http://tajikam.com

Чаро мо ақиб мондаем? PDF Чоп
Муаллиф: Тоҳири Абдуҷаббор   
21.04.2013 22:22

21 -апрел –рӯзи ёдбуди Тоҳири Абдуҷаббор  – пешвои Ҷунбиши миллӣ -озодихохӣ дар Тоҷикистон

Пешрафти моддию маънавии ҷомеа ва эҳёи миллати мо фақат замоне муяссар мешавад, ки мардуми мо аз рӯҳияи тобеъияту бардагӣ раҳо шаванд, ба озодагӣ, ба хирадварзӣ ва ростию додгарӣ рӯй оранд. Равшан аст, ки раҳоӣ аз бардагию фармонбардорӣ маънои сарпечӣ кардан аз қонун ва дур шудан аз ахлоқи накӯи инсониро надорад. Ин тарғиби худписандию беэҳтиромӣ кардан бар дигарон нест. Барои инсонҳои бофарҳанг ҳамагон, танҳо ба хотири ин, ки инсон ҳастанд, лоиқи эҳтиром мебошанд. Сазовори эҳтироми бештар онҳое ҳастанд, ки ахлоқи накӯю маърифати баланд доранд ва хидмати мардумро мекунанд. Аммо ҳеч касе муқаддас ва сазовори парастиш нест. Пеши касе сар хам кардан, тобеияту фармонбардорӣ кардан на танҳо шоистаи инсон нест, балки таҳқири инсоният аст. Ва тамаллуқу чоплусӣ, ки ранги риё дорад, бадтар аз он аст.

 

Аз «Тоҷикам»: Шоире фармудааст, ки «Номи неке дар ҷаҳон бигзор, Зиндагонӣ барои мурдан нест». Агар ба зиндагиномаи бузургон нек бингарем, ба осонӣ дармеёбем, ки хостаи онон дар зиндагӣ ҳамин номи неке гузоштан будааст. Устоди равоншод Тоҳири Абдуҷаббор, донишманд ва сиёсатмадори маъруф, поягузори созмони мардумии «Растохез» ва пешвои Ҷунбиши миллӣ –озодихоҳӣ дар Тоҷикистон, чаҳор сол аст, ки дар байни мо нест, вале номи неки ӯ бо мост ва дар ҳар мавриде аз кору зиндагӣ ва гуфтаҳои хирадмандона ва бас дурбинонааш ёд мекунем; ҳар соату ҳар лаҳза эҳсос мекунем, ки ҷои ӯ ва ҳамсафонаш ва монанди ӯ шахсиятҳо дар байни мо, дар ҷомиаи мо холист. Мо дар ин рӯзи даргузашти устоди бузург ба равони покаш дуруд мефиристем ва барои гиромидошти бештари ному равонаш рисолаи тоза дастрасшудаи ӯ «Чаро мо ақиб мондаем?»- ро, ки пештар нашрияи «Миллат» ба чоп расонида буд, дар торнамои хеш низ дарҷ мекунем, то хонандагони «Тоҷикам» низ аз андешаҳои ҷовидонаи ӯ бештар баҳра бибаранд ва барои монанди ӯ зиндагӣ ва кору пайкор кардан бикӯшанд.

“Худро бишнос”-чунин аст яке аз ҳикматҳои ҷовидона , ки дар Юнони бостон дар маъбади “Делфӣ” навишта буданд. Донишмандон онро гуна - гуна таъбирҳо кардаанд. Вале, дар ниҳояти амр, он як паём, як даъват аст барои инсонҳо. Фарзонагони мо низ бар ин нукта таъкидҳо карда, гуфтаанд, ки “то худро нашносӣ, худоро нашносӣ”. Худшиносӣ, пеш аз ҳама, дарки дурусти гузаштаҳо ва ҳолати имрӯза аст , шинохти ростини он, ки мо кӣ будему кӣ ҳастем ва ба куҷо меравем. Имрӯзи мо давоми рӯзгорони гузашта аст. Мушкилоту дастовардҳои кунунии мо реша дар гузаштаҳо доранд.

