http://tajikam.com

Комиссиюни мустақили назорат бар татбиқи Қонуни Асосӣ: Истифодаи вожаҳое мисли “донишгоҳ” ғайриқонунӣ нест PDF Чоп
Муаллиф: “Ҷовидон”   
28.03.2013 13:16

Бознашр аз торнамои “Ҷовидон”

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Ҷанҷол бар сари истифода аз бархе вожаҳои форсӣ, аз замони кор рӯйи Қонуни Асосии кишвар дар идораи муваққат, оғоз шудааст. Ин ҷанҷолҳо, ки бештар бар сари истифодаи вожаи донишгоҳ буд, дар мавориде ба тазоҳуроти хиёбонӣ ва хушунат кашида шуда буд. Дар як маврид, Карим Хуррам--вазири пешини иттилоот ва фарҳанг ду тан аз хабарнигорони телевизиони давлатӣ дар вилояти Балхро, ба маҷозоти ҷарима ва маҳрум шудан аз вазифа маҳкум карда буд. Вазири иттилоот ва фарҳанги он замон, гуфта буд, ки истифода аз вожаҳои “донишгоҳ” ва “донишкада” хилофи терминоложии миллӣ ва мусталаҳоти миллӣ аст. Ин иқдоми оқои Хуррам бо мухолифатҳои шадиде мувоҷеҳ шуд ва мухолифони ин сиёсат, ҳукуматро ба татбиқи сиёсати ғалати фарҳангӣ ва фошистӣ муттаҳам кардаанд.

Аммо дар тафсире, ки Комиссиюни мустақили назорат бар татбиқи Қонуни Асосӣ, дар мавриди моддаи шонздаҳуми Қонуни Асосӣ ба Маҷлиси намояндагон фиристода, возеҳ шудааст, ки истифода аз вожаҳои “донишгоҳ”, “донишкада” ва...мушкили қонунӣ надорад.

 

 

 

Ба гузориш аз рӯзномаи “Мондагор”, ин тавзеҳ дар тафсири фақараи панҷуми моддаи шонздаҳуми Қонуни Асосии кишвар сурат гирифтааст.

Маҷлиси намояндагон дар пайи ҷанҷолӣ шудани баҳс бар сари истифода аз вожаи “донишгоҳ ва шуморе дигар аз вожаҳои форсӣ, мисли “додгоҳ” ва ..., аз Комиссиюни назорат бар татбиқи Қонуни Асосӣ хоста буд, то фақараи чаҳорум ва панҷуми моддаи шонздаҳуми Қонуни Асосиро тафсир кунад.

Дар фақараи охири моддаи шонздаҳуми Қонуни Асосӣ омадааст: “Мусталаҳоти(исилоҳоти) илмӣ ва идории миллии мавҷуд дар кишвар ҳифз мегардад.” Мухолифони вожаи “донишгоҳ” ва... ҳамвора ба ин фақара истидлол карда ва истифода аз вожаҳои “донишгоҳ”, “донишкада” ва ... ро ғайриқонунӣ хондаанд. Ин ҷанҷол сабаб шуд то Қонуни таҳсилоти олии кишвар аз чанд сол ба ин сӯ дар Маҷлиси намояндагон бе сарнавишт ва тасвибношуда боқӣ бимонад. Аммо бо тафсири Комиссиюни мустақили назорат бар татбиқи Қонуни Асосӣ, Қонуни вазорати таҳсилоти олӣ метавонад бо донишвожаҳои “донишгоҳ “ ва “донишкада” ва ...ба тасвиби Маҷлиси намояндагон бирасад.

Дар даҳ соли гузашта донишгоҳҳои бархе аз вилоятҳо, фақат ба далели ҷидоле, ки бар сари вожаи “донишгоҳ” ва “пуҳантун”( вожаи паштунист, ки маънои донишгоҳро дорад) аз доштани лавҳа маҳрум будаанд.

Як узви Маҷлиси намояндагон ба рӯзномаи “Мондагор” гуфтааст, ки Комиссиюни мустақили назорат бар татбиқи Қонуни Асосӣ, дар тафсире, ки бар моддаи шонздаҳуми Қонуни Асосӣ дошта, гуфтааст, ки ҳифзи мусталаҳоти миллӣ , ки дар қонун омада, ба маънои манъи истифода аз мутародифи(ҳаммаънои) вожаҳои пуҳантун, пуҳанзай, пуҳёлай ва ғайра нест; бинобар ин Қонуни таҳсилоти олӣ аз ҳабс берун мешавад.

Вожаҳои мутародифи пуҳантун, пуҳанзай, истра маҳкама, луй соранволӣ ва ... ки вожаҳои забони паштуанд, дар забони форсӣ донишгоҳ, донишкада, додгоҳи олӣ ва додситонӣ ... астанд.

