http://tajikam.com

Наврӯз ва растохези миллӣ PDF Чоп
Муаллиф: Қодири Рустам   
17.03.2013 20:55

Барои он ки Наврӯз барои растохези миллии мо хидмат кунад, бояд сари соли нави расмии кишвар бошад, оғози марҳалаи нави зиндагии мо бошад. Оғози соли нав аз Наврӯз пайванди қавии миёни Олами Сағир ва Олами Кабирро барқарор месозад, моро ҳамгом, ҳамнафас ва ҳамнабзи Табиъат мекунад. Бурун шудан аз меҳвари замонии масеҳӣ ва бозгашт ба меҳвари солшумории ҳиҷрии шамсӣ пайванди моро ҳам бо густураи фарҳангии эронӣ (бо ҳамхунон ва ҳамзабононамон дар Афғонистон ва Эрон) ва ҳам бо ҷаҳони ислом қавитар мекунад. Ин амр дар ҷаҳони муосир, ки ҷаҳонӣ шудан аз мушахисҳои муҳимтарини он аст ва фарҳангҳои хурду заъиф дар баробари он осебпазир ҳастанд, хеле муҳим аст ва ба мавзуъи ҳаёту мамот табдил шудааст. Фарҳанги тоҷик, ки се рукни асосӣ- тақвими миллӣ, алифбои миллӣ (алифбои форсии арабӣ) ва исми аслии забонро ба таври иҷборӣ аз вай ҷудо кардаанд,

ба истилоҳи варзишӣ, мисли гуштигири вазни 48 кг аст, ки дар муқобилаш гуштигири вазни болои 100 кг ба майдон омадааст. Ба кор гирифтани муҷаддади ин рукнҳо, аз ҷумла, Наврӯзи қарорёфта дар ҷойгоҳи худ моро ба асламон мепайвандад ва неруи муқовиматии фарҳанги мо дар баробари тахрибкориҳои фарҳангҳои ғайрро меафзояд, яъне моро ба растохези миллӣ раҳнамунӣ мекунад ва наҷот мебахшад.

Ёддошти “Тоҷикам”: Мегӯянд, нигоштаи хуб ҳеч гоҳ куҳна намешавад ва ҳамеша дархури ҳамагон аст. Дирӯз ҳангоми ҷустуҷӯ ва омода кардани матлабҳо бахшида ба ҷашни бузургамон Наврӯз нигоштаи “Наврӯз ва Растохези миллӣ”-ро хондаму бори дигар ба дурустии ин гуфта бовар кардам. Адиб ва донишманди шинохта Қодири Рустам ин матлабро соли 2007 дар Олмотӣ дар пайванд ба нашр расидани китоби “Магия Навруза”( “Муъҷизаи Наврӯз”) навишта , дар нашрияи “Нигоҳ” ба чоп расонида буд. Вале нуктаҳое, ки дар ин матлаб баён гардидаанд, ҳоло ҳам аҳамияти вижа доранд ва аз ин нигоҳ мо онро бо камоли майл ба хонандагони “Тоҷикам” чун ҳадяи наврӯзӣ пешкаш мекунем.

(Дар ҳошияи китоби “Магия Навруза”, веросторӣ, гирдоварӣ

ва таҳқиқи Сафар Абдулло. Олмотӣ, 2007 (ба забони русӣ)

Шояд барангехтани эҳсосот ва ба таҳрик овардани андешаҳо аввалин мушаххиси як китоби хуб ва муҳимм бошад.

Андешаҳои зайл пас аз мутолиъаи китоби ”Муъҷизаи Наврӯз” тавлид шуданд.

Наврӯз гунаи дигар, гунаи эронии ҳамон қиссаи юнонии феникс (қақнус) аст1, ки месӯзаду дар оташаш феникси дигар тавлид мешавад. Наврӯз низ дубора зинда шудани табиати мурда аст, Наврӯз растохези табиат аст, Наврӯз мусаллат шудани ду унсури муҳимми зиндагисози аҳуроӣ – рӯшноӣ ва гармӣ бар ду унсури аҳриманӣ – торикӣ ва сардист. Феникс бо он ки қиссаи марғуб, самбули хубу зебост ва рамзи ҷовидонагист, маҳсули хиёлҳои зебост, дар фаросӯйи кӯҳи Қофи устура қарор дорад. Вале Наврӯз дар ҳамин ҷост, дар канори мост, ҳамасола меояд, чун Хуршед ба бурҷи ҳамал ворид мешавад, гоми мубораки Наврӯз низ ба рӯи Замин ва андаруни қалбҳо ворид мешавад. Наврӯз маҳсусу малмус аст.

