http://tajikam.com

Ғамат марги баҳорамро даровард PDF Чоп
Муаллиф: Сафар Абдулло   
10.04.2013 13:32

Хабари марги нобаҳангоми дӯсти азиз ва ҳамклоси донишгоҳиям Улашбой (Пайванди Гулмуродзода) дили реш решамро рештар кард.Ҳамин чанд рӯз пеш паёме ирсол намуда ҷӯёи ҳолам буд.Завқи зистан ва навиштан дошт.Бобати ҳамкориҳояш бо устоди фарзонаи фақидам Муҳаммадҷони Шакурӣ ,аз ӯсипосгузорӣ кардам.Одами миллӣ буд ва таърихи матбуоти тоҷикро хуб омӯхта буд.Бисёре аз мақолотеро,ки ҷанбаи миллӣ дошт баргардон намуда дар Тоҷикистон ба чоп расонд. Аз тоҷикони Ӯзбакистон буд.Теъдоди тоҷикон дар Ӯзбакистон ,агар бештар набошад,камтар аз тоҷикони Тоҷикистон нест!.Инро барои он мегӯям,ки мебинам,бархе аз фурумоягон,ки худро "таҷики тап таза" эълон кардаанд, алайҳи тоҷикони Ӯзбакистон дар сафаҳоти расонаҳо носазо мегӯянд.Ҳоло чунин рафтори палидонаи зиштро алайҳи Раҳматуллоҳ Зойируф шуруъ кардаанд.Мо ба ин нобакорӣ набояд роҳ бидиҳем. ..

 

Бо дареғу дард ёдовар мешавам,ки Пайванди Гулмуродзода,яке аз фидоиёни миллати мо буд,ки умри худро ба омӯзишу пажуҳиш сипарӣ кард ва дар сангинтарин рӯзҳои таърихи кишвари азизи мо ,Тоҷикистон ҷон ба каф гирифта, дар Душанбе монд ва то ҷое метавонист,талош кард ба меҳанамон хидмат кунад.Ҳоло намедонам,аз чӣ мурда...Сад дареғ,ки "ҷони гиромӣ ба падар барсупурд"! ва афсӯс,ки орзӯҳояшро ба хок бурд.Ба ҳамаи бастагонаш ҳамдардии амиқи хешро иброз медорам ва аз эзади доно ва тавоно барояш раҳмат ва шафқат орзӯ мекунам.Номашу ёдаш гиромӣ бод ! Зӣ модар ҳама маргро зодаем,Ҳама бандаем,арчӣ озодаем.(Фирдавсӣ)

Рӯзи гузашта,ки ман ҳамон соате,ки хабари даҳшатноки марги Пайванди Гулмуродзодаро шунидам,навиштаи боло дар Фейсбук гузоштам ва дидам,ки дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо тан аз дӯстон ва шогирдони дӯсти фақидам , Пайванди Гулмуродзода ,изҳори ҳамдардӣ намуда ва иддае аз хубиҳои ин устоди донишгоҳ бо дареғ ва афсӯс сӯҳбат кардаанд…

Чӣ бигӯям,ки ин хабар бисёр сангин ва осафбор буд.Баъд аз он ки дар ин даҳсолаи охир садҳо ҷавонони дилогоҳ ва мардони нодир дори фониро видоъ карданд,аз даст додани боз яке аз чеҳраҳои рӯшан ва матраҳи кишвар дар риштаи ъилм ва омӯзиш бисёр дарднок аст! Боз тӯфон гирифта мебинам ,тундбоде зӣ дард дар роҳ аст,Гӯш кун ки садои хастаи ман ,ҳамчу най аз ҷудоӣ ,ғамнок аст!Азизоне,ки ӯро мешинохтед,хуб медонед,ки Пайванди Гулмуродзода ,марде буд озода ва заҳматкаш ва дилогоҳ .Хабари ҷон ба Ҷонон додани ӯ барои ҳамаамон ки ӯро мешинохтем, дардафзост.Чун ҳамаи мо дар ин рӯзгори дардзо ,дардмандем. Оне,ки имрӯз аз вазъи меҳан огоҳ аст,наметавонад бе дард бошад,агар аз табори мо бошад!..Хабари ғайримунтазира ,хабари марги дӯсте,ки дар ҳама ҳолат ,чеҳраи маъсум, ва оканда аз дард,вале хандон дошт дардзо буд.Дӯсте,ки аз оғози септемри соли 1973 ,ки мо донишҷӯ шудему ӯ ба истилоҳи ҳамон давра «сардори синф»- и мо буд ,ҳаргиз ӯро бидуни табассуми малеҳ надидаам. Ҳоло дар Фейсбук ,ки хабари маргашро додаанд,аксеро гузоштаанд,ки дар чеҳраи маъсумаш лабхандест,оганда аз андеша ва дард…Оҳ борон наёмадаст,ин ҷо ,ғунчаҳо як ба як парешонанд,..Рӯи пешонии фарохи чу кӯҳ ,гарди ғам гӯиё ҳувайдо буд…Дӯсти даврони ҷавонию донишҷӯии ман,дӯсти шабнахобиҳои дарсхонӣ ва дӯсте,ки дар тамоми ин муддати ҷудоии сию панҷсола (аз соли 1979),ки ман ба қасди идомаи таҳсил ба Маскав рафтаму баъд дасти тақдир маро ба Қазоқистон овард,ҳамеша ҷӯёи ҳолам буда ва аз тариқе салому паёме ирсол карда аст. Тобистони соли гузашта дар маъракаи арӯсии писарам ,ки дар яке аз рестуранҳои Дӯшанбе баргузор шуд,омада буд.Бо ҳамон табассуми малеҳ ва бо ибрози шодмонӣ аз дидор , якдигарро ба оғӯш гирифтем ва қарор гузоштем,ки як рӯз мешинем ва муфассал дарди дил мекунем ва ҷавониҳоямонро ба ёд меоварем..Маро ба хонааш хонд,дар фурсате муносиб…Гуфт Олимҷону Обидҷону,Отамуроду,Қиёму,Бадриддинро низ даъват хоҳад кард…Инҳо ҳамклосҳои мо буданд,ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд…Вале дареғо,ки ин дидори охирини мо буд. Ва дигар бо далоили мухталиф имкони мулоқот нашуд ва ин мулоқотро ба соли баъд гузошта будем.Ман ба Қазоқистон баргаштам ва аз тариқи телефон ва фейсбук бо ҳам дар тамос будем… Баъди чанде бархе аз китобҳои чоп кардаашро бо соядаст,бароям ирсол кард..ва ман сипосномае аз тариқи фейсбук барояш навиштам.

