http://tajikam.com

Наврӯзро пос дорем PDF Чоп
Муаллиф: Наҷми Ковиёнӣ   
20.03.2013 00:13

Бознашр аз торнамои “Тоҷикам”(www. Tajikam.com)

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Дар вопасин таҳлил Наврӯз ҷашни сиёсӣ будааст ва ба унвони ҷашни сиёсӣ боқӣ мемонад. Наврӯз нишонае аз муқовимат ва пойдории шуҷоъонаи миллати мо ва фарҳанги пурбори мо дар баробари тороҷгарон ва ғоратгарони рӯзгорони гузашта ва ҳол аст. Мардумони мо Наврӯзро аз миёни тӯфон ва оташ убур дода ва ба унвони парчами ҳувияти миллии худ устувор нигоҳ доштаанд . Навӯз ҷашни умеду ҷашни мондагор аст. Наврӯзи навофарин пайки пирӯзии нав бар куҳна ва паёмовари оғози як зиндагии навин аст.

 

 

Наврӯз, куҳантарин ва густурдатарин ойини муштарак дар миёни миллатҳо ва ақвоми ҳама сарзаминҳои ҳавзаи тамаддунии мост, ки бар меҳвари шодмонӣ ва ҳамдилӣ, меҳру ҳамбастагӣ бино шуда ва ба равони инсон тозагӣ ва таҳарруки нав мебахшад. Барпо кардани ҷашнҳои шодмона ва меҳрона дар гузари таърих яке аз вижагиҳо ва ниёзҳои зиндагии ҷамеъи инсонҳо аз ҳар тираву таборе буда ва ҳаст. Дар ҳамин росто бошандагони сарзаминҳои Ориёнои куҳан,Хуросон бар пояи пажӯҳишҳои шуморе аз донишмандон, аз замонҳои қадим ҷашнҳоро ба унвони абзор ..., шодмонӣ ва нишоти равон ва пӯёии андеша, муҳимтарин бахши зиндагии худ медонистанд. Наврӯз, рӯзи таваллуди дубораи табиат назди ин ақвом яке аз шодмонатарин, зеботарин ва азизтарин ҷашнҳо буда ва ҳаст, ки ҳарчанд борҳо ба нохоста камранг шуда, вале ҳеч гоҳ фаромӯш нашуд.

Наврӯз аз ҳазорон сол пеш ба ин сӯ ба унвони бузургтарин ва мардумитарин ҷашни миллӣ ба василаи миллатҳои гуногуни Осиё ба унвони оғози баҳор бо суруру суруд дар нахустин рӯзи соли хуршедӣ баргузор шуда, мешавад ва хоҳад шуд. Ин ҷашни шодонаофариниши табиат бо оғози баҳор, оғози фасли кошт ҳамзамон аст ва дарозии шабу рӯз бо ҳам баробар мешавад.

Наврӯз ҷашни зоишу рӯиш, парваришу офариниши табиат аст, ки пешина ва реша дар таърихи бостон дорад, дар фароянди ниёзҳои дарҳамтанидаи моддӣ ва маънавии мардумони мо дар пайванди иқлиму сохторҳои иқтисодии сарзаминҳои густурдаи Ориёнои куҳан зода шудааст ва ба унвони пурмоятарин ҷашне, ки дар худвижагиҳо ва суннатҳои писандидаеро нуҳуфта дорад, ба мадади пӯёии фарҳангӣ ва ҳиммати наврӯзбоварон то имрӯз побарҷо мондааст.

Наврӯз ба сухани Абӯрайҳони Берунӣ, нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ, з-ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии Соли нав аст.

Шуморе аз пажӯҳишгарон ва суханпардозон, решаи таърихии ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат додаанд ва онро Наврӯзи ҷамшедӣ номидаанд.”Шоҳнома” - и Фирдавсӣ низ ҷашни Наврӯзро бар ба тахт нишастани Ҷамшед нисбат медиҳад, бино бар афсонаҳои куҳан Ҷамшедшоҳ дар ҳафт ҳазор сол пеш дастур ба баргузории Наврӯз медиҳад. Дар саросарии импротурии ӯ ҳарсола ҳурмузи фарвардин (нахустин рӯзи фарвардин) ро ҷашн мегирифтанд ва ба шодӣ мепардохтанд. Дар “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ мехонем:

Ба Ҷамшед бар гуҳар афшонданд,

Мар- он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Сари соли нав ҳурмузи фарвадин

Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор

Бимонод аз он хусравон ёдгор.

