http://tajikam.com

Тоҷикони Ӯзбакистон PDF Чоп
Муаллиф: Ричард Фолтз   
17.04.2013 20:46

Баргирифта аз гоҳномаи баррасиҳои Осиёи Миёна, соли 1996 милодӣ, шумораи 15(2), сафаҳоти 213 то 216.*

Нависанда: Ричард Фолтз (Richard Foltz), аз аъзои Маркази мутолиъоти Ховари Миёна, донишгоҳи Ҳарвард.

Тарҷума аз англисӣ ба форсӣ аз Монӣ Порсо

Баргардон аз хати форсӣ: Самандар Хоҷаев

Намояҳои расмии саршумории кишвари Ӯзбакистон шумори тоҷикони ин кишварро пиромуни 5 дарсади кулли ҷамъият (аҳолӣ) эълом кардаанд ва ин намояҳо бидуни чуну чаро аз сӯйи бештари ғарбиёни донишгоҳӣ, рӯзноманигор ва нависандагони роҳнамои мусофиратӣ такрор шудаанд. Дар ҳамин ҳол тоҷикҳо дар саросари Ӯзбакистон бар ин пофишорӣ доранд,ки ин намоя бештар ба 25 то 30 дарсад наздик аст ва бар ин ки тоҷикҳо 70 дарсади бошандагони (ҷамъият) Самарқанд – пойтахти пешин ва дуввумин шаҳри бузурги Ӯзбакистон ва беш аз 90 дарсади мардуми Бухороро ташкил медиҳанд, таъкид мекунанд.

Дар чорчӯби ақидатии шӯравӣ гузаштаи исломии ӯзбакҳо ҳамчун қаламраве торик аз вопасмондагии арбоб-раъиятӣ тарсим мегашт. Акнун,ки таҳсилкардагони ӯзбак ба тозагӣ аз занҷири ин бовар растаанд, саргарми бознависии торихи худ шуда ва кӯшиш дар таъриф ва пофишорӣ бар ҳувийят ва кистии ӯзбакӣ доранд. Ҳувийяте,ки битавон ба он болид.

Бо вуҷуди ин ки ҳастаи аслии омӯзаҳои Маркс ва ленингароёна ба зоҳир канор гузошта шуда, вале бисёре аз осори он ҳанӯз побарҷост. Бавижа он чи ки ба дарки миллият ба шеваи шӯравиҳо марбут мешавад.

Акнун сиёсати расмии ӯзбакҳо ин шуда, ки мехоҳанд иддао кунанд,ҳама чиз ва ҳама кас дар даруни марзҳояшон бидуни таваҷҷуҳ ба замон аз они онҳо буда ва барои намуна ба пешонии чеҳраҳои торихӣ монанди Темурланг, Улуғбек, Заҳируддин Бобур ва ҳатто Пури Сино барчасби “қаҳрамонони ӯзбак” мечасбонанд.Дар чунин вазъе барои ҷомеаи донишпажуҳ дорои аҳамият аст, то рӯйкарди интиқодӣ ва бопарво нисбат ба масоили чистӣ ва миллияти ӯзбак ба худ бигирад.

Аз қурбониёни аслии ҷунбишҳои ҳувийяти миллӣ, мардуми ақаллияти ҳар кишвар мебошанд ва тоҷикони Ӯзбакистон аз ин раванд ҷудо нестанд.

Ҷавви( муҳит, фазо) кунунии чира бар Ӯзбакистон ҷавви даҳаи 1920- ро ҳамхонӣ ва тадоъӣ( пайванду бастагӣ ва монандӣ) мекунад, замоне ки ҷумҳурӣ тоза ба дасти болшевикҳо бунёд шуда буд ва гузоришҳои саршумории мардум то андозае ба бероҳа кашида шуда буд, ки ба марзи берабт будан мерасид ва иллати он омезае буд аз саргардонӣ дар бораи ба кор бурдани номҳо ва гароишоти афрод ба номгузории миллияти худ ба ҳар тариқе ки судмандтар ба чашм меомад.

Сиёсати расмии кунунии давлати Ӯзбакистон дар қиболи ҷамъияти тоҷики худро метавон бахубӣ дар намунаҳои монанд бастани бунёди навпои омӯзиши забони порсӣ-тоҷикии Самарқанд дар соли 1992 ва ҳаҷми бисёр ками матбуъоти порсӣ-тоҷикӣ ҳатто дар сомонҳое(маҳал ва манотиқ .С) ки бештари мардум тоҷиканд, мушоҳида кард.

