http://tajikam.com

Баъди сари Устод Раббонӣ: Толибон ба Тоҷикистон хатар доранд. Мухолифон ва ҷонибдорон PDF Чоп
Муаллиф: Фирдавси Рустам   
07.11.2011 09:28

 

14 октябр дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди президент бо ибтикори Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон- "Афрӯз" ва нашрияи "Миллат" ҳамойише дар мавзӯъи "Афғонистон баъд аз шаҳодати Устод Раббонӣ: Пайёмади сиёсӣ ва низомӣ барои Тоҷикистон ва минтақа" баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони сафоратхонаҳои Афғонистон, Ирон, Русия, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, рӯшанфикрони саршиноси тоҷик, коршиносони масоили сиёсӣ ва рӯзноманигорони шинохтаи кишвар ширкат доштанд. Гардонандаи Мизи гирд Раҳматкарими Давлат, журналисти шинохта ва муассиси Анҷумани "Афрӯз" ҳамойишро ифтитоҳ намуда, мақсад ва ҳадафи ҷамъомадро шарҳ доданд. Баъдан оқои Ориёнфар, масъули бахши фарҳангии

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази татқиқоти стратегӣ, Худойбердӣ Холиқназарзода, вазири пешини умури хориҷаи Тоҷикистон, академик Маҳмадулло Лутфуллоев, Ҷамолиддин Сайидзода, донишманди тоҷик, Давлати Усмон, сардори Ситоди Иттиҳоди собиқи мухолифини тоҷик, Рашид Ғанӣ Абдулло, собиқ тарҷумони СММ дар Тоҷикистон, Меҳмоншоҳ Шарифзода, таҳлилгари тоҷик ва котиби аввали Сафорати Русия дар Тоҷикистон Сергей Колотилинский ва дигар ширкатдорони Мизи гирд назару андешаҳои хешро сари вазъияти Афғонистон ва кишварҳои минтақа, нигаронӣ аз террори чеҳраҳои саршинос дар Афғонистон баён намуданд. Миёни ширкатдорони ин маҳфили рӯшанфикрӣ баҳсу мунозираи муфиду хотирмон сурат гирифт, ки он пешкаши хонандаи «Миллат» мегардад.

 

Фикр кардаед, ки чаро амрикоиҳо дар кӯҳсорони Афғонистон мемиранд?

Раҳматкарими Давлат, гардонандаи мизи гирд:

Ба номи Худое, ки ҳастӣ аз ӯст.

Салом ҳозирини гиромӣ. Устодони азиз, бузургмардони бедор ва ҳамкорони мӯҳтарам!

Қабл аз ҳама аз номи бародарону мубтакирони баргузории ин нишаст, арзи сипоси фаровон дорам, аз ҳамаи Шумо, ки даъватро пазируфтед ва вақти қиммати худро барои ёде аз бузургмарди таърих Устод Раббонӣ ва гуфтумон сари ояндаи вазъияти минтақа ва сарнавишти худамон дареғ надоштед. Устод Раббонӣ дигар ниёзе ба суханони мо надорад, ҳарчанд агар буландболову хубу нек бошанд ҳам. Ин ки мо нишастаем ва мехоҳем сӯҳбат кунем, нигаронии мо пеш аз ҳама аз сарнавишти ояндаи худамон аст. Мо вопасгаро нестем, мо мехоҳем роҷеъ ба имрӯз ва оянда сӯҳбат кунем. Мо мехоҳем роҷеъ ба ҳимоят аз арзишҳое сӯҳбат кунем, ки Устоди гиромӣ ва шогирдони мактабаш дар роҳи ҳаросат аз он арзишҳо ҷони азизи худро бохтанд. Он арзишҳо, ки ба сурати усули дини поки мо, фарҳанги ягонаи мо, ҳофизаи таърихии мо ва забону миллати мо аст. Дақиқан даҳ рӯзи пеш аз шаҳодаташ шоҳиди суханронии Устод Раббонӣ дар маросими гиромидошти шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд будам. Як нукта аз ин суханронӣ хуб дар гӯши ёдам мондааст, ки хитоб ба вазири дифоъ ва вазири дохилаи кишвараш гуфт: "Фикр мекунед, Ғарб ва Амрико чаро омадааст, ки дар Афғонистон биҷангад? Онҳо наомадаанд, ки мо афғонҳоро ҳимоят кунанд, онҳо аз пушти ҳазорҳо километр ва аз пушти уқёнус омадаанд, ин ҷо кушта медиҳанд, ки арзишҳои худро ҳимоят кунанд. Барои он ки ҷанг ба кӯчаҳои Ландан ва Вошингтон накашад, ин сарбозони ғарбӣ дар ҷодаву кӯҳистонҳои Афғонистон ҷон медиҳанд". Ба сароҳат нигаронии мо ҳам аз зери хатар қарор гирифтани ҳамин арзишҳоямон аст. Чаро ғарбиҳо меоянд, аз арзишҳои худ дар кишварҳои мо ҳимоят мекунанд, вале мо ба худамон ҳақ намедиҳем, ки дар дохили кишвари худамон аз ин арзишҳо ҳимоят кунем?!

Тоҷикистон барномаи рушди муносибот бо Афғонистонро дорад?

Чанд мавзӯъ қобили гуфтан аст. Давлати Тоҷикистон агар дар 20 соли вуҷуди худ як кори хуб карда бошад, ҳимоят аз муқовимати мардуми Афғонистон дар муқобили таҷовузест, ки ҳаргиз эълон нашуд. Ман дар чанд вақти пеш, ҳанӯз замоне, ки Муҳаммад Юнуси Қонунӣ раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон буданд, бо эшон сӯҳбат кардам ва хостам андешаашонро роҷеъ ба нақши Тоҷикистон дар вазъияти Афғонистон бидонам. Ӯ ба сароҳати лаҳҷае, ки хоси ӯст, гуфт, агар пуштибонии мардуми Тоҷикистон баъзе шахсиятҳои далери он намебуд, мо дақиқан на дар Кобул бо шумо сӯҳбат мекардем, балки ҳанӯз дар пушти сангар мебудем. Дигар ин ки бархе таҳлилгарони ғарбӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки кишварҳои бузурги ҳамсояи Афғонистон бо вуҷуди дасти дароз ва имконоти молӣ имкони таъсиргузорӣ ба Афғонистонро ба андозаи Тоҷикистони тақрибан бидуни имконият надоранд. Ҳайф аст, ки агар ин имтиёз, ки онро тақдир, таърих ва сарнавишт ба Тоҷикистон додааст, ки ба нафъи рушди муносибот ва таъмини суботи Афғонистон ва ҳимоят аз арзишҳо истифода нашавад. Ҳарфи мо ин аст, ки Тоҷикистон ба сурати дуруст барномаи пешбурдии худро дар қиболи Афғонистон ва рушди муносибот бо ин кишвари дӯст надорад. Мо набояд ба барномаҳои Ғарб дар ин маврид бо чашмони баста, фақат лаббайк бигӯем, балки коре бояд бикунем, ки ҳадаф ва хостаҳои мо дар барномаҳои кишварҳои манфиатдор дар робита ба Афғонистон бозтоб дошта бошад.

Чаро шахсиятҳои саршиноси Афғонистон кушта мешаванд?

Аз суханронӣ, сӯҳбат ва мусоҳибаҳое, ки шахсиятҳои муҳими Афғонистон анҷом додаанд, аз ҷумла, Ато Муҳаммади Нур, бародарон Аҳмадзиё ва Аҳмадвалӣ Масъуд, Абдулатифи Пидром ва Муҳаммад Исмоилхон, ки ҳамагӣ дӯстони Тоҷикистон ҳастанд, ин нигаронӣ ба сароҳат эҳсос мешавад, ки аз ояндаи худ, сарнавишти худ ва таҳдид ба ҷонашон нигарон ҳастанд. Ин шахсиятҳо барои чӣ кушта мешаванд ва чаро бояд кушта шаванд? Суоли муҳиммест. Барои он ки роҳи даст ёфтани кишварҳои калон ба умқи стратегӣ дар минтақаи Осиёи миёна ҳамвор шавад.

Латифи Пидром, раиси Ҳизби кунгураи миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Афғонистон ахиран зимни муроҷиъате аз мардум ва масъулини Тоҷикистон тақозо намудааст, ки нисбат ба сарнавишти бародаронашон дар он сӯйи марз дар ин лаҳзаҳои ҳассос бетаваҷҷуҳ ва бепарво набошанд. Ӯ гуфтааст, ки "мо тақозои мудохилаи сиёсӣ надорем, вале тақозои ҳамбастагиҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ, ки ҳаққи ҳамаи мо ҳаст, дорем. Орзуи мо ин аст, ки мардуми Тоҷикистон, шахсиятҳои саршиноси Тоҷикистон масоили Афғонистон ва он чи ки ин ҷо рух медиҳад, онро бодиққат таъқиб бикунанд ва бетафовут набошанд, чун боз мумкин аст иттифоқоти дигаре сурат бигирад, ки аз он мавқеъ дигар ибрози таассуф кардан кофӣ нахоҳад буд. Ин орзуи мо аст. Ва мутаассифона мо дар вазъияти хубе қарор надорем".

Акнун, дӯстон, боқии сухан аз шумост, ки ба ин ниёз, илтимос ва илтиҷои ҳамватанонатон чӣ гуна посух медиҳед, ман танҳо инро медонам, ки;

Чун мурда ба кӯи зиндагон аст,

Ҳар қавм, ки ҷумбише надорад.

Бо иҷозаи шумо мехоҳам идомаи сӯҳбатро аз дӯсти азизи хеш оқои Ориёнфар шурӯъ бикунем.

Устод Раббонӣ ниёз ба муаррифӣ надорад

Шамсулҳақи Ориёнфар, масъули умури фарҳангии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон:

Нахуст сипосгузор ҳастем аз ҳама донишмандону рӯшанфикрон, олимону фарҳангиён ва давлати Тоҷикистон, ки дар робита бо рӯйдоди ахири Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд ва ба хусус дар шаҳодати Устоди бузургвор Бурҳониддини Раббонӣ як ҳамдардии омма нишон доданд ва чуноне дидем, ин мавзӯъ дар маҷолису сӯҳбатҳо ва матбуоти Тоҷикистон бозтоби густурда дошт. Дар робита ба чӣ шахсияте будани Устод Раббонӣ аз ин зиёд матлабе матраҳ кардан ниёз намебинам, зеро Ӯ як шахсияти ҷаҳонист ва Ӯро ҳама мешиносад. Фақат як нуктаро арз кардан мехоҳам, ки дар Афғонистон агар касе ҳам Устодро ҳеч алоқамандаш набошад ва агар касе ҳам бошад, ки Ӯро дӯст надорад, вале боз ҳам боварманд аст, ки шахсияти меҳварии Афғонистон дар ин сӣ соли ахир ҳамин Устод Раббонӣ будааст. Ва каси дигаре ба ҷуз ӯ наметавонист меҳвар бошад, яъне ҳар вақт агар чунин як маҷлиси иборат аз тамоми ақвоми Афғонистон доир мешуд, ногузир раҳбар Устод Раббонӣ буд. Ба дигар касе тавофуқ намешуд. Ӯ як шахсияти пазируфташуда, калидӣ ва меҳварӣ буд. Ва ҳоло ҳам, ки шаҳид шуда, ин ҳам азамату шукӯҳи Ӯст. Фарзан Устод Раббониро шаҳид мекунанд, ба хотире ки сомонаи фикриро дар Афғонистон бишкананд. Вақте дунё мехост, ки Афғонистонро ба василаи Толибон ишғол бикунад, мегиранд Аҳмадшоҳи Масъудро зери фишор қарор медиҳанд, тамоми нирӯҳои хориҷӣ басиҷ шуда буд, то Масъудро бишкананд. Вале натавонистанд рӯҳи ӯ ва нирӯи муқовимати ӯро бишкананд ва дар охир тасмим гирифтанд, ки ӯро ҷисман аз байн бубаранд, чун медонистанд, агар сомонаи низомиро бишкананд, имкон меёбанд, ки ҳама ҷоро ишғол бикунанд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Бе машвараи Устод коре кардан намешуд

Аммо аз ин ҳодиса даҳ сол мегузарад, ки дуруст аст, аз лиҳози низомӣ ҳама чизро шикастанду гирифтанд, аммо ҳар сӯ нигоҳ мекарданд, як чизи дигаре вуҷуд дорад. Як такягоҳе буд. Ҳама мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки дар ин ё он масъала назари Устод Раббонӣ чист. Ва дар ҳама ҷои Афғонистон ҳарфу андешаи Устод Раббонӣ муҳим буд ва таъсир дошт. Ҳарчанд Масъудро аз байн бурданд, вале фикри мубориза, роҳи ҷиҳоду муқовимат ба василаи Устод Раббонӣ зинда буд. Вақте ки Устод Ҷабҳаи муттаҳид месозад, тамоми ақвоми Афғонистон аз тоҷику паштуну узбаку ҳазора, чапу рост, коммунисту мусалмону ҳарчӣ ҳаст, ҳама дар он гирди ҳам меоянд ва аз ӯ пуштибонӣ мекунанд. Ва ба раҳбарӣ ҳам ӯро мепазиранд. Вақте Шӯрои Сулҳ сохтанд, дар он ҳама ақвоми Афғонистон, аҳзоби ҷиҳодиву ғайриҷиҳодӣ ҷамъ омаданд ва ногузир сари масъалаи раҳбари ин Шӯро будани Устод Раббонӣ тавофуқ карданд. Ба ин асос метавон гуфт, ки дунё мутаваҷеҳ шуда буд ба шахсияти Устод, ки коре дар Афғонистон бидуни машварат бо Устод наметавон кард. Ва нирӯҳое алоҳида ва ҳам касоне, ки ғаразе доштанд, ки ҳамаи мову шумо инро медонем, ин ҳамаро таҳаммул кардан барояшон душвор шуд ва дигар бузургӣ ва нуфузи Устод Раббониро таҳаммул кардан натавонистанд.