Аммо шуморе аз пажӯҳишгарон ва таърихнигорон бар ин назаранд, ки ҷашни Наврӯз пеш аз Ҷамшед ва қарнҳо қабл аз Зардушт низ баргузор мешудааст.

Дар бораи хостгоҳ, пешина ва решаҳои таърихии Наврӯз устура, афсона ва суханҳои бисёр гуфтаанд ва шуморе аз пажӯҳишгарон онро аз мардуми куҳани ориёӣ донистаанд, ки ҳазорон сол пеш, бошандагони сарзаминҳои Ориёи куҳан, рӯзи аввали соли хуршедиро бо баргузории маросими вижа ва тавъам бо суруру шодмонӣ ҷашн мегирифтанд.

Аммо пайдоиши Наврӯз ба ҳар илале ва маншаъе ки бошад, сумбул ва нишонае аз таърих ва фарҳанги муштараки ҳавзаи густурдаи тамаддуне дар Осиё аст ва аз марзҳои сиёсии кунунии ҳукуматҳо фарсахҳо фаротар меравад. Шумори зиёде аз донишмандон бар ин назаранд, ки Наврӯз дорои хостгоҳи сарзамине фаромиллӣ ва фароқавмӣ аст, ойине аст бархоста аз маҷмуаи шароити табиӣ - иқлимӣ ва бунмояҳои эътиқодии мардумон дар паҳнаи ҷуғрофиёии фарҳангии Ориёнои қадим , бидуни вобастагӣ ба ҳеч қавм, мазҳаб ва гурӯҳи хос. Ойини наврӯзӣ ваҷҳи муштараки ҳама гурӯҳҳои қавмӣ ва эътиқодиро дар ҳавзаи густурда бозтоб медиҳад. Ҳама ақвоме, ки ба ин сарзамин омаданд ва ҳама ҷараёнҳои эътиқодӣ, ки дар ин ҷо ривоҷ пайдо карданд, дар фарҷом ойини наврӯзиро пазируфтаанд, аз он моя гирифтаанд ва бар он асар гузоштаанд. Аз ин рӯ ойини наврӯзӣ, ойини фароқавмӣ ва фарокишварӣ буда ва ба ҳеч ваҷҳ дар доираи танги забону қавм намегунҷад. Аз ҳамин ҷост, ки коркарди ойини наврӯзӣ ба унвони мероси муштараки таърихӣ ва ҳувияти муштараки фарҳангӣ ва маънавӣ дар амри ҳамбастагии минтақаӣ тавонманд аст.

Расму ойини наврӯзӣ устувориву пойдории чандинҳазорсола дошта ва табалуре(булӯр) аст аз пайвастагии фарҳангӣ ва ҷилвае аст аз мероси муштараки мардумони мо дар густураи ҳавзаи тамаддунии мо, ки фарҳангҳои бешумореро дар даруни худ ҷазб кардааст ва таълифҳои таҳсинбарангез дар заминаҳои динӣ, сиёсӣҷтимоӣ ва фарҳангӣ ироа додааст.

Аз он ҷо ки дар сарзаминҳои густурдаи ҳавзаи наврӯзӣ ба сабаби шароити табиӣ ва иқлимӣ, фаслҳои сол ҷилваҳо ва мушахассаҳои равшан ва мутамоизе доранд, тағйири фасл ва ба вижа бедории табиат ва оғози баҳор, ҳама ҷо бо одобу русуме ҳамроҳ аст. Ин ҳамроӣ ва ҳамоҳангии табиат бо суннатҳо ва ойинҳои иҷтимоӣ аз рамзҳо ва розҳои пойдориву устувории Наврӯз дар гузари пурпечу хами таърих аст.

Ойини наврӯзӣ аз русто то шаҳр, аз қаламрави сиёсӣ то ҳавзаи густурдаи фарҳангӣ дорои коркарди неруманди ваҳдатофаринӣ аст. Боварҳо ва рафторҳои наврӯзӣ дар аҷзоъ ва дар куллияти худ, дар гӯшаву канори сарзаминҳои паҳновари ҳавзаи Наврӯз саршор аз аносири меҳрофаринона, оштиҷӯёна ва умедгароёна мебошад. Наврӯз дар куллияти худ дирафши умед, ҳамбастагӣ ва зудудани кудурратҳост, ки дар сароғози ҳар соли хуршедӣ, бар баландои равобити дерини сол дар сарзаминҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз барафрошта мешавад ва бар ҳамсӯиву ҳампойии боварҳои Наврӯз бо фарҳангҳои ақвоми гунагуни минтақа бори дигар муҳри таъйид мезанад.

