http://tajikam.com

Ҳуввиятзудоӣ аз ақвом Афғонистонро таҷзия хоҳад кард PDF Чоп
Муаллиф: Осор Ҳакимӣ(Афғонистон)   
14.03.2013 23:53

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Миллионҳо тоҷик дар Ӯзбакистон ба зӯр салби ҳуввият мешаванд ва дар шиносномаашон ӯзбак навишта мешаванд. Ҳамин гуна ӯзбакҳои Тоҷикистон худро тоҷикистонӣ медонанд, на тоҷик.

Он чи ки имрӯз дар Афғонистон ба унвони як дарди иҷтимоӣ барои ғайриафғонҳо (ғайрипаштунҳо) шакл гирифта, масъалаи ҳуввият аст. Ҳуввияти “афғон” ва таъмими он ба шаҳрвандони ғайри”афғон” дақиқан рӯнавишт ( копӣ) аз понтуркизми Туркия аст, ки тавассути Маҳмуди Тарзӣ баъдҳо ба номи Маҳмуди Афғон, ба Афғонистони имрӯз оварда шуд.

Ин рӯзҳо баҳси ҳуввиятгароӣ ва ҳуввиятзудоӣ, яке аз баҳсҳои умда дар гуфтумони шаҳрвандони Афғонистон аст. Пас аз суқути ҳокимияти Толибон ва омадани раванди ҷадид, тасаввури шаҳрвандон ин буд, ки ҷомиаи ҷаҳонӣ, дар роъси Амрико бар истибдоду тамомиятхоҳии ҳоким нуқтаи поён гузошта ва низоми ҷадид, ки бо ҳимояти ҷомиаи ҷаҳонӣ бунёд гузошта мешавад, рӯи сутунҳои маданӣ ва бо равишҳои демокротик сохта мешавад; аммо, бадбахтона, гурӯҳе аз афғонғарбиҳое, ки бо ҳимояти неруҳои ҷомиаи ҷаҳонӣ бар сарнавишти мардуми Афғонистон аз Бонн то акнун ҳоким шуданд, зеҳнияти ҷаҳонӣ ва фурсатҳои бузурги ба дастомадаро фидои нигоҳи қавмии худ сохта ва сабаб шудаанд, ки Афғонистон ба ҷои берун шудан аз мушкилот дар ботлоқе кашмакашҳои қавмӣ ғарқ бошад.

Нигоҳи қавмии ҳокимият ба масоили сиёсӣ- иҷтимоӣ сабаб шуд, ки Толибон саркӯб нашаванд ва фароянди маданӣ ва мардумсолорӣ бо чолишҳои(хатарҳо, мушкилот) фаровон рӯ ба рӯ шавад. Тақвияти ниҳодҳои суннатӣ ва қабилавӣ монанди ҷирга, мухолифат бо шаклгирии аҳзоб аз намунаҳои боризи( рӯшан) маданиситезии ҳокимияти ҷадид талаққӣ(арзёбӣ) мешавад, аммо дар канори ин душвориҳо, фазои бозе, ки эҷод шуд, барои бисёре аз мубоҳис, аз ҷумла баҳси ҳуввиятгароии ақвом, маҷоли матраҳ шудан дод.

Баҳси аксарият ва ақалият

Афғонистон кишваре аст муташаккил аз ақалиятҳои қавмӣ , ҳеч қавме дар ин кишвар наметавонад як савми(бештари ) нуфуси кишварро ташкил диҳад. Ин кишвар ҳанӯз натавонистааст, миллатеро бар мабнои адолат ва шаҳрвандмадорӣ шакл диҳад. Аз ин рӯ, созу баргҳое, ки миллӣ унвон мешаванд, агар барои шуморе қобили қабул бошад, барои аксарияти мардум қобили қабул нест.

Ҳамин гуна иддаоҳои оморӣ, ки ҳар қавм аз шумори нуфуси худ дар ин кишвар ироа мекунад, омори худсохта ва нодақиқ аст. Тамоми оморҳои давлатӣ , ба сурати тахминӣ, ҳадс ва гумономехта бо ангезаҳои сиёсӣ ироа мешавад, ки мушкилоти ҷиддиеро дар пай доштааст.

