http://tajikam.com

Забони форсӣ як ҳувийят аст PDF Чоп
Муаллиф: Доктор Басири Комҷӯ(Афғонистон)   
15.04.2013 21:49

Бознашр аз торнамои “Тоҷикам”

Баргардон аз хати форсӣ: Фирдавси Аъзам

Ман таъкид мекунам, ки забони форсӣ аз як ҷиҳат, ба иловаи хазонаи фарҳанги бостонии ин сарзамин, як ҳувийят ва як ғурур аст ва мо ин ҳувийят ва ғурурро раҳо намекунем.Ин ҳувийят ва ин ғурур дар ҳуну гӯшту пӯст ва устухони фард-фарди форсизабонони саросари ҷаҳон аҷин(омехта, сиришта) шуда аст. Зудудани чунин як ҳувийят ва як ғурур аз ҷону дили мардум ва аз дилу домони ин сарзамин дур аз тасаввур ва маҳолу хиёл аст.

 

Ба қавли Би Би Сии бахши форсӣ, Шӯрои вазирони Афғонистон ахиран истифода аз "забонҳо ва лаҳҷаҳо"-и бегонаро дар родиюҳо ва телевизиюнҳо мамнӯъ карда аст.

Кина ва гавҳари дарунии ин тарҳи сиёсӣ печонида бар ҳадаф аст, ки тими Ҳомид Карзай мехоҳад як бори дигар таҷриба кунад, ки оё метавонад бо ҷолу найранги худсохте истилоҳоти забони паштуро дар забони порсии дарӣ шомил намояд. Ва даври бинои тафоҳум ва рушди мутаодили забони форсии Афғонистонро бо сойири кишварҳои форсизабони минтақа ва ҷаҳон мушкилзо ва ғайримумкин бисозад?

Мутолеъа бифармоед! Замоне ки баёноти Ҳомид Карзайро бишнавӣ, бор, боре худаш эътироф карда, ки вай як раиси дастнишонди Амрико ва фоқиди (аздастрафта) машруъияти сиёсӣ мебошад.

Давлат ва ҳукумате, ки машруъияти сиёсии хешро аз орои мардум ба даст наоварда бошад, ба гуфтаи худаш ба василаи кишвари Амрико ба ин симмат(мақом) нишонда шуда бошад ва салоҳияти ҳуқуқӣ ва иҷроӣ дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва дифоии худ надошта бошад, файсалаҳо (ҳалу фасл) ва иқдомоти сиёсӣ ва ҳуқуқии он низ дар арсаи ҳаёти иҷтимоии ҷомеа фоқиди машруъияти қонунӣ мебошад.

Мувофиқ ба муфрадоти Қонуни асосии Афғонистон Шӯрои миллии мунтахаби мардум салоҳияти тасвиби қавонини кишварро дорад, на қувваи иҷроия. Қувваи иҷроия (Шӯрои Вазирон) сирф мукаллаф ба иҷрои қавонини нофиз(нуфузкунанда) дар кишвар мебошад.

Ин ки чанд то одамҳо "зери номи Шӯрои Вазирон" дар Афғонистон бо ҳам менишинанд ва дар мавриди буду набуди вожаҳои забони форсӣ, ин забони пири дунимҳазорсолаи ҳавзаи тамаддуни Осиё файсалаҳои сиёсӣ мекунанд, корест нооқибатандешона.

Чун ин рӯйкард шомили салоҳияти қонунии эшон намебошад, мусалламан ки гом гузоштан дар ҳарими ҳуқуқи фарҳангӣ, забонӣ ва сиёсии дигарон, кори нодурустест , ки ба ғурур ва ҳувийяти эшон бармехурад, хоҳӣ нахоҳӣ муқовимат ва рӯёрӯии шаҳрвандонро алайҳи такравии(иқдоми фардӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба ақида ё амали дигарон) давлат ва аъмолаш бармеангезад.

Таҳқиқи барномаи сиёсати форсиситезии "Тими ҳокими тамомиятхоҳ"-и Ҳомид Карзай дар солҳои пор ва акнун зери номи “Манъи вожаҳои бегона чизи наве нест, дар ҳақиқат пайгирии дарсҳои торихии муборизаи аслофи (дору дастаи пешиниён) ишон алайҳи забони форсӣ мебошад.

Яъне ин сиёсат идомаи он сиёсати форсиситезиест, ки тозиҳо аз авохири қарни ҳафтум то авоили қарни нуҳум, истеъмори кӯҳнаи Бритониё аз авоили қарни 17 то миёнаи қарни 20 дар Ҳинди бритонӣ ва Руссияи тазорӣ ва Шӯравии собиқ аз қарни 19 то 20 дар Мовароуннаҳр ва Хоразм, алайҳи забони форсӣ анҷом додаанд.