Шуморе аз соҳибназарон бар инанд, ки ойини зебо ва куҳани Наврӯз дарбаргирандаи аҷзоъи созанда ҳамроҳ бо таркибҳои печидае аз мафоҳим ва маъонианд, ки дар як пайвастагӣ бо ҳам танида ва бофта шудаанд, ки ҳар як аз онҳо нақшу арзиш, куниши иҷтимоиву фардӣ, пайвастагии гузаштаву ояндаро бозтоб медиҳад.

Аслу буни ойини наврӯзӣ бар меҳвари зинда кардану зинда нигоҳ доштани некиҳо, ниёишу ситоиши зебоӣ ва орзуи дур доштани зиштиҳо ва палидиҳо бино шудааст. Дарунмояи некӣ, ки зебоиро низ дар худ нуҳуфта дорад, дар вуҷуди ойини наврӯзӣ заминаи буруз ва парвариши ҳунар ва пайванди инсон ва табиатро фароҳам месозад. Аз ҳамин ҷост, ки ойини наврӯзӣ, ҷашни офариниши инсон ва бозофаринии табиат ва ҷашни сутурги шугуфтагӣ ва навзоӣ буда ва ҳанӯз ҳам ҳаст.

Дар Наврӯз ҳар кас мехоҳад то он ҷо ки дар тавон дорад,некиҳоро дар беҳтарин ва зеботарин қолабҳои ҳунарӣ ва бо беҳтарин орзуҳо бинамоёнад ва аз ин рӯ мусиқӣ ва овоз, шеъру суруд, достону танз, нигоргариву ҳунарҳое дастӣ ҳама аз ойини наврӯзӣ мутаассиранд ва Наврӯз низ аз онҳо таъсир пазируфта аст. Ба гувоҳии таърих ҳунар дар ҳама давраҳо то замони мо бо Наврӯз ёру ҳамсафар будааст.

Аз дергоҳе мардум дар охирин чаҳоршанбешаби сол оташ меафрӯзанд ва аз рӯи он мепаранд . Бошандагони марзу буми мо аз замонҳои куҳан оташро, ки падидоварандаи нуру гармӣ ва зудояндаи торикиву сардӣ аст, гиромӣ медоштанд ва харобаҳои оташкадаи Навбаҳори Балх гувоҳи ин муддаост. Яке аз зеботарин расмҳои куҳани зардуштиҳо ҳамоно афрӯхтани оташ пеш аз дамидани офтоб дар рӯзи урмуздмоҳи фарвардин аст. Дар он рӯзгорон барқу нурҳои маснӯъӣ набуд, барафрӯхтани оташ тақобули(рӯёрӯӣ, мухолифат)миёни торикии шаб ва нури офтоби ҷаҳонтобро бозтоб медод. Шеваи оташафрӯзӣ, ки имрӯз ба номи “Чаҳоршанбесурӣ” ёд мешавад, намоде аз ҳамин пиндори таърихӣ аст.

Ойини наврӯзӣ нақше пӯё ва неруманд дар инсиҷом(якпорчагӣ, устуворӣ) ва вифоқи(созгорӣ) хонавода дорад. Ҳама дар Наврӯз саъй мекунанд, дар ҳар ҷое, ки бошанд, ба хонаву кошонаи худ баргарданд то дар соати таҳвили сол дар ҷамъи хонаводаву дар канори суфраи наврӯзӣ бошанд. Риояти фарҳангу одоби наврӯзӣ, фиристодани номаву корти шодбош бо ашъору мутуни зебо, аёдат аз беморон, диду боздид аз дӯстон ва наздикон ҳамроҳ бо орзуи саломатӣ ва соли пурбор барои так таки онҳо, барпо доштани маҳофили шодӣ ва овозхонӣ, ҳама ва ҳама дар таҳкими сафову дӯстӣ, меҳру муҳаббат миёни инсонҳо нақши бориз дорад.

Дар шабу рӯзи тадоруки муқаддамоти баргузории Наврӯз, бозорҳои наврӯзӣ гарму пуртапиш аст ва кори пешаварону бозориён пурравнақ. Баргузории маросими наврӯзӣ гардиши чархи иқтисод ва пӯёии онро низ дар пай дорад. Бисёре аз он чи ки ба муносибат ва ё барои Наврӯз сохта мешавад, корҳои дастӣ бо бори ҳунарӣ аст, ки дареғо ин вижагии Наврӯз дар солҳои вопасин зери сояи тавлидоти воридотӣ ва калон камранг шудааст.

