http://tajikam.com

Дар ҳошияи матлаби “Тоҷикони Ӯзбакистон”- и Ричард Фолдз PDF Чоп
Муаллиф: Самандар Хоҷаев   
17.04.2013 20:51

Вақте дастгоҳҳои таблиғотӣ ва марказҳои илмии як кишвар аз “Авасто” гирифта то осори мутафаккирони қарни 20- ро мутааллиқ ба қавме медонад, фарзанди дигари он хонадон, ки ӯ ҳам ба он мерос чашм дӯхтааст, фаромӯш мешавад. Мехоҳи суол кунӣ: падари ӯ бо шумо бегона аст ё модараш? Чаро дар китоби дарсие, ки дар Тошканд нашр мешавад, ҷойи тоҷик холист? Торих набояд барои идеуложӣ хидмат кунад. Торихнависии идеуложик, ки замони шӯравӣ оғоз шуда буд ва барои ҳар қавме торихсозӣ мекард, ҳанӯз ҳам идома дорад. Агар касе ба ҷуз ин китобҳо китоби дигареро нахонад, ҳатман ба ин бовар мерасад,ки тоҷикон бо аъроб омаданд, Темур ё ҳар кишваргушойи дигар ба унвони бардагону канизон бо худ оварда ва ё ҳатто авлоди лӯлиёни мултонӣ ҳастанд. Чароки, манбаъи дигаре дар дастрас нест ва дурӯғпардозон ин ҳарфҳои дарунхолиро ҷойгузини воқеиятҳои торихӣ кардаанд. Бегонаситезӣ, шовинизм, танаффур аз ақвоми дигар аз ин ҷо манша намегирад? Бо ин кутуби дарсӣ ингуна одамон тарбият мешаванд.

Пажӯҳиши Ричард Фолдз соли 1996 мунташир шудааст. Дӯстоне,ки вебгардӣ мекунанд, бовар дорем, ки ин навиштаро қаблан хондаанд ва барои онҳо омори ироашуда аз суйи нигорандааш тозагӣ надорад. Бо ин вуҷуд хондани он барои афроде, ки мехоҳанд аз торихи навини кишвари мо огаҳӣ дошта бошанд, муфид хоҳад буд.

Рӯшанфикрони мо мебоистӣ таҳқиқоти ҷомеъеро бо омору арқоми мувассақ дар бораи тоҷикони Ӯзбакистон ва вазъи пешин ва кунунии онон, ки аз бад бадтар шудан дорад, анҷом медоданд. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки созмонҳои ғайридавлатие, ки нигорандаи матлаб ба хулосаи пажӯҳишҳои онҳо ишора кардааст, солҳост аз кишвар берун ронда шудаанд ва афроде мисли Ҷамол Мирсаидов ва Азиза Юсуфӣ пас аз маҳрумият аз тадрис дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ шуданд, чораҷӯиҳои рӯшанфикроне мисли Адаш Истад, Ҳаёт Неъмат ва дигарон ба ҷое нарасид ва насли ҷавон аз ноумедӣ муҳоҷиратро тарҷеҳ медиҳанд, воқеан дастрасӣ ба иттилооти ҷадид кори соддае нест ва иҷрои он кор душвор ва ҳатто номумкин гардид.

Танҳо бо ишора ба чанд маворид мешавад натиҷагирӣ кард, ки вазъият воқеан дар давоми ин солҳо баду бадтар шуда ва дар поёни тунел рӯшание дида намешавад. Агар дар солҳои ҳукумати шӯравӣ фақат дар бузургшаҳрҳо мактабҳои тоҷикӣ баста мешуданд, дар ояндаи на чандон дур ҳатто дар манотиқи дурдасти кӯҳистонӣ ҳам омӯзиш ба забони модарӣ имконпазир нахоҳад шуд. Чароки, дар тамоми мактабҳои тоҷикӣ бо “дархости расмии падару модарон” дар синфҳои ибтидойӣ тадрис ба забони давлатӣ шурӯъ шудааст ва чун донишомӯзон наметавонанд ба забони модарӣ дар донишгоҳҳо идомаи таҳсил диҳанд, падару модарон иллати гузоштани имзои худ ба пойи “дархост”-ҳоро ингуна тавҷеҳ мекунанд. Ҳатто замзамаҳое ба гӯш мерасад, ки дар идороти давлатӣ ҳарф задан ба забони модарӣ мамнӯъ шудааст. Ин дар ҳолест Қонуни Асосии кишвар, сиёсати эъломшудаи кишвар дар бораи ақаллиятҳо, паймонҳое, ки кишвар бо созмонҳои байналмилалӣ бастааст, бо ин воқеоти талх дар тазод аст.