Намояҳои расмии саршумории кишвари Ӯзбакистон шумори тоҷикони ин кишварро пиромуни 5 дарсади кулли ҷамъият (аҳолӣ) эълом кардаанд ва ин намояҳо бидуни чуну чаро аз сӯйи бештари ғарбиёни донишгоҳӣ, рӯзноманигор ва нависандагони роҳнамои мусофиратӣ такрор шудаанд. Дар ҳамин ҳол тоҷикҳо дар саросари Ӯзбакистон бар ин пофишорӣ доранд,ки ин намоя бештар ба 25 то 30 дарсад наздик аст ва бар ин ки тоҷикҳо 70 дарсади бошандагони (ҷамъият) Самарқанд – пойтахти пешин ва дуввумин шаҳри бузурги Ӯзбакистон ва беш аз 90 дарсади мардуми Бухороро ташкил медиҳанд, таъкид мекунанд.

Бештари мардуми минтақаи кӯҳистонии шимолховарии Тошканд,он сӯйи садди Чорвок тоҷиканд,ҳамчунин мардуми бахшҳое аз дараи Фарғона,устони Ҷиззах,Сурхондарё,Қашқадарё (ва ғ.). Устодони донишгоҳи давлатии Самарқанд кулли ҷамъияти тоҷикони Ӯзбакистонро 6 то 7 миллион нафар баровард мекунанд. Ин шумор ду баробар ё беш аз ду баробари ҷамъияти тоҷикон дар ҷумҳурии Тоҷикистон аст. (1)

Бо ин вуҷуд ин гуна ки пайдост, ҳеч роҳи мувассақе(боэътимод) барои дастёбӣ ба омори дуруст дар даст нест.Танҳо сафар кардан дар ин ҷо ва он ҷои ин кишвар басанда аст, то дасти кам ба нодурустии газофи омори давлатӣ пай бибарем. Чӣ дар хиёбонҳои Самарқанд ва Бухоро ва чӣ дар истгоҳҳои утубус, рустое дар кӯҳҳо, дар бисёре аз бахшҳои Ӯзбакистон забони ӯзбакӣ ба гӯш намерасад. Бисёре аз тоҷикҳо ҳангоме ки бо як бегона ба русӣ ё ӯзбакӣ сӯҳбат мекунанд, нахуст худро ӯзбак муаррифӣ мекунанд, сипас агар ҳамон пурсишро ба порсӣ-тоҷикӣ такрор кунед, гуфтаашонро иваз мекунанд ва мегӯянд, ки тоҷиканд. Ишон барои пӯзиш корти шиносоии худро,ки дар он ӯзбак навишта шуда ба шумо нишон медиҳанд. Ҳатто агар бипазирем, ки ҳич роҳе барои донистани шумори ростини тоҷикони Ӯзбакистон нест, боистӣ тасдиқ кард,ки унсури тоҷик сазовори таваҷҷуҳи ҷиддӣ аз сӯйи пажуҳишгарон дар бораи Ӯзбакистони нав мебошад.Таваҷҷуҳе шояд беш аз он чи то кунун дарёфт кардааст.

Аз он ҷо,ки забони порсӣ- тоҷикӣ ба густурдагӣ дар Ӯзбакистон сӯҳбат мешавад ва дар бештари кишвар забони нахуст аст ва бо нигариш ба ин ки шумори бисёр зиёде аз бошандагони Ӯзбакистон торих ва фарҳанги худро торих ва фарҳангӣ тоҷикӣ медонанд, ин эҳсос ба кас даст медиҳад, ки имруз Ӯзбакистон раво медорад, то бахше бисёр пурмоя аз мурдареги худ ношинохта ва ношунида барҷо монад.

Мавзуъоти пайванддор бо тоҷик будан аз нақши бисёр калидӣ дар мутолиъаи Ӯзбакистон бархурдоранд, зеро ин масоил то андозае пинҳон мондаанд. Бархе эроншиносони ҷаҳон аз ин ҳарос доранд, ки дар пайи ҳамонандсозӣ, забон ва фарҳанги порсӣ- тоҷикӣ дар ояндаи на чандон дур аз паҳнаи Осиёи Миёна нопадид шавад.Аммо дар назар бигирем,ки порсизабонони Осиёи Миёна наздик ба понсад сол аст, ки зери султаи ӯзбакҳо зиндагӣ кардаанд, аз тарси худ бикоҳем.