Дар рӯзҳои баҳорӣ мардум хонаҳоро тарк мекунанд ва ба домони табиат паноҳ мебаранд ва дар канори сабза, ки намоде аз зиндагии нав аст, рӯзро сипарӣ мекунанд. Мехоҳанд, ки Наврӯзро дар оғӯши табиат ҷашн бигиранд ва сароғози солро бо таҷдиди хотирҳое аз пайванди деринаи инсон ва табиат гиреҳ бизананд.

Пайванди инсон бо табиат, рамзи пойдориву мондагории Наврӯз аст, ки аз он ба номи “фалсафаи вуҷудии Наврӯз” ёд мекунанд. Инсон бо поён ёфтани шабҳои сард ва дилгири зимистон ва омадани баҳор зангорҳои куҳнаро аз қалбу андеша бармеканад ва бо ҳаракати намодини “хонатаконӣ” бо табиат ҳамгом мешавад ва ин пайванд дар шеъру адабиёти сарзамини мо бозтоби густурда дорад.

Мавлавӣ , худовандгори Балх чи зебо сурудааст:

Об занед роҳро, ҳин ки нигор мерасад,

Мужда диҳед боғро, бӯи баҳор мерасад.

Роҳ диҳед ёрро, он маҳи даҳ чаҳорро

К- аз рухи нурбахши ӯ нур нисор мерасад.

Чок шудаст осмон, ғулғулаест дар ҷаҳон

Анбару мушк медамад, санҷақи ( парчам) ёр мерасад.

Равнақи боғ мерасад, чашму чароғ мерасад,

Ғам ба канора меравад, маҳ ба канор мерасад.

Тир равона меравад, сӯи нишона меравад.

Мо чи нишастаем пас шаҳ зи шикор мерасад.

Боғ салом мекунад, сарв қиём мекунад,

Сабза пиёда меравад, ғунча савор мерасад.

Хилватиёни осмон то чи шароб мехуранд,

Рӯҳ харобу маст шуд, ақл хумор мерасад.

З-он ки зи гуфтугӯи мо гарду ғубор мерасад.

Наврӯз дар ҳавзаи густардае аз ҷумла, Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, манотиқи курднишини Туркия , Ироқ ва Сурия, бахшҳое аз Покистону Ҳинд ба унвони ҷашни оғози баҳор баргузор мешавад. Ҳамчунин муҳоҷирон ва паноҳандагони ин сарзаминҳо, ки аз бади ҳодиса кишварашонро тарк гуфтаанд ва дар чаҳор гӯшаи ҷаҳон паноҳ бурдаанд, Наврӯзро гаҳ -гоҳ бо барномаҳо ва базмҳои муштарак гиромӣ медоранд ва онро фурсате медонанд барои ҳамсӯйӣ ва бозёфтани якдигар. Ойини наврӯзӣ дар паҳнаи васеи сарзаминҳои ёдшуда собиқаи дерина дошта, бо устураву афсона гиреҳ хӯрдааст ва реша дар жарфои рӯҳу зиндагии мардумони ин хита дорад. Албатта, ойини наврӯзӣ дар ҳар марзу бум бо вижагиҳо ва боварҳои бумӣ омехта шудааст, ки қатъан рангу бӯйи вижае ба он додааст ва мусалламан ин амр ба ғанову зебоии Наврӯз афзудааст.

Наврӯзбоварон, дар ҳама сарзаминҳои ёдшуда ҷашни Наврӯзро дар ҳама печу хамҳои таърих ҳаргиз фаромӯш накарданд , онро дар миёни тӯфоне аз ҳаводис посдорӣ карданд ва шодобтар ба наслҳои баъдӣ супурданд. Наврӯз аз маъдуд ҷашнҳои бостонии пеш аз даврони ислом аст, ки то имрӯз бо пӯшиши густурдаи минтақаӣ зиндаву пурмоя ба ҷо мондааст ва яке аз вижагиҳои он тақвияти ҳамбастагиву ягонагӣ аст.

Агар гусастнопазирии чандҳазорсола, Наврӯзро дар паҳнаи васеъ ба нуқтаи иштироки гурӯҳҳои қавмӣ ва яке аз омилҳои ҳамбастагии минтақаӣ табдил кардааст, дар маҳдудаи сиёсии кишвари мо(Афғонистон) ба як омили муҳимми муттаҳидкунанда дар ҷиҳати ҳамдилӣ, ҳамсӯйӣ ва ҳамгароии фарҳангӣ мубаддал шудааст.

