http://tajikam.com

Об дар ҳован PDF Чоп
Муаллиф: Муҳаммадкозим Козимӣ (Афғонистон)   
14.03.2013 22:57

Ва дар ҳошияи тасмимҳои ахири давлат барои поксозии забон

Бознашр аз торнамои Хабаргузории “Садои афғон”(Ово)

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ
Дар воқеъ яке аз аҳдофи ҷудо донистани форсиву дарӣ аз ҳамдигар, ҳамин аст, ки дариро ба шакли ҷазирае матрук дар биёваранд, ки кам- кам дар дарёи калимоти англисӣ, арабӣ, урду ва баъзе забонҳои дигари минтақа ғарқ шавад ва ба ӯ ҳатто иҷозаи наҷоти ин забонро надиҳанд.

...Дар ин марҳала низ ин тасмими давлати кишвари мо на барои пешгирӣ аз калимоти англисӣ, арабӣ, урду ва амсоли инҳо, балки барои пешгирӣ аз он даста вожагоне аст, ки барои беҳсозӣ ва поксозии забони форсӣ аз сӯи ҷомиаи форсизабони гетӣ сохта шудааст. Вале дар амал барои ин ки ин барнома ҳассосияти камтаре дар миёни мардум эҷод кунад, онро дар пӯшиши поксозии забон аз вожагони бегона матраҳ кардаанд. Ба назари ман дар ин ҷо мебояд ба ин давлатмардон гуфт, ки :

Ба ҳар ранге, ки хоҳӣ ҷома мепӯш,

Ман аз тарзи хиромат мешиносам.

 

 

Сухани аввал

Пеш аз ҳама чиз як нуктаро рӯшан кунам, ки агар ман дар баъзе ҷойҳо аз ин навишта калимаи “форсӣ”- ро ба унвони номи забони мо ба кор мебарам, ин аз сари амд ва огоҳӣ аст. Ин ҳамон номе аст, ки Мавлонои бузург ин забонро бад он ном мехонд, он ҷо ки мегуфт:

Нолае кун ошиқона, дарди маҳрумӣ бигӯ,

Порсӣ гӯ соате ва соате румӣ бигӯ.

Ва ҳамон номе, ки Носири Хисрав ба ин забон додааст, он ҷо ки дар “Сафарнома”- и хеш гуфтааст: “Дар Табрез Қатрон ном шоиреро дидам. Шеъре нек мегуфт, аммо забони форсӣ некӯ намедонист ва ҳамон номе, ки Саноӣ ба ин забон додааст ва он ҷо ки мегӯяд:

Андар ин як фан , ки дорӣ, вон тариқи порсӣ аст,

Даст дасти туст, касро нест бо ту доварӣ.

Ва на танҳо бузурони куҳан, ки суханварон ва пажӯҳишгарони мутааххир ва муосири афғонистон ҳам то панҷоҳ сол пеш, ин забонро форсӣ номидаанд, ҳамчун муҳаммадҳайдари жубал,маҳмуди Тарзӣ, Мир ғуломмуҳаммади Ғубор, абдуллоҳ афғонинавис, АБдулҳодии Довӣ, устод Бетоб, устод халилӣ мадорик ва шавоҳиди ин баҳсро ман дар китобҳои “Ҳамзабонӣ ва безабонӣ”, “Ин қанди порсӣ” овардаам ва ин ҷо такрор намекунам. Дар идомаи баҳс хоҳам гуфт, ки ман чаро бар ягонагии форсиву дарӣ таъкид дорам.

Ман аз тарзи хиромат мешиносам

Давлатмардони мо дар ин авохир аз поксозии забонҳои дарӣ ва пашту аз забонҳо ва лаҳҷаҳои бегона сухан гуфтаанд ва азмашонро барои пешгирӣ аз корбурди забонҳои дигар дар расонаҳо баён кардаанд. Ин хабар ба зоҳир хабари хубе аст ва аз як тағйир барои мо мегӯяд. Ҳар он касе, ки вазъияти нобасомони забонҳои расмии кишвар ва вуфури берӯяи вожагони англисӣ, арабӣ, русӣ ва дигар забонҳоро дар онҳо дида бошад, аз полоиши забонҳои расмии мо хушҳол хоҳад шуд ва бад ин қазия уммедвор.

Вале мутаассифона,ибҳом ва ҷиҳатгирии хосе, ки дар ин тасмим нуҳуфта аст, чандон иҷозаи давоми ин хушбиниро ба мо намедиҳад, чун вақте ин хабарро дар канори собиқаи номеҳрубониҳои давлати мо дар қиболи забони форсӣ мегузорем, мебинем, ки зоҳиран моҷаро чизи дигаре аст. Қазия дар воқеъ мисли ин аст, ки давлат эълом кунад, ки тасмим дорад кормандони фосид ва ришватхорро аз як идора барканор кунад. Ин ба зоҳир хабари хубе аст, вале агар бубинем, ки дар амал кормандони поку дурусткор аз кор брканор шуданд ва ба ҷояшон як идда ишватхори дигар ворид шуданд, чӣ бояд кард?