Мудовимати (пойдори) ҳамон сиёсат аз соли 1911 бо пешдоварии Маҳмуди Тарзӣ аз тариқи нашрияи Сироҷ ахбор ба иҷро гузошта шуд ва домоди вай шоҳ Амонуллоҳ бо имконоти моддии бештар дар соли 1923 (марка пашту)-ро асос гузошт ва саранҷом тамвил ва таҳаққуқи(амалӣ шудани) сиёсати форсиситезӣ дар раванди ҳокимияти хонадони Оли Яҳё бо ҳимояти мустақими давлат дар ниҳодҳои мухталиф ва ба вижа аз тариқи ниҳоди (Пашту тулана) шиддати бештар ёфт ва ба василаи Ғуломмуҳаммади Фарҳод, Саидқосими Риштиё,Абдуллоҳи Ҳабибӣ, Довудхон... ва дигарон бо шеваи иҷбор дар саросари кишвар тарвиҷ ва таблиғ гардид.

Оқибат, натиҷааш мунҷар ба ин шуд, ки дар соли 1964-и милодӣ расмияти забони пашту дар паҳлӯи забони форсӣ, дар Қонуни асосии Афғонистон тасҷил (ҳатмӣ) гардид. Иқдоми имрӯзии тими давлатии Ҳомид Карзай таъқиби ҳамон сиёсати боло аст.

Ман ба ин андешаам, ки давлати Ҳомид Карзай бояд дар ёздаҳ сол мушкили амният ва суботи кишварро ҳал мекард. Раванди ҳамбастагии миллиро тасреъ мебахшид. Заминаҳои сиёсӣ ва моддии қатлу куштор, дуздӣ ва иҳтикор(ҳирси сарватҷамъкунӣ), фасоди идорӣ ва ришваро нобуд менамуд. Амниятро барқарор мекард. Барқу рӯшаниро ба хонаҳо мебурд. Мушкили бенонӣ ва бекорӣ, бесарпаноҳии мардумро ҳал менамуд. Хиёбонҳо ва кӯчаву паскӯчаҳоро осфолт мекард. Санъат ва зироатро рушд медод. Фабрикот ва корхонаҳои тавлидиро ба вуҷуд меовард. Саноеъи нақлияро асосгузорӣ мекард. Системи молиёти модернро пайрезӣ менамуд. Зерсохтҳои моддӣ ва сиёсии ҳамоишӣ ва ҳамгиройӣ ва ҳамзистии мусолиматомезро миёни шаҳрвандони мо эҷод мекард. Бо таассуф ки накард! Баръакс, бо турраҳот(суханони ёва) ва басоисе, ки ислофаш (пешиниёнаш) аз худ ба мерос монда даромехта ва масруф шуд.

Ва бо таъассӣ(пайравӣ) аз мероси баҷо монда, бо табари тези худ меҳвари қавмӣ, шохаҳои дарахти тануманди ҳамбастагии миллӣ ва забонии ин сарзаминро ором-ором бурид. Ва ҷомеаро ба сӯи хушкидагиву ва ақаббаргаштагӣ ва чандгонагӣ кашонид.

Сиёсатгузорони тими Ҳомид Карзай шууран медонанд, ки дар таҳқиқи сиёсати форсиситезӣ бурди сиёсӣ доранд,зеро бо ин кор ҷомеа ба ҷазоири забонӣ ва қавмӣ табдил мешавад.Ва ҳамбастагии миллӣ ба иншиқоқ(ҷудоӣ) ва чандгонагии миллӣ гароиш мекунад.Чунин як шароит манобеи ҷангу хушунати иҷтимоиро ташдид мебахшад. Ва ҳокимияти тамомиятхоҳон зери номи "Ҳокимияти афғон" таҳким ва устувор меёбад.

Торих гувоҳ бар ин аст, ки бақои умри ҳокимони тамомиятхоҳ дар Афғонистон сирф дар пешбурди сиёсате нуҳуфта аст, ки бо арзишҳои сулҳ ва ҳамбастагиву озодӣ ва адолати иҷтимоӣ дар таноқуз аст.

Аз ин ҷост, ки эшон ҷомеаро дар оташи хашму хушунат ва ҷангу ҷандоли чандбуъдӣ нигаҳ медоранд, то мардум ваҳшатзада шаванд, рӯҳияи ибрози вуҷуди ҳакхоҳии эшон заъиф гардад, аз асби ғуруру гарданфарозӣ пойин биёяндаъият ва тобеъи ҳокимони тамомиятхоҳ гарданд.

Ман таъкид мекунам, ки забони форсӣ аз як ҷиҳат, ба иловаи хазонаи фарҳанги бостонии ин сарзамин, як ҳувийят ва як ғурур аст ва мо ин ҳувийят ва ғурурро раҳо намекунем.Ин ҳувийят ва ин ғурур дар ҳуну гӯшту пӯст ва устухони фард-фарди форсизабонони саросари ҷаҳон аҷин(омехта, сиришта) шуда аст. Зудудани чунин як ҳувийят ва як ғурур аз ҷону дили мардум ва аз дилу домони ин сарзамин дур аз тасаввур ва маҳолу хиёл аст.

