http://tajikam.com

Наврӯзи хушойин ва қиссаи мукаррари бадсиголон PDF Чоп
Муаллиф: Меҳрони Муваҳҳид(Афғонистон)   
19.03.2013 21:09

Баргардон аз хати форсӣ: Фирдавси Аъзам

1

Мехоҳам бигӯям, агар қарор бошад ба сухани онҳое, ки исломро муродифи "арабпарастӣ" мешуморанд ва бардошти иртиҷоӣ ва инҳирофе аз ислом доранд, гӯш диҳем, бояд аз хайри хеле чизҳои боарзиши фарҳанги худ бигзарем.Инҳо мехоҳанд бо пинҳон шудан пушти шиорҳои динӣ, ҳувияти аслии худро махфӣ нигаҳ доранд. Имрӯз аз ҳаром будани баргузории ҷашни Наврӯз сухан мезананд, фардо масъалаи дигареро пеш хоҳанд кашид. Агар қарор бошад ба ёвабофиҳои инҳо гӯш диҳем, бояд комилан ҳувияти худро аз даст диҳем ва ба ҳувияти ҷаълӣ бичаспем. Душман дар талош аст, ки хокрезҳои фарҳангии моро яке пас аз дигаре фатҳ кунад ва ба тадриҷ ҳувияти моро аз байн бубарад.Бегумон Навруз намоде аз ҳувият ва фарҳанги мост, пас бояд дудастӣ ба он бичаспем ва бо душманони ҳувияту тоъриху фарҳанги миллиамон ҳамнаво нашавем.

 

Дар солиёни ахир ҳамасола, ҳамин ки рузҳои поёни сол фаро мерасад ва мардуми мо худро барои истиқбол аз Наврӯзи хушойин омода мекунад, бархе аз ба истилоҳ уламои дин бо сарсахтӣ ва талоши муҷидона(пайгир) мардумро аз баргузории ҷашни Наврӯз барҳазар медоранд ва бо истифода аз минбари масоҷид, дар рӯзи ҷумъа барои накӯҳиши ҷашни Наврӯз гулӯ пора мекунанд ва ойини Наврӯзро ойини ҷоҳилӣ қаламдод мекунанд ва баргузории онро мисдоқи (гувоҳ)боризи пайравӣ аз оташпарастон (манзурашон пайравони Зардушт аст) медонанд ва ҳатто тарафдорони баргузории маросими Наврӯзро муттаҳам ба куфр ва ширк ва нифоқ мекунанд.

Фазои маҷозӣ ва расонаҳои дидорӣ ва чопӣ низ дар рӯзномаҳои поёни сол, ба арсае барои кашмакаше миёни мухолифон ва мувофиқони баргузории ҷашни Наврӯз табдил мешавад.Ҷолиб ин ҷост, ки борҳо дида шудааст, ки дар мавориди мушобеҳи дигар чандон аз худ ҷунбу ҷӯш ва талош нишон намедиҳанд ва дар бораи "мункирот" дигар ҳассосияти чандоне надоранд, вале вақте баҳси Наврӯз ва ҳавошии он ба миён меояд, масъаларо тавре ҷилва медиҳанд, ки гуё бо баргузории ҷашни Наврӯз ки ҷашни табиат аст ва яке аз беҳтарин ва зеботарин ҷашнҳои инсонӣ дар рӯи курраи хокӣ-обӣ аст ва ба таъбири Шариатӣ "қарнҳои дарозест, ки бар ҳамаи ҷашнҳои ҷаҳон фахр мефурӯшад" аркони дин ба ларза дар меояд ва савобияту заруриёти дини Ислом дар маърази нобудӣ қарор мегирад.Зиҳӣ инсоф! Оё воқеан чунин бархурде сазовори Наврӯз аст?

Ҷолиб он ки бархе аз ойинҳое, ки дар мухолифат ва душманӣ бо Наврӯз доди сухан медиҳанд ва ба номи Ислом панҷа дар панҷаи намодҳои ҳуввияти мо меафкананд, лақабҳое чун Шайхулраис ва Шайхулқуръон ва пуҳанмол ва пуҳондро низ бо худ ҳамл мекунанд.