Сиёсати эъломшудаи кишвар дар бораи ҳамзистии мусолиматомези ақвом ва таҳаммулпазирӣ хеле созанда ба назар мерасид.Ҳарчанд иддае бар ин боваранд ҳамаи инҳо чизе ҷуз таблиғот ва сохтакорие , ки хеле устодона ба роҳ монда шудааст, нест. Аммо бо таваҷҷуҳ ба иттифоқоти ногуворе,ки дар бархе аз кишварҳои Осиёи Миёна уфтода ва меуфтад, амалкарди Тошканд дар ин замина муваффақтар ба назар мерасад. Фақат кофист нигоҳе бияндозем ба ҳаводиси ногуворе, ки дар солҳои 90 ва чанд соли ахир дар Қирғизистон иттифоқ уфтодааст.

Ҳамаи ин корҳо бо номи ҳифзи амният, сулҳу субот ва якпорчагии кишвар анҷом мегирад. Яке аз ифтихороти кишвари мо ин буда, ки ба 7 забон донишомӯзон имкони омузиш доштанд ва кишварҳои тавсиъаёфтаи ҷаҳон аз он истиқболи гарм карда буданд. Чаро вазъият ба ин ҳад тағйир кард, дар доираи фаҳми ман намегунҷад. Ашхоси нисбатан огоҳ мегӯянд сиёсати ҳаммонандсозӣ дар тамоми кишварҳои шӯравии собиқ ҳамзамон шуруъ шудааст ва як раванди бебозгашт аст. Вақте миллионҳо нафар дар кишварҳои шӯравии собиқ ба шаҳрвандони дараҷаи дуввум табдил мешаванд, намефаҳмӣ аз кадом амният ҳарф мезананд. Афроде, ки бо уқдаҳо зиндагӣ карданд, натавонистанд дар заминаи таҳсил муваффақ бошанд, шуғли дуруст пайдо кунанд, зинаҳои рушди инсониро тай кунанд, ногузиранд тан ба муҳоҷирати корӣ диҳанд, ё сар аз кӯчаи ҷурму ҷиноят дар оранд.Пас бо ин ҳол аксарият ҳам дучори беамнӣ нахоҳад шуд? Магар сиёсати саркӯб ҳамеша бо муваффақият ҳамроҳ будааст? Набояд дар бораи масъалае чун амният ба ин ҳад маҳдуд фикр кунем.

Дар яке аз устураҳои Юнони бостон ҳикояти деве оварда шудааст, ки дар гузаргоҳе камин карда буд ва қадди ҳар раҳгузареро андозгирӣ мекард ва агар қаддашон аз андозаи мавриди назари ӯ баландтар буд кӯтоҳтар ва агар кӯтоҳтар буд чунон мекашид то бо дигарон баробар шаванд. Амалан онҳоро нобуд мекард ва дармеовард ба шакли чӯби кибрит, ё ҳар чизи дигар барои “бастабандии роҳат”. Ин замоне рамзи шӯравии комунистӣ буд, ки таҳаммули чизе ҷуз идеуложии худро надошт. Коммунистҳо дар мавриди миллатҳо ҳам ин сиёсатро пеш гирифтанд. Имруз вориси аслии шӯравӣ – Русия оё масъулияти ин ҳама нобасомониро мепазирад? Вақте ақаллиятҳои қавмӣ ё миллӣ дар ҳар кишваре, ки бо тафаккури “болшевикӣ” сохта шудаанд, мавриди зулми аксарият қарор мегирад, “ворис” чӣ назаре дорад?