Агарчи Наврӯз қабл аз зуҳури Зардушт пайдо шуда, тайи қарнҳо бо дини ӯ пайванд ёфт ва дидгоҳҳое аз ин мазҳаб дар маросими таҷлили Наврӯз муассир будаанд. Ва шояд сабаби ин амр низ, ки қабл аз ислом ҷуз эрониён ҳеч халқи дигаре Наврӯзро таҷлил намекард, ҳамин буда?! Аз сӯйе шоҳони се императории эронӣ ба иллати дини миллӣ будани ойини зардуштӣ ва муроъоти асли озодии мазҳабҳо ҳеч талоше ба таҳмили дину ойин ва маросими худ ба бегонагон надоштанд, аз сӯйи дигар ақвоми дигар низ Наврӯзро, шояд ба иллати пайванде, ки вай бо дини барояшон бегона дошта, ихтиёран напазируфтанд.

Ба ҳар сурат, Наврӯз то ислом на танҳо маҳдуд дар густураи ҷуғрофиёии сукунати нажоди эронӣ будааст, балки ҷашни комилан миллии эрониён буд ва дар баробари оташкада ва тахту кулоҳ аз арзишҳои асосии миллии онон маҳсуб мешуд. Вақте ки шоҳи туркон ба Эрон ҳамла меоварад, нигаронии аввали эрониёни ҳушёру огоҳ аз он аст, ки дину шоҳӣ ва ҷашнҳояшон, ки муъайнкунандаҳои асосии ҳувияти миллии эрониён ҳастанд, дар маърази хатар қарор гирифтанд. Яъне барои эрониён ҷашнҳои миллиашон ва ба вежа, Наврӯз, баробар бо дин ва шоҳӣ арзишманд буданд. Фирдавсӣ ин маънӣ ва нигарониро пас аз чанд аср аз забони Баҳроми Гургин – паҳлавони эронӣ чунин ба қалам овардааст:

Ба Эрон бар он рой буд Совашоҳ,

Ки на тахт монад, на муҳру кулоҳ.

Кунад бо замин рост оташкада,

На Наврӯз монад, на ҷашни Сада.

Аммо на юнониён, бо он ки гуфтаанд, Искандар Авасторо дар оташ сӯзонд, на чиниҳо, на кӯчиёни турк, на арабҳои бидавии қабл аз зуҳури хотами паёмбарон, на румиён, ки ҳама пайваста ба сарзаминҳои эронӣ ҳамлавар буданд, тавонистанд Наврӯзро аз миён бибаранд. Саҳеҳтар бигӯем, онҳо барои ин амр талош ҳам надоштанд, ҳадафи ҳамаи онҳо аз ин тасарруфот на ҷонишин кардани мазҳаб ва ойину маросимҳои худ буд, онҳо ҷуз ғорати сарзаминҳои эронӣ ва боҷгузор кардани Эрон кори дигаре надоштанд.

Вале Саъди Ваққос бо ливои ислом, барои интишори ислом ба Эрон ҳамла овард ва ин ки арабҳои мусалмон ҷашни Наврӯзро мамнуъ карданд ва ё хостанд манъ кунанд, амри табиӣ буд. Пас аз он ки дастгоҳи давлати Сосониён барчида шуд, ойини зардуштӣ, забони модарӣ ва Наврӯз се унсури муҳимтарин ва асосии ҳувияти миллии эрониён буданд ва бадеҳист, ки ҳувияти миллӣ барои интишор ва густариши ойини ғайр, на танҳо монеъа эҷод мекунад, балки бо он муқобала ва алайҳи он мубораза низ мебарад.

Вале чунонки таърих гувоҳ аст ва шоҳид ҳастем, арабҳоро муяссар нагардид, таҷлили Наврӯзи куҳан ва ҳамешаҷавонро манъ кунанду аз миён бибаранд. Баръакс пас аз чанд даҳсола мебинем, ки Наврӯз дар дарбори халифаҳои араб таҷлил мешавад. Бархе муҳаққиқон (аз ҷумла, А. Неъматӣ) ин амрро ба сабаби иқтисодӣ марбут медонанд, яъне чун бар тибқи расму суннати эронӣ дар ин рӯз ҳама мақомдорон ба шоҳ ҳадяҳо мебурданд, халифагони араб низ хостаанд аз ин ойин бар суди худ истифода кунанд. Баъзеи дигар (аз ҷумла, Сафар Абдулло) гуфтаанд, ин эрониён буданд, ки бо қасди наҷоти ин ҷашн, имомон ва халифагони арабро мутақоид карданд, Наврӯз ҳеч ихтилофе бо мазҳаби исломӣ надорад ва барои бақои он дар миёни эрониҳои исломоварда ва интишори он дар байни арабони мусалмон мусоъидат карданд.