Вале аз сӯи дигар гӯйишҳои порсӣ-тоҷикии Ӯзбакистон ба таври фазоянда аз порсӣ-тоҷикии Тоҷикистон ва порсии меъёр вомегароянд. Барои намуна гӯйиши имрӯзи Самарқанд нисбат ба гӯйиши Душанбе бештар аз туркиӣ рахна пазируфтааст. Ба гунае ки хейле мавоқеъ барои дигар порсизабонҳо фаҳмпазир нест, ҳарчанд ки ҳанӯз ошкоро тоҷикӣ аст.(2).

Ин гуна нояксониҳо миёни гӯйишварони донишомӯхта, ки бештар бо адабиёт сару кор доштаанд, камтар дида мешавад. Бисёре аз тоҷикҳо ин вогароӣ (аз ҳам дур шудан) дар забони гуфторӣ дар ду сӯи марзҳои сиёсиро руйиҳамрафта аз поёни даҳаи 1920 медонанд, замоне ки идуоложии ҷумҳуриҳои миллии ҷудогона дар шуравӣ қонунан пиёда шуд.

Аз он ҷо кишварҳои кунунии Осиёи Марказӣ ба дунболагирии ин идеуложӣ гароиш доранд, вогароии забонӣ миёни тоҷикони Ӯзбакистон ва тоҷикони Тоҷикистон ҳамчунон идома хоҳад ёфт.Гарчи бархе тоҷикон аз диди фарҳангӣ гаройиши шадиде нисбат ба ҳамсоягони порсизабонашон дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Ирон нишон медиҳанд, бисёри дигар имрӯз чандон аз сиришти мероси иронии худ ва бастагии забонӣ бо Афғонистон ва Ирон бохабар нестанд. Ҳангоми бархурд бо як иронӣ тоҷикҳои камсавод (барои намуна бозориён ва мағозадорон)ағлаб мепурсанд,ки дар Ирон ба чӣ забоне суҳбат мешавад ва аз ин ки як хориҷӣ забони “ишон”-ро суҳбат мекунад, шигифтзада мешаванд.3

Ин гуна ки пайдост, кӯшишҳои оғозини шӯравӣ дар заминаи талқини ин мавзуъ ба тоҷикҳо, ки забон ва фарҳанги ишон чизе якто ва ҷудо аз ҳамаҷост, дар лояҳои( бахшҳо) вижае аз ҷомеъа корсоз буда. Албатта на дар миёни тоҷикҳое,ки омӯзиши олӣ дидаанд.

Донишомӯхтагони тоҷик ҳанӯз бо ғурур чакомаҳои куҳани порсиро бозгӯ мекунанд ва дар донишгоҳи тоҷикӣ ( манзур-- факултаи филологияи тоҷик дар донишгоҳи Самарқанд.С) донишҷӯён бо алоқаи фаровон ба наворҳои воридшудаи Гугуш ва дигар хонандагони мусиқии мардумписанди иронӣ гӯш фаро медиҳанд. Гузашта аз масоили ҳисси тааллуқ ба фарҳанги иронӣ, алорағми ҳама фишорҳои давлат, бо ин ҳол пойбандии сарсахтона ба забон дар миёни тоҷикҳои Ӯзбакистон ба унвони сарчашмаи кистӣ ва пайвастагии иҷтимиоъияшон, дар сатҳи густурдае дида мешавад.

Донишкадаи забоншиносии тоҷик дар донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамчунон конуни кӯшо барои парвариш дар адаби куҳани порсӣ буда ва мебошад ва навишторҳои донишмандона ба порсӣ-тоҷикӣ чоп ва пахш мешавад. Дар ин донишгоҳ гоҳ ба гоҳ ҳамоишҳое низ баргузор мешавад. Дабистонҳое,ки дар онҳо ба забони порсӣ-тоҷикӣ омӯзонда мешавад, дар бархе сомонҳои кишвар кори худро дунбол мекунанд.