Вақте бо иштибоҳи пролетарҳо ё таври қасдан дар ҷиҳати ормонҳои хаёлишон миллионҳо нафар ба шаҳрвандони дараҷаи дуввум табдил шуданд, чаро Русия аз масъулият шона холӣ кунад? Бархе аз сиёсатмадорони рус миннат бар сари мардумони Осиёи Миёна мегузоранд, ки ангор заминаи чидани ризқи бихуру намуреро барои муҳоҷирони корӣ фароҳам кардаанд. Шояд ин ҳарф то андозае дуруст бошад. Аммо, аз суйи дигар, мехоҳӣ фарёд кашӣ, ки эй бародарон, миллионҳо шаҳрванд ба иллати он ки аз аксарият нестанд, намедонанд куҷоро Ватани худ бидонанд, оё касе ҳаст посухгӯ бошад,ки чаро онҳо дарбадар шуданд? Умқи фоҷеаро дарк ва эҳсос мекунед??? Ин бозӣ бо сарнавишти миллионҳо одами бедифоъ набуд?Вақти он нарасидааст, ки асноди маҳрамонаи марбут ба солҳои таъсиси ҷумҳуриҳои шӯравиро рӯ кунед? Шояд беҳтар буд тамоми зимомдорон ҳадди ақал дар чорчӯби нишастҳои кишварҳои муштаракулманофеъ гирдиҳам меомаданд ва ба тавофуқ мерасиданд, барои гушудани гиреҳ чораҷуӣ мекарданд.

Сухан аз “ирсу мерос”, ки рафт биёед ба мавзуъи мероси фарҳангии мардумони Осиёи Миёна ҳам каме бипардозем.Вақте дастгоҳҳои таблиғотӣ ва марказҳои илмии як кишвар аз “Авасто” гирифта то осори мутафаккирони қарни 20- ро мутааллиқ ба қавме медонад, фарзанди дигари он хонадон, ки ӯ ҳам ба он мерос чашм дӯхтааст, фаромӯш мешавад. Мехоҳи суол кунӣ: падари ӯ бо шумо бегона аст ё модараш? Чаро дар китоби дарсие, ки дар Тошканд нашр мешавад, ҷойи тоҷик холист? Торих набояд барои идеуложӣ хидмат кунад. Торихнависии идеуложик, ки замони шӯравӣ оғоз шуда буд ва барои ҳар қавме торихсозӣ мекард, ҳанӯз ҳам идома дорад. Агар касе ба ҷуз ин китобҳо китоби дигареро нахонад, ҳатман ба ин бовар мерасад,ки тоҷикон бо аъроб омаданд, Темур ё ҳар кишваргушойи дигар ба унвони бардагону канизон бо худ оварда ва ё ҳатто авлоди лӯлиёни мултонӣ ҳастанд. Чароки, манбаъи дигаре дар дастрас нест ва дурӯғпардозон ин ҳарфҳои дарунхолиро ҷойгузини воқеиятҳои торихӣ кардаанд. Бегонаситезӣ, шовинизм, танаффур аз ақвоми дигар аз ин ҷо манша намегирад? Бо ин кутуби дарсӣ ингуна одамон тарбият мешаванд.