Толибон муллотарошӣ карданд нашуд, зеро Муллои асл зинда буд

Устод Раббониро ба хотири он шаҳид карданд, ки Ӯ ба манофеъи толибон кор намекард ва то замоне, ки Устод Раббонӣ зинда ҳаст, Толибон машруъияти динӣ ёфта наметавонанд. Бо вуҷуди он ки Толибон ҳарчӣ талош мекунанд ва худро пешвои дин қаламдод медонанд, худро мусалмони асл мегӯянд, бо шарру фасод ҷанг эълон мекунанд, аммо мебинанд, ки ҷаҳон онҳоро ба унвони пешвои динӣ намепазирад. Мебинанд, ки то Устод Раббонӣ ҳаст, машруъият намеёбанд, чун Ӯ дар ҷаҳон ба ҳайси як пешвои динӣ ва ҷиҳодӣ шинохта шудааст. Покистон ҳам медонист, ки Устод Раббонӣ хостору пойбанди як Афғонистони воҳид ва мустақил аст ва мехоҳад, ки Афғонистон дар меҳвари худ бичархад. Ва онҳое мехоҳанд, ки аз Афғонистон чун аз як пойгоҳи стротежики худ истифода бикунанд, аз он чун як ақибгоҳи низомӣ кор бигиранд, манофеъашон бо толибон як аст. Қудратҳои дунёӣ, ки то каронаи Ҳинду Чину марзҳои Русия расидаанду дасти таҷовуз ба сӯи Афғонистон дароз кардаанд, онҳо ҳам дар шаҳодати Устод Раббонӣ манфиаташонро мебинанд. Устод Раббонӣ ба симати як сиёсатмадори ботаҷриба кӯшиш мекард, ки манфиату амнияти минтақа ва кишвараш ҳифз шавад. Ба хусус дар кишварҳои минтақа нооромӣ нуфуз накунад. Ва ба хусус дар Тоҷикистон амну амонӣ ҳифз шавад. Ва барои қудратҳое, ки мехоҳанд вазъи минтақа ноором бошад ё амнияту суботро халалдор созанд, вуҷуди чунин шахсияте таъсиргузор мисли Устод Раббонӣ қобили таҳаммул нест. Ва дар Афғонистон ҳам аксари афроди калидӣ ва шинохта, қумондонони ҷиҳодӣ ва раҳбарони вилоятҳо аз нафарони Устод Раббонӣ, аз ҳампаймонҳо ва шогирдони Ӯ ҳастанд. Аз ин лиҳоз то вақте ҳузури Устод Раббонӣ ҳаст, ҳеч нирӯи ғайр ва таҷовузгар наметавонад нуфуз ёбад.

Акнун навбати куштани ҳамсафони Устод Раббонӣ расид

Ва бо шаҳодати Устод Раббонӣ марҳилаи дуввуми иқдомоти душманони Афғонистон оғоз меёбад, ки иборат аз он аст, ки афроди саршинос ва ҷонибдорони Ӯро дар марказ ва вилоёт аз байн бубаранд. То дигар афроде сари кор биёяд, ки дилсӯзӣ ва эҳсоси ватандорӣ надошта бошанд. Ба ин асос манфиати чанд нирӯ бо ҳам ягонагӣ пайдо кард ва ин тавтеъаи нангин амалӣ шуд. Ва барои анҷоми он амали ғайриинсонӣ ва ғайримусалмонӣ як покистониро масъул карданд, як покистонии ҷавон, ки ба Афғонистон шинохте надорад ва ҳарчӣ барояш гуфтанд ва дар зеҳнаш гузоштанд, бовар кард. Дар Афғонистон ҳама медонанд, ки куштани Устод Раббонӣ на аз лиҳози динӣ ҷоиз асту на аз лиҳози миллӣ, барои ҳамин мубтакирони он амали нангбор такя ба як покистонии ноогоҳ карданд, ки алоқае ба Афғонистон надошт. Худо накунад, вале эҳсос мешавад, ки дар набуди Устод Раббонӣ нооромиҳо бештар мешавад. Ва ин нооромиҳо ногузир ба Осиёи миёна низ таъсир хоҳад дошт. Ман намедонам, ин кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон ва ҳам Русия, ки дар Осиёи миёна манфиатҳои геополитикӣ дорад, чӣ коре дар роҳи амну суботи ояндаи хеш метавонанд бикунанд, вале бардошти ман ҳамин аст, ки он нирӯҳое, ки ба Афғонистон омадаанд, ҳатман манфиате, ҳадафе дигар ҳам доранд, чунки дар Афғонистон чизи зиёде барои бурдан нест. Инҳо барои саркӯбии толиб наомадаанд, Афғонистон дар замони Масъуд худаш танҳо бо толибон меҷангид. Ин 40 кишваре, ки имрӯз дар Афғонистон аст, он замон дар ақиби толибон буданд, толибро ҳимоят мекарданд ва Аҳмадшоҳи шаҳид танҳо бо нирӯҳои хеш бар алайҳи он ҳама меҷангид. Ҳамин кишварҳо буданд, ки вилоёти Афғонистон яке паси дигар ба толиб таслим мешуд ва қудратро дар Афғонистон ба толибон ҳам ҳаминҳо дода буданд.

Мақсад аз эҷоди Толибон шикастани Чину Русия аст

Чун толибон қудратро ба даст гирифтанд, паштунҳоро ҳам, ки барояшон ваъдаи мансабу вилоёт дода буданд, аз ёд бурданд ва паштуҳо ҳам диданд, ки дар раъси қудрати вилоятҳо нафароне аз Панҷоб нишастаанд. Қумандон ҳам панҷобӣ шуду волӣ ҳам ва сарони қабоили паштунро нобуд карданд. Биноан дар Афғонистон ҳеч қавме, ҳеч миллияте толибро намехоҳад. Толиб имрӯз ба зӯри он қудратҳое, ки аз он ҳимоят мекунанд, бар по рост истодааст. Агар ҳамин мудофиъинаш набошанд, толиб дигар маҷоле барои будан надорад. Толиб дар Афғонистон ва эҳёи дубораи он ба хотири он аст, ки ӯ як сарбози ройгон аст. Дар Афғонистон андеша ҳамин аст, ки толиб як нирӯест барои рахна задан ба Осиёи миёна, барои ноором сохтани авзоъи минтақа. Ва минтақаи Осиёи миёна ва Қафқоз сарватҳои зиёди табиӣ, нафту газ дорад ва ҳам мехоҳанд ин ҷо нуфузи ду қудрати ҷаҳонӣ Чин ва Русияро заъиф бисозанд. Ва чун ин манотиқ ба ҷангу ноамнӣ гирифтор шаванд, Чину Русия ҳам масруфи нишондани оташи ҷанг мешаванд ва камтар пешрафт мекунанд, заъфи иқтисодӣ мебинанд. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки толибонро ба ҳамин хотир нигоҳ медоранд, парвариш мекунанд ва агар касе ҳам аз ҳамин нақша дастгирӣ накунад, ба хусус афроди саршиноси Афғонистон, ки ба ҷиҳати ҳамсоягӣ ва ҳамқавмӣ ба кишварҳои Осиёи миёна эҳсоси хайрхоҳӣ доранд, яке пайи дигар аз байн бурда мешаванд. Онҳо мехоҳанд афроде дар Афғонистон сари кор бошад, ки хидматгузорашон бошад ва ишқу алоқае ба тоҷику Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа надошта бошанд.

Устод Раббонӣ хостори сулҳи боадолат буд

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур оқои Ориёнфар, ки ростӣ, моро дар муаррифии вазъи Афғонистон ва барномае, ки дорем, хеле кӯмак кардед. Барои он ки бисёр мушкил аст ба ин мардум бифаҳмонем, ки толибон дӯсти шумо нестанд. Мо бояд дар ин маврид фикр кунем, ки ҳадафи толиб билохира танҳо Афғонистон нест ва воқеъият он аст, ки Тоҷикистон ва минтақа имрӯз дар баробари як чолиши бузург қарор гирифтааст ва ҳар рӯз ин чолиш ҷиддитар мешавад ва албатта ҳоло мехоҳам дар мавриди барномаҳои давлати Тоҷикистон сари ин қазия сӯҳбат шавад, аз ин рӯ аз Сайфулло Сафаров, ки бо Устод Раббонӣ робитаи хубе доштанд, мехостам чанд сухане сари мавзӯъи баҳси мо бигӯянд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази татқиқоти стратегӣ:

Устод Раббонӣ аз шахсиятҳои саршиноси минтақа ва аз чеҳраҳои меҳварии ҷангу сулҳи Афғонистон буд. Дар тамоми давони ҷангу сулҳи Тоҷикистону Афғонистон Устоди шодравон дар умқи он ҳаводис ва дар саргаҳи кори ҷангу сулҳ қарор дошт. Ва Ӯ ҳамеша талош бар он мекард, ки низоъи мо тоҷикон ба як зудӣ хомӯш шавад ва сулҳ дар Тоҷикистон пойдор гардад. Ва дар чанд сӯҳбате, ки банда ба ҳайси раиси Маркази байнулмилалии ҳифзи сулҳи Осиё бо ин марди шариф доштам, ки дар яке аз онҳо устод Мӯъмин Қаноат ҳам ҳузур дошт, ман барои худ зиёд чизҳоро омӯхтам ва вақте аз сулҳ мегуфт, таъкид мекард, ки сулҳ низ бояд боадолат бошад. Дар фалсафаву андешаи Устод Раббонӣ мафҳуми сулҳ ҳамин буд, ки он бояд омехта бо адолат ва пос доштани ҳақ ва эҳтиром гузоштан ба воқеъияту ҳақиқат риоят шуда бошад. Ӯ мехост, ки дар Афғонистон сулҳу оромие бошад, ки аз он тамоми ақвому ақшори ҷомеъа баҳраманд ва розӣ бошанд. Моҳи марти соли 2001 банда як сӯҳбати хеле тӯлонӣ ва як ба як бо Устод доштам.

Устод Раббонӣ Тоҷикистонро зиёд дӯст медошт

Ман аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон гуфтам, ки Устод ҳам дар ин бора зиёд чизҳоро медонист ва Ӯ медонист, ки механизми сулҳи Тоҷикистон барои эҷоди тафоҳум ва мусолиҳа дар Афғонистон он қадар дархӯр нест, чунки воқеъият, авомил ва вазъияти он кишвар дигар аст. Вале баъзе аз пешниҳодоти бандаро хуш пазируфтанд. Ҳамон сол ман барояшон гуфтам, ки талош кунед то ба як сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ бирасед, чун вақти зиёд надоред ва то охири ҳамин соли 2001 фурсат доред. Баъди чанд сол аз ин мулоқот Устод Раббонӣ тавассути сафири мо дар Афғонистон ҷаноби Имомов бароям паём фиристод ва гуфтааст, ки ба оқои Сафаров бигӯед, ки ҳамон вақт барои мо ҳақиқатро гуфта будааст, вале мо онро ҷиддӣ нагирифтем. Устод ба Тоҷикистон ва ба мардуми мо меҳру муҳаббати аҷоиб доштанд. Моро, яъне тоҷиконро зиёд дӯст медоштанд. Ҳамеша ба ҷониби давлатӣ таъкид мекарданд, ки бо оппозитсиюни хеш аз сулҳ кор бигиред, онҳо ҳам фарзандони Тоҷикистон ҳастанд. Ва дар ҳамон паёми хеш, ки Устод Раббонӣ тавассути Абдуллоҳи Раҳнамо ирсол дошта буданд ва он дар "Миллат" ба нашр расид, эҳсос мешуд, ки Устод як дӯст ва хайрхоҳи мо, як бародари бузурги мо ҳастанд ва барои тақдири миллату кишвари мо бепарво нестанд. Ӯ ҷонибдори оромии комили Тоҷикистон буд, зеро хубтар аз ҳама ва беҳтар аз ҳар касе медонист, ки сулҳу оромиш чӣ неъмати бузургест ва бе он наметавонад ҳеч кишваре пешрафт дошта бошад.

Амрико ба Афғонистон омаду ҳамҳамаи Толибон шикаст, чаро?

Раҳматкарими Давлат:

Оқои Сафаров, шумо аз даҳ соли пеш ёд кардед ва нагуфтед, ки акнун чӣ бояд кард, дар муқобили он чӣ, ки дар Афғонистон имрӯзҳо мегузарад, аз чӣ роҳу аз чӣ тадобир бояд кор гирифт. Акнун, ки ғамхори сулҳу оромиши Тоҷикистону тоҷикон, шаҳсутуни муқовимати миллӣ дар Афғонистонро аз байн бурданд, вазъи минтақа дар набуди Устод Раббонӣ чӣ мешавад? Назари Шумо дар ин бора чист?