Дар шаҳри Тошканд шумори фаровоне аз порсизабонони тоҷик ба таври пароканда зиндагӣ мекунанд ва зиёд ба чашм намеоянд. Дастёбӣ ба рӯзномаи тоҷикии “Овози тоҷик”, ки ду бор дар ҳафта чоп мешавад, ғайримумкин аст. Китобҳои порсӣ-тоҷикӣ дар ҳич як китобфурӯшиҳо дида намешавад.

Дар Самарқанд, ки аксари мардум порсизабони тоҷиканд, “Овози Самарқанд”(ҳамчунон ду бор дар ҳафта) каме бештар ёфт мешавад ва шуморе аз китобфурӯшиҳо як бахши порсӣ-тоҷикӣ низ доранд.Ҳатто як китобфурӯшии тамоман порсӣ-тоҷикӣ канори масҷиди Биби Хонум вуҷуд дорад. Гарчи шабакаи симои тоҷикӣ чанд сол пеш таътил гашт, рӯзномаи “Овози Самарқанд” пайваста навишторҳоеро дар бораи забон, фарҳанг ва торихи порсӣ-тоҷикӣ ба чоп мерасонад.Як рӯзноманигори саршиноси вобаста ба рӯзномаи аслии русизабони Самарқанд бо итминон, вуҷуди “андаке кашмакашҳои пинҳон миёни тоҷикон ва ӯзбакҳо”-ро хотирнишон мекунад. Вай “Овози Самарқанд” - ро “беш аз андоза меҳанпарастона” дониста (“Овози Самарқанд” ва “Овози тоҷик” рузномаҳои давлатиянд.С) ва аз ин рӯ онро фоқиди(бидуни) арзиши хондан медонад.(4)

Аз сӯйи дигар гардонандаи пешини Анҷумани фарҳангии тоҷик дар Самарқанд аз ин гилоя дорад, ки тоҷикҳои Ӯзбакистон амалан фоқиди(маҳрум) ҳисси ҳувийяти худӣ ва ифтихор ба мероси иронишон ҳастанд. Ӯ барои намуна тавзеҳ медиҳад,ки чи гуна созмонаш аз фаъолияти худ даст кашид ва иллати он ин буда, ки бо пешниҳоди ин сомон мабнӣ бар ин ки ҳама тоҷикони Ӯзбакистон корти шиносоии худро иваз карда ва аз ин пас худро тоҷик муаррифӣ кунанд,мувофиқат нашуд.Ин ошкор месозад, ки имрӯза низ дуруст ҳаммонанди давраи оғозини шӯравӣ бисёре аз порсизабонони тоҷик дар ӯзбак номидани худ имтиёзоте мебинанд ва шояд ҳам аз табъизоти зиддитоҷикӣ ҳарос доранд.(5)

Баровард кардани дарсади босаводӣ дар забони порсӣ дар Ӯзбакистон душвор аст, зеро ки имрӯза хондан дар миёни ҳеч як ақвоми Ӯзбакистон ривоҷ надорад. Чанде аз китобфурӯшиҳои Самарқанд китобҳои тозачоперо аз Тоҷикистон ворид кардаанд ва андаке китобро, ки аз нависандагони маҳаллии тоҷик дар Самарқанд мунташир шудааст, низ дар мавҷудии худ гунҷондаанд...

...Давлати Ӯзбакистон ба таври суннатӣ, ба миллигароии тоҷик чунон хатаре дарҳамбофта бо бунёдгароии исломӣ менигарад. Ҳар ду ҷанбаи ин хатари мавриди назари давлат, эҳтимолан иғроқ шудааст, гарчи бароварди сатҳи кунунии муборизаи амалии миллигароёни тоҷик дар Ӯзбакистон душвор аст.

Созмоне ба номи Конуни миллии фарҳангии тоҷикон ва мардуми тоҷикзабон, мустақар дар Самарқанд номаҳои саргушода ба Созмони Милали Муттаҳид ва сафоратҳои давлатҳои ғарбӣ дар Тошканд ва ба ҳукумати Ӯзбакистон фиристодааст ва дар он аз табъизи расмии эъмолшуда бар зидди тоҷикони Ӯзбакистон ва ин ки, ин дунболагирии сиёсатест, ки дар “даврони чирагии коммунизм ва боварҳои понтуркистӣ” (яъне даҳаи 1920) шакл гирифта буд, ибрози шикоят кардааст.(7)Раҳбарони аслии ин созмон (бештар устодони донишгоҳӣ) аз кори худ барканор шуда ва аз соли 1992 аз сафар ба ҳамоиши солонаи ҷаҳонии тоҷикон дар Душанбе маҳрум шуданд.(Ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон низ лагади маҳкаме ба пайкари ин созмонҳои навпо зад. С)