Ниҳоде ҳаст дар Авғонистон бо номи "Ҷамъияти ислоҳ ва инкишофи иҷтимоӣ”, ки дар Кобул ва чанд шаҳри бузурги дигар машғули фаолият аст. Ин ниҳод, ки аз пули арабҳои ҳошияи Халиҷи Форс тамвил(маблағгузорӣ) ва тағзия( таъмин) мешавад,ҳамасола дар наздикиҳои Наврӯз фаолиятҳои нашриётӣ ва фарҳангии худро рӯи кӯбидан ва куфр донистани ойини Наврӯз мутамарказ месозад. Брошурҳоеро дар ин бора дар миёни шаҳрвандон тавзеҳ мекунад,фаолиятҳои онлайнии худро барои бадном кардан ва зидди Ислом нишон додани ойини Наврӯз шурӯъ мекунад ва одамҳоеро бо номи олими дин ва шайхулҳадис ва чи ва чи истиҳдом мекунад то бар зидди Наврӯз қаламу сухан бизананд.Гӯӣ масъалаи муҳимтар аз баҳси Наврӯз дар кишвари мо вуҷуд надорад ва гӯиё инҳо муаззафанд андак баҳонаҳои моро барои хушҳол будан низ аз мо бигиранд.

Ҷолиб аст бидонед, ниҳоди мазбур ҳамон ниҳодест, ки дар пайванд ба мавзӯи "Мусталиҳоти миллӣ" кори тамомиятхоҳонро тавҷеҳ кард ва барои дифоъ аз амалкардҳо баёния содир кард ва хитоб ба форсизабонон навишт, ки чи ишколе дорад вакте вожаҳои инглисиро дар забони форсӣ ба кор мегиранд, калимаҳои паштуро ҳам ба кор бибаред, яъне ҳамон ниҳоде, ки собиқаи форсиситезӣ дорад ба шиддат машгули Наврӯзситезӣ ҳам ҳаст.Бисёре аз одамҳое, ки дар ин ниҳод кор мекунанд, пешинаи фаъолият дар ҳизби исломии Гулбуддин Ҳикматёрро доранд ва аз ҳамин рӯ шадидан бо фаъолиятҳои ҳалақоти ҳувиятситез дар кишвари мо ҳамнавоӣ доранд ҳарчанд, шиорҳое, ки медиҳанд шиорҳои исломӣ аст ва мумкин аст иддаеро фиреб диҳад ва аз манвиёти(қасд, ният) аслии онҳо гофил бисозад.

Шӯрбахтона, ҳувиятситезон бо истифода аз эҳсосоти динии бархе аз мардумони мо тавонистаанд дар пешбурди пружаи "Ҳувиятзудоӣ"-и худ то ҳудуде муваффақ бошанд ва намодҳои ҳувияти моро бо истифодаи абзоре аз шиорҳои динӣ зери суол бибаранд ва маҳкум бикунанд.

2

Мухолифат бо Наврӯз пешинаи дароздоман дар таърихи мусалмонон дорад. Иборатҳои зиёде аз китобҳои олимони дини мо омада дар зам(м)( накӯҳиш) ва қадҳи(бадгӯӣ) ҷашни Навруз ва Сада ва назоири онҳо. Яке аз машҳуртарин мухолифони Наврӯз дар ҳавзаи тамаддуни мо Имом Абу Ҳомид Муҳаммад Ғазолии Тӯсӣ мутакаллими садаи 5-уми ҳиҷрӣ аст.Ӯ дар китоби гаронсанги "Кимиёи саодат"-и худ ҷашни Наврӯзро "ҷашни габрон" мешуморад ва мегӯяд: "Наврӯз ва Сада бояд мундарис( куҳна, фарсуда, бекора) шавад ва касе номи онро набарад ва изҳори шиори габрон ҳаром аст".

Бино бар он чи “Таърихи Табарӣ” нақл мекунад, борҳо дар авоили зуҳури Ислом, наврӯздӯстон ба ҷурми таҷлили Наврӯз ё баргузории маросими чун обпошӣ ва оташбозӣ ва ниҳолшинонӣ озор ва азият шудаанд ва ҳатто ба зиндон афканда шудаанд.

Бо ин ҳама ба назар мерасад, ки мухолифат ва душманӣ бо Наврӯз решаи сиёсӣ дошта то динӣ. Зоҳиран ҷунбишҳои шуъубӣ дар Хуросон барои ҳифзи ҳувияти худ ва қудратнамоӣ ва муқовимат дар баробари саркӯбии ҳокимони араб аз Наврӯз ва ҷашнҳояш ба унвони ҳарбае барои ибрози вуҷуд истифода мекарданд. Он шумор аз ҳокимони арабе, ки бо шуъубиҳо адоват доштанд ва ба хуни онҳо ташна буданд, бо ҳар ҳаракати ҳувиятҳоҳонаи хуросониҳо ба мукобила бар мехостанд ва онро ба шадидтарин шакле саркӯб мекарданд.