Ҳақиқат ин аст, ки амалкарди ниҳодҳои масъул дар кишвари мо то кунун рӯшан кардааст, ки онҳо бештарин мавонеъро дар роҳи корбурди вожагони асил ва холиси форсии дарӣ эҷод кардаанд ва ҳатто гоҳ вожагони бегонаро бар вожагон тарҷеҳ додаанд. Инҳо калимаи куҳан ва асили “нигористон”- ро бардоштанд ва калимаи бегонаи “голери”(галерея)- ро ба ҷояш гузоштанд. Кормандони баъзе расонаҳо ба хотири корбурди вожагони дарии “ донишҷӯ” ва “донишгоҳ” тавбех ва ҷарима шуданд. Баъзе аз давлатмардони мо борҳо касонеро, ки аз вожагони асили забони худи мо истифода кардаанд, авомили таҳоҷуми фарҳангии бегонагон донистаанд. Мо дар ин солҳо надидаем, ки дар кишвари мо касе ба хотири корбурди беҷои калимоти англисӣ , русӣ, урду ва арабӣ муохиза шавад. Ҳатто дар ҳамин марҳалаи ахир низ муовини мӯҳтарами вазорати иттилооъот ва фарҳанг аз калимоте эҳсоси нигаронӣ кардааст, ки дар дигар кишварҳои форсизабон корбурд доранд, чунон ки гуфтааст: “Агар мо аз вожаҳое истифода кунем, ки дар кишварҳои форсизабон мафҳум аст, вале барои мардуми Афғонистон мафҳум нест, дуруст нест”.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар суханони масъулони амр дар ин маврид, ҳеч ишорае ба забонҳои бегонае мисли англисӣ,русӣ, урду ва амсоли инҳо нашудааст ва фақат ба сурати зимнӣ ба забони форсии хориҷ аз Афғонистон ишора шудааст, метавон ба ин натиҷаи маҳтум(ҳатмӣ) расид, ки дар ин марҳала низ ин тасмими давлати кишвари мо на барои пешгирӣ аз калимоти англисӣ, арабӣ, урду ва амсоли инҳо, балки барои пешгирӣ аз он даста вожагоне аст, ки барои беҳсозӣ ва поксозии забони форсӣ аз сӯи ҷомиаи форсизабони гетӣ сохта шудааст. Вале дар амал барои ин ки ин барнома ҳассосияти камтаре дар миёни мардум эҷод кунад, онро дар пӯшиши поксозии забон аз вожагони бегона матраҳ кардаанд. Ба назари ман дар ин ҷо мебояд ба ин давлатмардон гуфт, ки :

Ба ҳар ранге, ки хоҳӣ ҷома мепӯш,

Ман аз тарзи хиромат мешиносам.

Чаро аз донишҷӯ ва донишгоҳ метарсанд?

Пурсише, ки акнун худнамоӣ мекунад, ин аст, ки ба ростӣ чаро баъзе давлатмардони мо аз корбурди даҳҳо ва балки садҳо вожаҳои номаънуси англисӣ, ки дар ин солҳо ба сурати берӯя вориди забони мардуми Афғонистон шудааст, ҳеч ҳаросе ва нигароние надоранд. Чаро бо англисӣ, урду ва арабӣ ҳеч бегонагӣ ҳис намекунанд, вале аз форсӣ ҳарос доранд.

Аввалин қазия ин аст, ки онон “форсӣ” - ро дар кулл бегона мешуморанд ва мекӯшанд, ки бар ин фарази нодуруст ҳамчунон пофишорӣ кунанд, ки “форсӣ” як забон аст ва “дарӣ” забоне дигар. Пас касе, ки даризабон аст, набояд вожагои форсиро ба кор барад. Ман дар ду китоб Ҳамзабонӣ ва безабонӣ” ва “Ин қанди порсӣ” дар мавриди ин пиндори ғалат ва зиёнҳо ва хатароти он барои забони форсии кишвари мо ба тафсил сухан гуфтаам. Дар он ҷо нишон додаам, ки ҳеч тафовуте миёни “форсӣ” ва “дарӣ” нест ва на танҳо ҳама пешиниёни мо ин ду калимаро муодили ҳамдигар медонистаанд, балки то ҳамин панҷоҳ соли пеш, ин забон дар Афғонистон ҳам форсӣ хонда мешудааст ва аз он замон буд, ки давлати Афғонистон ин номи “форсӣ”- ро барандохт ва кӯшид, ки вонамуд кунад, ки номи забони мардуми Афғонистон сирфан “дарӣ” аст.