Сайфулло Сафаров:

Ростӣ, албатта вазъият хеле душвору печида аст, алъон дар бораи паёмади вазъи сиёсӣ дар минтақа ман ин ҷо чизе гуфтанӣ нестам. Баъзе гапҳое ҳаст, ки мутаассифона наметавонам ин ҷо ва алъон бигӯям. Барои ҳамин аз дигар бародарон хоҳиш мекардам, андешаҳои хешро иброз намоянд.

Раҳматкарими Давлат:

Саломат бошед. Мо ин ҷо Давлати Усмонро бо худ дорем, ки бо Устод Раббонӣ бештар аз дигарон дидор ва ҳамкорӣ доштанд ва вазъияти Афғонистонро ҳам хуб дарк мекунанд. Аз ин рӯ мехостем сӯҳбати эшонро бишнавем, ки чӣ бояд кард?

Давлати Усмон, сардори Ситоди Иттиҳоди собиқи мухолифини тоҷик дар солҳои 1993- 1997:

Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрабон. Ташаккур арз мекунам ба оқои Раҳматкарим ва дигар бародарон. Мулоқоти аввалини мо бо Устод Раббонӣ 19 декабри соли 1992 иттифоқ уфтода буд ва бори охирин ду рӯз қабл аз шаҳодаташон бо Ӯ дар Теҳрон, ки ҷаноби оқои Сайидумар Ҳусайнӣ ҳам ҳузур доштанд, дидор ва сӯҳбат карда будем. Шаби душанбе мо бо ҳам мулоқот доштем ва фардояш, яъне рӯзи сешанбе Устод ба шаҳодат расиданд. Чун ин ҷо аз ман суъол шуд, ки чӣ бояд кард, ман сари шахсият ва бузургии Устод Раббонӣ сӯҳбат намекунам ва сари кору талошу пайкори ин шахсияти таърихӣ як конфронсу ду ва даҳ нишаст оростану сӯҳбат кардан ҳам кам аст. Ман ин ҷо мехоҳам дар бораи вазъияти минтақа сухан бигӯям. Агар мо қазияро ба ду бахш тақсим кунем, масъала хеле рӯшан мешавад. Бахши аввал ин ки ин масъала қазияи дохили Афғонистон аст ва бахши дуввум он аст, ки ин масъала як қазияи байнулмилалӣ аст.

Ними ҷаҳон бо Афғонистон зӯрӣ дорад. Зӯри касе мерасад?

Мутаассифона кишвари Афғонистон дар тӯли беш аз як аср аст, ки ба майдони чавгонбозии абарқудратҳо ва манфиатҷӯиву тохтутози зӯргӯёни ҷаҳон табдил ёфтааст. Агар аз оғози бозии бузург, яъне аз соли 1880 шурӯъ бикунем ва баъдан ҳам мебинем, ки як муддати хеле кӯтоҳ аз миёнаи солҳои сиюм то авохири солҳои 70- уми қарни ХХ ин кишвар ором буд ва дигар дар маҷмӯъ гирифтори ноамниву ҷангу кашмокашҳои сиёсӣ будааст. Дар оғоз ду кишвар сари Афғонистон баҳсу талошу даъво доштанд, имрӯз ними ҷаҳон бо Афғонистон ҷангу пархошу талошу зӯргӯӣ дорад. Ин ҷо гуфтанд, ки Амрико омаду толиб об шуд. Шояд дар ин набарде, ки дар Афғонистон ҳаст, аз толиб танҳо ном бошад, нишон нест. Имрӯз ҳеч қавму миллияте дар Афғонистон таҳаммули онро надоранд, ки як нирӯи мусаллаҳи аҷнабӣ дар кишварашон қарор дошта бошад. Агар мо қазияи имрӯзаро ба ҳамон қазияи вуруди Шӯравӣ ба Афғонистон муқоиса кунем, тақрибан айни ҳол аст. Ҳамин Шӯравӣ ҳам бо хандаву шӯхӣ вориди Афғонистон шуд ва чун як- солу ду сол истоду андешаи хориҷ шуданро накард, болояш тохтанд ва шармандаву сарафканда берунаш карданд. Имрӯз Амрико ҳамон нақши Шӯравиро ба худ гирифтааст. Ва Амрико ҳам имрӯзу фардо дар ҳамон вазъияте, ки Шӯравӣ гирифтор шуд, дар ҳамон вазъ қарор мегирад. Ин кор шуданист.

Роҳи гурези Амрико аз Афғонистон куҷост?

Дар Ветнам вақте як уқёнуси бузург дар пушташ буду аслиҳаву муҳиммоташро бемалол мекашиду меовард ва ба шикаст мувоҷеҳ шуд, гумон мекунед дар Афғонистон вазъи Амрико хуб аст? Не, Амрико дар Афғонистон хеле вазъи душворе дорад. Аввал бо роҳи Покистон ворид шуд, агар имрӯз аз ҳамон роҳ берун равад, ба як балои азиме рӯ ба рӯ мешавад. Танҳо як роҳ дорад ё аз тариқи осмон меравад ё аз қаламрави кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва албатта бо иҷозаи Русия. Дар масъалаи он ки ҷанг ба кишварҳои Осиёи марказӣ кашида мешавад, аз сад эҳтимол даҳ эҳтимол вуҷуд дорад. Аммо ман фикр мекунам, ки қазияи Амрико ва НАТО дар Афғонистон ҳал мешавад. Ё Амрикову НАТО мардуми Афғонистонро ба ҳоли худ мегузоранду мераванд, то ин мардум худашон ба тақдири имрӯзу ояндаашон рақам бизананд, ё муноқишоту ноамнӣ вусъат меёбад ва Амрико маҷбур тарки Афғонистон мекунад. Аммо мо дар нисбати мардуми Афғонистон, ки ҳамсояи мо ҳастанд, нисбат ба тақдири тоҷикони Афғонистон бетафовут нестем. Сарнавишти мову онҳо бо ҳам гиреҳ хӯрдааст, он чизе, ки дар Афғонистон мегузарад, мо ҳамеша онро дунбол мегирем, то як сулҳу оромиши комил дар Афғонистон пойдор шавад.

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур оқои Давлати Усмон, яъне назари Шумо ин буда, ки толибон ҳеч хатаре надоранд?

Давлати Усмон:

- На, ман гуфтанӣ ҳастам, ки оҳиста- оҳиста қудрат ва кор аз дасти Толибон берун меравад. Банда соли 2007 бори охирин дар Афғонистон будам ва бародарони афғонӣ мегуфтанд, ки ҳоли мебинед, мо ин амрикоиҳоро чӣ тӯр мекунем. Ва ҳоло мебинем, ки дар ҳақиқат онҳоро "чӣ тӯр" карда истодаанд.

Оё Устод Раббонӣ шахсияти фоҷеавӣ буд?

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур. Ва мехостам аз устод Рашид Ғанӣ Абдулло бипурсам, ки то куҷо бовар кунем ба ваъдаи устод Давлати Усмон, ки мегӯянд, толибон зиёд таҳдид нестанд ва хатари зиёде ба амнияти минтақа надоранд.

Рашид Ғанӣ Абдулло:

- Пеш аз он ки бевосита ба ин суъол ҷавоб диҳам, мехостам бигӯям, ки чун сухан дар бораи Бурҳониддини Раббонӣ аст, албатта ӯ як шахси пурфоҷиа буд. Чаро? Агар масири сиёсиашонро аз ҳамон лаҳзае, ки раисиҷумҳур шудан мулоҳиза кунем, мебинем, ки ҳар сол аз соли пеш нуфузашон, нуфузи сиёсиашон камтар мегашт. Соли 96, моҳи декабр дар Хустдеҳ будам. Он вақт вохӯрии сарони Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд. Як чиз ба назарам хеле аҷиб намуд. Ман дар он ҷо аз ҷониби афғонҳо ду гурӯҳро дидам. Ин ду гурӯҳ дар ҳамон пайраҳаҳои Хустдеҳ рафтуо доштанд ва ҳеч ба ҳамдигар тақрибан вонамехӯрданд. Яке гурӯҳи сиёсатмадорон, ки сарварашон Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва гурӯҳи дигар он сиёсатмадороне, ки дар раъсашон домулло Бурҳониддини Раббонӣ буданд. Ва танҳо Исмоилхон ба фикрам байни ин ду гурӯҳ рафтуомад доштанд. Аз ин хулоса баровардам, ки аслан дар он шароите ки мубориза буд, доругири мусаллаҳона буд бо толибон, домулло Раббонӣ тақрибан як нуфузи сиёсии шахсӣ доштанд, на бештар аз ин. Ва ин фоҷиа аст барои инсон, барои сиёсатмадор. Ва чунин ба назар мерасад, ки танҳо касе метавонад аз нуфузи сиёсии худ бархӯрдор бошад, ки агар дар дохили худ муборизааш барои нигоҳ доштани султаи худ хеле қавӣ бошад, вагарна ӯ сиёсатмадор нест ва барвақт ё бевақт маҷбур мешавад ё маҷбураш мекунанд аз сари султа биравад. Он чизе, ки феълан шуд тақрибан ниҳояти анҷоми ҳатмии ҳамон масир буд, яъне аз байн рафтани сиёсии домулло Раббонӣ бо аз байн рафтани ҷисмонии худашон бо ҳам мувофиқ омад.

Чаро танҳо Раббонӣ Устод буд?

Вале ба назари инҷониб шояд оқои Раббонӣ ягона шахсе буданд дар Афғонистон, ки аз мафҳуми "Устод" бархӯрдор буданд. Чаро? Чун беш аз касони дигаре аз сиёсатмадорони афғон муборизи раванди сулҳофаринии тоҷик буданд. Аз ин рӯ огоҳ буданд, хабар доштанд ва тақрибан роҳҳои ба ҳам овардани мардумро медонистанд. Мушкила дар он буд, ки нуфузи сиёсӣ барои амалӣ гардонидани он чизе, ки фикр доштанд, дар зеҳнашон буд, дар дасташон набуд. Ҳамин як фоҷиаи ҳамон инсон ҳамин тавр будааст. Роҷеъ ба толибон ин дуруст аст, ки муваққат, аз кадом лиҳоз, аз он лиҳоз, ки ҳаракати толибон ҳамагӣ раддулфеъли як воқеъият буд, як ҷавобе буд ба он воқеъияте, ки ба сари Афғонистон омад. Ва ҳангоме ки ин воқеъият аз байн равад, шояд ба қавли Давлати Усмон, замоне он аз байн ҳам равад, вале ин радул феъл буд. Раддулфеъл ба воқеъияте, ки кишвар зери тасаллути қумандонҳои гуногун буд ва ҳар қумондон барои худаш як фазои ҳуқуқӣ, як паҳнои хос дошт ва мардум мӯҳтоҷи нирӯе буданд, ки фавқи ин қумондонҳо бошад ва тавонанд ба ҳар ҳол як низоми бад бошад, хашин бошад, сахт бошад, вале низом бошад ягона ва барои ҳама, яъне як низом бошад.

Ва мардум дастгириаш кард толибро ба сурати умум, вагарна наметавонистанд дар якуним сол тамоми кишварро зери тасарруф бигиранд. Дуруст аст, ки ибтидои ин ҳаракат аз ҷониби кишварҳои Ғарб тайид шуда буд, сохта шуда бошад, вале он ҳам дуруст аст, ки баробари қудратманд шудани он нирӯ барои худаш обрӯ пайдо кард. Баъдан ҳадафҳои миллӣ, умумиафғонӣ болотар гаштанд, аз ин рӯ онҳо бо ғарбиён дар ду тарафи сангар шуданд.

Бо толибон бояд робита дошта бошем, яке сари қудрат биоянд, чӣ кор мекунем?

Шумо гуфта будед дар ибтидо, ки тоҷикон чӣ бояд кунанд. Тоҷикҳои Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама амалгаро бошанд. Аз он лиҳоз, ки мо имрӯз бихоҳем ё нахоҳем имрӯз нирӯи низомии аз ҳама дастболо боз ҳам толибон ҳастанд. Онҳо мубориза бурда истодаанд. Барои мо тоҷикон ёрии мо бояд аз як чиз иборат бошад. Мо бояд ҳаракат кунем бо такя, бо истинод ба таҷрибаи худамон ҳамаи тарафҳои даргири Афғонистонро ба сулҳ даъват кунем. Вазифа ва рисолати аслии тоҷикон бояд ҳамин бошад. Дуввум ин ки мо ҳамчун давлати мустақил бояд бо ҳама нирӯҳое, ки дар Афғонистон ҳастанд, дар робита бошем. Бо ҳеч кадоми онҳо аз лиҳози ақидатӣ, сиёсӣ ва ҳарчӣ бошад, чапа набошем. Ва бо ҳар кадоми онҳо робита дошта бошем.

Раҳматкарими Давлат:

Бо толибон ҳам?

