http://tajikam.com

Чу Эрон набошад тани ман мабод PDF Чоп
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ   
07.11.2011 13:04

 

Баргардон аз хати порсӣ: Насибҷон Амонӣ

Аз замоне, ки дар соли 1247 ҳиҷрии шамсӣ, сарони қабилаҳои авғон комёб шуданд, ки ҳокимияти қабилавии хешро дар бахше аз сарзамини бузурги Эрон –Хуросон бунёд ниҳанд, барои мо мардумони бумии Эрон—Хуросон, ки таҳти ситраи ваҳшиёнаи онҳо қарор доштаем, мусибатҳои васфнопазиреро ба армуғон овардаанд.

Яке аз мусибатҳои ҷонсӯз ин аст, ки авғоншоҳон ва фашистҳои қабиласолор ҳамвора кӯшидаанд пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва дигар риштаҳои инсонии моро бо мардуми мо дар он сӯйи марзҳои ангрез сохтае ба гунаи дарднок бибаранд ва дар водии сӯзони аз худбегонагӣ нигаҳамон доранд.Аз замоне, ки дар соли 1247- и ҳиҷрии шамсӣ сарони қабилаҳои авғон комёб шуданд, ки ҳокимияти қабила дар муддати дусаду панҷоҳ соли ҳокимияти фашистии авғоншоҳӣ, ба вижа дар яксаду панҷоҳ соли пасин аз Абдураҳмони калламанорсоз то Мулло Умари кӯри лангутадароз ва акнун Ҳомид Карзай ва ҳаворюни супари фашисти авғонзиллатиаш, ҳама залилона талош доштаанд, ки ҳувияти авғонии худро ба ҷабру зӯр ва садҳо найранг ҳувияти ҳамагонии

мардуми мо созанд. Қабилапарастони сартунбаи авғон бо чашмпорагӣ ва бемантиқии аҷибе аз мо мехоҳанд, ки мо тоҷикҳо, ӯзбакҳо, ҳазораҳо, туркманҳо, балучҳо, пашаиҳо, аймоқҳо, қирғизҳо, арабҳо, ҳиндуҳо ва дигарон худро “авғон” бихонем. Шарти инсон будан ва шаҳрванд будани моро “авғон” будан ва ба забони пашту сухан гуфтан медонанд( барномаи Ҳизби Авғонзиллатро нигоҳ кунед, китоби Дуйма Сақовиро бихонед)

 

Ҳақиқат ин аст, ки риштаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва қавмии мо бо авғонҳо хеле камрангтар ва ниҳоят заифтар аз риштаҳои таърихӣ ва амиқ ва дарозе аст, ки мо бо мардумони аслии хуросонии худамон дорем. Агар зӯру ҷабр дар кор набошад, бисёре аз мардуми мо ҳаргиз як вожаи паштуро ҳам фаро нахоҳанд гирифт, чун ҳеч ниёзе надоранд , чун забони порсӣ забони ҳамагонии густураи фарҳангии бузурги мо мебошад , ки дар дарозои садаҳо забони муровада, забони девонӣ, забони худихтиёркардаи мардуми сокин дар сарзамини мо будааст ва эҳтиёҷе барои забони пашту надоштем ва пас аз ин ҳам нахоҳем дошт. Ҳувияти мо аз ҳазорон сол ба ин сӯ ориёӣ—эронӣ—хуросонӣ будааст. Дар ин ду садаву панҷоҳ соли тасаллути ҷобиронаи хеш авғоншоҳон бисёр барномаҳои тасфияҳои нажодӣ ва кӯч доданҳои иҷбориву заминсӯзонӣ ва авғонсозии меҳани моро амалӣ сохтанд, аммо ҳанӯз ки ҳанӯз аст ҳеч кас аз мардумони ғайриавғон дар тамоми сарзамини мо худро авғон намедонанд ва ба тоҷик будан, ӯзбак будан, ҳазора будан, туркману балучу аймоқ ва қирғизу... будани хеш меболанд.