Шояд барои густариши Наврӯз дар ҷаҳони ислом ҳардуи ин омил муассир будаанд. Вале гумон мекунам, онҳо омили фаръӣ ҳастанд. Ва сабаби аслӣ, ки ҷашни Наврӯз пас аз зуҳури ислом на танҳо маҳв нашуд, балки бештар аз пештар интишор ёфт, пайванди ногусастании ин ҷашн бо умед будааст. Вақте ки аз як халқ муҳимтарин арзишҳояшро мегиранд, танҳо чизе ки дар вуҷуди вай боқӣ мемонад, умед аст.

Шариф Шукуров пайванди амиқе дар миёни Наврӯз ва идаи растохез дидааст. ( Ва оё кашф шудани Наврӯз, дарки амиқи он ва арҷ гузоштан ба он сабаб набуда, ки Худованд барои аввалин бор паёми растохезро ба паёмбари эрониён ва барои эрониён ваҳй кардааст?!) Вале ин нуктаро низ ёдовар мешавем, ки бақои идаи растохез ва саҳеҳтар бигӯем, биҳишт бидуни умед мумкин нест.

Умед, шояд амиқтарин ва густурдатарин эҳсоси банӣ башар аст. Умед ҳатто нерумандтар аз эҳсоси дӯстӣ ва муҳаббат аст. Умед охирин эҳсос аст дар қалбу мағзи одамӣ, умед то лаҳзаи марг ҳамроҳи одам аст; бо мурдани умед одам низ мемирад; ҳатмӣ нест, ки ҷисми ӯ бимирад, вале чун охирин шуълаҳои умед дар қалби инсон мемирад, вай дар халои торик қарор мегирад ва дигар заъифтарин нури раҳнамуне ҳам барои ӯ вуҷуд надорад. Дӯстӣ ва муҳаббату ишқ пайванд бо беғаразӣ доранд, ба таври дигар бигӯям, дӯстӣ ва муҳаббат ҳар қадар беғаразтаранд он қадар поктар ва беолоиштар ва нерумандтар мебошанд. Гузашта аз ин, масалан, агар дар ишқ ғараз омехта мешавад, ишқ аз миён меравад. Ба ҳамин далел аст, ки ҷойгоҳи ишқ дил аст ва агар ақл ба кори ишқ мудохила кунад, дар бисёр маворид ин кохи зеборо хароб мекунад. Аммо умед пайванди қавӣ бо ғараз дорад (ва ғараз фарзанди ақл аст), агар ғараз нест, умед нест. Умед гунаи дигар аз имон аст, ба хусус имон ба охират, вале умед бо он ки ҷузъе аз имон аст, дар айни ҳол дар хориҷ аз мазҳаб низ вуҷуд дорад, дар фаросӯйи мазҳаб ва имон низ ҳаст. Ба нудрат касонро метавон пайдо кард, ки ба фармудаи ҳазрати Алӣ – чаҳорумин аз хулафои рошидин, Худоро на ба умеди биҳишташ ва на аз тарси дӯзахаш, балки беғараз ва бо ишқ дӯст бидоранд. Ва низ шояд Корлисс Ламонт - файласуфи амрикоӣ рост мегӯяд, ки агар идаи охиратро аз адён салб кунем, бештари мардум аз Худо рӯй мегардонанд. Дар ин ҷо метавон дар ба рӯи баҳсе дар бораи имони ишқӣ ва имони ақлӣ боз кард, вале на мавридаш аст, ки аз ҳадаф дур мебарад. Баргардем ба Наврӯз.

