http://tajikam.com

Симини Беҳбаҳонӣ: Чаро ба хатти форсии худатон барнамегардед? PDF Чоп
Муаллиф: Исфандиёри Назар   
12.04.2013 07:57

Бознашр аз торнамои Би Би Си

Ҳадафи сафарам ба Теҳрон мулоқот кардан ба устоди ғазали форсӣ Симини Беҳбаҳонӣ буд. Мехостам маҷмуъаи комили ашъорашро, ки зери унвони «Як доман гул» тавассути нашриёти «Ирфон» моҳе пеш ба нашр расонидам, ба ӯ расонам.

Симин ҳанӯз соли 2006 бо навиштани номае иҷозати нашри осорашро ба ман дода буд. Ҳамчунин 8-9 сол қабл аз Париж ба ӯ телефонӣ суҳбат карда будам. Аммо ин орзуву иштиёқ маро ҳамеша дар қайди худ медошт, ки бо ӯ мулоқот кунам ва суҳбате роҷеъ ба шеъру зиндагияш анҷом диҳам.

Иддае аз дӯстон қабл аз сафар ба ман иттилоъ доданд, ки Симин ба хотири андешаву ашъори сиёсиаш дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва шояд натавонам бо ӯ ҳамсуҳбат шавам. Ҳамчунин гуфтанд, ки шояд китобро ҳам ба ӯ расонида натавонем...

Маҷмуъаи ашъори ӯро банда ҳанӯз соли 2006 аз рӯи китобҳои «Ҷойи по», «Мармар», «Растохез», «Як дарича озодӣ», «Яке масалан ин, ки...», «Тозаҳо»... ва ниҳоят «Маҷмуъаи ашъор» ба ҳуруфи кирилӣ баргардону тибқи ҷобаҷогузории чопи охирии девонаш саҳҳофӣ намудам, аммо имконияти чопи он солҳо ба таъвиқ афтод ва ниҳоят моҳе пеш бо сарпарастии Мукаррама Қайюмзод аз чоп баромад.

Тӯли як ҳафтаи иқомат дар Теҳрон ҳеч муяссар нагардид, ки Симинро пайдо кунем ва ҳеч кас ҳам ҳозир набуд, ки ҳусули ин мулоқотро бар дӯш бигирад. Ҳама аз орои сиёсиву дар ҳабси хонагӣ будани ӯ мегуфтанд ва ҳатто нафаре аз дӯстони эрониямон бо итминон гуфт, ки «Симин дар Ирон нест, ӯ дар Фаронса дорад худро табобат мекунад» ва бо ҳамин аз кумак ба мо шона холӣ кард.

Аммо бонуе фарҳехтаву огоҳ бо номи Фарзона қатъан ваъда дод, ки вохӯрии моро бо Симин, - ба шарте, ки дар Ирон бошад, - ба роҳ мемонад ва ҳақиқатан чандин рӯз кӯшиш карду ниҳоят телефонии манзили шоири машҳурро ба даст овард. Бо писари ӯ Алии Беҳбаҳонӣ гуфтугӯ кард. Алӣ мусоидат кард, то хонум Фарзона бо Симин гуфтугӯи телефонӣ кунад. Ниҳоят шоми 24-уми ноябр Симин мулоқотро дар манзили худ таъин кард ва мо тибқи нишонии додаи писараш ба дидори ӯ шитофтем.

Ҳавлии на он қадар бузургу дилкаш. Писараш Алӣ, ки тарҷимони забардастест моро пешвоз гирифту огоҳ кард, ки вазъи саломатии модараш он қадар хуб нест ва мо ин нуктаро ҳангоми гуфтугӯ мадди назар дошта бошем.

Мо ба хонае ворид шудем, ки дар деворҳо чанд акси ҷавониву калонсолии Симин, ҳамчунин акси Нимо Юшич ва дар қобҳо хаттотиҳое, ки аз ғазалҳои машҳури ӯ кардаанд, овезон буд.