Нигорандаи матлаби мазкур менависад: “бархе ироншиносони ҷаҳон аз ин ҳарос доранд ки дар пайи ҳаммонандсозӣ, забон ва фарҳанги порсӣ-тоҷикӣ дар ояндаи на чандон дур аз паҳнаи Осиёи Миёна нопадид шавад.Аммо дар назар бигирем,ки порсизабонони Осиёи Миёна наздик ба понсад сол аст, ки зери султаи ӯзбакҳо зиндагӣ кардаанд, аз тарси худ бикоҳем”. Ин ҷуз хушбоварӣ чизи дигаре нест. Чароки саҳронишинон бо фарҳангу забони тоҷик коре надоштанд ва худашон зуд ҳал ва маҳв мешуданд. Аммо пролеткултчиён ва болшевикон бо ҳамдасти пантуркистон алайҳи тоҷикон аз силоҳи муҳликтаре истифода кардаанд, ки назирашро торих надида буд. Бо эълони “ забони дарбор ва шоҳ ва бегона барои пролетарҳо” ба ҳошия кашидани забони форсии тоҷикӣ, бастани макотиб, рӯзномаву маҷаллот,таҳрифи торих – ба як тобу табдил кардани омӯзиши торихи тоҷикони ин манотиқ, пинҳон нигаҳ доштани манобеи торихӣ, тағйири таркиби ҷамиятӣ дар шаҳру навоҳии тоҷикнишин, масъалаи корти шиносоӣ ё ҳамон поспурт коре карданд, ки ҳатто муғулҳо натавониста буданд бо ҳама дадманишиҳошон ин ҳама мардумро аз байн бибаранд. Дар натиҷа ин сиёсати ҳувийятзудоӣ ва манқуртсозӣ то ҳадде расидааст,ки сарсахттарин душманони тоҷик ва бархе аз понтуркистҳо эҳтимол дорад дар гузаштаи на чандон дур асолатан тоҷик будаанд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ гоҳ-гоҳе фикр мекунӣ шояд илоҷи ин дард дар дасти созмонҳое мисли Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО, Созмони ҳамкорӣ барои амнияти Урупо бошад. Шояд ормонгароии маҳз аст, аммо созмонҳое мисли ЮНЕСКО метавонистанд як комиссиюне муташаккил аз пажуҳишгарони бетараф барои баррасӣ ва назорат бар кутуби дарсӣ тартиб диҳанд ва аз марказҳои муътабари илмӣ барои ҳалли ихтилофот кумак гиранд. Ин ба масъалаи ҳуқуқи башар ва озодии баён иртиботи танготанг дорад. Бо ин равиш мо метавонистем ҷаҳони амнтар ва пур аз шодиву нишот дошта бошем. СММ метавонист дар ин замина хеле созандатар амал кунад. Магар расолати ин созмонҳо чизи дигаре буд? Ин созмонҳо чӣ вокуниши қатъие ба он чи дар кишварҳои Назди Болтик, Укройин, Озарбойҷон, Туркия, Афғонистон ва амсоли он мегузарад, нишон доданд ва дастовардашон чӣ будааст, ман бехабарам. Ҳар ҷо ки ҳуқуқи башар нақз мешавад,таҳрифи торих ҳам як амри одист. Мисоли боризи он вазъияти Туркия аст. Мегӯянд манофеъи иқтисодӣ ва равобити стротежик, ки ин ё он кишвар бо қудратҳои ҷаҳонӣ, мисли Амрико,Русия ва ғайра доранд, монеъи он мешавад, ки ҳарфи ин созмонҳо ба гӯши касе бирасад. Агар чунин аст, вой бар мо,ки натавонистем таъсиргузортар амал кунем. ЮНЕСКО ҳамчунин метавонист чорае бияндешад, то “ақаллият”ҳое,ки дар мадориси “аксарият”ҳо дарс мехонанд, имкони хондани дарси забони модарӣ ва адабиёти худро дошта бошанд. Ин як ҳадди ақал аст.Аз вазоратҳои омӯзишу парвариши ин кишварҳо ҳам касе таваққуъ надорад,ки кори ҳазрати филро анҷом диҳанд. Фақат каме ҳусни ният кофист, то ҳама корҳо сару сомон бигиранд.

Дар қаламрави шӯравии собиқ ақаллиятҳо ҳам дар ватани худ ва ҳам аз сӯйи ҳамзабонони худ, ки онҳо ҳам дар кишвари дигар аксарият ҳастанд, сарзаниш мешаванд. Бузургворон аз худ намепурсанд,ки агар марзбандӣ чунин буда ва ҳазорон мушкилоти дигар, тақсири мардумони бегуноҳ чист? Вақте кишварҳое ба Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар арзише қоил нестанд ва СММ наметавонад бо онҳо бархурди қотеъона кунад, аз ину он чӣ интизоре метавон дошт? Намедонам чаро дар поёни сухан ин мисраъи Нимо ба ёдам расид: “ба куҷойи ин шаби тира биёвезам қабои жандаи худро”?