Наврӯз умеди оянда дар ин ҷаҳон аст, умеди рӯзи беҳӣ, умеди гармӣ пас аз сардӣ, серӣ пас аз гуруснагӣ, рӯшноӣ пас аз торикӣ аст. Наврӯз мазҳари ҳама некиҳост. Наврӯз наҷот аст. Ин умеди наҷот аст, ки Наврӯз дар умқи қалбҳои мардум реша дорад ва неруи Наврӯз низ асосан аз ин ҷост. Ва дигар нуктаи муҳим ин аст, ки умеди марбут ба Наврӯз ҳамагонӣ аст ва ин умеди ҳамагонӣ аз умедҳои инфиродӣ шакл гирифтааст. Чун Модар, ки модари ҳар кадом аз фарзандон аст ва модари ҳамаи онҳост ва ё Меҳан, ки меҳани ҳар яки шаҳрвандон аст ва меҳани тамомии онҳост.

Ва ҳамин умеди ҳамагонӣ, умеди миллии наҷот буда, ки барои солим бурун омадани нажоди эронӣ аз ”ду қарни сукут” (устод Зарринкӯб), нақши муҳимтарин доштааст.

Ин ҷо боз руҷуъеро зарур медонам, то андешаамро равшантар иброз кунам. Яке аз сабабҳои асосӣ, ки эрониёни зардуштӣ мағлуби арабҳои мусалмон шуданд, заъфи ойини зардуштӣ дар баробари неруи дини ислом буд. Зарурате барои бозгӯйи ҳама сабабҳои он заъф ва ин неру намебинам. Ёдовари ин нукта кофист, ки ойини зардуштӣ чанд қарн пеш аз зуҳури ислом аз асли парастиши Худои ягона ба дур рафта буд; ва Аҳриман, ки дар асл ҳамон “сатана” ва “шайтон” дар ойинҳои масеҳиву ислом аст ва низ фариштаву язидҳои ойини қадими зардуштӣ дар ойини зардуштиёни аҳди сосонӣ ва ё шояд каме пештар аз он, ба худоҳое дар канор ва поёнтари Худои бузург -- Аҳурамаздо табдил ёфтанд. Ҳамчунин худои Зарвон чун бидъате дар ойини зардуштӣ падид омад ва андешаи зарвония, ки нақши қазову қадар дар сарнавишти инсонро вориди ойини зардуштӣ кард, инсонро то ҳадде аз ҷойгоҳи волое, ки вай дар ин дин дошт, поён овард.

Вале бо он ки ойини зардуштӣ мағлуби ислом шуд ва бештари пайравони он ба ислом гаравиданд ва мусалмон шуданд, нақши андешаҳои зурдуштӣ дар амри наҷоти миллии эрониён бузург буд. Ба вежа андешаи хеле густурдаи сипоҳи аҳурамаздоӣ будани инсонҳо, ки иродаи озод доранд ( ҷолиб ин аст, ки ин андеша бо асли қазову қадари зарвонӣ, бо он ки мухолифи ҳам ҳастанд, ҳамзистӣ мекарданд ва дар канори ҳам қарор доштанд) ва ширкати одамон дар муборизаҳои Аҳурамаздо алайҳи Аҳриман, некӣ алаҳи бадӣ, саҳми онҳо дар амри расидан ба наҷоти мавъуд ва фаро расидани таърихи воқеъии пас аз таърихи кунунӣ, ки бо растохез оғоз мешавад ва пайванди ин андеша бо Наврӯз дар амри ба араб бадал нашудани эрониҳо хеле муассир будааст.

Агар мо имрӯз боифтихор худро “эронии мусалмон” ва ё “мусалмони тоҷик” ном мебарем ва Худоро шукр, мисли алҷазоириву мисрӣ “араби мусалмони алҷазоирӣ” ва ё “мисрии мусалмони араб” нестем, мадюни ҳамин андешаҳои аҷдоди зардуштиамон ва эҳсоси умед ба Наврӯзи меросмонда аз он сӯйи таърих ҳастем.