Чунончи сиёсати расмии Ӯзбакистон нисбат ба ақаллияти тоҷики он кишвар, ба ҳар андоза, танише иҷтимоъӣ падид оварда бошад, боз метавон аз бадтар шудани авзоъ ҷилавгирӣ кард. Пиёда кардани идеуложии шӯравиҳо нисбат ба мақулаи миллият дар Осиёи Миёна андуҳномаи бузургро дар пай доштааст ва он дар пайи напазируфтани ин воқеъият буд, ки мардумшинохтии ин сомон, омезае дарҳамшуда ва ногушуданӣ аст ва мероси пурмоя ва куҳани фарҳангҳои гуногунро намебоистӣ нодида гирифт. Имруза бо нигариш ба ин ки бисёре аз тоҷикони Ӯзбакистон ҳамонанди русҳои он кишвар ҳозир ба аз каф додани ҳувийяти худ нестанд, беҳтарин роҳ барои дастёбӣ ба ояндаи оштиомез ва рӯшан, пазириши расмии чандгунагии нажоди ҷумҳурӣ ва падид омадани як ҳисси ифтихори муштарак дар фарҳангҳо ва дастовардҳои гурӯҳҳои ташкилдиҳандаи он кишвар мебошад.

Ёддоштҳо ва марҷаъҳо:

Ёдоварии нигоранда: пажуҳиш дар Ӯзбакистон дар хилоли солҳои 1994-95 бо пуштибонии молии Фарҳангистон барои пешрафти омӯзиш (AED) ва ҳайъати пажуҳишҳо ва таъвизҳои миёни кишварӣ (IREX) анҷом гирифт.

1.Шумори кулли мардуми Ӯзбакистон ҳамакнун 22 миллион (имрӯза наздик ба 30 миллион.С) мебошад.

2.Сомонаи воҷи ва оҳанги кӯбишии гӯйиши тоҷикии Ӯзбакистон ба он овойи ҳаммонанди ӯзбакӣ мебахшад. Дар миёни бақияи нишонаҳои роиҷи нуфузи забони туркӣ дар ин забон, ошкортарини онҳо ба кор бурдани пасванди пурсишии “мӣ” мебошад.

3. Дар хилоли(муддати) мондани мо дар Ӯзбакистон чунин пурсишҳое ба таври паёпай аз ҳамсари ман, ки иронист, мешуд. Онҳо ба таври комилан ҷиддӣ аз ӯ мепурсиданд, ки оё Эрон себ, гов ва ғайра ҳам дорад.

4. Гуфтугуи шахсӣ.

5.Ин ки порсӣ-тоҷикӣ забони кулӣ (лӯлӣ)ҳои Осиёи Миёна низ ҳаст, шояд дар ин пешдовариҳо муаассир бошад.

7. Гирдиҳамойии амнияти минтақавӣ: Тошканд, 28 сентябри соли 1994. Суханрон Ҷамол Мирсаидов тайи суханронӣ дар ҳамоиш барои Амният ва ҳамкорӣ дар Урупо (CSCE) барои дастёбӣ ба феҳристе аз мавориди вижа, шунавандагонро ирҷоъ медиҳад. Гузориши соли 1993 Дидбони ҳуқуқи башари Ҳелсинки (Helsinki Watch). Р.Масов бар ин бовар аст,ки “як раванди наслкушӣ дар мавриди мардуми тоҷик” дар пайи тарошидани “ҷумҳуриҳои миллӣ” ба дасти шӯравӣ оғоз шуд,ки дар он ду саввуми минтақаи сукунати тоҷикҳо ба ҷумҳурии тозасози Ӯзбакистон эъто шуд. (Р.Масов.Торихи марзкашии хашин. (Istoriia Topornogo Razdelenia).Шаҳри Душанбе.Соли 1991.с 11-12).

* The Tajiks of Uzbekistan

Central Asian Survey (1996), 15(2), 213-216

(Иқтибос аз ин навиштор дар сурати зикри манбаъву нависанда ва мутарҷим, озод аст).

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

rumijelaludd.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?