Ин кор барои мухолифон ва маъондони(душманикунандагон) забони форсии дарӣ чӣ суде дошт? Аввалин фоидааш тазъйифи ин забон буд. Акнун дар ҳама ҷойи дунё “форсӣ” забони дуввуми тамаддуни исломӣ дониста мешавад. Бисёре аз мафохири ҷаҳонии адабиёт, форсизабон дониста мешаванд ва вақте як форсизабон бидонад, ки забони модарии ӯ ҳамакнун дорои беш аз сад миллион нафар гӯянда аст(ин ҷо  муаллиф шумори соҳибони аслии забонро дар назар дорад, дар асл, шумори форсизабонҳо беш аз 200 миллион аст--Н.А) ва дар чанд кишвари дунё роиҷ аст,мусалламан нисбат ба ин забон эҳсоси тааллуқ ва тааҳҳуди бештаре мекунад, вале вақте ин шахс забони худро фақат дарӣ ва бо ҳудуди понздаҳ то бист миллион гӯянда ва он ҳам дар як кишвар бидонад, дигар он ҳуввияти забонии бузургро ҳис намекунад, балки худро аққалияте мепиндорад, ки ҳатто наметавонад аз захоире, ки пешиниёни ӯ истифода кардаанд, ҳам баҳра бигирад. Ӯ табдил мешавад ба як одами бадбахт ва мафлук(парешонҳолу бенаво) ки ҳақ дорад дар минтақаи “Гузаргоҳ”- и Кобул зиндагӣ кунад ва ҳар рӯз аз “даргоҳ”- и хонааш берун биёяд ва “истодгоҳ” мунтазири миллибас (автобус) шавад, вале ҳақ надошта бошад, ҳамин пасванди “гоҳ”- ро ба калимаи “дониш” васл кунад, дар ҳоле ки солҳо пеш дар ҳамин кишвар шахсе бо номи Носири Хисрави балхӣ гуфта буд: “Дарахти ту гар бори дониш бигирад, Ба зер оварӣ чархи нилуфариро” ва шоири дигар бо номи Восили Кобулӣ гуфта буд: “Ҳар новаки чашми туро омоҷгоҳе дар ҷигар, Ҳар новаки чашми туро роҳе намоён дар бағал”.

Бале, ин форсизабони мафлук ночор аст аз бозор “бӯра”(шакар) бихарад; дар “лиса” дарс бихонад; дар моҳи “ақраб” ва “қавс” рухсат бошад; вақте лисаро тамом кард, “аскарӣ” биравад. Баъдан “имтиҳон” бидиҳад; дар моҳҳои “ҷаддӣ” ва “далв” “поспурт” бигирад ва ҳақ надошта бошад, калимоте ғайр аз инҳоро ба кор бигирад, вале дар ҳамин сарзамин дар ҳудуди ҳаштод сол пеш, шоире бо номи Қорӣ Абдулло гуфта буд:

Ҳадиси дилкаши Қорӣ чӣ гуна ширин аст

Чу найшакар қаламаш гар “шакар” ба ком надошт.

Қорӣ Абдуллоро чӣ мекунед? Темуршоҳи Дуронӣ, дуввумин подшоҳи паштуни кишвар, фарзанди Аҳмадшоҳ бобо ҳам гуфтааст:

Он “шакарлаб” ба “шакарханда”- ву ҳарфу суханаш,

Дил зи ман бурду ниҳон кард ба чоҳи зақанаш.

Шоире дигар ба номи Саноии Ғазнавӣ дар ҳамин сарзамин суруда буд:

Ақл агар хоҳӣ, ки ногаҳ дар ақилат бифканад,

Гӯш гираш, дар “дабиристон” алраҳмон дар ор.

Шоири дигар ба номи Мунҷики Тирмизӣ дар ҳамин минтақа чунин мегуфт:

Эй хоҷа! Мар маро ба ҳиҷо қасди ту набуд,

Ҷуз табъи хушро ба ту бар, кардам “озмун”.

Ва боз ҳамон Саноии Ғазнавӣ мефармуд:

Ҳам зи чашмат, в- аз дилат, к -аз чашму дил,

Андар “обон”- у дар “озар” мондаам.

Шоире ба номи Носири Хисрави Балхӣ месуруд:

Дер бимондам дар ин сарои куҳан ман,

То куҳанам кард сӯҳбати “дай”- у “баҳман”.

Ва шоире дигар ба номи Халилуллоҳи Халилӣ, мушовири подшоҳи мамлакат ҳудуди панҷоҳ сол пеш гуфта буд:

Ҳалқа баста ба даври вай “сарбоз”

Даст бар теғу гӯш бар овоз.