Пас аз чанд дақиқа Симин, ки по ба синни 84 солагӣ ниҳодааст, вориди хона гардид. Бо чеҳрае бозу хандон. Осори бемориву пирӣ дар андому сураташ ошкор буд. Бо ҳама самимона салому ҳолпурсӣ кард. Ба ташаккур гуфтану монеъ шудани мо аҳаммият надодаву исроркорона бо дасти худ чой омода карда ба ҳама чой дод, мева овард. Писараш Алӣ дар ҳар қадам ӯро муроқибат мекард.

Дар ин муддат ман китоби чопкардаи худро ба писараш нишон додаву ҷойгузинии ашъорро дар он тавзеҳ додам. Аз сифати чопу ҷилди он хушаш омад, сипас аз ман хост, ки ончиро ба ӯ гуфтаам ба модараш низ тавзеҳ диҳам.

Симин китобҳоро бо шодмонӣ гирифт, якеро варақгардон кард, изҳори масаррату сипос намуд ва гуфт: «Оре, ман ҳамеша гуфтааму мегӯям, ки ману Гугушу Нодирпурро беш аз ҳар ҳунарманди дигар дар Тоҷикистону дар дигар кишварҳои форсизабон дӯст медоранд. Чун ман ҳам самимона онҳоро дӯст доштаам.»

Тӯли 40-45 дақиқае, ки мо суҳбат доштем ба суолҳои додаи ман оромона, аммо бо иштиёқ посух медод. Ба суханронии ӯ гӯш дода, меандешидам, ки: оре, ин шоирест, ки дар вожа-вожаи навиштаҳои худ ҳузур дорад. Шеъри ӯ дурӯғ надорад, ӯ воқеияти рӯзгори худро, аҳволи мардуми худро устодона ба риштаи назм кашида, бо дидани кӯдакони фақир, ононе, ки барои луқмаи нон ба шаҳр коркобӣ меоянд, заноне, ки аз фақр даст ба ҷиноят мезананд... амиқан ва бо ҷон андуҳгин мешавад. Дар ҳоле, ки шоирону нависандагони зиёдеро ҳам дидаему шунидаему доштаем, ки худ дар осорашон ҳузур надоранд, яъсашон аз дидани мусибати дигарон сатҳӣ ва равонашон осӯда будааст...

Фишурдаи муколамаи худро бо Симини Беҳбаҳонӣ ба хонандагони рӯзнома пешкаш мекунам:

Исфандиёр: Узр мехоҳам, ки натавонистам сари вақт ин китобро ба чоп расонам ва Шуморо шаш сол дар интизори нашри он гузоштам.

Симин: - Ишколе надораду ман сипосгузорам, ки шумо аз роҳи лутфу муҳаббате, ки ба шеъри ман доштаед, ин заҳматро ба дӯш гирифтед ва маҷмуъаи комили ашъори маро дар дастраси мардуми адабдӯсти тоҷик қарор додед. Ростӣ, ба тамоми вуҷуд шодмон ҳастаму аз заҳмати кашидаатон қадрдонӣ мекунам. Инро ҳам бигӯям, ки китобҳои ман ҳамеша бо заҳмат нашр мешаванд, ҳамеша дар чопи онҳо мушкилӣ доштам. Ростӣ, чаро дар Тоҷикистон ба хатти форсии худашон барнамегарданд?

Исфандиёр: - Ин орзӯи ҳар фарди огоҳи Тоҷикистон аст. Мо низ борҳову ба каррот хостаем, ки ба хатти форсӣ моро баргардонанд, то Истиқлолияти кишвар ба тамоми маъно комил бошад. Аммо, худатон низ хуб медонед, ки чи саддҳое дар ин роҳ вуҷуд дорад. Абарқудратҳое ҳастанд, ки ба ин амр монеъ мешаванд, чун метарсанд, ки ба ин васила боз Тоҷикистону Афғонистону Эрону Покистон ва ҳатто Ҳинд бо ҳам пайваст мешаванд. Ин амр аз як сӯ, аз тарафи дигар маблағи азиме лозим аст, то тамомии асноду кутуб бознашр шавад, дар тамоми мадорису донишгоҳу донишкадаҳо боястӣ омӯзгорон ба хатти форсӣ ошно бошанд, то тадрис ба ин хат сурат гирад ва ин ҳама ба осонӣ даст намедиҳад.