Рашид Ғанӣ Абдулло:

- Аз ҷумла бо толибон ҳам. Ва пеш аз ҳама толибонро ҳам водор созем, ташвиқ кунем, ки вориди сулҳ шаванд. Агар Худо накарда зидди ягонтои онҳо шавем ва пагоҳ ҳамин мардум сари қудрат, ки омаданд, соҳиби давлат шуданд, чӣ тӯр шумо метавонед бо онҳо дар робита бошед?! Биноан тоҷикон бояд дар як чиз бошанд, коре, ки дар Афғонистон аст, ин кори худи афғонҳо аст. Сулҳе, ки мекунанд, худашон мекунанд, ҷанге, ки мекунанд, худашон мекунанд. Мо фақат як чиз мегӯем, ки агар илоҷаш бошад, ҷангро камтару гуфтушуниди сиёсиро бештар кунанд.

(Анҷом)

Амрико омад, Толибон аз Афғонистон гум шуданд

Раҳматкарими Давлат, гардонандаи Мизи гирд:

Аз оқои Сайидумар Ҳусайнӣ хоҳиш мекунам, то баҳси моро идома бидиҳанд. Марҳамат.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили Маҷлиси намояндагон:

-Ба номи Худованди бузург. Қабл аз ҳама салом арз медорам ва сипос мегӯям ба дастандаркорони ин ҳамойиш, ки ба хотири Устоди бузургвор як чунин маҳфилеро ташкил кардаанд. Ин ҷо дар бораи Устод Раббонӣ ҳарфҳои хубе гуфта шуд, ки шояд мо аз он зиёд гуфта натавонем ва мо ҳатто худро сазовори он намебинем, ки шахсиятеро чун Устоди бузургвор муаррифӣ бикунем. Танҳо ҳамин, ки банда аз суханронии ҷаноби оқои Ориёнфар бисёр илҳом гирифтам ва андешаи ман ҳам қаблан ҳами н буд, ки аз замони зуҳури толибон ва баъдану то имрӯз кишвари Афғонистон аз ҷое дигар идора мешавад. Ва бо он ҳама нирӯ ва таҷрибаи бузурги ҷангӣ ва истеъдоди фавқулодаи сипаҳсолорие, ки шаҳид Масъуди бузург дошт, мо як рӯз шоҳид шудем, ки ӯ ҳам натавонист бар Толибон пирӯз шавад. Ҳатто ба самти шимол ақибнишинӣ кард, вале пешрафти толибро боздошт. Вале он нирӯи толиб, ки зиёд васфаш мекарданд ва қудратмандаш медонистанд аҷобат ин аст, ки ба муҷарради ворид шудани Амрико ва ҳампаймононаш ба хоки Афғонистон якбора он қудрат нест шуд, об шуд зери замин ё ба осмон парид. Пас, хулоса ин аст, ки толиб сохтаву парвардаи он қудратҳоест, ки мехоҳанд дар лаҳзаҳои барои худашон зарур, барои эҷоди нооромӣ ва аз байн бурдани суботи минтақа онро истифода бикунанд.

Мо барои ҳамлаи Толибон омодагӣ дорем?

Инро ҳам аз эҳтимол набояд дур гирифт, ки қудратҳои зӯргӯ мехоҳанд аз толиб барои эҷоди ноамнӣ дар кишварҳои минтақа истифода бикунанд. Аз ин рӯ кишварҳои Осиёи миёна бояд ин мавзӯъро ҷиддӣ бигиранд ва дар бораи шаклу шеваи бархӯрд бо ин хатарҳои эҳтимолӣ бояд барномаҳои мушаххас дошта бошанд. Мо аз шаҳодати Устод Раббонӣ хеле ғамгин ҳастем ва аз Худованд мехоҳем, он неъматеро, ки гирифтааст, барои мардуми Афғонистон ва ба хусус барои миллати тоҷик беҳтарашро ато фармояд.

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур аз Шумо бародар Ҳусайнӣ. Оқои Сайфуллоҳзода, Шумо суъоле доред? Бифармоед!

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи "Наҷот" :

- Бале, ман як суол дорам ба ҷаноби оқои Ориёнфар, ки як гуна гузориши хубе карданд дар мавриди вазъи Афғонистон ва пурсиши ман ин аст, ки бо ҷониби дигар сари музокирот нишастани Устод Раббонӣ таҳмилӣ буд, ё воқеъияти имрӯзи Афғонистон ва чаро Устод Раббонӣ бо он хиради волое, ки доштанд, раҳбарии Шӯрои Олии Сулҳро пазируфтанд ва рафтан сари музокирот бо Толибон? Ин ниёз буд, ё он як амали таҳмилӣ буд? Ташаккур!

Раҳматкарими Давлат:

Хоҳиш мекунам аз устод Ориёнфар то ба суъоли ҷаноби Сайфуллоҳзода мушаххасан посух бигӯянд.

Устод Раббонӣ назир надошт, беҳамто буд

Шамсулҳақи Ориёнфар:

- Вақте дар Афғонистон нирӯҳои дигаре омад, ягона ҳадафашон ҳамин буд, ки Устод Раббониро аз саҳнаи сиёсӣ дур бикунанд. Устод Раббонӣ мегуфтанд, ки давлати қонунӣ ҳаст, биёед бишинем, маслиҳату машварат кунем, аммо рафтанд дар Бонн ва тасмим гирифтанд ба таъсиси давлате, ки Устод Раббонӣ мақом надошта бошад ва то ҷое як замон ба ин ҳадафашон расиданд, чун Устод ҷисми зинда буд, ҷонибдоронаш ҳам зиёд буд, дар талош буд ва боз ҳам ниёз пеш омад ба ҳарфи Ӯ, ба кӯмаки Ӯ. Ва Устод Ҷабҳаи муттаҳидро сохт, вориди рақобат дар интихоботи парлумонӣ шуд ва билохира номзади ин Ҷабҳа раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардид. Ва ин қудрату нуфузи Устод Раббонӣ буд, ки он касеро, ки пеш андохт, ҳамон раиси Маҷлис шуд. Устод боз қудрати хешро ба намоиш гузошт ва дунё ҳам дид, ки бо Устод ҳарчӣ қадар муқобала бикунанд, Ӯ бештар нирӯ мегирад ва муқовимат нишон медиҳад. Аз ин рӯ кӯшиш карданд, ки Устодро ба худ наздик бисозанд. Асли дигар ин буд, ки вақте Шӯрои Сулҳро сохтанд, аз ҳама аҳзоби ҷиҳодӣ ва ҳама ақвом дар Афғонистон касе дигар ҳамсону ҳамтои Устод пайдо накарданд, ки ин Шӯроро раҳбарӣ бикунад, Сибғатулло Муҷаддадӣ даъво дошт, ки раис шавад, аммо ҳама ба ӯ муқобил буд. Ва ногузир Устод Раббониро раҳбар таъин карданд. Устод Раббонӣ худаш ҳам як навъ боварманд буд, ки метавонад дар ин симат барои мардуми Афғонистон, барои оромиши кишвараш як коре бикунад.

Ҳузури Устод Раббонӣ ҳукумати Карзайро машрӯъият мебахшид

Ва шаҳодаташ ҳам ба ҳамин хотир буд, ки Ӯ раҳбарии ин Шӯроро пазируфт. Ва ҳама дар дохили Афғонистон ва ҳатто толибони дохилӣ Устодро бовар мекарданд, ба ҳарфаш гӯш доштанд ва Ӯ мардуми Афғонистонро муттаҳид сохта буд. Он толибоне, ки дар хориҷи Афғонистон ҳастанд, онҳо барномаи худ ва роҳбарони худро дар ҳамон берун доранд. Ва барои Карзай ҳам ҳузури Устод Раббонӣ дар саҳнаи сиёсат як навъ машрӯъият буд. Хостанд ин машрӯъиятро аз Карзай бигиранд ва агар сулҳ шавад, он барномаву нақшаҳое, ки қудратҳои зӯргӯ доранд, амалӣ намешаванд. Устод Раббонӣ бовараш ин буд, ки дар Афғонистон ҳеч коре бо ҷанг ба анҷом намерасад, аз ин рӯ мехост то як кори хайре анҷом дода бошад. Баъзе дӯстон аз мо мепурсанд, ки шумо то чӣ вақт ҷанг мекунед? Мо аз ҷанг безор шудаем. Ва Устод Раббонӣ ҳам аз ҷанг безор шуда буд ва сулҳ мехост. Ҳама дунё ҷангашро дар Афғонистон мекунад, Шуравӣ омад ҷангашро дар Афғонистон кард, Амрико ва НАТО ҳам ҷангашонро дар Афғонистон мекунанд, самолётҳои бепилоташонро дар хоки Афғонистон озмоиш мекунанд. Афғонистон маркази татбиқоту озмоиши ҳар навъи силоҳ шудааст. Ва Устод дар кори сулҳ муваффақ ҳам буд, аз ҳамин хотир Ӯро аз байн бурданд.

Террор асосан зодаи ғарб аст

Раҳматкарими Давлат:

Саломат бошед. Ҳоло биёед оқои Меҳмоншоҳ Шарифзодаро бишнавем . Бифармоед.

Меҳмоншоҳ Шарифзода,таҳлилгари масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ:

- Дар минтақае, ки мо зиндагӣ дорем, дар ҳақиқат таърихи нав шакл гирифта истодааст ва имрӯз мебинем, ки он арзишҳои демократӣ ва либералиро, ки хостанд дар Афғонистон паҳн кунанд, натавонистанд ва ба мушкил мувоҷеҳ шуданд. На мушкилоти мардуми Ироқ ҳал шуд, не мушкили Афғонистон. Имрӯз мебинем, ки арзишҳои демократӣ- либералӣ дархӯри мардум нестанд ва дунё ба арзишҳои нав ниёз дорад. Вақте дар охири асри ХХ Афғонистон ба нуктаи бархӯрди ду абарқудрати ҷаҳонӣ Иттиҳоди Шуравӣ ва Амрико табдил ёфт, арзиши наве бо номи террор эҷод шуд, ки аслан сохтаи Ғарб буд. Толибону Ал- қойидаву муҷоҳиддин ин ҳама сохтаи ҳамон абарқудратҳост. Террор асосан зодаи Ғарб аст. Медонед, ки барои чӣ шахсиятҳоро мекушанд? Барои он ки онҳо мисли як девор ҳастанд дар роҳи паҳншавии андешаву арзишҳои ғайр. Ва он қудратҳои зӯргӯ ва нирӯҳои дигар ҳам медонанд, ки танҳо дар сурати аз байн бурдани ин шахсиятҳо онҳо метавонанд ба мақсадҳои хеш бирасанд. Аз ҳамин хотир буд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд ва як идда шахсиятҳои дигари саршиноси Афғонистон ва ҳамин чанде пеш Устод Раббониро террор карданд. Дар пушти шиорҳои бунёди ҷомеъаи демократӣ Ғарб дунболи манофеъи хеш мегардад ва мехоҳад хостаҳои худро пиёда кунад. Ана аз ҳамин хотир шахсиятҳои калидии Афғонистонро, ки дар муқобили амалӣ шудани хостаҳои ғарбиён мисли як девор меистанд, яке пайи дигаре аз байн мебаранд. Бояд кӯшиш кард, ки падидаи Толибон ва нуфуз ёфтани онҳо густариш наёбад. Ва ман ба ҳамин боварам, ки Толибон ҳеч гоҳ пирӯз намешаванд, зеро онҳо дар пайи амалӣ сохтани арзишҳои бегона ва дар такя бо аҷнабиён арзи ҳастӣ доранд.

ҷанги афғонҳо ба хотири сулҳ аст

Раҳматкарими Давлат:

Акнун аз устод Холиқназарзода хоҳиш мекунам, то сӯҳбат бикунанд.