Аммо дареғо, ки ойин ва ҷашни наврӯзӣ аз газанди рӯзгор дар амон набудааст, дар гузари пурфарозу нишеби таърих, чандин бор бар заминаи фарҳангситезӣ ва торикандешии тирадилон ва шӯрчашмон аз берун ва дарун мавриди тороҷу ҳуҷум қарор гирифта, то марзи фаромӯшӣ рафта, аммо ба ҳиммати наврӯзбоварон ҳеч гоҳ аз ёд нарафта ва ҷойгоҳи баланди худро дар равону қалби бошандагони сарзаминҳои ҳавзаи наврӯзӣ аз даст надодааст.

Кинатӯзӣ нисбат ба Наврӯз ба нахустин ҳамлаи арабҳо ба сарзамини мо бармегардад. Арабҳо дар пайи лашкаркашӣ ба сарзаминҳои Эрон, Хуросон ва Фароруд бо худ дини ислом, фарҳангу забони арабиро оварданд, дар баробари фарҳанг, забон ва сунани сарзаминҳои бумӣ таассуб ва ситез нишон доданд, дар пайи аз байн бурдани онҳо ва ҷойгузин сохтани фарҳанг ва забони арабӣ баромаданд. Дар ин росто ойини наврӯзӣ ба унвони куҳантарин суннат ва ҳамагонитарин ҷашн дар густураи сарзаминҳои Ориёно низ дигаргун шуд.

Хулафои араб дар ибтидо талош карданд, ки Наврӯзро дар сарзаминҳои ишғолӣ, аз ҷумла дар Хуросонзамин ба бутаи фаромӯшӣ биспоранд ва аз ин рӯ онро ҳаром пиндоштанд ва баргузории ҷашни Наврӯзро манъ карданд. Аммо ба зудӣ пай бурданд, ки чунин коре аз як сӯ,бинобар пойдории наврӯзбоварон ва аз сӯи дигар бинобар бар далоили иқтисодӣ мумкин нест, бинобар ин баргузории маросими наврӯзиро таҷдид карданд ва дар изои (баробар) молиёти сангин ва дарёфти ҳадяҳо ва тӯҳфаҳои наврӯзӣ ба сурати навъе хироҷи музоиф (ду баробар) барои хуросониён иҷоза доданд , ки ойин ва маросими наврӯзиро нигаҳ дошта ва онро баргузор кунанд. Баргузории Наврӯз сабаб мешуд, ки амирон ва бузургони маҳаллии сарзаминҳои қаламрави халифа дар Ховар, аз ҷумла, Хуросон ба муносибати Наврӯз ҳадяҳои гаронбаҳо барои халифа бифиристанд.

Баргузории ойини наврӯзӣ ҳаром, аммо дарёфти ҳадяҳо ва тӯҳфаҳои наврӯзӣ ҳалол, таърих аҷаб абулаҷабиҳое дар остин дорад.

Дар тадовуми кинатӯзӣ бо ойини наврӯзӣ гурӯҳҳое саъй мекарданд, ки фарҳангу фасафаи шоду зиндагиофарини Наврӯзро камранг созанд ва ба он бештар ранги фалсафаву фарҳанги азодорӣ ва навҳасароӣ бидиҳанд. Толибон дар остонаи садаи бисту якум, ба унвони неруи ниҳоят ақибгаро ва бо диди вопасмондаи бумӣ авҷи кинатӯзӣ ва душманӣ, асабият ва ҷаҳолатро нисбат ба Наврӯз, ин куҳантарин ва мардумитарин ҷашни миллии мардумони мо ба намоиш гузоштанд. Толибон ба эътирофи хонум Беназир Бҳутто(садри аъзами пешини Покистон) истишораи Иолоти Муттаҳидаи Амрико ва Британиё ва пули Арабистони Суудӣ дар қаламрви Покистон омӯзиши низомӣ диданд, мусаллаҳ шуданд, ба Афғонистон гусел гардиданд , асосан онҳо шогирдони мадориси мазҳабии Покистон ва мурдареги муҷоҳидини пешин ҳастанд, ки дар таркиби онҳо террористҳои покистонӣ, араб, Ал Қоида ва мофиёи маводи мухаддир бисёранд. “Фатво”- и Наврӯзро амиралмуъминини аморати исломии Толибон бар заминаи фарҳангситезӣ ва вопасмондагии бумӣ бо “шаръан” такфир кард, онро ба унвони падидаи зиддиисломӣ маҳкум намуд , ба салиб кашид , баргузории маросими Наврӯзро дар сар то сари Афғонистон манъ эълом кард, баргузоркунандагони ойинҳои наврӯзиро ба ҷазоҳои шадиди толибӣ таҳдид кард ва чамоқ ба дастони идораи ҷаҳаннамии “амр ба маъруф ва наҳй аз мункар”-и Толибон димор аз рӯзгори... мардум дароварданд...