Пештар аз ин Истра маҳкама ё Додгоҳи Олии кишвар, дар тафсире, ки бар моддаи шонздаҳуми Қонуни Асосӣ дошт, тасреҳ карда буд, ки истифода аз вожаҳои мутародифи пуҳантун ва ... саргардонии идориро ба бор меоварад ва набояд истифода шавад. Ин тафсири Додгоҳи Олӣ, бо мухолифати шадид дар дохили Маҷлиси намояндагон ва берун аз он мувоҷеҳ шуд ва тафсири Додгоҳи Олиро фармоишӣ ва ғаразолуд хонданд.

Ҳоло Комиссиюни назорат бар татбиқи Қонуни Асосӣ, дар тафсири моддаи шонздаҳуми Қонуни Асосӣ гуфтааст, ки истифода аз мутародифҳои мусталаҳот, мушкили қонунӣ ва ҳуқуқӣ надорад. Дар ин тафсир омадааст, ки Қонуни Асосӣ мукаллаф ба ҳимоят аз рушди забонҳост ва забони паштуву дарӣ ба унвони забонҳои расмии кишвар шинохта шудааст.

Аммо шуморе аз намояндагони Маҷлис ва огоҳони умур, вуҷуди фақараи ахир дар Қонуни Асосиро, ки таъкид бар ҳифзи мусталаҳоти миллӣ дорад, аз мавориде медонанд, ки ба гунаи ҷаълӣ пас аз тасвиб, дар Қонуни Асосии Афғонистон гунҷонида шудааст.

Дар ҳамин ҳол бархе аз огоҳони ҳуқуқӣ, вожаҳои донишгоҳ ва донишкадаро шомили “мусталаҳот” намедонанд . Ин огоҳон мегӯянд, ки донишгоҳ исми хос ва исми макон аст, на мусталаҳ.

Ҷанҷол бар сари истифода аз бархе вожаҳои форсӣ, аз замони кор рӯйи Қонуни Асосии кишвар дар идораи муваққат, оғоз шудааст. Ин ҷанҷолҳо, ки бештар бар сари истифодаи вожаи донишгоҳ буд, дар мавориде ба тазоҳуроти хиёбонӣ ва хушунат кашида шуда буд. Дар як маврид, Карим Хуррам--вазири пешини иттилоот ва фарҳанг ду тан аз хабарнигорони телевизиони давлатӣ дар вилояти Балхро, ба маҷозоти ҷарима ва маҳрум шудан аз вазифа маҳкум карда буд. Вазири иттилоот ва фарҳанги он замон, гуфта буд, ки истифода аз вожаҳои “донишгоҳ” ва “донишкада” хилофи терминоложии миллӣ ва мусталаҳоти миллӣ аст. Ин иқдоми оқои Хуррам бо мухолифатҳои шадиде мувоҷеҳ шуд ва мухолифони ин сиёсат, ҳукуматро ба татбиқи сиёсати ғалати фарҳангӣ ва фошистӣ муттаҳам кардаанд.

Дар як мавриди дигар дар соли гузашта, комиссиюни умури фарҳангӣ, динӣ, таҳсилоти олӣ ва маорифи Маҷлиси намояндагон , бо фаро хондани мақомҳои вазорати таҳсилоти олӣ ба далели истифода аз вожаи донишгоҳ дар гузарномаҳои донишҷӯён, вокуниш нишон дода буд, ки ба бархурди физикии раиси он комиссиюн ва як мақоми вазорати таҳсилоти олӣ анҷомида буд.

Аммо тафсири Комиссиюни назорат бар татбиқи Қонуни Асосӣ, метавонад ҷидол бар сари истифода аз ин вожаҳои форсиро, ки тавассути бархе аз ҳалқаҳо ва афрод ба роҳ андохта мешавад, нуқтаи поён бигзорад.

“Тоҷикам”: Дар фарҷоми ин матлаб як назари бас ҷолиби Ошур ном хонандаи торнамои “Ҷовидон”- ро низ меорем, ки он, ба андешаи мо, ҳамсони назари ҳама тоҷикон ва форсизабонон аст.

Агар як форсизабон бо вожаҳои “донишгоҳ”, “донишкада” ва “додситон” мухолифат мекунад, як роҳу як дидгоҳи рӯшан мумкин дошта бошад, ки инсон дар борааш тафаккур ва таҳаққуқ намояд.

Магар як паштузабони ғӯлсифат, ки на алифбои забони худро ёд дорад, на ба фарҳанги пашту хидмат намуда ва на лаёқати ғанисозии забони паштуро дорад, аз як кунҷи Шӯрои Миллӣ монанди саги девона тӯп (таҳдид) мекунад, бидуни ин ки фикр кунад, ки забони форсӣ ба эшон ҳеч рабт надорад, мудохила менамояд!!

Зимистон гузашт ва рӯйи онҳое, ки бо фарҳанги ғании форсӣ мухолифат намуданд, сиёҳ гашт!!

Баъд аз ин ҳеч касе ин ҳақро ба худ надиҳад, ки ба забон ва фарҳанги дигарон ташаббус (дахолат) кунад!!

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?