Худоёбердӣ Холиқназарзода, вазири собиқи умури хориҷаи Тоҷикистон:

- Ман як- ду сухан дар мавриди гуфтаҳои Рашидҷон (Рашид Ғанӣ Абдулло. Шарҳи "Миллат") мехостам бигӯям. Дар баъзе масоил ман назари мухолиф дорам. Аввал ин ки Устод Раббонӣ тавре ман шоҳид будам аз соли 1992 то соли 2011, то ба шаҳодат расиданашон як шахсияти хеле бузург ва таъсиргузор буд. Ӯ шахсияте буд, ки ҳама Ӯро эътироф ва эҳтиром мекарданд. Он чӣ, ки ин ҷо Рашид Ғанӣ Абдулло гуфтанд, ки дар соли 1996 нафарони шаҳид Масъуд ва Устод Раббонӣ бо ҳам мулоқот намекарданд, ин як нофаҳмие буд, ки миёни ин ду шахсияти бузург ҳамон вақт рух дода буд ва ин гуна нофаҳмиҳо дар ҳама ҷабаҳот ва дар ҳама давру замон рӯй медиҳад. Баъди мулоқоти Хусдеҳ шаҳид Масъуд мулоқоти моро бо тамоми қумондонҳои Ҷабҳаи шимол баргузор намуд ва он ҷо ҳамаи эшон гуфтанд, ки Устод Раббониро ҳамчун роҳбари ҷиҳод, сарвари хеш медонанд ва эҳтироми он кас пеши онҳо ҷойгоҳи баланд дорад. Устод Раббонӣ дар масоили низомӣ зиёд дахолат намекард, Ӯ як шахсияти сиёсӣ ва сулҳофар буд. Ӯ як сиёсатмадори тавоно ва донишманди мулоҳизакор буд. Маълум аст, ки ҳеч сиёсатмадори оқил дар ҷабҳаи ҷанг қарор намегирад ва ҷангро камтар хуш доранд. Ва шиори афғонҳо ҳамеша як аст: Мо ҷанг мекунем ба хотири сулҳ. Он чӣ, ки мо баргирифта аз андешаҳои таҳлилгарони пасошуравӣ дар бораи Афғонистон сӯҳбат мекунем, ба куллӣ аз тафаккури мардуми Афғонистон фарқ дорад. Назарсанҷиву андешарониҳои мо аз сиёсату сиёсатмадорони Афғонистон хеде тафовут дорад. Онҳо дар масоилу мушкилоти хеш диди дигар доранд. Ба хотир биёред баҳори соли 2001- ро, ки Толибон ба сарҳадоти Шуравии собиқ омада буданд. Қундуз ва Мазори шарифро тасарруф намуда буданд. Ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҳамон лаҳзаи сарнавиштсоз ва хеле сангин гуфта буд, ки агар дар Афғонистон ба андозаи ҳамин каполам (калапӯш) замин бимонад, ман бо Толибон меҷангам. Ин далели бузургӣ ва ватандӯстии Масъуд буд. Агар Худое нахоста ин Толибон сари қудрат биёянд, бо тоҷикон чӣ корҳое намекунанд. Ба хотир биёред ин Толибон дар соли 2001 бо узбакҳо чӣ кор карданд. Қатли омм карданд онҳоро. Чун Дустум гурехт ва Малик гурехт, узбакҳо бесоҳиб монданд ва Толибон онҳоро гирифтанду таги хок карданд. Тоҷикон, ки Масъудро доштанду дигар қумондонони шинохтаи тоҷик буданд, мубориза карданд ва Толибон натавонистанд ва ҳам андеша карданд аз куштори тоҷикон. Ин корҳо набояд такрор шаванд, дигар роҳ додан даркор нест. Мо ҳақ ва иҷозаи нобуд кардани миллату ҳаммиллатонамонро надорем.

Рашид Ғанӣ Абдулло:

- Шумо ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон мегӯед, ки бояд дахолат кард?

Худойбердӣ Холиқназарзода:

- Бале, ин назари шахсии ман аст, ҳамчун як тоҷик ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Толибон агар рӯи қудрат биёянд, ҳатман ҷабру зулми зиёде болои миллати мо меоранд. Онҳо дар тафаккури шадиди феодалӣ- қабилавӣ гирифторанд, бо онҳо намешавад аз сулҳу мусолиҳа сӯҳбат кардан.

Рашид Ғанӣ Абдулло:

- Андеша кардан даркор, ки агар Толибон сари қудрат биёянд, бо мо чӣ ҳоҳанд кард?!

Худойбердӣ Холиқназарзода:

- Мо ҳам бояд коре бикунем, ки онҳо ҳеч гоҳ ба сари қудрат наоянд. Ва ҳеч гоҳ Толибон дигар ба қудрат нахоҳанд омад.

Раҳматкарими Давлат:

Ман фикр мекунам, аз ин дида дигар фоҷеае мудҳиштар нест, ки ҳамватанони мо, ҳамқавмону ҳамзабонони моро мекушанд, чеҳраҳои саршиноси тоҷикро террор мекунанд.

Давлати Усмон:

- Ин ҷо ду фикри мутаззод садо дод. Он чӣ ки оқои Рашид мегӯяд, дуруст аст. Агар ба корҳои дохилии Афғонистон мо дахолати зиёдтар кунем, ҳамон оташи ҷангу ноамниро ба ҳамин ҷо мекашем. Ин ҷо ягон шакку шубҳа нест. Аммо мо метавонем бо мавзеъгириҳои сиёсиамон ва бо роҳҳои дигар аз тоҷикону узбакҳову ҳазораҳову дигар ақвоми Афғонистон ҳимоят кунем. Мо он ҷангеро, ки намехоҳем, бо ин мавзеъгирии шадидамон ин ҷо кашида меорем. Аз ин хотир нуқтаи назари оқои Рашид дуруст аст. Мо метавонем, ки миёнҷӣ шавем. Мулоқоти мо бо мулло Умар, роҳбари Толибон аз касе пӯшида нест. Вақте дар Шиндан тайёраи моро, ки устоди марҳум Нурӣ ҳам бо мо буд, пойин карданд ва назди мулло Умар ба Қандаҳор бурданд, дар дохили мошини мулло Умар устод Нурӣ хеле бомулоҳиза ба ӯ фаҳмонд, ки қазияи Афғонистон бо роҳи ҷанг ҳал намешавад. Устод Нурӣ ба мулло Умар гуфт, ки Мулло- соҳиб, Устод Раббонӣ кофир аст, Масъуд кофир аст, Ҳикматёру Сайёф кофиранд? Не, инҳо ҳама мусалмонанд, роҳбарони ҷиҳодии шумо ҳастанд. Шумо дар авҷи қудрат ҳастед, биёед мо ва оқои Давлат Усмон миёнҷӣ мешавем ва сулҳ бикунед. Мулло Умар калашниковро нишон дода гуфт: «Нурӣ- соҳиб, дар Афғонистон қазияро ана ҳамин ҳал мекунад». Ин тафаккури афғонӣ аст.

Раҳматкарими Давлат:

Дуруст аст, ки ин тафаккури афғонӣ аст, вале ман ҳеч мудохилаи Тоҷикистонро дар умури сиёсии Афғонистон намебинам. Ҳеч гуна мудохила нест ва аслан ҳатто мудохилаи созанда ҳам нест. Қаблан буд. Дар замони муқовимат мудохила буд, ки мегирифтанд аз ин ҷо соляркаву рӯғани трактору мошинҳоро барои тонкҳои Шуравӣ мефиристоданд.

Ин ҷо оқои Абдуллоҳи Муҳаққиқ ҳузур доранд. Хоҳиш мекунам назари худро сари мавзӯъи баҳси мо бигӯед.

Толибон давлати исломии Бухоро сохтан мехоҳанд

Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси масоили динӣ:

Бисмиллоҳир- раҳмонир- раҳим.

Ин ҷо чанд омили дигар ҳам ба ҷуз Толибон ҳаст, ки ба амнияти Тоҷикистон ва минтақа хатар дорад. Гурӯҳҳои тундраву ифротие ҳастанд, ки ин интиҳориҳоро омода мекунанд, аз ҷумла Толибон ҳам чунин афроди интиҳорӣ доранд. Ин меъёри худкафонӣ аз Ислом нест, ин аъмол барои Ислом бегона аст. Чуноне ин ҷо бародар Меҳмоншоҳ зикр намуд, худкафонӣ ва интиҳорӣ ин фарҳанги ғарбӣ аст. Имрӯз дар манотиқи марзии Афғонистону Покистон ҳама гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла Толибон, Ансоруллоҳ, Ҳизбуттаҳрир ва Салафия бо ҳам омадаанд. Ин ҳаракатҳои тундрави динӣ се зина доранд; даъватӣ, такфирӣ ва интиҳорӣ. Вазифаи уламои исломии Тоҷикистон имрӯз бояд иборат аз он бошад, ки роҳи ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ворид шудани ҷавонони тоҷикро бубанданд. Намояндагони ин гурӯҳҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои минтақа ва ҳатто Аврупову Русия ҳам ҳастанд ва фаъолияти хешро ошкору пинҳон пеш мебаранд. Бубинед, Салафия, Ал- қойида ва Ҳизбуттаҳрир дар Осиёи марказӣ манъ карда шудаанд, вале дар Англия ва Украина озод фаъолият мекунанд ва дар Малайзиё конфронси байнулмилалӣ баргузор мекунанд. Вазифаи донишмандони улуми динӣ ва дунявии мо бояд ин бошад, ки аҳдофу мақсадҳои гурӯҳҳои тундрави диниро, аз ҷумла Толибонро хуб биомӯзанд ва аз хатароти он барои мардум бигӯянд. Он тундгароён барои дин гӯё худро метарконанд, вале мақсаду ҳадафҳояшон дигар аст. Толибон Тоҷикистонро ҳамчун давлат эътироф надоранд, мақсади онҳо таъсиси давлати исломии Бухоро аст. Устод Раббониро ҳам ҳадафмандона ва дониста террор карданд. Ин мубоҳисаи мо маънии онро надорад, ки мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат мекарда бошем ё мехоҳем Толибонро ин ҷо биёрем. Мақсади мо ин аст, ки бояд бидонем, ки аз амнияти Афғонистон, аз кадом гурӯҳу чӣ шахсиятҳое дар сари қудрати ин кишвар будан тақдири Тоҷикистон сахт бастагӣ дорад. Он чӣ ин ҷо гуфтанд, ки тафаккури мардуми Афғонистон, тафаккури калашниковӣ аст, ин хатои маҳз аст. Мардуми Афғонистон хостори сулҳанд, вале сулҳ карданашон намемонанд. Ин бархӯрди тамаддунҳо як ибораи сохта, як чизи бофтаву дурӯғ аст, барои шикастани рӯҳи озодихоҳии мардуми мусалмон, аз ҷумла мусалмонони Афғонистон.

Толибон се гурӯҳанд

Раҳматкарими Давлат:

Ин ҷо устод Комёб Ҷалилов мехоҳанд чанд сухане бигӯянд. Марҳамат.

Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили иҷтимоъӣ:

-Вақте дар бораи авзоъи минтақа мегӯем, бояд як чизро ба назари эътибор бигирем, ки муҳит нақши муҳим дорад. Муҳити имрӯзии минтақа ҳамин гуна аст, ки қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ вориди бозӣ шудаанд. Имрӯз сиёсати кишварҳои минтақаро қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ зери назорати худ доранд. Вақте мо дар бораи Толибон мегӯем бояд муҳитеро пеши рӯ биёрем, ки чӣ гуна, дар кадом шароит ва бо кумаки кадом қудратҳо онҳо рӯи кор оварда шуданд. Ин Толибони имрӯзӣ аз Толибони аввал ба куллӣ фарқ доранд.

Вазъияти ҳамонвақтаи Афғонистон ба гунае буд, ки он ба сулҳу субот сахт ниёз дошт ва қудратҳои манфиатҷӯ Толибонро ҳамчун нирӯи сулҳхоҳ ва муттаҳидкунандаи ақвоми ин кишвар дар асоси арзишҳои исломӣ муаррифӣ карданд. Толибони имрӯза хоҷаҳои алоҳида доранд ва онҳо ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Толибон дигар наметавонанд ё ҳам намехоҳанд бо роҳи зӯрӣ ба қудрат бирасанд. Ва шояд дар ягон вилояти Афғонистон онҳо бо зӯри силоҳ битавонанд қудратро ба даст бигиранд. Парокандагии Толибон барои хоҷагони онҳо лозим аст, то битавонанд, онҳоро барои пиёда кардани манофеъи хеш истифода бикунанд.

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур устод, акнун Зафари Сӯфиро мешунавем.

Зафари Сӯфӣ, сардабири рӯзномаи "Озодагон"

- Ростӣ, ман намедонам, мо мехоҳем ин ҷо вазъияти Афғонистонро баррасӣ бикунем ё хатари гурӯҳҳои ифротиро ба амнияти Тоҷикистон?! Ончуноне ин ҷо устод Рашид Ғанӣ Абдулло гуфтанд, агар Толибон ба қудрат биёянд, чӣ хоҳад шуд ва чӣ пайёмаду таъсире ба низоми давлатдории мо хоҳад дошт. Ин ҷо гуфтанд, ки Толибон ба амнияти минтақа ва кишвари мо хатар доранд. Бояд мушаххас шавад, ки он хатарот кадомҳоянд.

Нодон сабуктар пазирад фиреб

Раҳматкарими Давлат:

Устод Ҷамолиддини Сайидзода мехоҳанд сӯҳбат бикунанд. Бифармоед!

Ҷамолиддин Сайидзода, донишманди тоҷик

- Ман ин ҷо дарк кардам, ки мо ё барои баҳс омода нестем ё тафаккури тоҷикиву ориёие надорем, ки ба умқи масъала сарфаҳм биравем. Фирдавсӣ мегӯяд, ки:

Зи озу фузулӣ як сӯ шавем,

Ба нодонии хеш хуфта шавем.

Яъне иқрор шавем, ки нодонем. Дар ин ҷо ҳама гап мезанем, вале андешаву тафаккурамон ҳамон андешаи коммунистии солҳои 90- ум аст. Фаромӯш кардаем, ки дар соли 2011 зиндагӣ дорем. Ва баъзе касоне ин ҷо сӯҳбат карданд, шояд надонистанд, ки ин ҷо ҳадаф чист. Ин ҷо ҳама тутивор такрор кардем, ки омили беруна мавҷуд аст ва моро ҷанг андохтанд. Ин маълум аст. Эроншоҳи Абдулхайр дар "Баҳманнома", ки нахустин китоби дар пайравии "Шоҳнома" эҷод шуда мебошад, мегӯяд, ки:

Чунин гуфт дастури бофарру зеб,

Ки нодон сабуктар пазирад фиреб.