Симин: - Аммо метавон кам-кам шуруъ кард ва тадриҷан бо рӯйи кор гирифтани як барномаи фарогир, масалан дар тӯли бист соли баъдӣ ба он муваффақ шуд. Метавон барномаҳои камаҳаммиятро ихтисор кард ва ҳамасола барои иҷрои ин манзур маблағи муайянеро ихтисос дод.

Исфандиёр: - Умед аст, ки дар кишвари мо ниҳоят ба чунин натиҷае бирасанд.

Симин: - Иншоаллоҳ...

Исфандиёр: - Мехоҳам аз худатон бигӯед.

Симин: - Хуб, дар хонадони ду рӯзноманигору тараққипарвар: падарам Аббос Халилӣ – мудири нашрияи «Иқдом» ва Фахр оли Хилъатбарӣ зода шудам. Дурустараш, дар хонаи падари модарам ба дунё омадаам. Модарам пас аз се соли ҳамзистӣ аз падарам дар ҳоле, ки ман се моҳа дар батнаш будаам, ҷудо шуд. Иллати ҷудоии ӯ шикасти итминонаш нисбати падарам буд.

Модарам ба мусиқии миллӣ мусаллат буд, шеър менавишт, рӯзноманигорӣ мекард ва дар бедории занони Ирон хидмати босазое кард. Ҳамчунин замоне, ки падарам бо ҳукми сардори сипаҳ Ризошоҳ, ки баъдан шоҳи Ирон шуд, дар табъид (бадарға) буд, модарам бо навиштани номаеву байте аз Ҳофиз ба номи шоҳ Ризои Паҳлавӣ илтиҷо кард, ки ӯро озод намоянд ва Ризошоҳ посух дод: «Дастури озодӣ додем» ва ӯ озод шуду ба Теҳрон баргашт.

Ман рӯзгори худу модарамро дар китоби наве бо номи «Бо модарам ҳамроҳ» навиштаам, ки тариқи нигориши он нав аст ва шумо метавонед аз он низ ба суолҳои худ посух бигиред. (Симин бо тамкин эҳтиёт бархосту ба хонаи дигар рафт ва дар даст шаш ҷилд китоб овард, ки ҳамон ду асари тозачопшудааш бо номҳои «Ёди баъзе нафарот» ва «Бо модарам ҳамроҳ» буданд.

Оромона биншасту дар сафҳаи аввали «Бо модарам ҳамроҳ» навишт: «Тақдим ба дӯсти гиромиву фарҳехта оқои Исфандиёри Назар бо сипос аз заҳмати эшон. Иҷозаи чопи ин китобҳо бо оқои Исфандиёри Назар аст. Симин. 4/09/91 имзо.» Дар китоби дигар низ соядаст навишт ва ба ҳамроҳонам Фарзона хонум ва Мукаррама Қайюмзод низ бо соядаст китоб тақдим кард.)

Исфандиёр: - Ҳузури модаратон дар бисёре аз шеърҳову ғазалҳоятон ошкор аст. Чун фарзанди ду ватанпарасти шинохта ҳастеду худ низ дар ватаниясароӣ шуҳрати басазо доред, ҳамин ҳоло кадом байти сурудаи модаратонро дар бораи Ватан ба ёд меоред?

Симин: - Тахминан солҳои 1316 ё 1137 модарам дар бораи Ватан шеъре суруда буд, ки матлаъи он чунин аст:

Ҷону тани ман бод фидои Ватани ман,

Оре, ба фидои Ватанам ҷони тани ман!

