http://tajikam.com

Тавзеъи шиносномаҳои барқӣ то тасвиби қонуни эҳсоия ба таъвиқ афтид PDF Чоп
Муаллиф: Админстратор   
19.04.2013 13:50

Дар ҷаласаи муштарак, ки шуморе аз намояндагони мардум дар Шӯрои Миллӣ ба шумули Муҳаммадюнус Қонунӣ, Аҳмади Беҳзод, Сиддиқаҳмад Усмонӣ ва хонум Фавзия Кӯфӣ бо Мирзомуҳаммад  Ёрманд муъини( муовини) идории вазорати умури дохила дар комиссиюни тақнини(қонунгузорӣ Маҷлиси намояндагон доштанд, бори дигар таъкид намуданд, ки ҳувийяти қавмии миллиятҳои сокин дар ин кишвар дарҷи шиносномаҳои барқӣ гардад.

 

 

Хонум Фавзия Кӯфӣ, раиси комиссиюни умури занон, ҷомиаи маданӣ ва ҳуқуқи башар дар Маҷлиси намояндагони Шӯрои Миллӣ, ки дар ин ҷаласа ҳузур дошт, аз ҳукумати Афғонистон хост, ки ҳуийяти қавмии шаҳрвандони кишвар бояд дарҷи шиносномаҳои барқӣ шавад.

Хонум Кӯфӣ афзуд: Ҳаққи ҳар шаҳрванд аст, ки бидонад марбут ба кадом қавм аст. Вай бо ишора ба моддаи чаҳоруми Қонуни асосӣ гуфт, ки миллати Афғонистон муташаккил аз ақвоми сокини ин кишвар аст . Дар ин моддаи қонун тасреҳ шудааст, ки миллати Афғонистон муташаккил аз ақвоми тоҷик, паштун, ҳазора, ӯзбак, аймоқ ва пашаӣ, ки ин хӯрда ҳувийятҳо миллатро ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи хонум Кӯфӣ, дар ин ҷаласаи муштарак намояндагони мардум бо муъини идории вазорати дохила ба тавофуқ расиданд, ки раванди тавзеъи шиносномаҳои барқӣ то тасвиби қонуни эҳсоия(омор) ба таъвиқ андохта шавад.
Раиси комиссиюни умури занон баён дошт: Намояндагон файсала намуданд, ки қонуни эҳсоия дар ҷараёни ҳафтаи оянда бояд ба тасвиби аъзои Маҷлиси намояндагон бирасад. Таъкиди бархе аз намояндагони мардум дар Шӯрои Миллӣ бар сари дарҷи ҳувийяти қавмӣ дар шиносномаҳои барқӣ бо ҳимояти ҷиддии шаҳрвандони ин кишвар низ қарор гирифтааст.

Шаҳрвандони ин кишвар мегӯянд, ки онон ба асоси ҳукми қонун ҳақ доранд, ки ҳувийяти қавмиашон дар шиносномаҳои барқӣ мушаххас шаванд. Тасмими ахири намояндагони мардум дар Шӯрои Миллӣ дар ҳолест, ки масъулон дар вазорати дохила аз оғоз раванди тавзеъи шиносномаҳои барқиро дар оғози соли ҷорӣ хабар дода буданд ва гуфтанд, ки то як соли оянда аз 12 то 18 миллион шиносномаи барқӣ тавзеъ хоҳад гардид.

Манбаъ: Сафҳаи фейсбукии Афғонистон



 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?