Сирф ду гурӯҳ аз мардумони ғайриавғон , бидуни диққат ба ниҳоди шайтонии ин масъала, худро ба асари талқин ва бо нохудогоҳӣ “авғон” мехонанд: яке касоне, ки дар асари шустушӯйи зеҳнӣ ҳокимияти фашистии авғоншоҳӣ ва талқинҳои ҳамешагии авғонсозон, ба ин пиндоранд, ки ҳар кас аз Авғонистон аст, авғон аст. Аксари ин афрод аз пешинаи таърихии ин масъала ва аз аҳдофи азаматҷӯёнаи фашистӣ, ки дар ниҳоди барномаҳои авғонсозӣ нуҳуфта аст, огаҳӣ надоранд. Дуюм, касоне, ки дар асари ҷангҳои сӣ соли пасин аз Ватан овора шуда ва дар кишварҳои дигар паноҳ гузидаанд, низ бидуни хости худашон, назар ба таомулоти расмии кишварҳо, ба номи атбоъи кишваре, ки аз он фирор карда буданд, номгузорӣ шуданд ва номи ҷаълии “авғон” болояшон ниҳода шуд. Аз кадом кишвар омадаӣ? Аз Авғонистон. Таомул тавре аст, ки дар дафтар ва девони кишварҳо, ҳар касе аз Авғонистон омада бошад, ба номи авғон масмо мешавад. Ин як пешомади бисёр хуҷаста барои фашистҳои авғон буд, ки тақрибан панҷ миллион нафар овораи Авғонистон дар кишварҳои гуногун ба номи авғон хонда шуданд ва худи ин оворагон низ бидуни таваҷҷӯҳ ба пайомадҳои фоҷиабори ин авғон шудани нохоста, масъаларо саҳл гирифтанд ва худро авғон гуфтанд. Ин ба маънии бароварда шудани яке аз бузургтарин орзуҳои фашизми авғонӣ буд, ки ҳоло фашистҳо ҳамин мавзӯъро дастовез сохта ва авғон хондани ҳамагонро ҳаққи мусаллами хеш медонанд ва касонеро, ки дар ин раванд халал эҷод мекунанд ва ҳақоиқи таърихии масъаларо бармало месозанд, бадтарин душманони Авғонистон ва муздурони хориҷӣ ва чиву чиҳои дигар мешуморанд! Дар ҳоле ки итлоқи номи “Авғонистон” болои сарзамини мо худ як ихтироъи англисҳо буд ва касоне, ки девонавор барои таҳмили он номи ҷаълӣ талош варзидаанд, ҳама ҷайрахӯрон ва чокарони ҳалқабагӯши бегона будаанд, ки дар ин дусаду панҷоҳ сол яке аз пайи дигар зимоми умурро дар даст доранд: аз Аҳмадхони Абдолӣ то Карзайи пӯшолӣ!

Бо авғон хондани мо ҳама чизамонро аз мо гирифтанд.Он таърихи ҳазоронсолаи ориёӣ -эронӣ- хуросонии мо , он фарҳанги деринсолу пурҷалоли мо, он ҳувият ва ному нишони ҳалоли мо, ҳар он чӣ ки буд моли мо ҳамаро аз дасти мо рабуданд. Авғон, худаш , аз дидгоҳи таърихӣ –тамаддунӣ дар ҳеч ҷойи таърих пойгоҳи муҳиме надоштааст. Чанд қабилае аз атрофи кӯҳи Сулаймон, ба ҳар тараф пароканда шуданд, мардуми бумии Хуросонро тороҷ карданд, заминҳои мардумро ба иҷбор дар тасарруфи хеш дароварданд, то тавонистанд хун рехтанд, одам куштанд, кӯчи иҷборӣ доданд, калламанора сохтанд ва ...то бар бахшҳое аз сарзамини поки Хуросон тасаллут ёфтанд ва пас аз муддате дидадароиро ба ҳадде расониданд, ки хостанд решаҳои фарҳангҳо ва ҳувиятҳои мардумони ғайриавғонро(ғайрипаштунро) бихушконанд ва онҳоро ба худбегонагӣ ва масхшудагии ҳувият гирифтор созанд.Ин талоши зиддибашариашон то ба ҳамин имрӯз ба шиддат ҷараён дорад ва ҳокимони фашистии кунунӣ таҳти раҳбарии Ҳизби табаҳкори Авғонзиллат бо шефтагӣ ва ҷунуни хосе , бо пуштгармие, ки аз бодорони хориҷии хеш доранд, мехоҳанд барномаҳои нимакораи фашистиро ба шитоби ҳарчӣ бештар амалӣ созанд ва Авғонисторо ҳамон гуна ки дар китоби Манифести фашизми авғонӣ (Дуйма сақовӣ) таҷвиз шудааст, ба як кишвари такҳувияти авғонӣ зери султаи мутлақи қабилапарастони авғон табдил созанд, ки дар он фарҳанги бидавии қабила бар тамаддуни ҳазоронсолаи эронӣ- хуросонии мо пирузмандона битозад ва бар шамшери хунолуди худ бинозад.