Дар зиндагии модерн тамоми барномаҳои давлатӣ бар бунёди оморҳои дақиқ дар як ҷомиа пайдо мешавад. Оморҳои дақиқи кишварӣ сабаб мешавад, ки барномарезӣ ва иҷрои пурӯжаҳо дар маҳалҳо ба сурати дуруст ва дақиқ иҷро шавад. Омор аст, ки нишон медиҳад ниёзмандиҳои як минтақа чӣ аст ва тавоноиҳояш дар чӣ заминае мебошад. Дар набуди оморҳои дақиқ, оморҳои тахминӣ ба вуҷуд меоянд, ки ҳамвора сабаби чолиш дар анҷоми пурӯжаҳо мешаванд.

Чаро саршуморӣ сурат намегирад?

Яке аз корҳои бунёдие, ки интизор мерафт дар ин 11 сол дар Афғонистон анҷом шавад, масъалаи саршумории шаҳрвандони ин кишвар буд. Бар бунёди фурмули ҳокими сиёсии Афғонистон, ки мероси силсилаҳои истибдодии беш аз ду қарн аст, тақсими қудрат ва тавзеъи манобеъ бар асоси қавм сурат мегирад.

Дар ин фурмул, шаҳрвандмадорӣ ҷой надошта ва ин тааллуқи қавмӣ аст, ки мутабориз(ошкор, намоён) шуда ё имтиёз мегирад ва ё ҳам саркӯб ва ба ҳошия ронда мешавад. Сохтори имрӯз, раиси ҷумҳур бо ду муовин дақиқан нигоҳи қавмӣ аст ба ҷомиа. Раиси ҷумҳур паштун, муовини аввал тоҷик ва муовини дуввум ҳазора. Ин бад ин маъност, ки паштун қавми аввал, тоҷик қавми дуввум ва ҳазора қавми саввуми ин кишвар аст. Ақвоми дигаре, ки дар Қонуни Асосӣ аз онҳо ёд шуда, ақалиятҳоеанд, ки гоҳе аз манобеи моддӣ ва маънавии Афғонистон андак саҳме насибашон намешавад, чун қавми заиф ва дасти чандуманд.

Гурӯҳи ҳокими қавмбовар, аз як тараф иддаои аксарияти қавмӣ доранд ва аз тарафи дигар бар нодурустии иддаои худ воқифанд, аз ин рӯ бо тамоми имконот ва заминае, ки дар ин 11 сол вуҷуд дошт, нахостанд, ки дар Афғонистон саршуморӣ сурат гирад ва омори воқеии ақвом ва шаҳрвандон ба даст ояд.

Мухолифатҳои воҳӣ(хаёлӣ, пучу беҳуда) ва ғайридемокротики онҳо бо раванди саршуморӣ, сабаб шудааст, ки Афғонистон ҳеч оморе дақиқ ва мустанад аз шумори нуфуси худ надошта бошад. Танҳо дар як маврид набуди ин омор сабаб шудааст, ки феҳристи ройдиҳандагони интихобот байни 12 то 18 миллион унвон шавад. Яъне шаш миллион ихтилоф дар шумори ройдиҳандагони интихобот. Ҳамон гуна ки дар интихоботи гузашта таҷриба шуд, дар канори ин ки ин 6 миллион ихтилоф заминаи тақаллубро фароҳам карда буд, ба раванди демокротик ва бисёр муҳими интихобот осеби ҷиддӣ ворид кард.

Афғон ҳуввияти қавмӣ аст, на ҳуввияти миллӣ

Акнун таъкиди гурӯҳи ҳоким бар ҳазфи ҳуввиятҳои қавмии сокин дар Афғонистон ва таъмими(барчаспонидани) ҳуввияти “афғон” бар ҳама шаҳрвандон, сабаб шудааст, ки раванди ҳамапазирӣ ва зиндагии мусолиматомези иҷтимоӣ дар миёни шаҳрвандони Афғонистон ба шиддат камрангу шикананда бошад.

Таҷрибаи ҷаҳонии низомҳо нишон додааст, ки тақвияти демокросӣ ва даст ёфтан ба рушд ва зиндагии мусолиматомез , дар ҳазфи ҳуввиятҳои қавмии як кишвар ба даст наёмада, балки кишварҳое, ки чандгунагии ҳуввиятӣ дар худро ба расмият шинохта ва бар асоси адолат ва ҳамақабулӣ ҳуввияти ҷамъиро сохтаанд, дорои низоми босубот ва кишвари мураффаанд.