Исфандиёр: - Дар мавриди Ватан ғазали маъруфи Шумо «Дубора месозамат Ватан, агарчи бо хишти ҷони хеш» дар Тоҷикистон низ суруд шудаву ҳамешаву мутантан садо медиҳад.

Симин: - Воқеан ин ғазал дар миёни ирониҳои хориҷ низ маъруф асту хонандаҳои машҳур ба он оҳанг бастаанд ва амиқан бо хишти ҷони худ онро навиштаам (механдад).

Исфандиёр: - Назари Шумо ба осори адабии имрӯзаи Ирон чи гуна аст? Чиро кам дорад? Ҷуз осори Нимову Ахавону Шомлуву Фурӯғу Суҳробу худи Шумо, ки тозакориҳои азиме дар шеъри навин кардаед, кадом дастовардҳоеро дорад?

Симин: - Дар шеър ғайр аз машоҳири номбурдаатон бояд Нодири Нодирпурро ёд кунем. Агар Нодирпур ҳиҷрат намекард, ҳеч кас наметавонист бузургтар аз ӯ бошад. Ӯ ба воқеъ шоъири бузурге буд. Ман дар мавриди бузургони асри худу осори онҳо афкору ақоиди худро дар китоби «Ёди баъзе нафарот» навиштаам. Ин ҷо мехоҳам дар мавриди наср гӯям. Ман насри хориҷиро бисёр мутолиа кардааму бо осори насрии имрӯзаи худамон муқоиса намудаам.

Нависандаҳои мо аз адибони хориҷӣ ҳеч камие надоранд, мо танҳо тарҷимон надорем. Иллати ҷаҳонӣ нашудани осори мову забони мо дар тарҷима нашудани корҳои эҷодии мост. Забони ангилисӣ барои он мусаллат аст, ки осорашонро фаврӣ тарҷима мекунанд. Дар Ирон тарҷимаи осори хориҷӣ хуб ба роҳ монда шудааст, айни чунин корро бояд ба забонҳои ғайр ба роҳ монем, то ҷаҳон аз андешаву нигориши мо огоҳ шавад.

Исфандиёр: - Шумо дар ғазалҳои худ аз вақоеъи ҷаҳон, минҷумла бо тарсими нақши Зуҳра аз Фаластин ёд мекунед. Назаратон роҷеъ ба Исроилу Фаластин чист?

Симин: - Ҷиноёте, ки аз ҷониби Исроил нисбати мардуми Фаластин рух медиҳад, дар гуфтан намегунҷад. Айни замон набояд мардуми одии мустақар дар Исроилро ба ин ҷиноёт маҳкум намоем. Ин ҷиноётро режими саҳюнистӣ содир мекунад, на мардуми оддӣ. Аз ёд набарем, ки дар Исроил ирониҳо, русҳо, бухориҳо ва намояндагони миллатҳои дигар низ зиндагӣ доранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ин фоҷиаи бузургро одилона баррасӣ ва ба итмом расонад...

Исфандиёр: - Шумо акидан ба андешаи Ахавони Солис, ки мегуфт «Ман бо ҳама дар сулҳи куллам» мувофиқед?

Симин: - Дар ин росто бале, ҳамаи инсонҳо ва дар ҳамаи ҷаҳон бояд сулҳхоҳу башардӯст бошанд. Аммо ман на ба ҳамаи ақидаҳову мавориди фикрӣ розӣ ҳастам.

Исфандиёр: - Бархе дӯст медоранд, ки дигарон ва ҳатто як ҷомеъаи бузург низ ҳамеша аз андешаву орои онҳо пайравӣ кунанд. Назари Шумо чист?

Симин: - Иҷоза диҳед аз ҳамин китоби «Бо модарам ҳамроҳ» ба Шумо посухи ин суолро то он ҷо, ки дар ёд дорам, диҳам. Он ҷо навиштаам, ки: Дигаронро кӯр-кӯрона ба итоъат водоштану ҳаққи ҳамагуна дахолат дар сарнавиштро аз онон салб кардан, роҳу расми деринаи пирони ин сарзамин аст. Албатта, ин тариқа дар кишвари Шумо низ бояд марсум бошад.