Ҳокимиятҳо дар Афғонистон дар давронҳои мухталиф дар баргузории ҷашни Наврӯз валвӯ(агарчи) ташрифотӣ ва камранг саҳме мегирифтанд, аммо дар солҳои султаи Толибон, ки омезае аз бунёдгароии мазҳабӣ, диди бумӣ ва ғаризае сиёдати (бартарӣ)қабиласолорӣ буд, ҳар гуна маросиме, ки бо Наврӯзи бостонӣ иртибот дошт, куфромез, ғайриисломӣ ва ғайришаръӣ хонда шуд ва баргузории он мамнӯъ буд.

Толибон соли хуршедиро ба соли ҳиҷрии қамарӣ ва номи низоми кишварро аз ҷумҳурӣ ба “аморати исломӣ” иваз карданд ва тақвими ҳиҷрии қамариро ба унвони тақвими “расмӣ- и кишвар эълом доштанд.

Тақвимҳои ҳама миллатҳои ҷаҳон бар пояи тақсим, танзим ва фаслбандии замон ба вуҷуд омадааст. Гардиши моҳ(қамар) ва хуршед(шамс) ду гуна тақвим, яке қамарӣ ва дигаре хуршедиро ба вуҷуд меоваранд.

Тақвими қамарӣ бештар ранги мазҳабӣ дошта ва дар кишварҳои бидуни фасли коро аст. Соли ҳиҷрии қамарӣ бештар дар кишварҳои исломӣ - арабӣ, аз ҷумла дар Арабистони Саудӣ роиҷ аст ва онҳо оғози соли қамариро ҷашн мегиранд. Соли қамарӣ даҳ рӯз ва чанд соат кӯтоҳтар аз соли хуршедӣ аст.

Аммо тақвими хуршедӣ тақвими кишоварзӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ аст. Тақвими хуршедӣ дар сарзаминҳои густураи ҳавзаи баргузории Наврӯз бар мабнои чаҳор фасл устувор аст. Аз ин рӯ интибоқи (мутобиқат) ҷашни баҳор бо тақвими миллӣ мушаххасаи боризи сарзаминҳои густурдаи ҳавзаи фарҳангии Наврӯз аст, ки дар он наздик ба ним миллиард инсон онро ҷашн мегиранд.

Бошандагони марзу буми мо аз қадимтарин айём, тамаддуне кишоварзӣ ва галадорӣ доштаанд , ки ду ҷашни муҳимми баҳорӣ(кошт) ва пойизӣ( бардошт)- ро баргузор мекарданд, ки аввалиро Наврӯз ва дуввумиро Меҳргон мегуфтанд. Наврӯз ба зарангии айнии мардумони мо, ки аксаран кишоварз ва молдор(домпарвар) анд, пайванд дошт ва дорад , аз ин рӯ кишоварзон бо маросими вижае Наврӯзро дар марзу буми мо баргузор мекарданд ва мекунанд.

Пас чаро Толибон тақвими хуршедиро, ки солҳо дар кишвари мо роиҷ буд, бо тақвими ҳиҷрии қамарӣ иваз карданд? Ҳисси حس умумӣ ин аст, ки яке аз омоҷи фарҳангбарандози Толибон ин буд, ки онҳо бо ин ҳаракат мехостанд рӯзи оғози соли ҳиҷрии қамариро, ки дигар бо рӯзи аввали баҳор мутобиқ нест, баргузор кунанд ва бад ин тартиб Наврӯзро ба ҳошия ва диёри фаромӯшӣ биронанд.

Дар ақиби наврӯзситезӣ ва фарҳангбарандозии Толибон ва муттаҳидини террористи онҳо чӣ ният ва ғарази сиёсӣ ва фарҳангӣ хобида буд? Чаро ҳар муҳоҷим, ки бар сарзамини мо ҳоким шудааст, дар гоми нахуст дар пайи нобудии ойин, фарҳанг ва сунани мардуми мо баромадааст? Чаро шуморе аз давлатмардон саъй кардаанд, ки ойини наврӯзиро камранг бисозанд ва ҳатто ба ҷои корбурди вожаи таърихӣ ва ҷоуфтодаи Наврӯз калимоти “Милаи деҳқон” ва “Милаи ниҳолшинонӣ” ва ғайраро ба кор бибаранд?