Дар намунаҳои боризи низомҳои демокротик, пазириши ҳуввиятҳои чандгона барои як ҳуввияти ҷамъӣ (миллӣ) боризтарин вижагӣ шумурда мешавад. Дар намунаҳое мисли Иолоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳиндустон ва... ҳуввиятҳои чандгона дар канори ҳам, ба ҳуввияти миллӣ даст ёфтаанд. На ин ки як ҳуввияти қавмӣ бар ҳама тафаввуқ (бартарӣ) дошта бошад ва барои таъмими(умумият додан) худ ҳуввиятҳои дигарро нодида бигирад. Инҷост, ки шаҳрвандони ин кишварҳо тамоми муълафаҳои(таълифҳои) ҷамъиро моли худ дониста ва барои ҳифзу густариши он талош мекунанд.

Аммо дар намунаҳое, ки ҳуввияти қавмӣ бо пуштвонаи қудрат ва зӯр ҳуввияти миллӣ эълон шуда ва як ҳуввият ба хотири таборизи(бартарии) худ , ҳуввиятҳои дигарро нодида гирифтааст, ҳамвора ҷидолу даргирӣ вуҷуд дорад.

Ба гунаи намуна, Туркия ба унвони яке аз кишварҳои модерн дар ҳавзаи кишварҳои исломӣ ва пули миёни Урупо ва Осиё, солҳост, ки товони андешаи пантуркизми ототуркиро медиҳад, ки ҳуввияти шаҳрвандони курди ин кишварро нодида гирифт.

Курдҳо худро шаҳрванди кишваре бо номи Туркия медонанд, аммо турк нестанд. Дар кишварҳои ҳамсояи мо, ки мероси шӯравии собиқанд, ин мушкил ба қувват боқӣ аст. Миллионҳо тоҷик дар Ӯзбакистон ба зӯр салби ҳуввият мешаванд ва дар шиносномаашон ӯзбак навишта мешаванд. Ҳамин гуна ӯзбакҳои Тоҷикистон худро тоҷикистонӣ медонанд, на тоҷик.

Он чи ки имрӯз дар Афғонистон ба унвони як дарди иҷтимоӣ барои ғайриафғонҳо (ғайрипаштунҳо) шакл гирифта, масъалаи ҳуввият аст. Ҳуввияти “афғон” ва таъмими он ба шаҳрвандони ғайри”афғон” дақиқан рӯнавишт ( копӣ) аз понтуркизми Туркия аст, ки тавассути Маҳмуди Тарзӣ баъдҳо ба номи Маҳмуди Афғон, ба Афғонистони имрӯз оварда шуд.

Рӯзгоре, ки оқои Маҳмуди Тарзӣ дар Сурия( қаламрави Туркияи усмонии он замон) ва баъдҳо дар Истонбул ба сар мебурд, рӯзгори авҷи фошизм ва нажодбоварӣ дар Урупое буд, ки ду даҳа баъд натиҷааш Ҳитлар ва Муссолини шуд.

Ҳамин тавр, миллатгароӣ пас аз Тарзӣ ҳам дар Афғонистон, зери таъсири корҳои вай ва дар кулл зери таъсири фошизми ҳитларӣ - муссолинӣ падид омад. Намунаи рӯшани он Ғуломмуҳаммади Фарҳод машҳур ба Попо аст, ки таҳти таъсири андешаҳои фошистии ҷарманӣ ҳизби сутсиол демократи Афғонистонро, ки баъдҳо ба номи Афғонмиллат маъруф гардид, таъсис кард.

Пас аз он таҳмили як ҳуввияти қавмӣ бар ҳуввиятҳои дигар дар Афғонистон дар низомҳои мухталиф бо шигардҳои(равиш, шева) мухталиф идома доштааст, ки имрӯза ҳукумати Афғонистон ва бовармандон ба як ҳуввияти қавмӣ бар тамоми шаҳрвандон, бо шигардҳои мухталиф ва иддаои фиребандае ба истилоҳ “ваҳдати миллӣ” мехоҳанд ҳуввияти ақвоми Афғонистонро салб(инкор) кунанд.