Гуфтам, ки умед нерумандтарин эҳсоси инсонӣ аст. Вале умед фоъил нест, умед сабр ва интизорист, он чи ки умедро аз қувват ба феъл меоварад ва ба амалӣ шудани он мусоъидат менамояд, маншаъ дар ҳамин андешаи зардуштии саҳим ва шарик будани инсонҳо барои пирӯзии некӣ ва фаро расидани таърихи воқеъӣ аст. Дар андешаи зардуштиён раванди таърих давра ба давра сурат мегирад, дар марҳалае ҷаҳон зери фармони неруҳои нек аст ва дар марҳалаи дигар таҳти ҳукумати неруҳои бад ва ин раванд то замони растохез, ки оғози ҳукумати ҷовидонаи некист идома мекунад. Инсон ҳам дар амри бештар идома ёфтани марҳалаи фармонравоии неруҳои нек ва ҳам дар амри маҳви неруҳои бад барои фаро расидани поёни таърихи аввал ва оғоз ёфтани таърихи ҷовидонаи неруҳои нек бояст ба Аҳурамаздо поймардӣ ва дастёрӣ кунад. Ва ҳамчунин инсонҳо муваззаф ҳастанд барои фаро расидани Наврӯз низ, ки гуфтам, мазҳари некист, талош бикунанд. Азбаски фаро расидани Наврӯз марбут ба гардиши Замину Хуршед ва мавқеъияти Хуршед дар бурҷҳои самоӣ аст ва ҳеч иртиботе бо фаъолияти одамон надорад, ин ҳарф ки инсон бояд барои фаро расидани Наврӯз талошу саъй кунад, албатта, зидду нақиз ба гӯш мерасад. Вале инсон дар андешаи гузаштагони мо аз сӯйе сарнавиштсоз аст ва аз сӯйи дигар бо Кайҳон пайванди амиқ дорад. Инсон бояст талош кунад низоми муъайян дар ҷаҳон барқарор бошад ва пайванди Олами Сағир (инсон) бо Олами Кабир (кайҳон) халал наёбад. Вай бояст ба пешвози Наврӯз, ки самбули тавозуни Олам аст, хонаашро таконаду пок кунад, дилашро аз олудагиҳо покиза кунад, то инрову онро ҷойгоҳи девон - дастёрони Аҳриман насозад. Инсон низ баробари Табиат созанда аст ва дар ин амр дастёри Худост.

Ин умеди созанда барои нажоди эронӣ дар ғори дусадсолаи торики таърих, дар ин ғори таҳқиру тавҳини шовинизми арабии халифаҳои уммавӣ, ки ғайриарабон барояшон шахсони дараҷаи дуввум буданд, чароғи раҳнамун буд ва нагузошт онҳо бимиранд, дар қавми араб маҳлул шаванд, чунонки бисёр қавмҳо маҳлул шуданд ва мурданд. Ин умед, ба масал расане буд, ки гузаштагони моро аз чоҳи дусад газии Таърих берун овард. Умеди наҷот, ки андешаи саҳим будан барои фаро расидани Таърихи воқеъӣ муҳаррики он буд, нажоди эрониро ҳифозат кард ва то ба рӯзе расонид, ки гуруҳҳое аз онҳо тавонистанд қомат рост кунанд ва халқи худро аз зери бори нанги мардуми дараҷаи дуюму сеюм будан, аз ғулом будану мавло будан бираҳонанд. Яъне умед ба Наврӯз, ки худ фарзанди ин ҷашни фархунда аст, на танҳо худи ин ҷашнро наҷот бахшид, балки дар ниҳоят боиси наҷоти миллии мо ва бақою густариши Наврӯз низ гардид.

Дар ин ҷо зикри нуктаи дигареро лозим медонам, ки дар роҳи озодии Эрон ва эрониён се гуруҳ мубориза мебурданд. Гуруҳи аввал, онҳое буданд, ки дини арабро (онон исломро танҳо дини араб медонистанд) ба ҳеч ваҷҳ қабул надоштанд ва на танҳо алайҳи давлат, балки алайҳи дин низ меҷангиданд. Муқаннаъ, устод Сис ва Бобак аз ин гуруҳанд. Гурӯҳи дувум, онҳое ки ба зоҳир ислом оварда буданд ва мехостанд бо фаро расидани фурсати муносиб ҳукумати арабро сарнагун ва ба истилоҳи Афшини уструшнаӣ ”шукуҳу шавкати давлати каён ва дини беҳин”-ро барқарор намоянд. Ба ҷуз Афшин Мозёри мозандаронӣ низ шомили ин гуруҳ аст. Ва гуруҳи сеюм онҳое, ки ба сидқ ислом пазируфтанд, вале эронӣ будани худро низ фаромӯш накарданд, хидмати халифагони арабро карданд ва чун фурсати мусоъид фаро расид, бо роҳи диплумосӣ, мусолиматомез, бидуни ҷангу ҷидол қудрати сиёсиро ба даст дароварданд. Мо барои маҳв нашуданамон, барои пай афканда шудани кохи бузурги фарҳанги бузурги исломӣ ба забони форсӣ, барои “тоҷик” шуданамон бештар мадюни ҳамин гуруҳи сеюм ҳастем. Бармакиён, Тоҳириён, Сомониён, оли Бӯя ва то ҳадде Саффориён шомили ин гуруҳ ҳастанд. Эҳёи нажоди эронӣ бештар марбут ба ин гуруҳи сеюм аст. Вале албатта, набояст таъсири муборизаҳои гуруҳи аввал ва дуюм ва ҳамчунин Абумуслими хуросониро, ки низ шояд тавонем ӯро шомили гурӯҳи сеюм кунем, дар ин роҳ нодида гирифт.