Намегӯям,ки мо ҳама ин солҳо бо ҳам бисёр наздик будем,на! Мо дӯстони давраи донишгоҳӣ ,пас аз ҳаводиси зиёде,ки аз сарамон гузашт,ба ҳар ҷое парешон шудем,ва бисёр кам иттифоқ меафтод,ки ба дидори якдигар бирасем. Улашбой буд,ки дар Душанбе,чун кӯҳ устувор буд ва аз ҳолу аҳволи ағлаби дӯстони даврони ҷавониамон огоҳ буд ва барои мо иттилоъ ва гоҳо салому паёме мерасонд..

Табиист,ки фуқдони чунин дӯсти беғараз .ғами ҷонкоҳ аст !Чашми лола ба хун нишаста, аз ин,Ашк дар чашм ҳалқа баста аз ин!...Тасаввури ин ки азизе чун ӯро дигар намебинем ,сахт душвор аст.Нармгуфтор ва нармрафтор буд.Ман дар тамоми даврони ошноиям ҳарфи носазое аз забони ӯ нашнидаам. Замоне,ки мо донишҷӯ будем ва донишгоҳ ба тамоми маънӣ ДОНИШГОҲ буд ва дониш медод ,Улашбой кӯшиш мекард ба ҳама дӯстон ёрӣ расонад ва бархе аз дарсҳоро,ки мо нолозим медонистему зиёд намехондем,амсоли атеизми ъилмӣ,кумунизми ъилмӣқтисоди сиёсй .. ва ғайра ,ин Улашбой буд,ки бо муаллимини ин фунун забон меёфт,то мо бе кумакҳазинаи донишҷӯӣ намонем. Ҳангоми пахтачинӣ,ки он солҳо ин як маъракаи бисёр чиддӣ буд ва ман ки ҳунари пахтачинӣ надоштам ва мавриди интиқоди раҳбарон давраии ин маърака қарор мегирифтам ,ҳамин Улашбой ба имдодам мерасид ва гоҳо килои панбаҳои “ чидаи “ маро аз будаш зиёд нишон медод ва ҷони маро мехарид…Шомгоҳон ки ҳама хушҳолию рақсу таронахонӣ мекардем,Улашбой бо мусиқии бисёр зебоии «Андигонӣ» мерақсид ва бисёр ҳирфаӣ ва зебо мерақсид…

Дареғо,ки дасти аҷал ҳамеша хубонро гулчин мекунад.Умедворам дӯстон ва шогирдони дӯсти азизи мо, Пайванди Гулмуродзода ному ёди ӯро гиромӣ хоҳанд дошт…