Ба рағми ҳама кинатӯзиҳо, мардум дар зинда нигоҳ доштани ойини наврӯзӣ дар бистари замон пойдорӣ карданд ва хуросониён дар мавзеъи фарҳанг, сунан ва ойинҳои миллии худ бо устуворӣ истоданд. Дилбастагии онҳо барои посдорӣ аз ойини ниёкон ва фарҳанги пӯяндаи онҳо, яке аз розҳои пойдорӣ ва ҷовидонагии мардумони мо ва сарзамини мост.

Дар вопасин таҳлил Наврӯз ҷашни сиёсӣ будааст ва ба унвони ҷашни сиёсӣ боқӣ мемонад. Наврӯз нишонае аз муқовимат ва пойдории шуҷоъонаи миллати мо ва фарҳанги пурбори мо дар баробари тороҷгарон ва ғоратгарони рӯзгорони гузашта ва ҳол аст. Мардумони мо Наврӯзро аз миёни тӯфон ва оташ убур дода ва ба унвони парчами ҳувияти миллии худ устувор нигоҳ доштаанд . Навӯз ҷашни умеду ҷашни мондагор аст. Наврӯзи навофарин пайки пирӯзии нав бар куҳна ва паёмовари оғози як зиндагии навин аст.

Дар Афғонистон Наврӯз ба унвони ҷашни баҳор ва растохези табиат, намоде аз фарҳанги поринаи бумӣ ва миллӣ тавассути пиру барно бо маросим ва одоби наврӯзӣ бо рангу бӯйи маҳаллӣ аз шимол то ҷануб ва аз ховар то бохтар, дар як сухан , ба василаи ҳамагон баргузор мешавад.

Дар Кобул яке ду ҳафта пеш аз Наврӯз “хонатаконӣ” мекарданд , ҳама саъй мекарданд, ки дар ҳадди имкон либоси нав таҳия кунанд ва рахти тамиз бар тан намоянд, сабзичалав бо мурғи сафедро, ки нишонае аз фоли соли нек ва пурбор аст, бипазанд, хони наврӯзӣ ва суфраи ҳафтмева бигустаронанд ва дар канори он ҷамъи хонавода бо сафову самимият ҷамъ оянд, гарди нифоқро бирӯбанд, ба меҳру дӯстӣ дасти якдигарро бифишоранд, роҳи аёдати беморон ва диду боздиди ...дӯстон шаванд ва ба домани табиат паноҳ баранд.

Дар Балхи куҳан барпоии Наврӯз, ҷашни бостонии “Гули сурх” ва барафрӯхтани оташ ба дарозои таърихи он умр дорад. Харобаҳои қалъаи Бухдӣ ва оташкадаи Навбаҳори Балхи бостон шоҳиди ин муддао аст. Балх дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз шабеҳ ба сабаде пур аз гули сурхи зебо ва дилангез аст. Балхиён на танҳо Наврӯз ва ҷашни Гули сурхро гиромӣ ва азиз медоранд, балки онро бо маросими вижае шодмона дар домани табиат баргузор мекунанд . Доштан ва барпоии рӯзҳои шодмона ва зистан дар канори табиат, ба вижа барои мардуми мо, ки ба ҳадди кофӣ рӯзҳои ғамгин доранд ва солҳо аст, ки ханда бар лаби онҳо нанишастааст, чӣ саодати бузурге аст. Наврӯз паёмовари шодиву умед аст ва ханда бар лаби инсон менишонад. Умед бар он аст, ки кафаи(палла) шодӣ ва ханда бар кафаи андӯҳ ва сӯгворӣ сангинӣ кунад, гарду ғубори ғам ва афсурдагӣ аз равони мардуми мо зудуда шавад.

Чӣ зебост ва гуворост, ки Наврӯз , ба ҳиммат ва заҳмати наврӯзбоварон ва аҳли назару сиёсат ба бузургтарин рӯйдоди тақвими солонаи кишвари мо мубаддал шавад. Ба бовари нигоранда, метавон дар ин замина бархе гомҳоро аз ҳамин ҳоло бардошт:

