http://tajikam.com

Рӯнамоӣ аз нахустин шумораи маҷаллаи 'Забони порсӣ' PDF Чоп
Муаллиф: Би Би Си   
20.03.2013 00:45

Бознашр аз торнамои Би Би Си
Гардонандагони сафҳаи “Забони порсӣ” дар Фейсбук дар бораи ҳадафҳои таъсиси ин гурӯҳ навиштаанд: “Ин сафҳа барои бозгӯии мушкилоти забони порсӣ дар Фарорӯд (Осиёи Миёна) ва ҷустуҷӯи роҳкорҳо ва беҳбуду густариши он гушоиш ёфт.”
Ҳамакнун баррасии мушкилот ва пешниҳоди роҳкорҳо “бо ҳадафи нишондани порсӣ дар ҷойгоҳи сазовори он дар Тоҷикистон” натанҳо дар сафҳаи Фейсбук матраҳ шуда, балки дар маҷаллаи “Забони порсӣ” низ дарҷ хоҳад шуд.
Ҳадафи гурӯҳ ва маҷаллаи "Забони порсӣ" нишондани порсӣ дар ҷойгоҳи сазовори он дар Тоҷикистон унвон мешавад



Рӯзи якшанбе, 17-уми март дар маркази исмоилияи шаҳри Душанбе расми рӯнамоии нахустин шумораи маҷаллаи “Забони порсӣ” баргузор шуд.

Ин маҷалла марбут ба созмони ғайридавлатии “Бунёди забони модарӣ” аст, ки соли гузашта бо ибтикори гурӯҳи фейсбукии мавсум ба “Забони порсӣ” таъсис шуд.

Масъулони маҷаллаи “Забони порсӣ” гуфтанд, қарор аст ин маҷалла моҳе як бор бо тирожи 2000 нусха чоп шавад.

Матолиби ин маҷалла умдатан иборат аз мақолоти таҳлиливу адабӣ дар мавзӯъи забон ва фарҳанг аст.

Тасмим шудааст, ки маҷаллаи “Забони порсӣ”, ки бо ду хатти форсӣ ва сириллик чоп мешавад ройгон ба дасти алоқамандон бирасад.

Ба гуфтаи дастандаркорони ин моҳнома, “Забони порсӣ” ба донишгоҳҳо ва муассисаҳои умури забон ва адабиёти кишвар тавзеъ дода хоҳад шуд.

Алоқамандон метавонанд бо тамос гирифтан бо гардонандагони сафҳаи гурӯҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук низ нусхаҳои маҷаллаи “Забони порсӣ”-ро дарёфт кунанд.

“Забони порсӣ” аз бузургтарин саҳифаҳои фейсбукии тоҷикистониён аст, ки дар соли 2011 дар ин шабакаи иҷтимоъӣ таъсис ёфт.

Рафта-рафта домани маҳфилҳои аъзоёни ин гурӯҳ аз дунёи маҷозӣ ба дунёи воқеъӣ кашида шуд ва онҳо дар соли гузашта “Бунёди забони модарӣ”-ро таъсис доданд.

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷики муқими Ландан ва яке аз дастандаркорони “Забони порсӣ” дар паёми шодбоши аъзои ин гурӯҳ бо нашри нахустин шумораи маҷалла навиштааст: "Шоҳзодаи Эрон" аз маъдуди бозиҳои роёнаист, ки табдил ба филм шуд. Маъмулан филм табдил ба бозии роёнайи мешуд. Ва "Забони порсй" танҳо гурўҳи фейсбукист, ки табдил ба мачалла шуд. Дастикам аз миёни гурўҳҳое, ки ман мешиносам. Маъмулан мачаллаҳо ба Фейсбук роҳ меёбанд.”

Вай ҳамчунин дар пешгуфтори маҷаллаи “Забони порсӣ” навиштааст, ки интишори нахустин шумораи маҷалааи “Забони порсӣ” дар пешорӯи ҷашни Наврӯз бедалел нест.

Ӯ аз ҷумла менависад: “Наврӯз ва забони порсӣ ду унсури аслии ҳуввияти мардумест, ки ҳазорон сол пеш дар ин обу хок парварда шудаанд...”

Гардонандагони сафҳаи “Забони порсӣ” дар Фейсбук дар бораи ҳадафҳои таъсиси ин гурӯҳ навиштаанд: “Ин сафҳа барои бозгӯии мушкилоти забони порсӣ дар Фарорӯд (Осиёи Миёна) ва ҷустуҷӯи роҳкорҳо ва беҳбуду густариши он гушоиш ёфт.”

Ҳамакнун баррасии мушкилот ва пешниҳоди роҳкорҳо “бо ҳадафи нишондани порсӣ дар ҷойгоҳи сазовори он дар Тоҷикистон” натанҳо дар сафҳаи Фейсбук матраҳ шуда, балки дар маҷаллаи “Забони порсӣ” низ дарҷ хоҳад шуд.

Нахустин шумораи ин маҷалла, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз мунташир шудааст, матолибе дорад дар бораи Наврӯз, вазъи забони форсӣ дар Узбакистон ва мушкилоти ин забон дар Тоҷикистон.

Ғайр аз ин маҷалла гӯшаи вижаеро таҳти унвони “Кӯдакистон” барои хонандагони хурдсол низ дар назар гирифтааст.

Дар ин гӯша дастандаркорони маҷалла нахустин бахш аз достони “Шоҳзода-кучулу”и Экзюпериро мунташир кардаанд.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?