Чизе масхарае, ки шутурбонони фарҳанги фашизми авғонӣ ин ҷову он ҷо даст мезананд ин аст, ки барои ба рух кашидани шавкати авғонии тақаллубии худ,даст ба таҳрифи осори гуҳарбори шоирону андешмандони эронӣ –хуросонии мо мезананд ва барои хеш як шукӯҳи козиб дасту по мекунанд. Як вақте ҷойе хонда будам, ки яке аз алқакони фарҳангии авғон ба шеърҳои ҳамосии Фирдавсии бузург дастбурд зада ва як шеъри бисёр баландовозаи он шоири шукӯҳманди забони порсиро аз ҷавҳари асили эрониаш тиҳӣ сохта ва ба ҷойи он бо бешармии вижае, ки шутурбонони фарҳангии фашизми авғонӣ доранд, калимаи ханҷарии “Эрон” -ро бардошта ва номи носози “авғон”-ро ба ҷояш ниҳодааст!

Фирдавсии бузург дар як суруди ҷовидонааш чунин гуфта буд:

Чу Эрон набошад тани ман мабод,

Бад- ин буму бар зинда як тан мабод.

Он шутурчарони фарҳангии фашизми авғонӣ он байтро гирифта ва ба ҷойи номи “Эрон” номи “Авғонистон”- ро гузошта буд.

Набошад чу Авғонистон тани ман мабод

Бад -ин буму бар зинда як тан мабод!

Он ҷо, инро дидему аз он солҳо гузашт. Ин рӯзҳо боз мебинем, ки яке аз торгоҳҳое,ки авғон буданро шарти инсон будан медонад,дар пешонии торгоҳи хеш ҳамон шеъри Фирдавсиро ҷо додааст, аммо ба шакли таҳрифшуда ва авғониаш:

Чу кишвар набошад тани ман мабод

Бад- ин буму бар зинда як тан мабод!

Бе инки ман аз он ошиқони шавкати козиби авғонӣ бипурсам, нек медонам, ки далелашон ин аст: чун дар шеъри Фирдавсӣ калимаи Эрон ба кор рафтааст ва Эрон номи кишвари мушаххасе дар ҳамсоягии Авғонистон аст ва мо мехоҳем ин шеърро барои баёни эҳсосоти худ дар робита бо кишвари худамо Авғонистон ба кор гирем, лизо калмаи Эронро бардоштем ва ба ҷояш алимаи кишварро гузоштем.Ҳамин!