Аз ҳамин рӯст, ки мебинем, вақте ки хуросониҳо пас аз муддате тавонистанд қад рост кунанд ва дар дастгоҳи хилофати исломӣ ба нуфуз ва иктидоре даст ёбанд, ҳокимон низ мухолифате бо таҷлили Наврӯз накарданд ва ҳатто барои бошукӯҳтар баргузор гардидани он талош варзиданд.Яъне, вақте ангезаҳои сиёсии мухолифат бо Наврӯз аз миён рафт, зимомдорони хилофати исломӣ, унсуре, ки дар тазод бо аҳкоми дин бошад, дар Наврӯз надиданд то маҷбур ба мухолифат бо он шаванд.

3

Мухолифат ва душманӣ бо намодҳои ҳувияти эрониҳо/хуросониҳо мунҳасир ба Наврӯз намешавад. Ҳамонгуна ки мушоҳида мекунем, тарафдорони ҳижмуни(бартар) араб (бархе аз ҳокимон ва факеҳони мусалмон) дар садаҳои нахусти Ислом бо забони форсӣ, ки сутуни фукароти ҳувияти хуросониҳо будааст, низ ба шиддат мухолифат меварзиданд ва дар пайи аз миён бародоштани комили он будаанд. Аҳмад ибни Тайима пешвои салафиҳо, дар китобе, ки ба номи "Иқтизо-ул-сироталмустақим" навиштааст, бепарда ва пӯстканда нажоди арабро бартар аз нажодҳои дигар ва муқаррабтар(наздиктар) аз дигарон ба даргоҳи Худо мешуморад. Ӯ ҳарфҳои зиёде бар зидди форсизабонон ва фарҳангу забонашон мезанад.Аз ҷумла, дар нақли кавле, ниёиш ба забони форсиро наҳй( манъ) мекунад ва забони форсиро забони баду зишт ва нишонаи маҷусият ва оташпарастӣ медонад. Ӯ ҳадисро аз паёмбари ислом накл мекунад ба ин мазмун, ки агар касе битавонад ба забони арабӣ сухан бизанад ва ба забони форсӣ ҳарф бизанад, мунофик аст.

Боз ҳам бо нақли кавле аз Умар бини Хатоб, халифаи дуввуми мусалмонон муддаӣ мешавад, ки сухан задан ба забони форсӣ одамро бемурувват ва номард ва пасту фурӯмоя месозад. Мегуяд, боре Саъд бини Аби Вақос шунид, ки мардуме ба забони форсӣ сухан мезананд.Хитоб ба онҳо гуфт: "Пас аз омадани ислом боз ҳам дилбастаи маҷусият ва оташпарастӣ ҳастед? Низ аз забони Малак бини Анис, яке аз пешвоёни фақеҳи аҳли суннат менависад, ки рӯзе хитоб ба ҳозирон дар масҷиди набавӣ дар Мадина бо лаҳни хашану таҳдидомезе гуфт: Ҳаргоҳ бинам касе ба забони форсӣ ҳарф мезанад, аз масҷид берунаш хоҳам кард."

Мехоҳам бигӯям, агар қарор бошад ба сухани онҳое, ки исломро муродифи "арабпарастӣ" мешуморанд ва бардошти иртиҷоӣ ва инҳирофе аз ислом доранд, гӯш диҳем, бояд аз хайри хеле чизҳои боарзиши фарҳанги худ бигзарем.Инҳо мехоҳанд бо пинҳон шудан пушти шиорҳои динӣ, ҳувияти аслии худро махфӣ нигаҳ доранд. Имрӯз аз ҳаром будани баргузории ҷашни Наврӯз сухан мезананд, фардо масъалаи дигареро пеш хоҳанд кашид. Агар қарор бошад ба ёвабофиҳои инҳо гӯш диҳем, бояд комилан ҳувияти худро аз даст диҳем ва ба ҳувияти ҷаълӣ бичаспем. Душман дар талош аст, ки хокрезҳои фарҳангии моро яке пас аз дигаре фатҳ кунад ва ба тадриҷ ҳувияти моро аз байн бубарад.Бегумон Навруз намоде аз ҳувият ва фарҳанги мост, пас бояд дудастӣ ба он бичаспем ва бо душманони ҳувияту тоъриху фарҳанги миллиамон ҳамнаво нашавем.

