http://tajikam.com

Маҷлиси Сено: қавмияти ҳар фард дар тазираи электруникӣ возеҳ бошад PDF Чоп
Муаллиф: “Ҷовидон”   
19.04.2013 13:38

Бознашр аз торнамои "Ҷовидон"

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Маҷлиси Сенои(сенат) кишвар аз Вазорати дохила хостааст то таллуқи қавмии ҳар фарди сокин дар Афғонистонро, дар тазкираҳои ( шиносномаҳои) электруникӣ дарҷ кунад.

Ба гузориш аз рӯзномаи “8-и субҳ» , Муҳаммадалам Эзидёр, мувини аввали Маҷлиси Сено, дар нишасти рӯзи гузаштаи ин маҷлис гуфт, ки дарҷи номи ақвом ва миллиятҳои сокини Афғонистон дар тазкираҳои электруникӣ, ба ҳеч унвон мухолифи ваҳдати миллӣ нест.

Эзидёр баён дошт, ки ҳамаи мардуми Афғонистон , афғон ва шаҳрванди ин кишвар ҳастанд ва номи миллиятҳояшон бояд дар тазкираҳои электруникӣ дарҷ шавад. Муовини аввали Маҷлиси Сено гуфт, ки номи миллиятҳои Афғонистон ҳамонанди гузашта бояд дар тазкираҳои электруникӣ рӯшан бошад.

Эзидёр гуфт:”Миллиятҳои ҳар кас бояд рӯшан бошад ва ҳеч гуна мушкилеро барои ваҳдати миллии мардуми Афғонистон халқ намекунад.

Дар Қонуни Асосии Афғонистон ва дар суруди миллии Афғонистон ба вазоҳат номи миллиятҳо ва ақвоми Афғонистон дарҷ шудааст ва ҳеч гуна монеъ дар ин замина вуҷуд надорад”.

Интиқод аз набуди номи миллиятҳо дар тазкираҳои электруникӣ дар ҳоле баён мешавад, ки пурӯсаи муқаддамотии тавзеъи фурми сабти ном барои дарёфти тазкираҳои электруникӣ дар бархе аз навоҳии шаҳри Кобул оғоз шуда ва гуфта мешавад, ки ба зудӣ тавзеъи тазкираҳои ёдшуда оғоз мешавад.

Мақомҳои Вазорати дохила ва масъулони тавзеъи тазкираҳои элетруникӣ гуфтаанд, номи миллиятҳо дар ҳофизаи тазкираҳои электруникӣ вуҷуд дорад, аммо дар баргаҳои физикии тазкираҳои ёдшуда танҳо тобеъияти “афғон” дарҷ мешавад.

Гулолай Акбарӣ, сенотури Бадахшон дар Маҷлиси Сено мегӯяд, ки барои шиносоӣ ва эҳсоияи воқеии қавмиятҳои Афғонистон ниёз аст то дар тазкираҳои электруникӣ номи миллиятҳо дарҷ бошад. Акбарӣ гуфт, мардуми Афғонистон бояд бидонанд, ки ақвоми тоҷик, паштун,ҳазора, ӯзбак ва соири ақвоми сокин дар Афғонистон чӣ андоза аст.

Вай гуфт, ки Шӯрои Миллӣ бояд масъалаи дарҷи номи миллиятҳо дар тазкираҳои элекруникиро ҷиддӣ бигирад, дар ғайри он бо душвориҳое мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Ба ҳамин гуга Содот Носирӣ сенотури Дойкундӣ дар Маҷлиси Сено низ ба ин бовар аст, ки номи қавмиятҳои Афғонистон дар тазкираҳои электруникӣ дарҷ гардад. Носирӣ гуфт, ки мардуми Афғонистон аз дарҷи миллияти хеш дар тазкираҳои электруникӣ нанг надоранд. Носирӣ афзуд: “ Ҳеч як аз ақвоми Афғонистон аз тааллуқи қавмии худ нанг надорад, бояд возеҳ ва рӯшан миллияти ҳар кас дар тазкирааш бошад”.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?