http://tajikam.com

Бозтобе аз андешаҳои устод Рӯдакӣ PDF Чоп
Муаллиф: Доктор Басир Комҷӯ   
12.04.2013 08:53

Бознашр аз торнамои “Тоҷикам”(www.tajikam.com)

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ


Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд,

Дил ба Бухорову бутони Тароз.

Эзади мо васвасаи ошиқӣ

Аз ту пазирад, напазирад намоз.

Бо он ки мушаххасоти ҷомиаи рӯзгори Рӯдакӣ ( як ҳазору яксаду панҷоҳу панҷ сол пеш аз имрӯз), бо алоим ва нишонаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷавомеъе, ки акнун мо дар он зист дорем, яксон набуда, аммо гунаҳои муътанобеҳе (чашмгир, бисёр зиёд) аз ваҷҳи иштироки ин ду унсури аз ҳам мутафовит дар андешаҳои Рӯдакӣ равшанбинӣ шудааст.

 

Дар омӯзиши Рӯдакӣ мадорики фаровоне вуҷуд дорад, ки тасвири бисёр шаффофе аз авзоъву аҳволи ҳаёту аҷҳофи лояҳои иҷтимоии замонаш ҳикоят мекунад.

Ангораҳои фикриву шурӯҳии (шарҳии) ақлонии Рӯдакӣ аз ҳанҷорҳои (равиш, меъёр) мавзуни асраш, асоситарин мафоҳими ҷомиашинохтиро дар қолаби манзум ба нафъи инсон ва бедории ӯ ба тааммул(оянданигарӣ) гирифтааст.

Мо дар ин баҳс бархе аз асосоти тафаккури вайро, ки шуҳуде (шоҳиде) аз андешаҳои ҷомиашинохтӣ ва фалсафиву ахлоқии ӯст, ба баён мегирем.

Дар ашъори Рӯдакӣ қувваи тахайюл ва ташбеҳ ва наздикии маъонӣ ба сиришт ва васфи он, рӯҳи фараҳу шодмонӣ, шабоҳат, нозукбинӣ, покиву кирдори нек, душвории ҳаёт, бедории замир, андозаи қурбат ва меҳр, баёни пайванди озодагӣ бо бо саҷоёи(хулқу хӯй) ахлоқии шараф, ишқ ва мавқеитяти лаззати он дар зиндагӣ, шаффофияти ишқ ва муҳаббат, қазову доираи такрори таълим ва дард, ҷидоли наву кӯҳна дар сайри давронии замон, хушзистӣ ва ҳамзистӣ, муқовимат ва истиқомат, гузашт, қаноат ва иқбол, олами имкон, матоъи фоқиди арзиш, нестӣ ва даҳҳо мақулаи ноби дигар, бозтоби рӯшан ёфтааст. Чунончи, дар як намунаи ғаноие ӯ менависад:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н- омӯзад, зи ҳеч омӯзгор.

То ҷаҳон буд аз сари одам( мардум) фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Рози донишро ба ҳур гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ашъори Рӯдакӣ ва рӯйкардҳои фикриву адабии соири пешкисватони забони порсӣ танҳо шарҳи муносибҳои гулу булбул нест.

Балки омӯзиш ва маърифати илмӣ ва ахлоқӣ, фалсафиву адабӣ, ирфониву диниест, ки ба масобаи як Каҳкашон дар осмони маърифати башарӣ нурафшонӣ мекунад. Насли ҷавон бояд ҳарчи бештар аз ин нури рӯшноӣ дар рушди омӯзиш ва парвариши шахсияти илмии хеш истифодаи маъқул ва огоҳона намояд.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?