http://tajikam.com

Таркиби воқеии ақвоми Афғонистон: То сияҳрӯй шавад, ҳар кӣ дурӯғаш бошад PDF Чоп
Муаллиф: Муҳаммад Носеҳ(Афғонистон)   
15.04.2013 21:29


Бознашр аз торнамои “Тоҷикам”(www.Tajikam.com

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Таркиби намояндагон дар Луя Ҷиргаи Амонуллохон

паштун 32 %, ғайрипаштун 68%

Ҳол ки таби форсиситезӣ ба авҷаш расидааст, хостам бахшҳое аз пажӯҳиши як донишманди паштунтаборро дар мавриди ҷаълҳои таърихӣ ва иддаъоҳои аксарият ва ақаллияти зимомдорони Афғонистон, бо шумо шарик кунам, то сияҳрӯй шавад, ҳар кӣ дурӯғаш бошад.

Тасвиреро , ки тамошо мекунед, таркиби ақвомро дар Луя Ҷиргаи(Маҷлиси сардорони қабоил, ки паштунҳо онро барои тасмимгириҳои бузург истифода мекунанд ва ҳоло салоҳияти он болотар аз Маҷлиси намояндагон-- ниҳоди қонунбарори кишвар аст, вале мардуми ғайри паштун, ба вижа тоҷикон онро як абзори давлати қавмгаро медонанд ва лағви онро талаб мекунанд—шарҳи баргардонанда) соли 1924-и Амонуллохон нишон медиҳад.

Ин пажӯҳишгар бо дастёбӣ ва ҳаллоҷии ҳам асноди он ҷирга мегӯяд, ки маҷмӯи намояндагони паштун дар он ҷирга 32 дарсад буда, ки тақрибан нуфуси воқеии онҳоро дар Афғонистон нишон медодааст. Ӯ мӯътақид аст, ки ин таркиб, ки камокон ба ҳоли худаш боқист, метавонад мабнои хубе барои ҳалли масъалаи печидаи ақвом дар Афғонистон қарор гирад.

Профессор Ҷамил Ҳанифӣ, устоди пешини мардумшиносӣ ва таърихи Афғонистон дар Амрико, ки аз паштунҳои Сурхоби Лӯгар аст, пажӯҳиши густурдае дар мавриди Луя Ҷиргаҳо ва даъвоҳои аксарияту ақаллият анҷом додааст. Чунончи дар тасвир мебинед, Ҳанифӣ мегӯяд, то замони Амонуллохон Афғонистон нуҳ вилоят дошт, вале нақшае аз густура ва соҳаи он вилоёт ба даст намедиҳад(намеояд). Ҳанифӣ мегӯяд , аз ҷумлаи як ҳазору 54 намоянда дар он ҷирга 197 нафари онҳо аз вилояти бузурги Кобул буданд, ки 153 нафари онҳо ғайрипаштун ва 44 паштун буданд. Ва низ таъкид мекунад, ки шаҳриёни Кобул то он замон тақрибан ҳама форсизабон будаанд( рисолаи англисии ӯ дар линки пойин қобили дастрасӣ аст).1)

Ҳанифӣ ва пешинаи Луя Ҷирга

Ҳанифӣ Луя Ҷиргаро “ ҳарбаи қудратманди истилогарона барои машрӯъият кашидан” мехонад ва мегӯяд,ки ин сохтор барои аввалин бор тавассути Амонуллохон ихтироъ шуда ва ҳеч пешинаи таърихӣ надорад.Ӯ мегӯяд, ки иддаои ин ки Аҳмадшоҳ Абдолӣ дар Луя Ҷиргаи 1747 интихоб ё интисоб шуда афсонае беш нест. Ӯ ба истиноб ба китоби “Таърихи Аҳмадшоҳӣ”, ки тавассути муншӣ ва муаррихи дарбори ӯ Муҳамад Ҳусайни Ҷомӣ навишта шуда, менависад, ки дар ин асноди таърихӣ на танҳо зикре аз Луя ҷирга, иҷмоъ, интихобу тоҷгузорӣ нарафта, балки сухан аз кашмакаш байни қабоил ва зери по шудани иддае аз мухолифини Аҳмадшоҳ зери пойи филҳо дорад. Ва низ менигорад, ки калимоте чун “паштун” ва “Афғонистон” аслан дар ин аснод вуҷуд надорад.