Чаро ин ҳама ноамниву бесуботиву ҷидол дар Афғонистони ҳамҷавору ҳамзабону ҳамдини мо мегузарад? Мо нуктаи калидиро наёфтаем, ҳама гапро мегӯем, вале ҳарфи асосиро намегӯем. Вале бояд мо ин ҷо аз он хусус бигӯем, ки чаро чунин шуда ва чӣ бояд кард? Ман сиёсатмадор нестам, вале ҳаминро медонам, ки барои дарёфту ҳалли қазия дониш ва тавони мо камӣ мекунад:

Чист дониш, эй зи худ бегонае,

Достоне, қиссае, афсонае.

ҳазор китоб бояд хонд!

Мо таърихро намедонем, таърихи ақвоми Афғонистон ва минтақаро намедонем, мутолиа надорем. Барои ба дарки масъала расидан, бояд ҳазор китоб хонд.

Носири Хусрав мегӯяд:

Куҷо бошад маҳал озодагонро дар чунин вақте,

Ки ба ҳар тахтеву гоҳе нишаста миру мавлое.

Ё худ, ҷои дигар ин ҳакими бузург мефармояд:

Оқилонро дар ҷаҳон ҷое намонд,

Ҷуз дар кӯҳсорҳои Шомиход.

Ва тоҷик, ки оқил буд, донишвар буд, озодихоҳ буд, ӯро ронданд ва дар кӯҳсорон ҷо гирифт. Ин ҷо омили асосӣ ва ҳама гап сари қудрат аст ва ба қавли Муҳаммади Ҳиҷозӣ "ҳаркӣ зӯр аст, ҳарчӣ бихоҳад, бикунад."

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур устод! Ҳадафи мо матраҳ кардани масъала аст, ки воқеъан то куҷо мизони хатар вуҷуд дорад. Агар хатаре ба мо, барои мардуми минтақа таҳдид надорад ва ҳарфи Рашид Ғанӣ рост бошад, ки толибон ҳеч хатаре надоранд, аҷаб хубе, вале агар хатар ҳаст, пас бояд дар ростои он чӣ кор бикунем?! Оқои Давлати Усмон, шумо чизе гуфтан мехоҳед?

Кӣ ҷавонмардӣ кард, баъд маълум мешавад

Ҷамолиддин Сайидзода:

- Маъзарат мехоҳам бародар Давлати Усмон, ман фақат як нуктаро илова кардан мехоҳам ва он аст, ки ин хатар садҳо, ҳазор сол боз вуҷуд дорад, аммо чӣ метавон кард, ана ин аст, асли масъала. Хуб, акнун ҳарфатонро бигӯед.

Давлати Усмон:

- Саволгузории Раҳматкарим дуруст аст. Ин ҷо аз сулҳ гуфтанд, ман мехоҳам бигӯям, ки дар сулҳи тоҷикон кӣ ва ё кадом ҷониб зиёд ҷавонмардӣ ва аз худгузаштагӣ кард, инро шояд баъди сари мо таърих ҳукм мекунад. Имрӯз мутаассифона ҳамон гуна гурӯҳе, ки ба хотири сулҳ аз ҳаққи худ бигзарад, пайдо нашудааст. Агарчанде ин ҷо ҳам ишора шуд, ки аз ҳар гурӯҳи размандаи афғонӣ, ки бипурсӣ, барои чӣ ҷанг мекунед, мегӯянд, ки ба хотири сулҳ.

Раҳматкарими Давлат:

Чӣ гуна ҳеч гурӯҳе аз ҳаққи худ нагузашт, ки Устод Раббонӣ аз қудрат гузашт?!

Омадем ва мағлубиятро тан додем

Давлати Усмон:

- Бародарҷон, мову шумо аз берун чунин мегӯем, дар дохил сари ин масъала андеша тамоман дигар аст. Аз худ гузаштан ин аст, ки меоӣ ва мисли оппозитсияи тоҷик халъи силоҳ мешавӣ. Меоӣ ва қудратро мегузорӣ. Ба хотири дигар ҳадафҳо, ба қавле мағлубиятро тан медиҳӣ. Он марзеро, ки дар миёнаш обу оташ аст, онро бояд дуруст дарк кунем, яъне мо бояд он омилҳои дохилиро, ки дар кишварамон бесуботиро ба амал меорад, онҳоро бартараф кунем, адолатро дар ҷомеъа барқарор намоем, манофеъи тамоми манотиқи кишварро дар мадди назар бигирем, кӯшиши мардумӣ кардани давлатро бикунем, марзҳоямонро мустаҳкам намоем.

Агар ин корҳоро анҷом бидиҳем, оташи ҷанги Афғонистон ба ин сӯ намеояд.

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур, бифармоед оқои Рашид Ғанӣ Абдулло.

Рашид Ғанӣ Абдулло:

- Модоме ки моро ин ҷо даъват кардед, гапи моро, назари моро эҳтиром кунед. Ин истеҳзо чӣ маънӣ дорад?

Раҳматкарими Давлат:

Маъзарат мехоҳам, ҳадафи мо истеҳзо нест.

Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода:

- Якеро толибӣ кардеду дигареро зидди толиб мегӯед.

Рашид Ғанӣ Абдулло:

- Ин хел шуданаш мумкин нест, ки ҳама мисли худатон фикр кунаду гап занад. Ин хел нашавед.

Аз гапи гуфта набояд шарм кард

Раҳматкарими Давлат:

Ман бояд фикрҳоро ангеза диҳам, то ҳарфҳо берун биоянд. Ин баҳси расонаӣ аст, ин конфронс ё ҷаласаи илмӣ нест, ҳамаи ин ба сурати комил дар рӯзнома нашр мешавад.Ҳадафи ман доир шудани баҳс аст. Тамом.

Рашид Ғанӣ Абдулло:

- Ангеза додани фикрҳо ин хел намешавад, мо шуморо эҳтиром карда ин ҷо омадем, шумо ҳам моро эҳтиром кунед.

Сайфулло Сафаров:

- Ин ҷо шумо раисед, раисӣ кардан журналист будан нест.

Раҳматкарими Давлат:

Ман маъзарат мехоҳам, агар ба Шумо сахт расида бошад. Вале одам бояд аз сухани гуфтааш шарм надорад. Гапро гуфтед, чаро агар бароятон бигӯянд, ки чунин гуфтед, малол мешавед?! Дигар ин ки ман раис нестам, ин ҷаласа нест, ин баҳси матбуотӣ аст ва ман ин ҷо маҳз журналистам. Ман бояд коре бикунам, ки баҳс ба вуҷуд биояд.

Рашид Ғанӣ Абдулло:

- Он андешаи ман буд, фикри ман сари ин масъала чунин аст. Ва шумо набояд чунин мекардед.

Раҳматкарими Давлат:

Саломат бошед. Ман ҳеч коре хилоф накардаам. Вале бо вуҷуди ин ду бор маъзатар хостам, бори севвум инро намекунам. Бифармоед оқои Меҳмоншоҳ.

Устод Раббонӣ марди хушбахт буд

Меҳмоншоҳ Шарифзода:

- Ман ба Рашид Ғанӣ Абдулло гуфтан мехоҳам, ки он вазъе, ки тоҷикони Афғонистон доранд ва шахсиятҳои шинохтаи тоҷик он ҷо кушта мешаванд, ин таҳқири миллати тоҷик аст. Ва гуфтаи баъзе бародарон ҳам ин ҷо мисли таҳқир аст, масъала хеле масъалаи ҷиддӣ аст Ба дарки масъала бояд расид. Суханони шумо, Раҳматкарим, таҳқир набуданд, бештар суханони он тараф таҳқир буданд. Дуруст аст, ки мо давлати мустақилем ва Афғонистон ҳам як кишвари мустақил аст. Вале вақте он ҷо ҳамқавмони моро мекушанд, ҳамзабонони моро нест мекунанд, дар ин ҷо нишаставу пуштибонӣ аз Толибон кардан, ки худи онҳо як фоҷеъа ва бадбахтиву наҳс ҳастанд, ин бешак таҳқири мардуми тоҷик аст. Гуфтушунид бо Толибон ҳам як таҳқири дигари миллати мост. Ин ҷо Устод Раббониро ҷаноби Рашид Ғанӣ Абдулло шахсияти фоҷеавӣ гуфтанд. Ин комилан хатост. Фоҷеа Толибон ҳастанд, ки мусибати сахтеро болои мардуми Афғонистон оварданд. Устод Раббонӣ марди хушбахт буд. Ва бозгашташ ҳам ба сӯи Худо хушбахтона буд. Зиндагиаш ҳам барои мо тоҷикон бойиси ифтихор буд, маргаш ҳам сари моро баландтар кард. Устод аз қудрат гузашт ва қудратеро, ки чил сол барои ба даст оварданаш талошу мубориза карда буд, ба хотири сулҳу оромӣ осон ба Карзай тақдим кард. Фоҷеъа Устод Раббонӣ нест, шахсиятҳои фоҷеавӣ дигаранд, ки медонед.

ҳар тоҷике, ки даъвои қудрат кард, кушта мешавад

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур аз донишманди фарҳехта Меҳмоншоҳ. Устод Маҳмадуллоҳи Лутфуллоҳ дар ҷамъи мо ҳузур доранд, ки солҳои зиёд дар Афғонистон буданд, соҳиби эҳтиром ҳастанд дар ҳарду кишвар ва аз ибтидои баҳси мо таҳаммул карда ва моро гӯш доранд. Биёед акнун эшонро бишнавем.

Маҳмадуллоҳи Лутфуллоҳ, академик

- Ташаккур арз мекунам ба ҳамаи шумо. Ин ҷо дар бораи тафаккури афғонӣ гуфтанд. Ҳеч афғоне бе силоҳ хоб намеравад. Пеш аз хоб силоҳашро тоза мекунад ва бо он хоб меравад. Ӯ бо силоҳ таваллуд шудаву силоҳ дар бар мемирад. Аммо воқеъияти Афғонистон чизи дигар аст. Ва куштори ғайриафғонҳо даҳ солу бист сол не, аз рӯзе, ки Хуросонро Афғонистон карданд, оғоз шуд. Ва шахсиятҳои бедори паштунҳоро ҳам мекушанд. Магар шумо нашунидаед, ки Тоҳири Бадахшӣ чӣ гуна шахсияте буд. Ӯ шоир, файласуф, донишманди бузург ва сарвари Ҳизби заҳматкашони Афғонистон буд. Ин гуна шахсиятҳо дар миёни тоҷикон кам пайдо мешаванд, ҳарчанд модари Тоҳири Бадахшӣ паштун буд. Ҳафизулло Амин ҳамин гуна шахсияти бузургро дар идораи шаҳрдории Кобул, ки бародараш Асадулло Амин шаҳрдор буд, ба қатл расонид. Коваи Ҳиротӣ, Башири Бағлонӣ, Халили Рустоӣ ва дигар шахсиятҳои шинохта ҳама кушта шуданд. Ва ниҳоят Устод Раббонӣ ҳам кушта шуд. Бабрак Кормал ҳам тоҷик буд. Тарҷумаи ҳолаш, ки бо дасти худаш навиштааст, дар дасти ман ҳаст. Он ҷо миллаташро тоҷик зикр кардааст. Дар Афғонистон фақат паштун бояд раиси давлат бошад, дигар миллатҳоро намехоҳанд, ки раис шавад. Барои ҳамин ҳар тоҷике, ки ба қудрат расид ё ин даъворо кард, мекушанд. Ман ҳафт сол дар Афғонистон ба ҳайси мушовири вазири маорифи ин кишвар фаъолият кардам. Ман ҳар вақте дар бораи як фоҷеаи дар Афғонистон рух дода хабаре мехонам ё мешунавам, хун мегирям. Ман шоҳиди қатлу террори зиёд шахсиятҳо ба шумули тоҷику ҳазораву узбак будам. Мо бояд ба воситаи риштаҳои фарҳангӣ, забонӣ ва динӣ ва ҳар чизе, ки дорем, ҳама равобити хешро истифода карда, пеши роҳи куштори тоҷиконро бигирем.

Мо ҳанӯз дар ғафлатем

Раҳматкарими Давлат:

Саломат бошед устод, лутф кардед. Бифармоед оқои Ҷамолиддин Сайидзода, фақат хеле кӯтоҳ.

Ҷамолиддин Сайидзода:

- Ин ҷо як ҳарф аст, ки мо дар ғафлат мондаем. Ин ғафлатзадагии тоҷик аз замони қабл аз Фирдавсӣ шурӯъ шуд, Ҳакими Тӯсӣ кӯшиши ворастагии моро кард ва Носири Хусрав ҳам хеле зиёд табли бедориву худшиносӣ зад. Асли гап ин аст, ки мо тоҷикон бояд дар ғафлат набошем, ҳамеша бедору ҳушёр бошем, фитнаро дарк кунем, ба фитна дода нашавем.

Раҳматкарими Давлат:

Дуруст гуфтед, ки тоҷик ғафлатзада аст. Ин ҷо бародар Изат Амон мехоҳад, ки сӯҳбат бикунад. Чун фурсати мо танг аст, хоҳиш мекунам, кӯтоҳ сӯҳбат бикунанд.

