http://tajikam.com

Волии далери Балх ва шиносномаи авғонӣ PDF Чоп
Муаллиф: "Тоҷикон"   
19.04.2013 15:50

Бознашр аз торнамои “Тоҷикон”( www.Tajikan.net)

Баргардон аз хати форсӣ: Сомони Некзод

Расонаҳои ҳамагонӣ дар Авғонистон гузориш медиҳанд, ки устод Атомуҳаммади Нур, остондори далери Балх, чанде пеш дар нишасте бо гурӯҳе аз коргузорони баландрутбаи давлати Карзай, ба шумули вазири хориҷа, гуфт: Агар ҳувийяти қавмии мо дар рӯйи шиносномаи электруникӣ ба рӯшанӣ дарҷ нашавад, ман аз гирифтани он парҳез мекунам ва хонаводаамро низ нахоҳам гузошт, ки он шиносномаро бигирад!

Ин нахустин бор аст, ки яке аз раҳбарони қудратманди як қавми ғайрипаштун бо чунин рӯшаниву қотеъият дар баробари дасисаи бисёр хатарноки ҳувийятситезӣ мавзеъгирӣ мекунад.

 

Мо аз ин мавзеъгирии рӯшан ва қотеъи волии диловари Балх пуштибонӣ мекунем ва барои эшон офарин мегӯем, ки боз ҳам як бори дигар сухан аз дили мардуми худ гуфт ва дар баробари беадолатӣ ва зӯргӯиву ифротгароии фошистҳои паштун истод. Ҳарчанд ки устод Атомуҳаммади Нур тарҳи мушаххасе дар ин замина ҳанӯз пешкаш накардааст, мо ба ин назар ҳастем, ки шиносномаи электруник ё ҳар шиносномаи дигаре, бояд ба забони қобили фаҳм барои аксарияти мутлақи бошандагони Авғонистон¸яъне забони шевову ширини порсӣ бошад. Пашту забони як аққалиятқавме аст ва аксарияти бошандагони Авғонистон паштуро намедонанд. Агар ба хотири маслиҳатҳои зӯргӯёна, боз ҳам бихоҳанд паштуро дар тазкира бигунҷонанд, бояд нахуст форсӣ ва дар зери он ба пашту бинвисанд.

Забони инглисӣ ҳеч ниёз нест, ки дар шиносномаи дохилии мардуми мо дарҷ бошад. Барои сафар ба хориҷ гузарнома дорем, ки забони инглисӣ дар он аст. Шиносномаи шаҳрвандони як кишвар дар хориҷ ҳамон гузарномаашон( поспурт)мебошад, на тазкираашон.

Ба ҷои ин ки бинвисанд “тобеъият: афғон”, беҳтар аст бинвисанд “шаҳрванд: Афғонистон”.

Ҳувийяти қавмии ҳар фард бояд ба рӯшанӣ мушаххас шавад. Ба гунаи намуна, ҳувийяти як нафар тоҷикро бояд бинвисанд, ки қавм: тоҷик”.

Ба назари мо шиноснома бояд ин гуна бошад:

Дар боло ба хати каме дурушттар навишта шавад, ки “Шиносномаи шаҳрвандони Афғонистон”.

Баъд бинвисанд

Ном: .....

Номи падар: .....

Ҳувийяти қавмӣ: .....

Ҷойи зист: ....(Дар ин ҷо нишонии комили фард дарҷ гардад, ки шомили шаҳру вилоят низ бошад).

Агар фошистҳои авғон аз зӯргӯӣ кор нагиранд, ҳеч лозим нест, ки калимаи авғон дар шиноснома ноҳақ часпонда шавад. Ҳамин ки болои тазкира менависем: “Шиносномаи шаҳрвандони Афғонистон” худаш кофӣ аст.

Аз ҳама тоҷикҳои гиромӣ ва дигар мардумони ғайрипаштун хоҳишмандем, ки бо тамоми нерӯ ва имконоташон ба по истанд ва дар баробари ин дасисаи бисёр ваҳшатноки фошистҳои авғон муқовимат кунанд. Умед дорем, ки дигар бузургони мо низ, монанди волии далери Балх, аз худ шаҳомат нишон диҳанд ва аз пазириши шиносномае, ки ҳувийяти моро инкор мекунад, парҳез намоянд ва ҷилави пахши онро бигиранд.

Бо сипос

дабирони пойгоҳи “Тоҷикон”.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?