоҷикистонӣ медонанд, на тоҷик.

Он чи ки имрӯз дар Афғонистон ба унвони як дарди иҷтимоӣ барои ғайриафғонҳо (ғайрипаштунҳо) шакл гирифта, масъалаи ҳуввият аст. Ҳуввияти “афғон” ва таъмими он ба шаҳрвандони ғайри”афғон” дақиқан рӯнавишт ( копӣ) аз понтуркизми Туркия аст, ки тавассути Маҳмуди Тарзӣ баъдҳо ба номи Маҳмуди Афғон, ба Афғонистони имрӯз оварда шуд.

Идома...
 
Об дар ҳован
Муаллиф: Муҳаммадкозим Козимӣ (Афғонистон)   
14.03.2013 22:57

Ва дар ҳошияи тасмимҳои ахири давлат барои поксозии забон

Бознашр аз торнамои Хабаргузории “Садои афғон”(Ово)

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ
Дар воқеъ яке аз аҳдофи ҷудо донистани форсиву дарӣ аз ҳамдигар, ҳамин аст, ки дариро ба шакли ҷазирае матрук дар биёваранд, ки кам- кам дар дарёи калимоти англисӣ, арабӣ, урду ва баъзе забонҳои дигари минтақа ғарқ шавад ва ба ӯ ҳатто иҷозаи наҷоти ин забонро надиҳанд.

...Дар ин марҳала низ ин тасмими давлати кишвари мо на барои пешгирӣ аз калимоти англисӣ, арабӣ, урду ва амсоли инҳо, балки барои пешгирӣ аз он даста вожагоне аст, ки барои беҳсозӣ ва поксозии забони форсӣ аз сӯи ҷомиаи форсизабони гетӣ сохта шудааст. Вале дар амал барои ин ки ин барнома ҳассосияти камтаре дар миёни мардум эҷод кунад, онро дар пӯшиши поксозии забон аз вожагони бегона матраҳ кардаанд. Ба назари ман дар ин ҷо мебояд ба ин давлатмардон гуфт, ки :

Ба ҳар ранге, ки хоҳӣ ҷома мепӯш,

Ман аз тарзи хиромат мешиносам.

Идома...
 
Турки ту бирехт хуни тоҷик
Муаллиф: Зафар Мирзоён   
14.03.2013 22:24

Бознашр аз торнамои Точнюс

Нахуст бо корбурди вожаи “тоҷик” пешиниён форсизабонони тамоми фалоти Иронро дар назар доштанд, дар муқобили туркон ва арабҳо, зеро тоҷикон, яъне иронитаборон на танҳо бо забони худ, балки бо чеҳра, маниш, кирдор, расму оин ва тарзи зиндагии шаҳрнишиниву киштварзӣ, аз туркону тозиён тафовути куллӣ доштанд. На танҳо дар осори классикони форс – тоҷик, балки дар пажӯҳишҳои ховаршиносони аврупоӣ низ, масалан шерозиҳову исфаҳониён, ҳамадониҳову нишопуриён, бо номи “тоҷик” ёд шудаанд. Чунончи: “Он чиро дар бораи Осиёи Сағир гуфтем, ба ҳадди бештаре дар бораи Ирон низ тасдиқ мекунад. Тоҷик тавонистааст он воҳаҳоеро даври шаҳрҳо вуҷуд доранд, ба боғҳои дилкашу зебои сарв ва ба гулзорҳои фиребандае табдил кунад

Идома...
 
Ғиреви Ҳаким Фирдавсӣ: Куҷо рафт он донишу ҳуши мо?
Муаллиф: Абулқосим Фирдавсӣ   
14.03.2013 22:11

یاری به نوآموزان خط فارسی

Ёрӣ ба навомӯзони хати форсӣ

غیریو حکیم فردوسی : کجا رفت آن دانش و هوش ما؟

در این خاک زرخیز ایران زمین

نبودند جز مردمی پاک دین

Дар ин хоки зархези Эронзамин,

Набуданд ҷуз мардуме покдин.

Идома...
 
Номаи эътирозии Бектош Сиёваш ба дабири кулли ЮНЕСКО
Муаллиф: Бектош Сиёваш   
14.03.2013 22:01

Бознашр аз торнамои “Тоҷикон”

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Давлат на танҳо барои рушди ҳимоят ва инкишофи забонҳо дар кишвар коре намекунад, ки дар садади сиёсӣ сохтани забон ва баҳрабардории сиёсӣ аз он мебошад, ки шадидан мӯҷиби нигаронии мардуми Афғонистон гаштааст. Бо ин файсала бахши бузурге аз мардуми Афғонистон аз ҳуқуқи асосӣ ва шаҳрвандиашон маҳрум мешаванд. Давлати Афғонистон форсӣ , дарӣ, тоҷикиро се забони мухталиф дар се кишвар медонад, аммо пешинаи забони форсӣ нишон медиҳад, ки форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ як забони воҳид бо гӯишҳои мухталиф мебошад, ки дар се кишвари форсизабони имрӯза роиҷ мебошанд

Идома...
 
<< Аввал < Қаблӣ 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 Баъдӣ > Oхир >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?