Исфандиёр: - Бешак.

Симин: - Ин расму роҳи зишт аст. Ин дуруст аст, ки машоихи бузурги мо дар гузашта ба муридони худ роҳу расми риёзатро, то ҳатто дар баъзе маворид гадоӣ карданро амр медоданд, то тариқи фанову расми хузуъу худкамангориро ба онон омӯзанд. Ба фикри ман ин тариқаи омӯзиши онҳо ғалат аст. Беҳтар буд, ки онҳо ба муридони худ дар ин баробар ҳамчунин истиқлоли ройу дурустандешиву такя кардан ба нафсро низ меомӯхтанд. Ман наметавонам ҳар гуфтаву афкореро бе талабу истидлол ва бе он, ки худ дар он амиқан андешам, қабул намоям.

Исфандиёр: - Шояд ҳамин пофишорӣ дар ақидаву истидлоли худ аст, ки бар шумо фишор овардаанд?

Симин: - Албатта далелаш маълум аст. Инҳо аз ман мехоҳанд, ки озодандешиву истиқлоли баёни худро дар ғазалҳоям роҳ надиҳам. Аммо ман посух додам, ки оқоён, ман одат дорам, ки ҳамин тавр фикорамро баён кунам. Ман, ки душмани ҳеч касе нестам.

Хуб, инҳо ҳаққи рафтани маро ба хориҷи Ирон аз ман гирифтанд, ман ҳатто натавонистаму иҷоза надоштам, ки дар марги хоҳарам ширкат кунам, дар маросими издивоҷи пайвандонам ҳузур ёбам.

Исфандиёр: - Ҳамин ҳоло чи фикре Шуморо азият медиҳад?

Симин: - Хабари марги Саттори Биҳиштиро шунидед?

Исфандиёр: - Бале ва бисёр мутаассуфам.

Симин: - Ин хабару баёнияи модари ӯ хобу оромишро аз ман салб кардааст, ғазале ҳам дар сӯги ӯ навиштам (Афсӯс мехӯрам, ки аз Симин нусхаи он ғазалро напурсидам).

Исфандиёр: - Аз Тоҷикистон чӣ медонед?

Симин: - Медонам, ки зодгоҳи падари шеър Рӯдакӣ дар он ҷост, медонам, ки марзи Хуросони бузург аст, медонам, ки ҳамзабону ҳамториху ҳамдину як миллат ҳастем.

Исфандиёр: - Аз шоъирони муосири тоҷик осори киро хондаед?

Симин: - Намунаи ашъори Лоиқро хонда будам, бо иллати хат дигар аз аҳволи адабии он ҷо бехабару бебаҳраам.

Исфандиёр: - Шуғле, ки умре дӯст доштаву ба он то имрӯз ҳамқадам будед?

Симин: - Омӯзгорӣ пешаи ман буд ва ҳеч кореро ҷуз ин пеша қабул накардаам. Шабонаҳо китобхонӣ ва субҳ шодмон бархостан корам буд. Акнун заъифии чашмҳо маро аз китобхонӣ маҳрум намудааст.

Исфандиёр: - Маълум аст, ки омӯзгори нахусти ҳар фард аввал модар асту сипас омӯзгори мадраса. Лаҳзае, ки аз омӯзгори мадрасагиятон ба ёд мондааст?