Хуб ва аммо таҳрифи шеъри касе ба ҳар сурате ,ки бошад, як ҷурм аст, зеро пой кардани амонатдорӣ аст, хиёнати фарҳангӣ аст. Дар айни ҳол, ин хиёнати фарҳангии шутурчаронҳои фарҳангии фашизми авғонӣ як чизи дигарро ҳам ошкор месозад, ин ки : бо номи ҷаълӣ ва таҳмилии “Авғонистон” ҳама дору надори фарҳангии ҳавзаи тамаддунии порсӣғ хуросонӣ, ҳама мафохири мо, ҳама машоҳири мо, ҳама қаҳрамонони мо ва ҳама дастовардҳои ҳазоронсолаи мо дар баст ба кишваре супурда мешавад, ки имрӯз худро Эрон мехонад. Чун тамоми гузаштаҳои мо бо номи Эрон ва Хуросон гиреҳ хӯрда аст ва бо ҳеч шигард ва найранг ва дастбурде қодир нахоҳем буд , ки ҳувияти эронӣ -хуросонии гузаштаи худро хешро нобуд созем ва ба ҷойи он як зувияти мавҳум ва козиб ва ҳеч ҷойиро биншонем. Шутурбонони фарҳангии фашизми авғонӣ метавонанд дар гуфтору навиштори бузургони эронӣ- хуросонӣ дастбурд зананд, тащриф кунанд, масх созанд , аммо наметавонанд , асли воқеиятҳои таърихӣ ва фарҳангии ҳавзаи тамаддунии моро дигаргун созанд. Ин ҳақиқатро ки Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мавлавӣ, Саноӣ, Анварӣ, Носири Хисрав, Ҷомӣ ва садҳо андешманд ва ҳунарманду дигар мафохири фарҳангӣ ва таърихии мо аз гузаштаҳо то ҳамин саду чанд соли қабл ҳама ва ҳама худро эронӣ - хуросонӣ мегуфтанд ва меҳану маъвои хешро Эрон ва Хуросон мехонданд . Ҳеч як аз он бузургон ҳаргиз авғон набуданд ва ҳеч пайванде бо қабоили авғон надоштанд . Ҳоло чӣ гуна метавонем, ки онҳоро авғон бисозем? Ба шеъри Фирдавӣ ва шоирони дигар дастбурд задан , номҳои асили ҳазоронсоларо бардоштан ва номҳои навсохтаву хандаовари авғониро ба ҷояшон часпонидан,” Сабзавор” –ро “Шиндан” сохтан ва аз ин гуна ҳазорон сияҳкориҳои дигарро кардан ин ҳақиқатро зудуда наметавонад, ки авғон шудан моро ҳеч ва пуч месозад ва ҳама дору надори фарҳангӣ ва таърихиамонро аз мо мегирад. Фирдавсӣ авғон набуд. Касе, ки бо “Шоҳнома” и Фирдавсӣ ошност, медонад, ки Фирдавӣ аз авғонҳо бо чӣ сифоте ёд кардааст.Эронӣ будан ифтихори Фирдавӣ буд, аммо Эрони фирдавӣ Эрони дигарест. Эрони бузург он рӯзгор ҳамин Эроне нест, ки имрӯз мебинем.Ин як ҳушёрӣ, риндӣ ва дурандешии ҳокимони Форс буд, ки чанд даҳа қабл( 1935) кишварашонро расман ба номи “Эрон” сабт карданд ва ҳамчунон номи Хуросонро бар бахше аз хоки худ расмият бахшиданд.Яке аз хиёнатҳои бузурги фашизми авғоншоҳӣ Зоҳир, Довуд, Наим, Муҳаммадгули Мӯманд ва дигарон ин буд, ки дар мавриди он иқдоми ҳушёронаи давлати Эрон ҳеч вокунише нишон надоданд ва дар воқеъ аз чунон иқдоме бисёр хушу розӣ буданд, ки мардумони ғайриавғон аз пешинаҳои эронӣ- хуросонии хеш бурида шаванд ва онҳо битавонанд бигӯянд, ки “дигар касе ҳақ надорад “Эрон , Эрон “ ва “Хуросон, Хуросон “ бигӯяд чун ҳоло Эрон як кишвари ҷудо ва Хуросон ҳам бахше аз он кишвар аст ва ифтихори эронӣ ва хуросонӣ ҳам ба онҳо тааллуқ дорад.Мо авғон астем ва кишвари мо Авғонистон аст.Бояд барои сохтани ҳамаҷонибаи як ҳувияти авғонӣ талош кунем, ки кишвари мо дар пӯшиши ҳамин ҳувияти авғонӣ ба ваҳдати миллӣ бирасад ва мардум ба ҷойи эҳсоси тааллуқ ба фарҳанги эронӣ -хуросонӣ худро ба фарҳанги авғонӣ мутаалиқ бидонанд: Ҳар кӣ аз Авғонистон аст, ӯ авғон ҳаст.До зи мунж зебо Ватан, до му д бобо Ватан, ИН сарзамин ҳаққи бобоҳо ва аноҳои ( модарони ) мо буд, ки ҳоло мероси ҳалоли мост ва шумо дигар садоятонро бадар накунед, ки аз каллаҳоятон манор месозем , лагадмолатон мекунем , ҳасту будатонро бор бор тороҷ мекунем, худрову хокро мефурӯшем то шумо ғайриавғонҳоро тобеъву асири худ нигаҳ дорем”.