4

Хушбахтона, онҳое, ки бо баргузории ҷашни Наврӯз мухолифат ва душманӣ меварзанд, агарчи мекӯшанд барои кори худро бо истинод ба фикҳ ва шаръ тавҷеҳ битарошанд, аммо ҳеҷ мустамсик(дастовез) ва далели мутакоидкунандае барои исботи иддаоҳои худ надоранд.

Оё силлаи раҳм, диду боздид аз хешовандон ва аёдати беморон, ки маъмулан дар чунин муносибатҳое анҷом мегирад, ишколи шаръӣ ва фикҳӣ дорад?

Оё рафтан ба домани саҳро ва лаззат бурдан аз зебоӣ ва таровати табиат эроди шаръӣ дорад ва бо аҳкоми дин дар тазод аст?

Метавон гуфт, Наврӯз яке аз муносибтарин ва фитритарин ҷашнҳоест, ки дар миёни милали ҷаҳон баргузор мешавад, чаро ки бо омадани Наврӯз баҳори табиат ҳам аз роҳ мерасад ва мардумро ба саҳроҳо ва кӯҳҳо ва ҷойҳое, ки дар он ҷоҳо ба табиат бештар эҳсоси наздикӣ кунад, мекашонад.

Наврӯз ҷашни шукуфтан, рустан ва дигаргунӣ ва огози нав аст.

Танҳо мустанаде, ки мухолифони Наврӯз ба он часпидаанд, ривоятест ки Анис бини Молик нақл карда, ки ҳазрати расул (ссвс) вақте ки ба Мадина омад, мутаваҷҷеҳ шуд, ки мардуми ин шаҳр дар замони ҷоҳилият ду рӯзро дар сол ҷашн мегирифтандшон рӯ ба мусалмонон кард ва гуфт: "Худованд барои Шумо идҳои Фитр ва Азҳоро ба ҷои он ду ид таъин карда аст." Аввал ин ки дар ин ривоят ҳеҷ зикре аз Наврӯз ва Меҳргон наомадааст ва аз ду иди ҷоҳилӣ сухан зада шуда аст. Баъдҳо касоне омаданд ва ривояти болоро ба Наврӯз ва Меҳргон пайванд додаанд.

Сухани шореҳони ҳадис, ки мабнои дурусте надорад, барои мо ҳуҷҷат нест.

Афзун бар он ба фарзи ин ки бипазирем, ҳазрати Расул ин суханро дар бораи Наврӯз ва Меҳргон эрод карда, боз ҳам ин ривоят барои ҳаром будани баргузории ҷашни Наврӯз ё Меҳргон наметавонад буд. Шояд ин сухани паёмбари гиромии ислом дар вазъияте баён шуда буд, ки маросими Наврӯз бо ҳурофот ва бидъатҳое олуда буда ва он ҳазрат барои ин ки мусалмононро аз иртикоби ин гуна хурофот барҳазар дошта бошад, ба онҳо чунин дастуре дода аст. Ҳамонанди ин ки расули акрам дар огоз мусалмононро аз нигаҳдории моъеёт дар зарфҳои хос наҳй кард. Он зарфҳои махсус зарфҳое буд, ки дар гузашта мардум дар онҳо ба нигаҳдории шароб мепардохтанд.Расули акрам бо ин наҳйи худ ҳост робитаи онҳоро бо гузашта ба куллӣ қатъ кунад ва одати шаробнӯширо аз сарашон ба куллӣ барафтанад, вале чанде баъд пас аз ин ба вазъияти ҷадид хӯ гирифтанд ва эълом кард, ки истифода аз он зарфҳо ҳоло биломонеъ аст.

Ҳамчунон ривояти бисёре вуҷуд дорад, ки мусалмононро ба шиддат аз муҷассаматарошӣ ё нигаҳдории муҷассама дар хона ва ин қабил масоил манъ карда аст. Дар тоърихи ислом мушоҳида мекунем, ки бархе уламои бузург, мисли Шаҳобиддини Икрофи фақеҳ ва усулии бузургмолике бо нигоҳ доштани муҷассама дар хонаи худ мубодират варзида буданд.

Оё олимони мазбур аз ривоятҳое, ки дар бораи муҷассамасозӣ ё нигаҳдории тандис омада, ба куллӣ бехабар будаанд? Бидуни шак, олимони мазбур ба хубӣ аз ин ривоят огоҳ будаанд, вале онҳо низ инро медонистанд, ки наҳйи ҳазрати расул дар мавриди муҷассамасозӣ ё нигаҳдоштани муҷассама, бо таваҷҷуҳ ба авзо ва аҳволе, ки ин наҳй дар он содир шуда, маъно пайдо мекунад.