Оқои Ҳанифӣ мегӯяд, ки бо ихтироъи “Луя Ҷирга” зимомдорони Афғонистон тайи 90 соли гузашта кӯшидаанд, то аз паштунҳо машрӯъият кашида ва дар паҳлӯи он бо иддаъои “аксарияти” паштунӣ ва “нажоди ҷангҷӯ” соири ақвомро битарсонанд, то худ ба осудагӣ бар арикаи қудрат ламида бошанд.

Пажӯҳишҳои оқои Ҳанифиро ду пажӯҳишгари ғарбӣ ҳар як Томас Ройтих, ки ҳоло масъули шабакаи таҳлилгарони Афғонистон аст ва ба форсиву пашту баладият дорад ва хонум Кристин Нувал Каримӣ таъйид мекунанд. Хонум Кристин мегӯяд: Луя Ҷирга собит карда, ки василаи хубе дар дасти зимомдорони ҳоким бошад, на чизе бештар ё камтар аз ин. ( Ба пажӯҳишҳои ин ду дар мавриди таърихчаи Луя Ҷирга ба линкҳои пойин муроҷиат кунед.[2] ва [3] )

Форсиситезӣ бо баҳонаи ҳуҷуми фарҳангии Эрон

Баъд аз қонунӣ сохтани тамомиятхоҳӣ дар қолаби низоми раёсатии шадидан мутамарказ , ки ҳама таҳлилгарон мӯътақиданд, ки бо бофти ҷомиаи чандқавмии Афғонистон созгорӣ надорад, ҳоло тими тамомиятхоҳи Кобул мехоҳад, ки решаҳои забонӣ ва фарҳангии соири ақвомро низ бихушконад. Ҳамон гуна ки ба баҳонаи “дафъи хатари ҳокимияти мулук аттавоифии ҷангсолорон” ин низоми такқавмиро ба курсӣ нишондаанд, ҳол мехоҳанд, ки бо шиори “ҳуҷуми фарҳангии Эрон”, ки метавонад мавриди писанди ғарбиҳо ҳам қарор гирад, барои форсӣ хату холи авғонӣ дуруст намоянд.

Шиносномаи барқӣ ва ҳарос аз саршуморӣ

Зимомдорони Афғонистон аз тарси расвоӣ, як қарн мешавад, ки аз саршумории нуфус туфра рафта(сарпечӣ карда) ва ба ҳар баҳонае мутавассил мешаванд то ҷилави онро бигиранд. Мутобиқи қарордоди Бонн саршуморӣ бояд то ҳол сурат мегирифт, вале ба баҳонаи набуди амният ин пурӯсаро амалан канор гузоштаанд. Бо ин ҳам қаноат накарда, ҳоло аз тактики кӯҳнаи руъби (тарс,бим)“шикофи қавмӣ зиёд мешавад” мехоҳанд, ки алайҳи зикри номи ақвом дар шиносномаи барқӣ истифода карда, то пурӯсаи паштунсозӣ ва иддаъои аксарият буданро ҳам такмил кунанд.

Ягона саршумории нисбатан беҳтар дар ҷуни( июни) соли 1979 ҳукумати Таракӣ сурат гирифт, ки бо вуҷуди дастбурд тавассути Ҳафизулло Амин( яке аз қавмгароёни хунхори паштун), паштунҳоро 38 дарсад нишон медиҳад.( Таваҷҷуҳ кунед, ба сойти( торнамои) Си Ой Ойи соли 2000 ва мадорики Созмони Милали Муттаҳид). Вале баъд аз раёсати Ҳомид Карзай, Си Ой Ой он рақамро ба 42 дарсад боло бурд, то саҳми бештари паштунҳоро дар қудрат тавҷеҳ кунанд.

Таманно аз ғайрипаштунҳои шарики ҳокимият

Онҳое, ки дастаи табари фошизм шуда ва дар масоиби ( мусибатҳои) миллӣ шарики ҷурм буда ва ҳастанд, бояд бидонанд, ки дер аз қазовати мардум дар амон нахоҳанд монд. Бубинед, ки як паштуни бовиҷдон, мисли оқои Ҳанифӣ чӣ гуна ниқоб аз рухи истилогарии зимомдорони номард ва ғосиб медаронад! Магар шумо чизе ба номи виҷдон ва нанг намешиносед, ки ин ҳама ҷафову тавтиа дар ҳаққи мардуми худ мебинед, вале хам ба абрӯй намеоваред?

Манбаъ:

[1] Editing the Past: Colonial Production of Hegemony Through the Loya Jerga in Afghanistan

[Afghanistan - Country without State? [2

[Innovative Loya Jirga-ism [3

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

180px-avicenna_persian_physician.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?