Симин: - Лаҳзаҳо зиёданду то он ҷо, ки мақдуру ба хотир доштам, онҳоро дар китоби хотироти худ, («Бо модарам ҳамроҳ») ёд кардаам. Як лаҳзаи хуш ин аст, ки устодам доктор Абулқосими Наҷмободӣ, ки дарсҳояшро бисёр дӯст медоштаму ҳамеша хандон менишастам, боре бо ин гумон, ки шояд ӯро ба шӯхӣ гирифта бошам, ки ҳамеша хандонам бо таъарруз гуфт: - Чаро ин қадар механдӣ? Гуфтам: - Аз хушҳолӣ ва ин, ки дарси Шуморо дӯст дорам. Аз он ба баъд, ки мухотабаш маро қарор медод, мегуфт: Симинбар Халилии хандон! Ту бигӯ.

Исфандиёр: - Дар кори мутолиаву навиштан ҳоло кӣ Шуморо кумак мекунад?

Симин: - Духтаре ҳаст, ки ба ӯ мегӯяму менависад. Лекин бисёр ғалат мекунаду боз ҳам маҷбурам, ки баробари имло кардан ба ӯ, ҳамчунин вазифаи омӯзгориро низ иҷро кунам (механдад). Албатта ин ҳол азиятам мекунад, ки маҷбурам муҳтоҷи кумаки атрофиён бошам. Тасаввур кунед, ки чизеро навиштан мехоҳиву худ наметавонӣ ё оне, ки ба ту бояд кумак кунад, дер меояд, қаҳр мекунад, гоҳе таъна ҳам бояд шунавӣ...

Исфандиёр: - Вазъи саломатиятон алъон чи тур аст?

Симин: - Хуб, чашмҳову дарди пойҳо, ки иллати пирист. Дилам низ мариз асту пирӣ намегузорад, ки ҷарроҳӣ кунам. Аслан тоби дар беморхона монданро надорам.

Исфандиёр: - Андешаатон дар мавриди оҳангҳое, ки бар ашъори Шумо сохтаанд, чи гуна аст?

Симин: - Албатта агар бо садои форам иҷро шаваду матлаби гӯянда ба шунаванда амиқан расонида шавад, хуб аст. Ман барои радио беш аз 300 суруд навиштаам, ки нусхаҳояшон буд, мутаассифона дар зербинои манзили қаблиямон ҳама зери об монданд... Медонам, ки дар Афғонистон ашъорамро мехонанд, Аҳмад Зоҳир хондааст.

Исфандиёр: - Дар Тоҷикистон низ Хосияти Ортиқ, Муборакшо, Манижаи Давлат ва чанд тани дигар ғазалҳои Шуморо сурудаанд.

Симин: - Сипосгузорам.

***

Дигар нахостам беш аз ин вақти ӯро бигирам, чун ошкор буд, ки саломатияш хуб нест. Барои суҳбат ба ӯ сипос гуфтаму офият хостам ва ба ҳамроҳонам низ ишора кардам, ки ӯро дигар заҳмат надиҳем. Симин гуфт: - То мева нахӯред, иҷоза намедиҳем, ки равед. Ташаккур гуфтему исрор кардем ва ӯ низ бо исрор меваҳоро ба мо тақсим кард ва зимни худоҳофизиву сипосгузории мукаррар аз нашри китобаш гуфт:

Симин: - Оқои Исфандиёр, аз чопи «Маҷмуъаи ашъор»-и ман, ки Шумо бар асоси он чопи русии (хати кирилии тоҷикиро дар назар дошт) онро анҷом додед, даҳ сол гузашт. Дар ин муддат ман шеъру ғазалҳои зиёде навиштаам. Дар чопи баъдие, ки анҷом медиҳед, албатта агар иштибоҳоте рафта бошад, ислоҳ менамоед ва мехоҳам ин ашъорро ҳам замима кунед. Метавонед баъдан аз писарам Алӣ онҳоро дастрас намоед.

Бо шодмонӣ пешниҳоди ӯро пазируфтам ва ҳамчунин бояд ёдовар шавам, ки бо писараш роҷеъ ба корҳои ӯ дар бахши тарҷима гуфтугӯ кардам, ки дар мақоми худаш ёд хоҳам кард...

Теҳрон, шоми 24-уми ноябри соли 2012

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?