Намояндагони гуруҳи сеюм ва ба вежа, Сомониён шароитеро муҳайё намуданд, то аз омезиши ислом ва андешаву ойинҳои бостони эронӣ фарҳанги дурахшандаи исломии эронӣ зуҳур ва рушд кард. Ин замонро Акбари Турсон барҳақ “Наврӯзи Хуросон” унвон кардааст. Ин нукта ҷолиб аст, ки китоби ин донишманд дар нашри аввали он “Эҳёи Аҷам” ном дошт, яъне муаллиф дар миёни Наврӯз ва эҳё ва растохези миллии мо пайванди амиқ дидааст ва инро мушобеҳи он донистааст, балки дарк карда, ҳарду яке ҳастанд. Ва низ шояд пас аз нашри дуюм ба ин маънӣ расида, ки чун Наврӯз омад, чун растохез фаро расид, мо аз аҷамӣ раҳидем, мо дигар дар баробари араб аъҷам нестем.

Феникси миллии мо дар оташи муборизаҳо сӯхт, дар обу оташи ислом ва андешаҳои миллӣ обутоб ёфт, аз нав таваллуд шуд, аз ислом тавони тоза гирифт, аз араб шудан раҳоӣ ёфт, андешаи исломиро иртиқо дод, ба ҷое расид, ки Шоираш садои ифтихор дар дод, ки “Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост”. Ин мисраъ гӯёи маъонии амиқ ва густурда аст, ки барои шарҳаш китобҳо бояд навишт. Вале ҳоло бо як ҷумлаи Лев Гумилев иктифо мекунам, ки муътақид буд, тоҷикон дар замони Сомониён фарҳанге офариданд, ки чун нигини алмос дар муқобили ҳалқаи ангуштари ҳамаи фарҳангҳои дигар дурахшанда буд.

Ин феникси куҳану тоза “тоҷик” ном гирифт (вожаи тоҷикро ман дар ин ҷо ба тавсиъаи маъноии он истифода мекунам, яъне эронии мусалмони форсизабон) ки зиндагии беш аз як ҳазору дусад соли охири он пайванде ногусастанӣ чун гӯшту пӯст бо ислом дорад.

Ислом ва вежагиҳои нажодии эронӣ, ки муҳимтарини онҳо забони форсӣ ва Наврӯз мебошанд, падару модари тоҷик ҳастанд. Ва ё ба масал, ду боли мо ҳастанд, ки бидуни якеш ҳастии мо ноқис хоҳад буд, балки ҳастии мо ба нест мерасад, агар якеш хаста шавад, парвозамон кӯтоҳ хоҳад буд ва мо наметавонем ба ояндаи дурахшон бирасем.

Дар матбуоти Тоҷикистон дар солҳои охир мақолаҳое дар иртибот бо ҳувияти миллӣ чоп шуданд, ки мутаассифона, бештарашон як нуқсони ҷиддӣ доранд: бо таассуби ифротгароёна нигошта шудаанд – бахше бо таассуб ба гузаштаи тоисломии мо хати бутлон кашидаанд, бо назари инкор ва ҳақорат ба он нигаристаанд ва падари худро лаънат фиристодаанд ва низ бархеи дигар ҳамин гуна тавҳину иҳонатро дар ҳаққи ислом ва паёмбари вай раво дида ва модари худро носазову нораво гуфтаанд. Чунин андешаҳои муғризона ва навиштаҳои тангназарона на танҳо аз илм дуранд, на танҳо барои муъайн кардани ҳувияти миллии мо мусоъидат намекунанд, на танҳо роҳнамое барои ояндаи мо намешаванд, балки зиёнҳо ва хасоратҳои ҷиддӣ ба дунбол доранд ва ҳатто метавонанд мунҷар ба марги маънавии тоҷикон шаванд. Ин мавзуъи густурда аст ва дар ин боб гуфтанӣ зиёд аст, вале фурсати дигар мехоҳад. Ҳоло боз бармегардем ба Наврӯз, ки ҳарфамон реша дар он дорад.

