http://tajikam.com

Чопи китоби ҷадиде дар бораи Наврӯз дар Тоҷикистон PDF Чоп
Муаллиф: Би Би Си   
17.03.2013 21:49

Бознашр аз торнамои Би Би Си

Китоби "Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо" аз ҷумлаи андак кутуби нашршуда дар бораи "Наврӯз" дар Тоҷикистон аст, ки дар он муштаракот ва тавофутҳои таҷлил аз Наврӯз дар се кишвари форсизабони минтақа аз нигоҳи пажӯҳишгарон баррасӣ мешавад.

Дар ин китоб таҳқиқоти пажӯҳишгарони тоҷику эронӣ дар бораии ойинҳои наврӯзии гузаштагон ва шеваи таҷлил аз наврӯзи кунунӣ ҷамъоварӣ шудааст Дар Тоҷикистон нашрияи "Дониш" китоберо бо номи "Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо" мунташир кардааст.

Ин китоб ба ибтикори Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо тирожи 300 адад ба нашр расидааст.

Дар китоби ҷадид мақолоте аз пажӯҳишгарони тоҷику эронӣ дар бораи ойинҳои наврӯзии гузаштагон ва шеваи таҷлил аз Наврӯзи имрӯзӣ дар се кишвари Эрону Афғонистону Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудаанд.

Дар дебочаи китоб омадааст: "Дар маҷмӯъ, Наврӯз ҳамчун падидаи таърихӣ ва фарҳангӣ, таҷлили феълӣ аз он дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон, таҳлил ва арзишҳо дар "Наврӯзнома" ва муҳиммтар аз ҳама, масоили ҷаҳонишавии он аз нигоҳ ва таҳрири ҷадиди илмӣ баррасӣ шудааст."

Ҳамчунин дар сарсухани матлаби "Наврӯз дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон", ки Бегуноҳ Ҳасан, пажӯҳишгари эронӣ, навиштааст, омадааст, ки яке аз аҳдофи нашри ин матлаб таҳлили Наврӯз ва ислом дар қаламрави Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст.

Ҳафиз Бобоёров, пажӯҳишгари ҷавони тоҷик, ки яке аз муаллифони ин китоб аст, ки бо мақолае аз ӯ зери унвони "Наврӯз чун намунаи комили олам дар мифологияи Эрони бостон" оғоз мешавад.

Оқои Бобоёров гуфт, ки аз сунани наврӯзии қадим имрӯз бояд дар заминаи пок нигаҳ доштани муҳити зист истифода шавад

Оқои Бобоёров мегӯяд, ки ин китоб ҳафтаи гузашта ба нашр расида ва чун армуғони наврӯзӣ дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон ба дасти хонандагон ҳоҳад расид.

Вай афзуд: "Таҳқиқи ман бештар дар мавриди он буд, ки худи Наврӯз то чи андоза ҷаҳонбинии мардумро, ки аз он ҷашн мегиранд, таҷассум мекунад. Ва ман чунин натиҷагирӣ кардам, ки имрӯз дар ин кишварҳо барои ҳалли бархе аз мушкилоти мавҷуда дар муҳити зист аз фарҳанги эътиқодӣ ва афсонавие, ки мардум дар Наврӯз дошт, яъне муқаддас доштани замин, оташ, офтоб ва об бояд истифода кард."

Оқои Бобоёров барои мисол мегӯяд ҳоло ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон мушкилоти муҳити зист мавҷуд аст ва дар кишварҳое, ки Наврӯзро муқаддас медоранд, бо истифода аз эътиқодоти наврӯзӣ ҷалб кардани сокинон ба эҳтиром гузоштан ба табиъат осонтар хоҳад буд.

Ин пажӯҳишгари ҷавон мегӯяд, ки китоби "Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо" аз ҷумлаи андак кутуби нашршуда дар бораи "Наврӯз" дар Тоҷикистон аст, ки дар он муштаракот ва тавофутҳои таҷлил аз Наврӯз дар се кишвари форсизабони минтақа аз нигоҳи пажӯҳишгарон баррасӣ мешавад.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ таҷлили расмӣ аз Наврӯз мамнӯъ буд, вале дар ду даҳаи ахир ҷашнгирии Наврӯз дар сатҳи давлатӣ ва бо ширкати мақомоти баландпоя доир мешавад. Аммо дар Афғонистон ва Эрон таҷлил аз Наврӯз бештар дар муҳити хонавода сурат мегирад.

Дар охири китоб олимони тоҷик ба таври намуна достони ҳунарии таҷлил аз Наврӯзро дар "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе, ки дар соли 2012 доир шуда буд, овардаанд. Дар ин намоишнома бархе аз ойинҳои фаромӯшшудаи наврӯзӣ дар миёни мардум ба намоиш доромада буд.

Ҳамчунин китоби "Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо" аксҳое аз маросими таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон ва тасовире аз Тахти Ҷамшед, макони аслии таҷлил аз Наврӯз дар миёни эрониёни бостонро дар бар дорад.

 

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?