Ба иборати дигар ин ки мебинем ҳазрати расул аз як чунин корҳое манъ карда аст, ба хотири ин буда, ки мардум тоза ба ислом гаравида буданд ва то ҳанӯз русуботе аз афкори ширк дар азҳони бархе вуҷуд доштааст ва шояд нигаҳдорӣ ва ё тарошидани муҷассама дар азҳони онҳо русум ва хурофоти ҷоҳилиро эҳё мекардааст. Эшон бо кадган кардани сохтани муҷассама ва ё нигаҳдории он хоста буд бақоёи афкори ҷоҳилиро аз зеҳн ва замири онҳо бизудояд.

Вале ҳангоме ки вазъият ба ҳолати одӣ баргашт, дигар ишколе надошт, ки як мусалмон иқдом ба тарошидани муҷассама бикунад ва ё онро дар хонаи худ нигаҳдорӣ кунад, чаро ки ислом ҳеҷ гоҳ нахоста аст, ки ҷилуи рушд ва шукуфоии ҳунар ва истеъдодҳои ҳунариро бигирад ва бидуни шак, рассомӣ ва наққошӣ ва муҷассаматарошӣ... аз ҷумлаи муҳимтарин гунаҳои ҳунар ба ҳисоб меоянд.

Бояд ба ин нуктаи муҳим таваҷҷуҳ кунем, ки бархе аз аҳкоми дин тахтабанди замон ва макони хосеанд ва таъмимпазир(ба ҳамагон раво) нестанд аз ҳамин рӯ барои мо бисёр аҳамият дорад, ки бидонем ҳукме, ки дар Куръон омада ва сухане, ки ҳазрати расул зада, дар чи авзо ва аҳволе дар Куръон омада ё бар забони паёмбари ислом ҷорӣ шуда аст. Аз ҳамин рӯ уламои мусалмон ба шаъни нузули ояҳои куръонӣ аҳамияти фаровоне коил шудаанд ва китобҳои мустақиле дар ин замина тадвин кардаанд. Ҳазрати Умар бини Хатоб халифаи дувуми мусалмон чанде пас аз вафоти паёмбари ислом Бо насо қуръонӣ (сураи Тавба ояи 60) дар мавриди саҳми "Мувалифатул қулуб" мухолифат варзид, чаро ки гумон мекард шароити феълии ҷомеаи исломӣ бо шароити мусалмонон дар замони нузули оят фарқ мекунад ва ҳеҷ як аз ёрони паёмбар бо ин мавзеъгирияш мухолифате аз худ нишон надоданд. Оё ин ба маънои ин нест, ки таҳаввулоти таърихӣ ва иҷтимоӣ дар аҳкоми шаръ дигаргунӣ эҷод мекунад ҳатто пас аз вафоти ҳазрати расул?

Ҳамчунин олимони дини мо дар гузаштаҳо ва акнун низ ба "Носух ва мансух" аҳамият ва арзиши фаровоне қоил шудаанд ва мешаванд ва матоилиби фаровоне дар ин замина гирд овардаанд.Холо пурсише, ки матраҳ мешавад ин аст, ки оё маъкул аст дар тӯли 23 ҳаёти паёмбари акрам заруратҳо ва маслиҳатҳои ҷомеаи исломӣ дигаргун шавад ва аҳкоме бираванд ва ба ҷои онҳо аҳкоми дигар ҷойгузин шаванд. Аммо ҳамин ки ҳазрати расул аз ҷаҳон рахт барбаст ва пас аз садҳо сол низ ҳамчунон ниёзҳо ва маслиҳатҳои ҷомеаҳои мо дигаргунӣ напазиранд ва побарҷо бимонанд?

Баҳси "Носух ва мансух" ба хубӣ ин нуктаро собит мекунад, ки аҳкоми дин ва ислом ба воқеиятҳо ва заруратҳо ва таҳаввулоти ҷомеаи он рӯзи Арабистон падид омада аст. Оё воқеиятҳо ва заруратҳо дар замони мо ҳамонҳое ҳастанд, ки дар ҳангоми нузули Куръон будаанд? Ин ҳама таҳаввулоти шигарф ва амиқ дар зиндагии одамизодагон, ҳеҷ дигаргуние дар аҳкоми динӣ падид намеоваранд ва дин аз ин ҳама таҳаввулот барканор мемонад?