Гуфтем, ки арабҳо натавонистанд Наврӯзро аз миён бибаранд. Ислом натавонист, моҳияти Наврӯзро тағйир диҳад, чунонки ойини зардуштӣ ҳам, ки гуфтем, бархе андешаҳои зардуштӣ дар маросими таҷлил он муассир буд, моҳияти онро дигар накарда буд. Аммо ислом тағйири ҷиддие дар маросими баргузории ин ҷашн ворид кард. Ислом ки бо шиори адолати иҷтимоъӣ вориди саҳнаи таърих шуда буд, хислати табақотии Наврӯзро, ки шояд танҳо дар замони Сосониён бар он мулҳақ шуда буд, аз миён бурд, бахш шудани Наврӯз ба ду ҷашни Наврӯзи омм ва Наврӯзи хоссро лағв кард. Ин амр, дар баробари ғайризардуштӣ шудани Наврӯз ва оҳиста-оҳиста тарки зиндагии кӯчии домпарварӣ кардани аъробу атрок ва ба зиндагии муқимӣ ва кишоварзӣ пардохтани онҳо боиси густариши Наврӯзи ориёӣ дар миёни бисёре аз ақвоми хилофати исломӣ гардид ва як омили муҳимми ваҳдати фарҳангии ин қавмҳо шуд.

Ҳамин тавр Наврӯз, ки омили наҷоти мо шуд, моро аз миллати мағлуб ба миллати ғолиб низ табдил дод. Зеро Наврӯз танҳо як ҷашн нест, Наврӯз шинохти вежаи ҷаҳон аст ва бо интишори Наврӯз дар миёни ақвоми дигар, онҳо низ таҳти таъсири ҷаҳоншиносии эронӣ қарор гирифтанд.

Наврӯз неруи бузурги созанда дорад, Наврӯз ҷовидонист ва то ин гардуни гардон ҳаст, хоҳад буд ва мо бояд барои рушди миллии худ аз ин неруи ҷовидонӣ, аз ин умеди ҳамеша сарсабз ёрӣ ҷӯем.

Чунон ки умеди зоида аз Наврӯз дар чанд қарни пеш моро наҷот дода ва заминаи растохези миллии моро омода карда буд, ин ҷашни зиндагисоз имрӯз ҳам метавонад ба растохези миллии мо мусоъидат кунад. Мо заминаи асосии ин растохезро, ки истиқлоли сиёсии кишвар аст, дорем. Вале бадбахтона, бо сабабҳои мухталиф, ки бештаринашон иртиботе бо мардум надоранд, ин истиқлол ҷойгоҳе дар қалбҳо надорад, дарк нашудааст ва чун дарк нашудааст, ончунонки бояду шояд қадрдонӣ намешавад. Дар зеҳни бештарини мардуми тоҷик истиқлоли сиёсии кишварашон бо ҷанги дохилӣ, фақр, гуруснагӣ, фасоди ахлоқӣ ва молӣ, муҳоҷират барои ҷустуҷуи як пора нон пайванди қавӣ дорад ва агар бахше аз онҳо бадбахтиҳои рӯзгори худро натиҷаи ин истиқлол медонанд, агарчи ҳақ нестанд, андешаашонро бояд фаҳму дарк кард.

Барои раҳоӣ аз ин вазъ, албатта, муҳимтарин омил рушди иқтисодии кишвар аст, зеро ба шиками гурусна нағмаи танбӯр намефорад. Замина ва асоси растохези маънавӣ рушди иқтисодӣ ва рифоҳи иҷтимоъӣ аст.

Аммо рушди иқтисодӣ наметавонад ба танҳоӣ растохези миллӣ эҷод кунад ва наметавонад дарунмояи ҳувияти миллӣ бошад.