Ва Шаҳиди Балхӣ, шоире аз хоки поки Балх, ҳудуди ҳазор сол пеш суруда буд:

Ҳама диёнату дин варзу некройӣ кун,

Ки сӯи хулди барин бошадат “гузарнома”.

“Озар”, “дай”, “баҳман”, “шакар”, “дабиристон”, “озмун”, “обон” ҳеч кас ин шоиронро ба хотири калимоти “сарбоз” ва “гузарнома” муъхаза(пархошу сарзаниш) накард ва онон бо сарбаландии тамом ин дуввумин забони тамаддуни исломиро ба авҷи шукуфоӣ расониданд. Дар муқобил, он касе, ки муъхаза шуд, хабарнигоре буд, ки чанд сол пеш дар Балх калимоти “донишгоҳ ва “донишҷӯ”- ро ба кор бурда буд.

Дар воқеъ яке аз аҳдофи ҷудо донистани форсиву дарӣ аз ҳамдигар, ҳамин аст, ки дариро ба шакли ҷазирае матрук дар биёваранд, ки кам- кам дар дарёи калимоти англисӣ, арабӣ, урду ва баъзе забонҳои дигари минтақа ғарқ шавад ва ба ӯ ҳатто иҷозаи наҷоти ин забонро надиҳанд. Гӯяндагони ин забон, онро як забони камкорбурд бубинанд, ки ҳатто дар барномаҳои компютерӣ ҳам дар миёни садҳо забон, ки дар феҳристи забонҳои дунё вуҷуд дорад, чизе ба номи “дарӣ” нест.

Чанд пешниҳод

Бо таваҷҷуҳ бо он чи гуфта шуд, аз масъулни амр ин дархостҳоро дошта бошем:

  1. Агар ҳамчунон муътақидед, ки забони мардуми Афғонистон “дарӣ” аст ва ин бо “форсӣ” фарқ дорад, заҳмат бикашед, як ҷумла, фақат як ҷумлаи маънидор биёваред, ки сирфан “дарӣ” бошад ва дар он ҳеч калимаи форсӣ истифода нашуда бошад. Ҳамчунон заҳмат бикашед ва фақат як шоир ва нависанда дар миёни мафохири адаби ин мамлакат нишон диҳед, ки осораш “дарӣ” бошад ва “форсӣ” набошад.
  2. Агар бар ин дугонагии забонҳо бисёр пофишорӣ доред, баҳсе нест. Мо ҳам мегӯем, “дарӣ” як забони мустақил аст. Ҳоло мо даризабонон чаҳор калима ба кор мебарем, ки ҳеч як дарӣ нестанд: “лиса”, “фокулта”, “пуҳантун” , “муҳассил” . Шумо заҳмат бикашед ва бо истифода аз имконот ва захоири забони дарӣ, барои ин чаҳор вожа чаҳор муодил пайдо кунед, ки то мо онҳоро ба кор барем. Мефармоед, ки “дабиристон”, “донишкада”, “донишгоҳ” ва “донишҷӯ” эронианд ва бегонаанд. Бисёр хуб, ҳарфе нест. Шумо муодилҳои дарӣ барои ин калимот пайдо кунед ва мардумро ба истифода аз онҳо мукаллаф кунед. Фақат лутфан заҳмат бикашед ва калимоте пайдо кунед, ки аз вожагон ва пасвандҳои “дониш” , “стон”, “гоҳ” ва “ҷӯ” дар онҳо истифода нашуда бошад.
  3. Ҳоло ки ин заҳматҳоро мекашед, лутфан, як кори дигар ҳам бикунед, ки мо ба куллӣ аз шарри забони “форсӣ” роҳат шавем. Як луғатномаи “дарӣ” таҳия кунед то ҳар даризабон бидонад, ки кадом вожагонро дар гуфтору навиштори худ ба кор барад то мо битавонем аз луғатномаҳои Деҳхудо, Муъин, Амид ва дигар манобеи форсизабонони эронии бегона ҳам бениёз шавем. Албатта, заҳмате бикашед ва фақат луғоти( вожаҳои) “дарӣ” - ро дар ин луғатнома бигунҷонед. Баъд ки ин корро кардед, лутфан ҳамон ҷумлаеро, ки дар пешниҳоди аввал матраҳ кардам, бо истифода аз вожагони ҳамин луғатнома бинвисед. Ҷумалоти баъдии дигар бо мо. Зиёд заҳмат намедиҳем.
  4. Баъд аз ин ки корҳои сегонаи фавқро анҷом додед, лутфан миқдоре об таҳия кунед, дар ҳован бирезед ва бикӯбед.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?