Дар Афғонистон танҳо Толибу Амрико нест

Изат Амон, сиёсатшинос

- Саломат бошед. Масъалаи Афғонистон як масъалаи печида аст, ки онро наметавон бо як- ду ва се конфронс ҳатто дар миқёси байнулмилалӣ ҳал кард. Вале ин нишасти мо ҳам манфиате дорад, албатта кумаке мекунад. Ҳадди ақал мо ин ҷо дар доираи рӯшанфикрони худамон масъала ва мушкилоти Афғонистонро матраҳ мекунем. Ва таваҷҷуҳи ҷомеъаро ба қазияи Афғонистон ҷалб месозем. Он ҷо танҳо толиб ва Амрико нест, бозигари дигару бузург дар қазияи Афғонистон ин Покистон аст. Ва дигар кишварҳое ҳам ҳастанд, ки дар қазияи Афғонистон дахиланд. Ва Русия ҳам манфиати худро дар Афғонистон меҷӯяд. Ва Эрон ҳам як сари қазия аст. Яъне ин кишварҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ва то ҳанӯз маълум нест, ки инҳо чӣ мехоҳанд ва ё дар Афғонистон чӣ гум кардаанд. Савол ин ҷост, ки ҳамин Толибон аз куҷо кумак мегиранд? Чунки барои ҷанг ва қудратнамоӣ пулу молу силоҳ зарур аст ва онҳо беш аз 15 сол боз ин ҳама кумакҳоро аз куҷо мегиранд? Албатта Амрико дар Афғонистон нирӯи низомӣ дорад, дар Қирғизистон ҳам пойгоҳи ҳарбӣ дорад, ки ин ба нафъи Русия нест. Аз намояндаи сафорати Русия мехоҳам барои мо бигӯянд, ки назари давлаташон сари ҳалли қазияи Афғонистон чӣ гуна аст.

Оё дар Тоҷикистон як маҳал дар қудрат аст?

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи "Наҷот"

- Ман бояд бигӯям, ки масоили сиёсӣ ва ҷузъиёти он бо иқдомоти фарҳангӣ ҳаллу фасл намешавад. Ман бисёр эҳтиром дорам ба ҳамаи донишмандоне, ки ин ҷо ҳузур доранд ва эҳсос мекунам, ки ҳар кадоми эшон дарду дарки миллӣ доранд. Ин воқеъан як дарде аст, ки чаро тоҷик чунин аст. Як чизро ман мехоҳам бигӯям. Оё дар Тоҷикистони мо ҳамин дард вуҷуд надорад, ки як маҳал дар сари қудрат аст, таҳмил мекунад назари хешро ва чаро? Барои он ки манфиат ҳаст дар ин миён. Ва ҳамчунин вақте бародар Рашид Ғанӣ Абдулло ин ҷо тавзеҳ дод, баъзе назокатҳои муносиботи байни шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва Устод Раббониро. Ин ҳам қудрат аст. Дар Кобул тамоми дастгоҳи давлат дар дасти панҷшериҳо буданд. Ва дигар тоҷиконро нодида мегирифтанд. Ман ин баҳсҳоро аз шахсияти Устод Раббонӣ берун мегузорам. Конфронси Бонн оғоз шуд ва Устод мехост он ҷо бошад, вале боз ҳам тоҷикон нахостанд, ки Ӯ бошад. Ва ҳамон ёрони Устод буданд, ки рафтанд ба Бонн ва гумонашон он буд, ки ҳарчӣ онҳо мехоҳанд, ҳамон тавр хоҳад шуд. Вале мо дидем, ки чӣ шуд.

Мо дарди сари худро бояд даво кунем

Ҳамин тоҷикони Афғонистон набуданд, ки аз НАТО пуштибонӣ карда буданд. Тоҷик худаш он ҷо ин қазияро барои худ эҷод кардааст. Акнун Тоҷикистони мо бояд чӣ кор бикунад? Мо ин ҷо дарди сар дорем. Мо дарди сари худро наметавонем даво бубахшем ва дар бораи мушкили Афғонистон гап мезанем?! Ин ҷо бояд дардро пайдо кард ва даво кард. Барои ҳамин дар ҷомеъаи имрӯзи Афғонистон дигар як шахсиятеро пайдо кардан мисли Устод Раббонӣ ман намебинам. Намешавад Юнуси Қонуниро Раббонӣ сохт, намешавад доктор Абдуллоҳ ё Латифи Пидромро Раббонӣ сохт. Ҳамаашонро ҳам агар якҷо кунем, як тори риши Раббонӣ намешаванд. Барои ҳамин қиммат ва манзалати шахсиятҳои бузургро бояд дар ҷову мавқеъву замонашон шинохт ва арҷ бояд гузошт, агар ин корро накардем, ба мушкил гирифторем ва меравем ба сӯи мушкили дигар. Ва ҳамин мушкил дар Тоҷикистони мо ҳам ҳаст.

Русия мехоҳад дар Афғонистон сулҳ бошад

Раҳматкарими Давлат:

Биёед бишнавем посухи намояндаи Сафорати Русияро ба он суоле, ки ин ҷо барояш ироъа шуд. Шумо бифармоед!

Сергей Колотилинский, муншии аввали Сафорати Русия дар Тоҷикистон

- Ин ҷо як суол буд, ки ба он намояндаи сафорати Афғонистон оқои Ориёнфар бояд посух мегуфтанд. Шумо мехостед бидонед, ки мавқеъи Русия дар масъалаи вазъи Афғонистон чӣ гуна аст ва ман бароятон мегӯям, ки Русия мехоҳад, ки дар сартосари Афғонистон сулҳ ҳукмфармо бошад. Аммо чӣ гуна метавон ба сулҳ даст ёфт ва аз кадом роҳу тариқҳо ин масъалаи дигар аст. Ва ҳам роҳу тариқҳое ин ҷо аз ҷониби ширкатдорони мӯҳтарами ин Мизи гирд пешниҳод шуданд. Фақат ҳамин нукта бебаҳс аст, ки мардуми Афғонистон ташнаи сулҳу субот аст. Ин буд, он чӣ ки ман мехостам ба шумо бигӯям.

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур аз Шумо. Толибшоҳи Сайидзода мехоҳад чанд сухане бигӯяд. Агар шумо розӣ бошед, биёед ба ӯ фақат як дақиқа вақт медиҳем.

Устод Раббонӣ як чеҳраи бузурги ҷаҳонӣ аст

Толибшоҳи Сайидзода, журналист

- Салом арз мекунам ҳузури якояки шумо дӯстони гиромӣ. Ман аз миёни ин ҷамъ ягона нафаре ҳастам, ки 19 рӯз қабл аз Афғонистон баргаштам ва он ҷо дар ҷанозаи Устоди бузургвор, раҳбари ҷиҳод, муқовимат ва сулҳи Афғонистон, шаҳид Бурҳониддини Раббонӣ ширкат доштам. Банда, то он замон ҳам бо чӣ шахсияте будани Устоди бузургвор ошноӣ доштам, вале он ҷо бори дигар ба ин андеша расидам, ки воқеъан Устод Раббонӣ як чеҳраи бузурги ҷаҳонӣ, як сиёсатмадори камназир будааст. Мардуми Афғонистон ва давлати онҳо ҷанозаи Устодро зиёд арҷ гузоштанд, он маросим шукӯҳу ҷалоли басе хотирмон дошт. Ва аз он ҷо баргаштам ин ҷо ва баъди ду рӯз барои ширкат дар симпозиуми ҷаҳонии интифозаи Фаластин ба Теҳрон рафтам. Ва дар Теҳрон ҳам дидам, ки хотираи Устоди азизро накӯ ва гиромӣ доштанд. Ҳам раҳбари Инқилоби исломии Ирон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, ҳам раисҷумҳур оқои Аҳмадинажод ва ҳам раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ирон ҷаноби оқои Алии Лориҷонӣ дар сӯҳбату суханрониҳояшон бо ифтихор аз талошу пайкор ва муборизаи Устод Раббонӣ ёд карданд. Ва раиси Парлумони Малайзиё ҳам аз Устод Раббонӣ ёд оварда, Ӯро Имоми мусалмонони бедор унвон карданд. Ин албатта барои ман минҳайси як тоҷик, як хуросонӣ бойиси ифтихор буд. Чун Устод Раббонӣ низ тоҷик ва ҳамватани ман аст.

ҳамшаҳриҳои бузурги моро мекушанд

Вале чун ин ҷо, дар ин маҳфил суханронии иддае аз рӯшанфикрони ҳамватанамро шунидам бисёр малол шудам, хаставу афсурда гаштам. Шумо бубинед, Устод Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд, генерал Довуд, шаҳид Саидхелӣ, қумондон Маликзарин, Шоҳҷаҳон, Холмуҳаммад ва Мустафо Козимӣ, ин мардони саршиноси Афғонистон, ки террор шудаанд, ҳамагӣ тоҷик буданд. Бузургмардони Афғонистон, ҳамшаҳриҳои мо як - як кушта мешаванд, ки ҳамаашон ба мо тоҷикону Тоҷикистон бисёр ишқу муҳаббату дилбастагии зебое доштанд, вале ин ҷо бедард рӯшанфикри тоҷик мегӯяд, ки ин кори дохилии Афғонистон аст ва бигзоред онҳо масъалаи худашонро худашон ҳал кунанд, яъне бардошт ҳамин аст, ки бигзоред, кушта шаванд, ин кори мо нест. Устод Латифи Пидром, сиёсатмадори шинохтаи Афғонистон, ки бо ҳама бузургиаш мисли Устоди шаҳидаш як тоҷики сода ва хушбовар аст, аз сари меҳру ихлос барои мо тоҷикон паём мефиристад, аз рӯшанфикрони Тоҷикистон мехоҳад, ки аз ҳамватанони он сӯи марзи хеш дифоъ бикунанд, ӯ ба мо мегӯяд, ки бар гӯши оламиён қотеъ ва сареҳ бирасонед, ки дар Афғонистон генотсиди чеҳраҳои саршиноси тоҷик дар ҷараён аст, барномаҳои махсусе душманони сулҳу суботи Афғонистон рӯи даст доранд, ки афроди саршиноси ин кишвар, аз ҷумлаи форсизабононро бояд аз байн бубаранд. Ва устод Ато Муҳаммади Нур босароҳат эълон мекунад, ки душманони тоҷик мехоҳанд, моро бе мардҳои пайкоргар бисозанд ва бақияро мисли гӯсфанд чӯпонӣ бикунанд, аммо ин ҷо рӯшанфикрони азизи Тоҷикистон мегӯянд, ки хуб, ин дигар кори худи афғонҳо аст ва худ бояд қазияи хешро ҳал бикунанд.

Афғонистон муҳтоҷи кумаки мову шумо нест

Ман барои шумо мегӯям, ки сарамардони тоҷики Афғонистон мӯҳтоҷи кӯмаки мову шумо нестанд, онҳо мудохилаи сиёсӣ ба умури кишварашонро аз давлати Тоҷикистон ва аз мову шумо мӯҳтарам рӯшанфикрони тоҷик, тақозо накардаанд. Шумо ва мо онҳоро кумак бикунем ё накунем, бо онҳо ҳамфикру ҳамраъй бошем ё набошем, онҳо сад сол бе мову шумо дар пайкору мубориза ҳастанд ва боз сад соли дигар ҳам, агар зарур шавад, мубориза ва талош хоҳанд кард. Мақсад чист? Ман чӣ мехоҳам? Мо як бор се сол қабл, вақте ҷавононе аз ҳизби миллатгароии "Афғон- миллат" дар вилояти Пактико барои қатли Латифи Пидром 200 ҳазор доллар ҷоиза муқаррар карданд ва ин ҷо дар Душанбе мо ин амали ваҳшиёнаро маҳкум кардем ва бо ҷамъе аз рӯшанфикрони бедору саршинос аз оқои Пидром пуштибонӣ намудем, он пуштибонии мо, он маҳфили ба ин хотир оростаи мо дар миёни рӯшанфикрони Афғонистон боиси хушҳолӣ ва истиқболи гарми тоҷикони он сӯи марз гардида буд. Ва то ҳол дар маҳофили сиёсиву рӯшанфикрии Афғонистон бо ифтихор мегӯянд, ки ин Тоҷикистон буд, ки аз Латифи Пидром дифоъ кард. Ин маҳфиле, ки мо имрӯз ин ҷо созмон додаем, хабараш ба тоҷикону форсизабонони Афғонистон, ба кулли ҷомеъаи бедори он кишвар мерасад, рӯҳияи онҳоро бедортару қавитар месозад, онҳо камтар эҳсоси танҳоӣ мекунанд. Биёд як бор нотарсида, бо ҷуръат қарзи бародарӣ, имонӣ, ҳамдину ҳамфарҳангу ҳамзабону ҳаммиллат будани хешро пеши бародарони он сӯи марзи хеш адо бикунем.