Вале ин, аз даст доданҳои пай дар пай, дар кишвари мо,бисёр нигаронкунанда аст,ва оё касе андешида аст,ки ахиран нисбати афроде,ки аз бемориҳои марбут ба фишори хун ва сактаҳои мағзӣ ва қалбӣ ва саратон дори фониро видоъ мегӯянд рӯзафзӯн шуда аст..?! Оё касе дар ғами ин ҳаст,ки афзоиши чашмнодидаю гӯшнашнидаи ин бемориҳоро дар кишвар мавриди баррасӣ қарор дода бошад !? Оё касе дар ғами ин ҳаст,ки ахиран миқрози аҷал таноби ъумри фарзонагони миллати моро беш аз пеш мебуррад ва бар бадбахтиҳоямон меафзояд ?! Марги фарзонагон ,хосса онҳое,ки боз даҳсолаҳо метавонистанд,кору пайкор кунанд,ва ба ҷомиъаи бахтбаргаштаи мо хидмат кунанд,марги маъмулӣ нест ! Марги ъақлҳост ,ки адами вуҷуди эшон боъиси рушди ҷаҳлҳост! Шумо медонед,ки дар даҳсолаҳои охир мо чӣ гуна фарзандони фарзонаи ин миллатро аз даст додаем ,ва ба кӣ гӯем ва то куҷо нолем?! Ку устодони хуби донишгоҳ ; Толиби Хаскаш,Нозирҷон Ъарабзода,Умарбек Султонзода,Файзали Наҷмонуф, донишмандони фақид Абдулҳафиз Рустамов,Маъруф Раҷабӣ,Абдувалӣ Давронуф, Маъруф Исоматов ва ғайра, марги шоъири бузурги миллат устод Лоиқ,шоъирону нависандагон Қувватбеки Давлат, Сармад,А.Юсуфӣ,Муҳаммадраҳими Сайдар, Муҳаммадзамони Солеҳ,Ширин Бунёд, бародарон Амонбек ва Султон Шоҳзода ва ғайра,бар замми кушта шудани нависандагони тавоно Сайф Раҳимзод , Нафасбеки Раҳмонӣ,Искандари Хатлонӣ,ва ғайра…марги даҳҳо тан ҳунармандонди асил , амсоли Хурмо Шириндухт ,Олими Искандарӣ.ва ғ. (шармандаам,ки дар ин ҳолу ҳавое.ки дорам,номи бархе аз ёдам рафта),аз даст додани сиёсатмадоре фарзона ва меҳандӯст , чун Тоҳири Абдуҷаббор ва аз даст додани беҳтарин адабиётшиноси ду даҳсолаи охир,бародари азизу зиндаёди ман Абдуманнони Насриддин ва даҳҳо тани дигар ?! Оё мо дарк мекунем,ки марги ин фарзонагон то чӣ ҳад барои рушду шукуфоии ин кишвар зарбаи сангин мезанад. Сарвати ҳар кишвар на танҳо сарватҳои моддии он аст,балки пеш аз ҳама сарвати маънавӣ ва инсонист! Сарвати кишвар ъақлҳост ва ъоқилонанд,ки кишварро пешрафта ва шукуфо мекунанд .Ва ҳаққо,ки шайхи аҷал дуруст фармуда буд: Набояд,ки хирадмандон бимиранд ва бехирадон ҷои эшон бигиранд!

Ва инак мо Пайванди Гулмуродзода,пажӯҳишгар ва муъаллими хуби донишгоҳро аз даст додем …Дардову дареғо ки дар кишвари азизи мо . касе ғами касе намехурад ..Касе таҳқиқ ҳам намекунад,ки чаро онҳое,ки интеллект доранд, тобеъ ва мутеъ дар дасти як мушт афроди тасодуфӣ ва каммоя ва бесавод ҳастанд,ки аз баракати рушди фасод ва маҳалгароиҳои нобихрадона ба мақом ва ҷойгоҳе расидаанд ва бо он андакмоягӣ ба фарзонагон дастур медиҳанд! Оқибати корро худо ба хайр кунад.Ман дилам гирифта аст,метарсам,ки тундбоде зӣ дард, дар роҳ аст.

Чӣ кунем,ки имрӯз навбати рафтани дӯсти азизу фарзона ,Пайванди Гулмуродзода буд.ва дар сарои дилам ғам омада аст,доғ бар қалбу ҷонам омадааст,дар дилам сад ҷаҳаннам омада аст!

Хулоса,"заҳри ҳаҷре чашидаам.ки мапурс» ,оҳ дарде «кашидаам,ки мапурс»!

Ва доғи ин азизон барои ҳамеша рӯи синаам ҳак шудааст.

Ва ин ҷо мехоҳам чанд сатре ,ки дар чунин маворид суруда шуда ва дар ёд дорам ва мутаассифона, номи соҳибашро низ аз ёд бурдаам ,ба ёди ин азазони аз даст рафта ва ба вежа Пайванди Гулмуродзода биёварам,ки ҳамроҳ бихонем ва ёди эшонро гиромӣ дорем.

Баъд аз ту замон шикаст дар чашмонам,

Якбора хазон нишаст,дар чашмонам.

Дарё ,ки ба пеши чашми ману туст,

Ашкест ки ҳалқа баст дар чашмонам.

Ширинии хандаҳот дар ёдам ҳаст,

Оҳанги хуши садот дар ёдам ҳаст

Вақте хабари париданатро гуфтанд,

Он лаҳзаи гунгу мот ,дар ёдам ҳаст.

Куҷо дигар туро бояд биҷӯям,

Чаро бо ашк дунёро нашӯям.

Чаро, дунё, амонамро гирифтӣ,

Ки ёрам пар кашид аз пеши рӯям

Ғамат марги баҳорамро даровард,

Фироқи ту диморамро даровард.

Худо гулчини хубе буда,зеро,

Аз ин гулхона ёрамро даровард

Худованд,Пайванди Гулмуродзодаро,ки ба Ҷонон пайваст,ғариқаи раҳмат ва шоистаи ҷаннат кунод !

Сафар Абдуллоҳ

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?