Истиноди шуморе аз ин афрод, бар моддаи чаҳоруми Қонуни Асосӣ аст. Дар Қонуни Асосии Афғонистон зимни ин ки қавмҳои сокин дар ин кишвар ба расмият шинохта шудааст, дар банди 4 моддаи 4 Қонуни Асосӣ омадааст: “ бар ҳар фард аз афроди миллати Афғонистон калимаи “афғон” итлоқ (корбурд, номгузорӣ) мешавад”.

Шуморе аз намояндагони Шӯрои тасвиби Қонуни Асосӣ, дар мавриди ин банд, банди охири моддаи шонздаҳ ва даҳҳо мавриди дигар аз Қонуни Асосӣ, тими ҳокими он замон( Залмай Халилзод, Ашрафғанӣ Аҳмадзай, Анварулҳақ Аҳадӣ, Залмай Ҳеводмал, Ҳомид Карзай ва... ) ро муттаҳам ба дасткорӣ мекунанд ва нусхае, ки ба имзои намояндагони тасвиби Қонуни Асосӣ вуҷуд дорад, бо нусхаи тавшеҳшуда тавассути Ҳомид Карзай, бар дурустии иддаои намояндагони шӯрои тасвиби Қонуни Асосӣ, далолат мекунад.

Аммо ба фарз агар ҳама намояндагони шӯрои тасвиби Қонуни Асосӣ ҳам ба тамоми маводи ин қонун роъй дода бошанд ва қонун ҳам ба сурати қонунӣ, на дастбурдӣ, тасҷил карда бошад, ки ҳама шаҳрвандони Афғонистон “афғон” анд, ин худ ғалат аст. Чун ҳам аз лиҳози таърихӣ ва ҳам аз лиҳози мафҳумӣ, аксарияти мардуми Афғонистон “афғон” нестанд ва ҳар гоҳ қонун тавассути шуморе аз афрод як масъалаи нодурустро қонунӣ ҳукм мекунад, бояд дар баробараш эътироз шавад ва барои таъдилаш, ҳама шаҳрвандону адолатбоварон ҳақ доранд, ки мубориза кунанд.

Дар пайванд ба баҳси ҷаъли қонун ва фишорҳои қавмгароёна, ҳамон гуна, ки дар номаи Доно Рӯҳробекер,узви Кунгураи Амрико ба Залмай Халилзод ва навиштаи доктар Муҳиддин Маҳдӣ, узви шӯрои тасвиби Қонуни Асосӣ ва акнун намояндаи Маҷлис, унвон шудааст, оқои Халилзод ва ҳамтимиҳои афғон – амрикоиаш, мутаассифона, дар таҳмили дидгоҳҳои қавмии худ, аз ҷумла таҳмили ҳуввияти “афғон” ба ҳама шаҳрвандони Афғонистон бо зӯр, ҷаъл ва иғво ҳам мутавассил (васл, часпонида) шудааст.

Ҳуввияти қавмии шаҳрвандон бояд дарҷи шиноснома шавад

Бар бунёди гуфтаҳои боло барои як ҷомиаи солим ва адолатмеҳвар, ниёзи ҷиддӣ аст, ки дар шиносномаҳои барқӣ, қавму забони модарии ақвоми сокин дар Афғонистон зикр шавад ва барои таъдили(ислоҳ, дуруст кардани) ҳуввияти “афғон” ва басо мавориде, ки хилофи ҳақиқату адолат аст, мубориза сурат гирад.

Агар тими ҳоким мепиндорад, ки бо зикри итлоқи калимаи “афғон” ба ҳар бошандаи ин сарзамин ба ваҳдати миллӣ даст меёбад ва ақвоми парокандаи Афғонистонро таҳти номи як миллати воҳид гирди ҳам меоварад, иштибоҳи бузургеро муртакиб мешавад.

Мо метавонем як миллати воҳид бошем, мо метавонем ваҳдати миллӣ дошта бошем, мо метавонем дар сафову сулҳ бо ҳамдигар зиндагӣ намуда ва дӯшодӯши ҳам барои тавсиа ва рушди кишвари хеш кор кунем; аммо ин дар сурате муяссар аст,ки ҳуввият, забон ва арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии ҳар қавму миллияти Афғонистон эҳтиром шавад ва ба расмият шинохта шавад.