Дар ин амр аз забон, фарҳанг, мазҳаб, маросимҳои миллӣ ёрӣ бояд гирифт. Аз ҷумла аз Наврӯз. Мардуми мо бо вуҷуди он ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, ин ҷашн дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ҷойгоҳи табиъии худ нест, балки дар ҳошияи зиндагӣ қарор дорад. Барои он ки Наврӯз барои растохези миллии мо хидмат кунад, бояд сари соли нави расмии кишвар бошад, оғози марҳалаи нави зиндагии мо бошад. Оғози соли нав аз Наврӯз пайванди қавии миёни Олами Сағир ва Олами Кабирро барқарор месозад, моро ҳамгом, ҳамнафас ва ҳамнабзи Табиъат мекунад. Бурун шудан аз меҳвари замонии масеҳӣ ва бозгашт ба меҳвари солшумории ҳиҷрии шамсӣ пайванди моро ҳам бо густураи фарҳангии эронӣ (бо ҳамхунон ва ҳамзабононамон дар Афғонистон ва Эрон) ва ҳам бо ҷаҳони ислом қавитар мекунад. Ин амр дар ҷаҳони муосир, ки ҷаҳонӣ шудан аз мушахисҳои муҳимтарини он аст ва фарҳангҳои хурду заъиф дар баробари он осебпазир ҳастанд, хеле муҳим аст ва ба мавзуъи ҳаёту мамот табдил шудааст. Фарҳанги тоҷик, ки се рукни асосӣ- тақвими миллӣ, алифбои миллӣ (алифбои форсии арабӣ) ва исми аслии забонро ба таври иҷборӣ аз вай ҷудо кардаанд, ба истилоҳи варзишӣ, мисли гуштигири вазни 48 кг аст, ки дар муқобилаш гуштигири вазни болои 100 кг ба майдон омадааст. Ба кор гирифтани муҷаддади ин рукнҳо, аз ҷумла, Наврӯзи қарорёфта дар ҷойгоҳи худ моро ба асламон мепайвандад ва неруи муқовиматии фарҳанги мо дар баробари тахрибкориҳои фарҳангҳои ғайрро меафзояд, яъне моро ба растохези миллӣ раҳнамунӣ мекунад ва наҷот мебахшад.

Ин ҷову он ҷо хондам, ки ”Магия Навруза”-ро ”Ҷодуии Наврӯз” ва ”Сеҳри Наврӯз” тарҷума кардаанд. Вале ин ду вожа – ”ҷоду” ва ”сеҳр” на танҳо наметавонанд сифат ва муъайанкунандаи Наврӯз бошанд, балки усулан бо он мухолиф ҳастанд. ”Ҷоду”, ”ҷодугар” ва ”ҷодугарӣ” дар андешаи эронӣ аз табори Аҳримананд, вале Наврӯз – боз такрор мекунам – мазҳари ҳама хубиву шодмонист. Кофист, Фирдавсиро ба ёд оварем, ки фармуда: ”Хирад хор шуд, ҷодуӣ арҷманд” ва хирадро, ки волотарин арзиш дар назди эрониён буд, бо ҷодуӣ мухолиф гузошта.

Дар андешаи исломӣ низ ”сеҳр” кори соҳирону ҷодугарон аст, ки ситуда нест. Соҳирон буданд, ки дар баробари муъҷизаи Мусо, алайҳиссалом, коре аз дасташон барнаёмад ва шарманда шуданд.

Наврӯз муъҷизаи яздонӣ аст. Наврӯз яке аз кутуби Осмонист, ки ба воситаи паёмбари Табиъат ҳамасола ба офаридагони Худо фиристода мешавад.

Агар ба ин Китоб арҷ бигзорем ва онро дуруст хонему дарк кунем, Худо хоҳад, баҳраҳои фаровон хоҳем гирифт.

Олмотӣ, 8 майи 2007

1 Дар фаріанги исломќ устура ва мафоіими юнонќ бо іам омехта ва боис ба іарїу марїе шудааст. Чунончи, ”ѕаѕнус” бо он ки аз ”кукнос”- и юнонист, ки мурћи ѕу аст, ба он маънии феникс додаанд. (Ниг. Дуктур Муіаммад Муъин. Фаріанги форсќ, їилди дуюм, зайли “ѕаѕнус”). Аз сўйи дигар ”самандар”, ки маъхуз аз ”саламандара” – и юнонист ва іайвонест шабеі ба карафса (калтакалос), ба сабаби ин ки гуфтаанд, дар оташ намесўзад, іамон ”феникс” пиндошта шуда ва онро ба иштибоі ”мурћи самандар” гуфтаанд. Натиїаи ин иштибоіро дар шеъри машіури Бозор Собир низ мебинем, їойе ки мегўяд: ”Ѕиссаи мурћи самандар пеши ман афсона нест…”

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

rumijelaludd.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?