Эронро аз ҳама китобҳои пешин бардоштан, ба ҷойи он авғону кишвару чизҳои дигарро навиштан ваҷи ҳақрат ва дармондагии фарҳангии авғонсозонро нишон медиҳад.Онҳо азбаски аз бармало шудани ҳақоиқи таърихии мо ваҳшат доранд, азбаски аз номи таърихи мо, аз номи Эрон –Хуросон нафрат доранд, ба ҳар баҳонае ваҳй мекӯшанд, ки бар гузаштаи мову номҳои таърихии мо хати бутлон кашанд ва нагузоранд, ки мардум бидонад,ки он Эрони Фирдавӣ Эроне аст, ки як бахши бузурги сарзаминҳои таҳти ситраи ҷобиронаи авғоншоҳонро ҳам дар бар мегирад.

Пажӯҳишҳои чандингона ба рӯшанӣ менамоёнад, ки зиёдтар шаҳрҳо ва бахшҳои муҳиму умдаи Эрон , ки Фирдавӣ аз он бо ифтихор ёд мекунад, дар маҳдудаи ҷуғрофиёие қарор дорад, ки имрӯз ба номи ҷаълии Авғонистон шӯҳрат ёфтааст. Вақте мо номи “Эрон”-ро дар “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ мехонем, набояд чунин пиндорем, ки ҳама суханаш дар мавриди Эрони мрӯзӣ аст. Эрони Фирдавсӣ Эрони мост,Эроне, ки бахшҳои шимол,ғарб ва маркази Авғонистон,сарзаминҳои тоҷикнишин, манотиқи ӯзбакҳо, туркманҳо, ҳазораҳо, балучҳо дар он шомил мебошад.

Ҳоло ин шеъри Фирдавсӣ : Чу Эрон набошад тани ман мабод, Бад- ин буму бар зинда як тан мабод шиори ҳамагонии мардуми Эрони имрӯз аст.Ҳамон гуна ки худи Фирдавӣ бо ғуруру ифтихор Эрон мегуфт, ҳамтаборони Фирдавӣ дар Эрони кунунӣ низ онро бо сарбаландӣ мехонанд ва азаш лаззат мебаранд.Аммо мо мардуме, ки дар асорати авғоншоҳони ҷаббору мустабид будаем, мо мардуме, ки ба зӯри авғон сохта мешавем, мо мардуме, ки ҳаққи таборизи ному ҳувияти аслии худро надорем, мо ҳамтаборони Фирдавсӣ дар ин бахши хоки Эрони он рӯзгор , на танҳо бо Фирдавсӣ бегона менамоем, балки ҳама риштаҳоямонро бо фирдавсӣ гусастаем ба хотире, ки Фирдавсӣ эронӣ буду мо авғон шудаем! Мо чаро ба хотири як номи ҷаълӣ ва таҳмилӣ ба ин ҳама ранҷу саргардонии фарҳангӣ ва ҳувиятӣ ва таърихӣ гирифтор бимонем? То кай ва зудтар кадом шеър ва асасри бузургон ва мафохири фарҳангиву ҳунарии эронӣ- хуросониамонро дасткорӣ кунем ва аз ҳар ҷое, ки дар осори онҳо Эрон ва Хуросон нақш шудааст, он номҳои аслиро бардорем ва номи ҷаълии авғон ва ё як калимаи дигарро бигзорем? Мо чарову ба чӣ хотир Рӯдакиамонро, Фирдавсиамонро ,Мавлавиамонро, Ҳофизу саъдиву Анвариву Саноӣ ва Ҳоқонӣ ва Беруниву Пури Синову Носири Хисрав ва Ҷомӣ ва дигару дигаронеро, ки ҳама шоирону андешмандон ва мафохири худамон астанд ва ҳамаи эшон эронӣ-хуросонӣ буданд, аммо “авғон” ҳаргиз набуданд, ба кадом мантиқ авғон бисезем ва дар осорашон дахлу тасарруф намуда, онро таҳриф ва масх намоем?