Аввал ин ки: Он тавре ки гуфта омадем, ҳар қавмеву миллате бар бунёди таърих, фарҳанг ва мазҳаби худ оғози Соли навро дар чаҳорчӯби барпоии маросими вижае пос медоранд ва ҷашн мегиранд. Барг- барги таърих гувоҳ аст, ки мардумони мо( аз ҳар тираву табор) Наврӯзро аз солиёни дарозе ба унвони ҷашни бостонӣ ва мардумӣ, меҳанӣ ва ҳамагонӣ баргузор мекунанд, аммо дареғо, ки нигаҳдорӣ ва ҳимояти қонунӣ аз Наврӯз дар ҳеч қонуни Афғонистон ба унвони ҷашни миллӣ матраҳ ва сабт нашудааст. Ба бовари нигоранда, шиносоиву ҳимояти қонунӣ аз нигаҳдориву тарвиҷи мероси шифоӣ ва катбии Наврӯз ба унвони ганҷинаи ҳофизаи ҷамеъи мардуми мо, ба амру бақову шугуфоии танаввуъву таҳкими фарҳангӣ, тақвияти ҳамбастагиву ҳамдилии миллӣ миёни миллатҳои сарзамини мо ва кишварҳои минтақа мадад мерасонад. Дар Афғонистон ба муносибати ҷашни Наврӯзи бостонӣ як рӯз таътили расмӣ аст, ки андак ба назар мерасад. Ба боваври нигоранда, се рӯз таътили умумӣ ва расмӣ муносиб ва шоистаи ҷойгоҳи ҷашни бостонӣ ва миллии Наврӯз дар Афғонистон аст( дар ҳоле ки дар Эрон беш аз як ҳафта, дар Тоҷикистон се рӯз, дар Озарбойҷон ду рӯз,...ба муносибати ҷашни Наврӯз таътили умумӣ аст).

Дуввум ин ки: Наврӯз дар ҳоле ки ҷуғрофиёи бузургеро мепӯшонад, аммо ҳанӯз атласи ҷуғрофиёии Наврӯз ва пажӯҳишкадаи муштараки Наврӯз надорем ва ё нигоранда онро надидааст. Бовар бар ин аст, ки тасбити Наврӯз ба унвони рӯзи ҷаҳонӣ, барпоии музеюми Наврӯз дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, таъсиси маркази муштараки пажӯҳиши Наврӯз, маҷалла ва сойти интернетӣ, танзим ва тартиби атласи Наврӯз яке аз роҳҳои мумкин ва муносиби нигаҳдории ин ганҷинаи таърихи шифоӣ ва мероси бузурги фарҳангӣ ва маънавӣ дар қаламрави Наврӯз аст.

Саввум ин ки: бознигарӣ ва бозандешӣ бар ойину одоби наврӯзӣ ниёзи ҳолу оянда аст. Аз ин рӯ муфид аст, ки нигоҳе тозаи инсоншинохтӣ бар устурашиносии сиёсии Наврӯз афганд ва дар заминаи пешинаву реша, одоб ва ойини наврӯзӣ ва таъсироти он ба равону фарҳанги ҷомиа пажӯҳиш ва мутолиоти тозаро анҷом дод. Умед бар ин аст, ки ба ҳиммат ва заҳмати пажӯҳишгарон, мардумшиносон ва ҷомиашиносон дар ҳавзаҳои боло бо истифода аз мутуни мӯътабари таърихӣ ва пажӯҳишҳои майдонӣ мутолиот ва баррасиҳои тоза анҷом ёбад.

Чаҳорум ин ки: Баргузории базми шеър, достон, танз, пажӯҳиш ва намоишгоҳи наққошӣ, филм, акс, корҳои дастӣ... ҳамроҳ бо пешкаш кардани ҷоизаҳои наврӯзӣ ба беҳтаринҳо, аз як сӯ зарфият ва тавоноии падидаи табиӣ- инсонии Наврӯзро намоён месозад ва аз сӯи дигар мӯҷиби шугуфоӣ ва дурахшиши ҳувияти фарҳангӣ ва маънавии мардумони мо мегардад.

Дар фарҷом:

Наврӯз яке аз куҳантарин ёдгорҳои пор, нишон аз пайкори нуру зулмат, намоди офариниши муҷаддади табиат, растохези баҳор, муждаи шукуфа ва борон, ҷашни такобӯ( такопӯ) ва кор, паёмовари ҳамдиливу ҳамбастагӣ, сумбули ҳувияти фарҳангӣ ва ҳамосаи миллӣ аст, ки дар жарфои рӯҳу равони инсони ҷомиаи мо рахна кардааст ва дар баробари ҳама тундбодҳои фарҳангбарандозона ва кинатӯзона устувор побарҷо мондааст. Барпойӣ ва талош дар амри зинда нигаҳ доштани Наврӯз бахш аз мубориза барои бақову рушди фарҳанги миллии мардумони мост. Ба бовари нигоранда, шояд ҳеч рӯзу маросиме ба андозаи Наврӯз шодиофарину шӯрангез, навидбахшу омӯзанда, густурдаву ҳамагонӣ набошад.

Наврӯзро пос дорем ва ҷашн бигирем!

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?