Аз ҷиҳати дигар, забони форсӣ забони аввали ирфони ҷаҳон,забони дуввуми Ислом ва забони илму маърифат ва ҳикмату таърих, адабу шеър ва ахлоқ... аст.Акнун бо забони форсӣ зиёда аз сесад милиюн инсон дар саросари ҷаҳон такаллум мекунанд.Ва зиёда аз сад ҳазор сойтҳои интернетии илмӣ, техникӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва адабӣ ва гайра дар саросари ҷаҳон ба забони форсӣ нашр мешаванд.Ва даҳҳо ҳазор нашрия ва китобҳои илмӣ ва ҳаётӣ ба ин забон пахш,таблиғ ва тарвиҷ мегардад.

Ва кишварҳои Эрон, Афғонистон,Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Туркия, Русия, Арабистон ва Сурия ва соири кишварҳои арабӣ... ва форсизабонони муҳоҷири саросари ҷаҳон ва садҳо донишгоҳҳо ва донишкадаҳо ва ниҳодҳои илмӣ ва таҳқиқии хориҷии ҷаҳон, аз нури гарм ва пурбаракати офтобгунаи "хазонаи фарҳанги форсӣ" мустафид мешаванд.

Беҳтар аст ки давлати Афғонистон вақти худро дар вожасозӣ ба забони форсӣ ҳадар надиҳад ва бигзоранд, ки забони пашту ҳамчу забони форсӣ ба дур аз муроқибати сиёсии давлат, дар бистари фарҳангӣ рушд ва такомул кунад ва борвар шавад.

Ҳамин бархурди кӯтоҳбинонаи ҳокимони худмеҳвари паштузабон дар гузаштаҳо буда, ки забони пашту бо ин ҳама имконоти дастдоштаи давлатӣ рушди мутаоъдил накард.Ба дур аз истеъмоли ҳуруфи нисбӣ (дол, ав, йо) ҳанӯз зиёда аз шаст (60) дарсади вожаҳои худро аз забони форсӣ ба орият мегирад.

Ба гунаи мисол сад вожаи зерро ба дараҷаи муште намуна аз Фарҳангистони забону адаби форсӣ ба дӯстони гиромӣ тақдим менамоям, ки дар ин авохир Шӯрои вазирони тими Ҳомид Карзай мусаммам( тасмимгирӣ) ба ташхиси бегона будани ин вожаҳо дар забони форсӣ шудаанд ва мехоҳанд, ки ин вожаҳои пири чандҳазорсолаи забони форсиро бо истилоҳоти забони пашту, ки умри зиёда аз панҷоҳ солро надоранд, таъвиз намоянд.

Донишгоҳ, омӯзишгоҳ, озмоишгоҳ,парваришгоҳ,

зоишгоҳ, хобгоҳ, бошгоҳ, намоишгоҳ, фурӯшгоҳ,

фурудгоҳ, истгоҳ, қароргоҳ, ороишгоҳ,

истироҳатгоҳ, ҷойгоҳ, оромгоҳ, манзилгоҳ,

коргоҳ, осоишгоҳ, саломатгоҳ, лашкаргоҳ,

ситоишгоҳ, ҷанггоҳ, размгоҳ, паноҳгоҳ,

кушторгоҳ, нишастгоҳ, мазоргоҳ, зиёратгоҳ,

овардгоҳ, ибодатгоҳ, саҷдагоҳ, хайргоҳ,

маломатгоҳ, полишгоҳ, пурсишгоҳ, хирмангоҳ,

ҷавлонгоҳ, гузаргоҳ, бандгоҳ, тамошогоҳ,

гурезгоҳ, арзагоҳ, дастгоҳ, оташгоҳ,

ҷароҳатгоҳ, пайвандгоҳ, маҷлисгоҳ,ҳарбгоҳ,

чарогоҳ, ҳаромгоҳ, пешингоҳ, пайкоргоҳ,

хостгоҳ, таҷаллигоҳ, умедгоҳ, гузаргоҳ,

охиргоҳ, парастишгоҳ, боргоҳ, зиёратгоҳ,

обаштгоҳ, обгоҳ, обонгоҳ, обрезгоҳ,

обхезгоҳ, нишонагоҳ, омоҷгоҳ, ҳоҷатгоҳ,

адабгоҳ, таҳиягоҳ, ногоҳ, орзугоҳ, қурбонгоҳ,

бисмилгоҳ, ҳеҷгоҳ, балгоҳ, лангаргоҳ,

баҳоргоҳ, тобистонгоҳ, пойизгоҳ, зимистонгоҳ,

бикрнигоҳ, полизгоҳ, баланднигоҳ, бандаргоҳ,

баногоҳ, пошнагоҳ, пойгоҳ, пешгоҳ,

пайкоргоҳ, бунгоҳ, бандгоҳ, посгоҳ,

субҳгоҳ, бомгоҳ, омадангоҳ, тоҷгоҳ

гардишгоҳ, базмгоҳ,

ва садҳо вожаи дигар дар ин радиф шомили ин фарҳангсарост.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?