Фирдавсӣ аз мо ёд мекунад, аз сарзамину меҳани мо ёд мекунад,аз ҳирот, аз Ғазна, аз Зобул, аз Кобулу дигар шаҳрҳои мо ёд мекунад, ҳамосаҳои мардуи моро месарояд, моро ба ҳамон номе, ки доштаем, мехонад, барои зинда нигаҳ доштани ҳувияти мо солҳои зиёд аз умри азиз хешро қурбон менамояд ва “Шоҳнома”- ро месозад, ки барои мо ба мерос бимонад ва мо аз он ба худогоҳӣ бирасем ва таслими сиёҳи ва бехирадии дуздони саргарданаҳо ва раҳзанони даштҳое нашавем, ки Фирдавӣ васфашонро кардааст. Аммо бо дарду дареғ, ки ворисони ҳамон дуздони сардаргарданаҳо ва раҳзанони даштҳо имрӯз ойинаи равшани ҳувият ва забони моро мешикананд ва бо лаккае номи авғон онро сиёҳ месозанд –“Шоҳнома”- ро таҳрифу таҳқир менамоянд!

Ман аз шутурчаронҳои фарҳангии фашизми авғонӣ мепурсам, ки агар ин ҳама аз забони порсӣ –дарӣ ва фарҳанги асили эронӣ –хуросонии мо нафрат доред, агар аз ҳувият ва аслияти Фирдавсиҳо, пури Синоҳо ва садҳову ҳазорон шоиру нависанда ва мутафаккири мо ваҳшат доред, чаро намерӯед ва аз забону меросҳои фарҳангии худатон баҳра намегиред, ки меоед ва шеъру набиштаҳои бузургони моро барои мақосиди шуми хеш таҳриф ва масх менамоед? Охир то саду чиҳил сол қабл Авғонистон Мавғонистонро кас намешинохт. Ҳама огоҳанд, ки номи Авғонистонро ҳам намояндаи англис бар соҳаи таҳти тасаллути амирони худфурӯхтаи авғон ниҳод ва аз он пас тавқи лаънати ин ном ба гардани тамоми мардуми мо ба ҷабру ба найранг афганда шуд ва мехоҳед, ки бо ҳамин номи береша ва бебунёд, ҳама таърихи ҳазоронсола ва ҳама фарҳанги гашанбеху гулшаннамойи моро маҳву нобуд созед ва орзу ҳам доред, ки мо дар муқобилатон сукут ихтиёр кунем!

Шумо Фирдавсиро бегона медонед ва бегона мехонед, аммо Фирдавӣ барои мо бегона нест. Фирдавсӣ шоири ҳамосаҳои ҷовидонии мардуми мост, Фирдавӣ ҳамон сон аз мо аст, ки Мавлавию Носири Хисрав ва Ҷомӣ аз моянд ва ҳама ҳам эронӣ-хуросонианд, на авғон. Шумо ҳар қадар сафсата бигӯед, ҳар қадар чарандпароканӣ кунед, фарҳанги порсӣ- эронӣ -хуросонӣ ҳамон ки буд, ҳаст ва хоҳад буд , рушд мекунад, такомул мекунад , бо тамаддуни бузурги инсон дар ҷаҳон беш аз пеш мепайвандад ,аммо мақҳури фарҳанги қабилавии шумо нахоҳад шуд!

Ин ҳам чанд байт аз шеъри Фирдавии бузург –ойинадори фарҳангу забони мо:

Надонӣ, ки Эрон нишасти ман аст,

Ҷаҳон сар ба сар зери дасти ман аст.

Ҳунар назди эрониён асту бас,

Надоданд шери жиёнро ба кас.

Ҳама якдилонанд яздоншинос,

Ба некӣ надоранд аз бад ҳарос.

Дареғ аст, ки Эрон вайрон шавад,

Куноми палангону шерон шавад.

Чу Эрон набошад тани ман мабод,

Дар ин буму бар зинда як тан мабод.

Ҳама рӯй яксар ба ҷанг оварем,

Ҷаҳон бар бадандеш танг оварем.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем¸

Беҳ аз он ки кишвар ба душман диҳем.

Чунин гуфт мӯъбад, ки мардӣ ба ном

Беҳ аз зинда, душман бар ӯ шодком.

Агар кушт хоҳад туро рӯзгор,

Чӣ некӯтар аз марг дар корзор.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?