Аз суи дигар, бар мабнои ончи фақеҳони мусалмон ҳамонанди Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ гуфтаанд, аксарияти мутлаки аҳкоми ислом (имзои)-янд, яъне ин ки ин аҳком аз зуҳури ислом дар миёни мардумони Араби ҷазиратулараб вуҷуд доштаанд ва мардуми араб ба онҳо амал кардаанд,вале ҳангоме ки ислом омад, бархе аз он аҳком бидуни дигаргунӣ ва бархе аз онҳоро пас аз ислоҳ ва дигаргунӣ пазируфт ва ба унвони "Аҳкоми шаръ" ба мардум арза кард. Аз ҷумлаи ин аҳком метавон ба ҳаҷ ва ҳудуд ва қасос ва одоби хонаводагӣ ишорат кард.Дуруст аст, ки ислом бисёре аз анъанот ва одобу русуму ойинҳои арабро ислоҳ кард аммо то ҷое, ки мешуд бо онҳо аз реша душманӣ наварзид.

Оё ин равиши бархуди ислом ва сунан ва одоби мардуми араб дар Арабистони он замон, ҳамон гуна ки аз як сӯ таъсирпазирии исломро фарҳангу одоб ва сунани араб нишон медиҳад, аз ҷиҳати дигар ба мо инро ёд медиҳад, ки мо набояд ба баҳонаҳо ва тавҷеҳҳои суст бо суннатҳои писандида ва одоби мутаорифи ҷомеаҳои гуногун, аз ҷумла Наврӯз мухолифат биварзем ва як сара онҳоро мероси ҷоҳилӣ бипиндорем. Чи касе мегӯяд, ки исломе, ки бо ойинҳо ва аърофи араб мухолифат наварзид ва онҳоро риоят накард ва дар зимни аҳкоми дин ҷой дод, бо ойини хушойине ҳамчун Наврӯз душманӣ мекунад ва онро намепазирад?

Соҳибназарон мегӯянд, агар фақеҳони мусалмон дар садаҳои нахусти таърихи ислом гирифтори ҷумуд ва фарсудагӣ ва сукун намешуданд ва ҷасорат ба харҷ медоданд ва бо илҳом аз шеваи бархурди паёмбари ислом бо одоб ва сунан ва аърофи мардуми Арабистони он замон, таҷоруб ва одоб ва сунан ва ойинҳои миллатҳои дигареро, ки баъдҳо мусалмон шуданд, дар фиқҳи исломӣ мегунчониданд, ҳоло вазъиятамон хеле беҳтар аз ине ки ҳаст, мебуд ва фиқҳи пӯётаре медоштем, ки метавонист ҳамнаво бо таҳаввулот гом бардорад ва муқтазиёти замонро посухгӯ бошад ва эҳтимолан ниёзе намедоштем, ки дар арсаи қонунгузорӣ даст ба домани бегонагон шавем ва аз онҳо кӯмак бихоҳем.Афсӯс ки чунин нашуд.

5

Ин мавзӯъ бисёр дар сари забонҳо афтода, ки Наврӯз ёдгори ойини зардуштиён аст. Душманони Наврӯз бо истифода ба ҳамин иддао баргузории ҷашни Наврзро ширк ва куфр талаққӣ мекунанд ва ҳатто дар ақида ва имони таҷлилкунандагони Наврӯз ташкик мекунанд.Ҷолиб ин ки дар кишвари мо ки "кишвари муаммоҳо ва чарову чи гунаҳо ва ҳаводиси мубҳам ва ногушуда" аст, ҳеч касе наметавонад бо қотеъият дар бораи бисёре аз ҳаводисе, ки 100 сол ё 200 сол пеш иттифоқ афтода, изҳори назар кунад, аммо вақте навбати Наврӯз, ки марбути ҳазорон сол пеш аст мешавад, ҳамагӣ бо қатъият сухан мезананд ва онро ба ойини зардуштӣ пайванд мезананд ва ойини инҳирофӣ мепиндоранд.

Вале тибқи он чи муҳаққиқон гуфтаанд, ин ҷашн реша дар аъмоқи таърих дорад ва садҳо сол пеш аз зуҳури Зардушт ҳам дар ҳавзаи тамаддуни мо мавриди таҷлил қарор гирифтааст. Мегӯянд дар Авесто ҳеҷ ёде аз Наврӯз нашудааст.Бар илова, агар фарз кунем, ки Наврӯз марбут ба ойини Зардушт аст, пас чаро бархе масеҳиён дар Миср ё Судон ё Испониё аз он таҷлил ба амал меоварданд.