Мо метавонем дар батни ин танаввӯъ ва гуногунӣ ваҳдати миллӣ ва ҳуввияти миллиро парвариш диҳем, борвар созем ва ба боландагӣ бирасонем. Дар ғайри он талошҳои тафаввуқталабона ва бартариҷӯёнаи он ҳам дар бистари демокросӣ на танҳо моро ба ваҳдати миллӣ ва миллат шудан намерасонад , балки шикофро амиқтар ва бузургтар менамояд ва кишварро басӯи таҷзия раҳнамун мешавад.

Ман ҳеч ҳаросе надорам, ки дигарон бидонанд ман мутааллиқ ба кадом қавми ин сарзамини куҳан ҳастам ва модарам ба кадом забон ҳарф мезанад. Ононе, ки аз ин бобат ҳарос доранд, дучори ошуфтагии ҳуввиятианд, ман агар тоҷикам ё ҳазора ё паштун ва ё ӯзбак, ба қавмам ва ба забонам ва ба пешинаву таърихи қавмам, ки бахше аз фарҳангу таърихи ин диёр аст, ифтихор мекунам , хубиҳояшро таҳсин мекунам, костиҳояшро пазируфта дар садади беҳбудаш мебошам. Ҳеч ҳарос ҳам надорам, ки ин мавзуъро бидонанд; ба шумули он пулисие, ки оқои Ваҳид Умар, сухангӯи пешини Ҳомид Карзай аз ӯ ҳарос дорад.

Таъкид бар ҳуввияти қавмии мо табъиз ва фошизм нест; табъиз он буд, ки Толибон ҳиндуҳои ин сарзаминро маҷбур месохтанд то порчаи зарде ба шонаҳои худ бибанданд то аз дигарон ҷудо бошанд, он чӣ ман пешниҳод мекунам ва бар он таъкид меварзам , пазириши танаввуъ ва гуногунии ақвом ва забонҳо дар Афғонистон барои сохтани миллат ва барои эҷоди ваҳдати миллӣ аст.

Онҳое, ки ҳамеша санги ваҳдати миллӣ ба сина мезананд, агар воқиан дар ҳарфашон содиқанд, чаро аз ин ки мани ҳазора, ё мани тоҷик ё мани паштун ва... бихоҳам саҳми дархуру шоистаи худро дар ҳуввияти миллии кишварам дошта бошам, ҳарос доранд?

Оё имкон дорад бо равишҳои ҳитлармаъобона – чунон ки Толибон мекарданд—ваҳдати миллиро дар кишвар таъмин намуд?

Дигар асри зӯру таҳмил ба поён расидааст. Ин замон замони ҳамзистии касрат(бисёр) боварӣ ва эҳтиром ба ҳам аст. Асре аст, ки бояд мушкилотро пазируфт ва барои ҳалли он роҳкори дуруст ва ақлонӣ санҷид.

Дар замони ҳозир, ин як ҳақиқат аст, ки шикофҳои қавмӣ дар ин кишвар, ба сурати бепешинае амиқ шудаанд. Пас инкор ва ҳазфи ҳуввиятҳои қавмӣ, натанҳо роҳи ҳал нест, балки буҳронро дар пай хоҳад дошт. Дар сохтори иҷтимоӣ- сиёсии Афғонистони имрӯз, ҳуввияти қавмӣ ба сурати инкорнопазир мутабориз шудааст ва ин дақиқан вокунише аст бар ҳуввиятситезиҳое, ки пас аз эҷоди Афғонистон бар шаҳрвандони ин кишвар раво дошта шуд.

Ҳоло ҳам “афғон” хондани мардуми Афғонистон ва ҷаъли(сохтани дурӯғин) ҳуввияти аксари бошандагони ин кишвар, на танҳо зомини ваҳдати миллӣ нахоҳад буд, балки танишҳои қавмиро бештар фарбеҳ хоҳад сохт ва ояндаи ин кишварро то марзи таҷзия(ҷудоӣ) пеш хоҳад бурд.

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?