Самарқанду Бухоро рафт, Балхро бояд нигоҳ дошт

Самарқанду Бухоро аз дасти тоҷик рафт, дигар таваккули он мардум ва ин ду гаҳвораи тамаддуни тоҷик бар Худо бод, танҳо Балх мондааст. Вақте устод Ато Муҳаммади Нур, волии Балх, Балхи азизи мо, ки тавассути ин марди бузург то ҳанӯз сад шукр, аз дасти тоҷикон бурун нарафтааст, мегӯяд, ки "ман интиқоми ҳар қатра хуни Устоди шаҳиди хешро мегирам", ӯ ин корро мекунад. Ӯ аз мову шумо даъват накард, ки биёед бачаҳои тоҷик, рӯшанфикрони Тоҷикистон дар канори ман бошед. Не, ӯ ба кумаки мо муҳтоҷ ҳам нест. Ман аз шумо танҳо инро мехоҳам, ки агар воқеъан тоҷик бошем, ҳадди ақал қалбан ва маънаван бо кору талошу пайкори онҳо худро шарик бидонем. Ва иқрор бикунем, ки оре, онҳо ҳам тоҷиканд. Ва моро қудратҳои зӯргӯ аз ҳам ҷудо кардаанд. Ҳатто тавони гуфтану эътирофи ҳамин ҳақиқатро надорем ва боз ба худ ҳақ медиҳем, ки дар бораи Афғонистон ва сулҳу ҷанги эшон ҳарф бизанем. Ин ҷо устод Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода гуфтанд, ки Пидрому Қонуниву доктор Абдуллоро якҷо кунем ба як тори риши Устод Раббонӣ баробар нестанд ва гӯё дигар шахсияте чун Устод Раббонӣ пайдо намешавад, ки ҷойгузини Ӯ бошад. Банда ба ин фикр розӣ нестам.

Устод Раббонӣ сиёсатмадори соҳибмактаб аст

Устод Раббонӣ як сиёсатмадори бузургу боифтихору соҳибмактаб ҳастанд. Имрӯз бубинед, барои ишғоли курсии раҳбарии Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки Устоди шаҳид сарвараш буданд, чанд тан бузургмардони Афғонистон, ба шумули Амир Исмоилхон, Ато Муҳаммади Нур, Муҳаммадюнуси Қонунӣ ва Салоҳуддини Раббонӣ даъвогар шудаанд. Ва иншааллоҳ мо шоҳид мешавем, ки боз ҳатман дар ҳамин чанд соли наздик аз миёни тоҷикони Афғонистон бузургмарди оламшинохтае буруз хоҳад кард. Ин табиати Афғонистон аст, ки ҳеч гоҳ тоҷиконро бесоҳибу бенобиғаву бефарзонамардони бедору пайкоргар намондааст.

Биёед бо ҳамзабононамон ҳамдил бошем

Ман аз шумо мисли як бародари шумо, мисли як тоҷик хоҳиш дорам, ки ин масъала, яъне куштори тоҷикмардони бузурги Афғонистонро сода нагиред, онро ҷиддӣ бидонед. Тавтеъаҳои боз мудҳиштаре дар роҳанд. Ман аз ҳеч кас нахостаам ва аз шумо ҳам ин хоҳишро надорам, ки фардо ё пасфардо калашников бигиред ва биравед ба куштори касе ё дифоъи тоҷикони Афғонистон. Не, ниёзе бар ин нест! Ман танҳо инро мехоҳам, ки мо бо бародарони тоҷики хеш аз он сӯи марзи Омӯ ҳамдил бошем, дарди онҳоро дарди хеш бидонем ва дар баробари мушкилоти эшон, дар куштори ноҷавонмардонаи эшон аз дасти нирӯҳои бадхоҳ ва душманони сулҳу оромии минтақа садои хешро баланд бикунем. Яъне як дипломатияи рӯшанфикрӣ, дипломатияи мардумӣ, ҳамдилӣ ва ҳамкориҳои густардаи фарҳангӣ ва илмӣ миёни мо тоҷикони ду соҳили рӯди Омӯ доиман, сахт қавӣ ва бояд барои ҳамеша пойдор бошад. Боқӣ шумо медонед. Ташаккур!

Зафари Сӯфӣ:

- Ин ҷо боз баъди сӯҳбати Толибшоҳ масъалаи қавмӣ рӯ зад. Шояд дар байни Толибон 50 дар сади онҳо тоҷик бошанд. Мо бояд таркиби қавмиро ин қадар пофишорӣ накунем. Афғонистон кишваре ҳаст, ки он ҷо дар сари қудрат мутлақ на паштун бояд бошаду не тоҷик. Ин дуруст аст, ки тоҷиконро мекушанд, дар ин масъала ҷои баҳс нест, аммо кӣ медонад, ки ин тоҷикони саршиносро паштун куштааст. Оё мо далел дорем? Чаро то замоне, ки Амрико наомад, касе шаҳид Масъудро накушт? Аммо кадом амрикоиҳое дар ниқоби толиб омаданд ва Масъудро шаҳид карданд. Ман фикр мекунам, ки пушти Толибон дасти зӯре меистад, аз ин рӯ набояд рӯи қавмият пофишорӣ кард.

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур. Ман фикр мекунам, мо набояд аз тоҷик буданамон ор бикунем. Шумо оқои Давлати Усмон чизе гуфтан мехоҳед?

Барои чӣ ғарбиҳо муваффақанд?

Давлати Усмон:

- Вақте воқеъиятро мегӯем, аз он набояд гурехт, ҷои малолӣ набояд бошад. Ун қадаре ман Аҳмадшоҳи Масъуд ва Устоди шаҳид Раббониро дӯст медорам шояд ҳеч кас дӯст надорад. Ман 18 сол нону намаки онҳоро хӯрдаам ва шаҳид Аҳмадшоҳ, шояд аз ҳамин Тоҷикистон ман ягона нафаре ҳастам, ки дар хонаам меҳмон буд. Гап дар сари он аст, ки мо бояд аз воқеъият баҳс кунем ва тибқи ҳамон воқеъият амал намоем. Барои чӣ ғарбиҳо муваффақанд? Барои он ки воқеъбинанд, амалгароянд. Барои чӣ ҳама бадбахтиҳо дар мо аст? Барои он ки мо эҳсосотием. Дигар гапи миллигароӣ нест. Асри тиҷорату иқтисод аст, миллатҳо фаромӯш шуда истодаанд. Мо аз нуктаи назари миллӣ бояд фаротар по ниҳем ва дигар паштуну тоҷику узбак нагӯем.

Раҳматкарими Давлат:

Устод Ҷамолиддини Сайидзода, бифармоед.

Миллатро набояд инкор кард!

Ҷамолиддини Сайидзода:

- Ман фикр мекунам, ки ин андешаи бародар Давлати Усмон комилан иштибоҳ аст. Имрӯз ҷавҳари асосии тамаддунҳоро миллат ташкил мекунад ва ҳама чиро миллатҳо ҳал мекунанд ва ҳама ҷо гап сари масоил ва манофеъи миллӣ меравад. Агарчанде дар зоҳир гапу кор дигар аст. Мо набояд миллатро инкор бикунем ва аз баҳси миллият биҳаросем. Имрӯз ҳар куҷо, ки меравем, касе намепурсад динат кадом аст, балки мепурсад, миллатат чист?! Мо бояд миллатро ҳамеша мавриди назар дошта бошем ва бо миллати хеш ифтихор намоем.

Давлати Усмон:

- Домулло, мо миллатро инкор намекунем. Фақат инро гуфтан мехоҳем, ки имрӯз воқеъиятҳо чизи дигаранд.

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур. Ман ин ҷо интизор доштам, ки касе пайдо мешавад ва ба оқоён Давлати Усмону Сайфуллоҳзода мегӯяд, ки Шумо каме аз Устод Раббонӣ малол ва озурда ҳастаед, ки Шуморо дар вақташ ба сулҳ ташвиқ ва ҳатто маҷбур карда буд, то сулҳ кунед ва манфиатҳоятон аз даст рафт. Сабаби нороҳатиятон аз Устод фаҳмиданист.

Мо аз Устод Раббонӣ малол нестем

Давлати Усмон:

- Мо ба он чӣ, ки Устод Раббонӣ барои мо карданд, аз эшон миннатдорем, ҳеч гоҳ хафа нестем. Ва Устод Раббонӣ ҳеч гоҳ болои мо барои сулҳ кардан бо ҳукумат фишор наоварда буданд.

Раҳматкарими Давлат:

Ташаккур. Албатта як ҳазл буд. Аз ҳамаи шумо барои ширкататон дар ин Мизи гирд изҳори сипос мекунам. Ва ин ҷо бародар Абдуллоҳи Муҳаққиқ як марсияе дар шаҳодати Устод Раббонӣ навиштаанд, агар ҳавсала кунем, онро барои мо қироат кунанд ва бо ҳамин ин баҳси мо ҷамъбаст мешавад.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ:

Пайравӣ аз роҳи Раббонӣ кунед!

Муноҷот ва дуъо андар вафоти раҳбари дин ва миллати мусалмони Афғонистон Устод Бурҳониддини Раббонӣ (р), ки дар торихи 20.09.2011 бар асари як амали террористӣ- интиҳорӣ аз тарафи душманони Ислом ва башарият дар манзили истиқоматиаш ба шаҳодат расид.

Эй Раббонӣ, манзилат гулзор бод,

Фахри динӣ, роҳатат бисёр бод.

Пар кушову бозо дар назди мо,

Эй чароғи роҳи дини Мустафо.

Чеҳраи динро бишӯ бо оби гул,

Зиннати дунё биё бо чатри гул.

Пешво будӣ ба дини Мустафо,

Сӯфии дин, ошиқи рӯйи Худо.

Шарҳгӯ аз суннати дини Набӣ,

Розгӯ аз ҳикмати ишқи Набӣ.

***** ***** ******

Офтоби мулки афғонӣ гузашт,

Пешвою шайхи ирфонӣ гузашт.

Накҳати дилҳои раббонӣ гузашт,

Зиннати дунёи инсонӣ гузашт.

Ҳифзи арзишҳои инсонӣ кунед,

Пайравӣ аз кеши Раббонӣ кунед!

***** ***** ******

Олимони мулки дин камчин шуд,

Орифони шаҳри дин ғамгин шуд.

Шоири мо дар калисо бутпараст,

Сархатибӣ мекунад муллои маст.

Он яке зуннор канду бут шикаст,

Дигаре тасбеҳ канду худ шикаст.

Орӣ аз ахлоқи нек суннатситез,

Душмани дин омаду мазҳабгурез.

Худнамоӣ мекунанд салафиҳо,

Интиҳорӣ мекунанд такфириҳо.

Шохаи перосаи Ислом шикаст,

Кӯзаи андешаи Ислом шикаст.

Дар Фаластин, дар Ироқу мулки дин,

Ҷанги куфру олами ислом бубин.

Қатлу куштору террор борашон,

Фитнаву тавтеъаҷӯӣ корашон.

Дар масоҷид интиҳорӣ мекунанд,

Фитнаҳоро нақшакорӣ мекунанд.

Хонаҳо вайрон зи дасти интиҳор,

Шикваҳо дорам зи дасти инфиҷор.

Бӯи хун ояд зи Кобул, Балху Ҳирот,

Кушта гардад муслимин андар Ироқ.

*************

Он шаҳиди сулҳу ободӣ гузашт,

Он сафири ишқу озодӣ гузашт.

Накҳати гулҳои афғонӣ гузашт,

Сарвати дунёи инсонӣ гузашт.

Ҳифзи арзишҳои раббонӣ кунед,

Пайравӣ аз роҳи Раббонӣ кунед.

*****************

Ҷамъе дар либоси дин бединӣ кунанд,

Дар ҳарими поки дин коҳинӣ кунанд.

Даршинос он ҳилаҳои сайдгир,

Луқмаи худ аз даҳони шер гир.

Ал-амон аз фитнаҳои худкафӣ,

Ал-амон аз нағмаҳои тоғутӣ.

Буд Аҳмадшоҳ муҷоҳиди Худо,

Сафшикан дар ҷодаву дини Худо.

Шаҳсавор омад бо пайки навид,

Пешво буд он муҷоҳиди шаҳид.

Интиҳорӣ суннати исломӣ нест,

Зишткорӣ шеваи Қуръонӣ нест.

Худкушию худкафонӣ ҷоҳилист,

Интиҳорӣ- худкафонӣ кофирист.

Зинати санги Сиистонӣ бирафт.

Аз Ҳироти зиндагӣ соқӣ бирафт,

Як лаби перосаи дунё шикаст,

Зиннати корномаи дунё шикаст.

Қалби ёру соғари дунё шикаст,

Оҳи ҷону накҳати гулҳо шикаст..

Лолаҳои хиттаи Кобул шикаст,

Гардани шербачаи Кобул шикаст?

Толибон бозичаи дасти фуҷҷор,

Ал-амон аз интиҳор, аз интиҳор!

Мағзи инсонӣ надорад худкафон,

Ҳарфи исломӣ надонад худкафон.

Нирӯҳои ғайр тақдирнавис,

Хоки афғон базмгоҳи ҳар хабис.

***********

Офтоби мулки имон даргузашт,

Пешвою шайхи ирфон даргузашт.

Як шаҳиди сулҳу ободӣ гузашт,

Як сафири ишқу озодӣ гузашт.

Ҳифзи арзишҳои раббонӣ кунед,

Пайравӣ аз кеши Раббонӣ кунед.

Марги Раббонӣ- рамзи иттиҳод,

Ҳифзи Раббонӣ- ҳифзи иҷтиҳод!

P.S. Дар охири ин ҳамойиши муҳим аз ҷониби ширкатдорони он ҳуҷҷате бо номи "Баёния маҳофили рӯшанфикрии Тоҷикистон ба муносибати шаҳодати Устод Раббонӣ ва вазъи тоҷикон дар Афғонистон" қабул шуд.

Таҳияи Фирдавси Рустам

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

rumijelaludd.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?