Бархе уламои таърихи исломӣ бо бадбинии хосе ба мавзӯи баргузории ҷашни Наврӯз пардохтаанд, вале мусаллам аст, ки ҳеч касе барои мо мелок ва меъёре нест ҷуз он гоҳ, ки бар асоси мустанадоти равшан бино ёфта бошад.

Ин идда аз уламо ҷашни Наврӯзро ҷашни дини зардуштиён пиндоштаанд, вале ҳоло ки муҳаққиқон бар хилофи гуфтаи онҳо сухан мегӯянд, дигар маҳале аз аъроб ба ин қабил суханон боқӣ намемонад, чаро ки уламои мазбур соҳибназар дар масоили динӣ будаанд, на муҳаққиқ дар таърих.

Ҳамчунин бархе аз мухолифони Наврӯз бо истинод ба ҳадисе, ки мегӯяд: "Касе ки худро шабеҳи мардуми дигар бисозад, аз онҳо ба шумор меояд" таҷлили Наврӯзро ҳаром медонанд, чаро ки ин кори мисдоқи (гувоҳ) "мушобеҳ сохтани худ ба зардуштиён" аст. Ин дар ҳолест ки ҳамон гуна ки қаблан гуфтем, Наврӯз ҷашни динӣ нест ва пайванде ба зардуштгарӣ надорад. Аз сӯи дигар "ташабба" ҳамон гуна ки соҳибназарон гуфтаанд, ду шарт дорад: яке ин ки он суннат ва равияе, ки шахс мехоҳад, дигарон дар он такқлид кунанд, мунҳасир ба он мардум бошад ва дигар мардумон, чунин равия ва суннате надошта бошанд ва ду дигар ин ки шахсе, ки он корро анҷом медиҳад, ҳадафаш тақлиду пайравӣ бошад.Ҳол он ки маъмулан наврӯздӯстон ба пирузи аз зардуштиён ин корро анҷом намедиҳанд.Илова бар он ки ҷашни Наврӯз, вижаи зардуштиён нест--чунон ки пештар гуфтем.

Рӯ дар рӯ қарор додани ҳувияти як миллат бо арзишҳои мазҳабии он, натоиҷ ва паёмадҳои хубе ба армугон нахоҳад овард ва табаъоти решаандозе дорад.Вале мутаасифона дар кишвари мо касоне мекӯшанд ҳувияти фарҳангӣ ва мадании моро дар тазод бо арзишҳои динӣ ва мазҳабӣ қарор диҳанд.

Ба назар мерасад, ки ҷараёне дар кишвари мо дар садади он аст, ки ба баҳонаи арзишҳои динӣ ба масхи(хароб кардан, паст задан) ҳувияти фарҳангии мо бипардозад. Ин дар ҳоле аст, ки ҳеч таъоризе миёни ин ду вуҷуд надорад.Ислом тавониста бо ҳувиятҳои гуногун дар сатҳи ҷаҳон ҳамнишин ва созгор бошад ва одобу суннати онҳоро риоят кунад.Магар ин ки исломро дини арабӣ бишморем ва ҷовидонагӣ ва ҷаҳонӣ будани онро инкор кунем.

Мо дар мабҳаси(баҳс, мавзуъ) Наврӯз бо маъзали(душворӣ) дигаре низ мувоҷеҳем ин ки мухолифони Навруз барои исботи иддаои худ мабни бар ҳаром будани таҷлил аз Навруз ба суханони фақеҳон истинод мекунанд ва иборатҳоеро, ки дар китобҳои, масалан мутааххирини эҳноф омада, мисли нуқлу набот нақл мекунанд, гӯӣ ки ин фақеҳон ба конуни ваҳй дар иртибот будаанд ва суханашон халалнопазир аст. Ман намедонам ин чи мантиқест. Чи касе гуфта, ки сухани фақеҳон, он ҳам фақеҳони дараҷаи чаҳору панҷ, барои мо ҳуҷҷати шаръӣ аст? Ҳамон гуна ки ҳама медонанд, ба ҷуз он чи барои паёмбар аз тарики ваҳй омада (Куръон ва суннат) ҳеҷ сухани дигаре аз назари шаръӣ илзомовар нест.Ҳатман ҳамаи суханони паёмбари ислом ҳам ҳуҷҷати шаръӣ нестанд.Факат он бахш аз суханони эшон ҳуҷҷати шаръӣ ҳастанд, ки собит шавад мустанад ба конуни ваҳй ҳастанд.

