http://tajikam.com

Номаи эътирозии Бектош Сиёваш ба дабири кулли ЮНЕСКО PDF Чоп
Муаллиф: Бектош Сиёваш   
14.03.2013 22:01

Бознашр аз торнамои “Тоҷикон”

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Давлат на танҳо барои рушди ҳимоят ва инкишофи забонҳо дар кишвар коре намекунад, ки дар садади сиёсӣ сохтани забон ва баҳрабардории сиёсӣ аз он мебошад, ки шадидан мӯҷиби нигаронии мардуми Афғонистон гаштааст. Бо ин файсала бахши бузурге аз мардуми Афғонистон аз ҳуқуқи асосӣ ва шаҳрвандиашон маҳрум мешаванд. Давлати Афғонистон форсӣ , дарӣ, тоҷикиро се забони мухталиф дар се кишвар медонад, аммо пешинаи забони форсӣ нишон медиҳад, ки форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ як забони воҳид бо гӯишҳои мухталиф мебошад, ки дар се кишвари форсизабони имрӯза роиҷ мебошанд

 

 

Ба номи худованди додгар

Хонум Ирина Букова, дабири кулли ниҳоди омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милал (ЮНЕСКО)

Бо салом ва арзи эҳтиром!

Тибқи қарори ЮНЕСКО, ки 21 февралро рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ номгузорӣ карда ва давлатҳоро мукаллаф ба арҷгузорӣ, ҳимоят ва тавсиаи забонҳо ва бар расмият шинохтани аҳамияти забони модарӣ бари ташвиқи чандзабонӣ ва ивоҷи танаввӯъи забонҳо дар ҷаҳон ва дар даруни ҷавомеъи инсонӣ медонад. Давлатҳои узв мукаллаф бар риояти тааҳҳудоти ҷаҳоние ҳастанд, ки пои он имзо кардаанд.

Давлати Афғонистон ба унвони кишвари узви созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ба ҷои арҷгузории ҳимоя ва инкишофи забони модарӣ ба даолил ва маслиҳатҳои сиёсӣ ба қасди эҷоди яксонсозии миллӣ дар чорчӯби ҳокимияти давлатӣ забонҳои модарии ақвоми мухталифро маҳдуд ва ҳатто мансух мекунад, дар ҳоле ки таҳқиқоти ЮНЕСКО нишон медиҳад, ки тарвиҷи забонҳои модарӣ ба инсиҷоми ҳамзистии ақвом дар канори якдигар ёрӣ мерасонад.

Моилам бо ниҳояти таассуф мвориде аз нақди систематики ин ҳаққи асосии шаҳрвандони Афғонистон ба иттилои он мақоми олӣ бирасонам.

Дар 10 уми феврали соли2008 -и мелодӣ мақомоти вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон як хабаригор ва ду мудири масъулро ба иллати истифода аз вожаҳои форсӣ дар Балх маҷозот кард. Давлати Афғонистон истифода аз забони модарии ин хабарнигорро дар савобиқи кории ӯ як тахаллуф ба сабт расонд ва ду тани дигарро маҷозоти нақдӣ намуд. Тахаллуф ва ҷурми хабарнигорон аз нигоҳи давлати Афғонистон ин буд, ки дар гузорише, ки барои телевизиони миллии Афғонистон таҳия карда буданд, вожаи донишкадаи форсиро дар матни форсӣ ба ҷойи пуҳанзай ва донишгоҳро ба ҷои пуҳантун истифода карда буданд.

Дар 3 марти соли 2013- и мелодӣ Додгоҳи Олии Афғонистон файсалаеро содир кард, ки ба мӯҷиби он вожаҳои паштуии “пуҳантун, пуҳанзай, пуҳёлай, пуҳанёр, пуҳанмал, пуҳандуй, пуҳанвол, пуҳонд” ро мулкияти маънавии забонҳои расмии Ҷумҳурии исломии Афғонистон хонд ва истифодаи вожаҳои ҳамсон ва муодили онро, ки дар забони форсии дарӣ, ки бахши бузурге аз мардуми Афғонистон бо он такаллум мекунанд, хилофи қонун эълом кард.

Ва дар охирин иқдом дар 26 феврали соли 2013- и мелодӣ яъне дақиқ дар чаҳордаҳи ҳамин сол номгузории забонҳои модарӣ тавассути ЮНЕСКО давлати Афғонистон пахши барнома ба забонҳо ва гӯишҳои бегонаро дар расонаҳои Афғонистон мамнӯъ эълом кард. Ин тасмими кобинаи ҷумҳурии Афғонистон ба қасди яксонсозии миллӣ ва маҳдуд кардани забонҳои роиҷ дар кишвар нишон медиҳад, ки давлат на танҳо барои рушди ҳимоят ва инкишофи забонҳо дар кишвар коре намекунад, ки дар садади сиёсӣ сохтани забон ва баҳрабардории сиёсӣ аз он мебошад, ки шадидан мӯҷиби нигаронии мардуми Афғонистон гаштааст. Бо ин файсала бахши бузурге аз мардуми Афғонистон аз ҳуқуқи асосӣ ва шаҳрвандиашон маҳрум мешаванд. Давлати Афғонистон форсӣ , дарӣ, тоҷикиро се забони мухталиф дар се кишвар медонад, аммо пешинаи забони форсӣ нишон медиҳад, ки форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ як забони воҳид бо гӯишҳои мухталиф мебошад, ки дар се кишвари форсизабони имрӯза роиҷ мебошанд.

Бо ин иқдоми давлат мардуми Афғонистон арзишҳои бузурги маънавии худро, ки ҷаҳон ба номи он ифтихор мекунад, аз даст медиҳад, забоне, ки давлати Афғоистон номаънус ва гӯиши бегона медонад, забони Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхист, ки ЮНЕСКО ба унвони арзиши мондагори таърихии фарҳангии соли 2008 -и мелодиро ба номи он мусаммо кард(гузошт).

Олиҷаноб Букова!

Аз он ҷое, ки риояти ҳуқуқи аввалияи аҳоди(ҳар як) миллат ва аз ҷумла ҳаққи озодии баён ба вузӯҳ дар Қонуни Асосии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тасреҳ шудааст ва ба илова риояти мабсути ( густурда) чунин ҳуқуқе дар фаслномаҳои конвенсиюнҳои байналмилалӣ ба имзои давлати ҷумҳурии исломии Афғонистон расидааст, банда масарран(бо исрор) аз созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО мехоҳам то давлати Афғонистонро мутаваҷҷеҳии мукаллафиятҳо ва риояти тааҳҳудоти байналмилалиаш намуда ва ҷилави сиёсати забонситезӣ дар кишвар ба баҳонаи яксонсозии миллиро бигирад ва бо тақвият ва ҳимоят аз тамомии забонҳо форсии дарӣ, пашту , ӯзбакӣ ва соири забонҳои роиҷ дар кишвар ба рушду ғаномандии фарҳанги арзишманди мардуми мо бияфзояд.

Бектош Сиёваш,

намояндаи мардум дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон,

Кобул—соли 2013- и мелодӣ

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?