Ёддошти “Тоҷикам”: Мавзӯи тоҷикони Ӯзбакистон таи анқариб сад сол аст, ки барои тоҷикон ва ҳама форсизабонон мавзӯи дардовар боқӣ мондааст. Зеро аз солҳои нахусти шӯравӣ, ки ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон дар он кишвар, ки номи ҷаълие дораду аслан он сарзамини ниёконамон ва гаҳвораи тамаддуни мардуми тоҷик ва ҳама ақвоми эронист, зери по шуд ва дар он ҷо як сиёсати куштори маънавии тоҷикон ва аз аслу решаи хеш дур кардани онҳо ва ӯзбаксозии эшон оғоз гардид ва ҳамин равиши зиддиинсонӣ ҳамеша идома кард. Шӯрбахтона ин сиёсат пас аз соҳибистиқол гардидани кишварҳои пешини шӯравӣ низ дучанду сечанд ва даҳчанд неру гирифт, зеро Тоҷикистон аз оғози солҳои 90 бо дасти ду кишвар Ӯзбакистон ва Русия ба ҷанги бародаркуш кашида шуд ва дар панҷ соли ҷанг ҳам бо дасти сарбозони ӯзбакистонӣ ва ҳам бо силоҳи русҳову ӯзбакҳо наздик ба 160 ҳазор тоҷик кушта шуд. Ҳамзамон беҳтарин фарзандони миллатдӯсти тоҷик дар ин ҷанг ё кушта шуданд ва ё маҷбур шуданд, ки ҷилои Ватан кунанд ва бо ҳамин миёни миллати тоҷик ва кишвар шикаста шуд ва он садоҳои додхоҳонае, ки барои ҳалли масоили тоҷикони Ӯзбакистон ва ба вижа, тоҷикони Самарқанду Бухоро дар солҳои 80 ва оғози 90-и садаи гузашта баланд шуда буд, хомӯш гардид. Вале , хушбахтона , имрӯз аз баракати ҷунбиши нави ҳамбастагии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ки ба вижа дар ҷаҳони маҷозӣ бештар ба мушоҳида мерасад, боз мавзӯи Бухорову Самарқанд ба яке аз мавзӯъҳои асосӣ дар баҳси ҳувиятшиносии мо табдил ёфтааст. Агар ин мавзӯъ дар замони шӯравӣ ба гунаи пароканда ба миён гузошта мешуд, ҳоло он мавзӯи фароқавмӣ ва умумиэронӣ ва ҳатто байналмилалӣ гардидааст. Зеро зуҳуроте чун табъизи нажодӣ, генотсиди қавмӣ, ҷабран аз ҳувийят ва забон дур кардани ақвоми дигар, ба номи хеш ҷабран сабт кардани таърих ва ифтихороти мардуми дигар, ба навъи якуму дуюм ҷудо кардани ақвоми як кишвар, ҳамеша аз ҷониби ҷомиаи ҷаҳонӣ чун амали бас хашин ва барои инсоният бегона ва хеле зиёновар пазируфта шуда буд. Имрӯз ҷомиаи ҷаҳонӣ бештар огоҳ гардидааст, ки чунин ҷиноёте, ки замоне дар Африқои ҷанубӣ содир шуда буду пасон дар он ҷо ҳама ақвом баробарҳуқуқ шуданду ин кишвар ба озодии ҳақиқӣ ва пешрафти гӯшношунид даст ёфтааст, ҳоло он ҷиноят бо шеваи дигар дар Ӯзбакистон дар мавриди тоҷикон идома дорад. Вале ҳама гуна бадкориву беадолатӣ рӯзе решакан хоҳад шуд ва он рӯз ҳам фаро хоҳад расид, ки мардуми тоҷик ҳам дар Бухорову Самарқанд ва ҳама гӯшаву канори сарзаминашон(!) озод зиндагӣ хоҳанд карду озод ба забони модариашоН омӯзиш ва парвариш хоҳанд дид ва озод худро бидуни тарсу бим ва бо ифтихори бузург тоҷик хоҳанд гуфт! Барои дастёбӣ ба чунин хостаҳо ва рӯзи накӯ тоҷикони Ӯзбакистон ва форсизабонони ҷаҳон дасти ҳамдигар гирифта ба пайкори додхоҳона бархостаанд. “Тоҷикам” ҳама ин кӯшишҳои додхоҳонаи ҳаммилатонамонро пуштибонӣ хоҳад кард ва барои дарки амиқи он фалокату касофатҳое, ки пантуркистону миллатгароёни ӯзбак ба сари миллати мо овардаанд, силсилаи матлабҳо чоп ва паҳлӯҳои гуногуни ин мавзӯъро пажӯҳиш хоҳад кард ва ба ин пурсиш посух хоҳад ёфт, ки чаро дар дарозои наздик ба як аср шумори тоҷикон дар Ӯзбакистони кунунӣ ҳамоно каме бешар як миллион нафар боқӣ мондааст... ва гӯё модари тоҷик дигар дар ин кишвар нозо шудааст...

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?