Воқеан, сухангӯёни дин дар кишвари мо (агарчи усулан дин,сухангӯе надорад, аммо тарзи рафтори бархе аз мутадинон нишон медиҳад, ки худро сухангӯи дин мешуморанд) вазъияти таассуфовареро падид овардаанд.Фарз кунем факеҳе дар ҳазор сол ё ҳаштсад сол ё панҷ сад сол пеш хун ба магзаш нарасид ва ҳарфи бепояву номустанаде зад, мо ҳам бояд аз ӯ пайравӣ кунем ва ҳамон сухани бемаъно ва бемантиқро талқин ва такрор кунем? Оё фақат гузаштагони мо соҳиби ақл ва хирад будаанд ва мо аз хирад баҳрае набурдаем?

Турфа он ки инҳо на ба худ ҷуръат ва ҷасорат дар баробари "Салафи солеҳ" -ро медиҳанд ва на дигарон мегузоранд, ки ақл ва мантиқи худро ба кор биандозанд ва суханони пешиниёнро нақду баррасӣ кунанд ва аз он болотар, "ҷасораткунандагон"- ро муттаҳам ба "беадабӣ ва бединӣ ва беэътиқодӣ" мекунанд.Зоҳиран инҳо ба ин гумонанд, ки биҳишту дӯзах мулки талкашон аст, ки ба ҳар касе дилашон хост бибахшанд ва аз ҳар касе, ки дилашон хост, дарег кунанд.Зоҳиран инҳо то ҳанӯз аз вартаи қуруни вусто раҳоӣ наёфтаанд.

Оё садои ин ҳама таҳаввулоти шигарф дар арсаҳои фарҳанг ва иқтисод ва сиёсат ва... то ханӯз ба гӯши инҳо нарасидааст? Оё хирадварзона аст, ки мо пас аз ин ҳама таҳаввулоти азиме, ки дар гетӣ рух дода, боз ҳам зеҳн ва замири худро таътил кунем ва ҳамаи ин таҳаввулот ва дигаргуниҳоро нодида бинигорем ва бичаспем ба пайравии кӯркӯрона аз гузаштагон ва қудамо? Вокеан, аз назари инҳо фиқҳ ҳамин аст, ки иборатҳо ва мутуни фикҳиро аз бар кунем ва тӯтивор таҳвили мухотаб бидиҳем?Агар фикҳ ин аст, пас вой бар мо!

Ман мункари ин нестам, ки мурдареги фиқҳи мусалмонон, яке аз азимтарин мурдарегҳои фиқҳӣ дар арсаи дунёст, аммо ба маънои он нахоҳад буд ин мероси сутургро нақд ва баррасӣ накунем ва онро дуруст бипазирем ва муқаддасаш бишуморем.

Факеҳони мусалмон ҳам ҳамонанди ҳамаи инсонҳо маҳдуд ба замон ва макони худ буданд ва низ маъсум ва орӣ аз иштибоҳ набуданд.Ба ҷуз аз паёмбарон дигарон ҳамагӣ иштибоҳ мекунанд ва гоҳе низ иштибоҳҳои бузурге муртакиб мешаванд ва ҳарфҳои чирту пирте мегӯянд. Мехоҳед аз суханони бепоя ва чирту пирте, ки олимони дини мо дар гузашта задаанд, барои шумо чизҳое нақл кунам?Агар ин корро бикунам мусаламан ба қавли Мавлоно "Маснавӣ ҳафтодто когаз шавад". Пас ҳамон беҳтар ки он бахшро маскут бигзорем, чаро ки на ман ҳавсалаи накл карданро дорам ва на шумо шикебоии хондании "ҳафтодто коғаз"-ро.

Аз “Тоҷикам”: Ҷойи хушист, ки дар остонаи Наврӯзи хуҷастапай чанд тан аз бародарони дилсӯзу меҳрубони мо изҳор карданд, ки барои ёрӣ ба торнамо ба ҷамъи дӯстони “Тоҷикам мепайванданд. Шоири нозукбаён Фирдавси Аъзам дар садри ин дӯстон ҳастанд ва баргардони ин матлаб нахустин ёрии эшон ба мову Шумоcт.

Умед дорем, ки Шумо гиромиён низ бо матлабҳои ҷолиб ва баргардонҳо аз хати форсӣ ба сириллик ё баръакс барои пурмазмуну бас хонданӣ шудани торнамои “Тоҷикам” ёрӣ мерасонед.

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?