Бино бар ин, барои мо ҳам хеле муҳим аст, ки гузаштаҳои худро нек бишносем, то мушкилоти имрӯзаро дуруст дарк кунем. Дар бораи гузаштаҳою имрӯзи халқи мо суханҳои росту дурӯғ зиёд гуфтаанд. Вале ҳолати мавҷуда худ довари он аст, он гуфтору навиштаҳо то чи андоза ҳақиқат дорад. Кишвари мо имрӯз як кишвари ақибмонда аст ва он ақибмондагӣ, ҳам дар сиёсату иқтисод , ҳам дар илму техника ва ҳам дар маорифу тандурустӣ намоён аст. Ҳоло аз шарҳу тафсири он сарфи назар мекунем. Онро ҳама медонанд, эҳсос мекунанд. Аммо дар бораи сабабҳою омилҳои ақибмондагӣ камтар сӯҳбат мекунанд. Дар ин ҷо баъзе андешаҳои худро дар ин бора ба гунаи фишурда арза медорам, то ангезае бошад барои тафаккури бештар ва шинохти беҳтари ҳолати мо.

Мусалламан,ҳама чиз нисбӣ аст ва дар муқоиса шинохта мешавад. Вақте мегӯянд, ки Тоҷикистон кишвари ақибмонда аст, пеш аз ҳама инро дар назар доранд, ки ин кишвар дар муқоиса бо дигарон аз ҷиҳати иқтисодӣ ва илмию техникӣ, самарабахшии кор ва сатҳи зиндагии мардум дар сатҳи поинтар қарор дорад. Сабаб он аст, ки кишварҳои дигар бо суръати тундтар пеш рафтаанд, вале Тоҷикистон бо суръати кундтар ҳаракат кардааст ва бино бар ин аз дигарон ақиб монда аст. Албатта, дар ин дунё ҳеч чиз собит нест, ҳама чиз ҳамвора дар ҳоли тағйиру таҳаввул аст. Аз ҷумла, ҷомеаи мо ҳам. Таи сад соли ахир дар Тоҷикистон дигаргуниҳои ҷиддӣ ва пешрафтҳои чашмгир ба вуқӯъ пайвастааст. Ҷомеаи суннатии мо то ба сатҳи кишвари нимасанъатӣ боло рафт. Мардум аҳли саводу тахассус шуданд, муассисоти илмию фарҳангӣ ва системаи ҳифзи сиҳати омма бунёд шуданд...Вале дар муқоиса бо кишварҳои пешрафта дастовардҳои мо хеле ночизанд , ҳанӯз фосила байни мо ва онҳо зиёд аст. Миллатҳои дигар, пеш аз ҳама аврупойиҳо ва Амрико, таи садаҳои ахир зина ба зина боло рафтаанд , иқтисоду фарҳангашон рушд карда, зиндагиашон беҳтар шудааст. 300- 400 сол пеш онҳо низ дар марҳилаи феодализм қарор доштанд ва аз ин ҳама дастовардҳои имрӯза нишоне набуд. Вале, дар натиҷаи пешрафти илму техника, самарабахшии кор ба маротиб боло рафт ва низоми иқтисодию иҷтимоӣ низ дигаргун шуд. Онҳо тадриҷан ба кишварҳои санъатӣ табдил ёфтанд ва сипас, дар нимаи дуввуми садаи 20, ба зинаи болотаре расиданд, ки онро “ҷомеаи варосанъатӣ” (“постиндустриальное общество”) меноманд.

Яке аз вижагиҳои ҷомеаи варосанъатӣ ин аст, ки дар ин ҷо таносуби соҳаҳои иқтисод ва шеваи созмондеҳии кор дар муқоиса бо ҷомеаи суннатӣ ва саноатӣ комилан дигаргун шудааст. Нақши истеҳсоли неъматҳои моддӣ( яъне соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат) дар зиндагии ҷомеа торафт камтар шуда, соҳаи хидамот ба соҳаи асосӣ табдил шудааст. Барои мисол , дар Амрико дар соҳаи кишоварзӣ фақат 2% ва дар саноат 23 % маҷмӯъи маҳсулоти нохолиси миллӣ (ММНМ) тавлид мешавад. Ва аммо саҳми бахши хидамот ба 75 % ММНМ мерасад. Таносуби нерӯи кор байни соҳаҳои иқтисоди миллӣ низ тақрибан ба ҳамин андоза аст, яъне аксарияти кормандон дар бахши хидамот кор мекунанд. Зимнан, соҳаи кишоварзӣ низ хело пешрафта ва пурсамар аст. Агарчи дар ин соҳа миқдори хеле ками (2-3%) нерӯи кор машғул аст, вале он ҳамаи ( қариб 300 миллион нафар) мардуми Амрикоро бо маводи хӯрока таъмин мекунад ва , афзун бар он, миллионҳо тонн маҳсулоти кишоварзиро ба дигар кишварҳо содир мекунад. Дар ҳоле ки дар кишварҳои ақибмонда аксарияти (70 - 75 %) мардум дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ба кишоварзӣ машғуланд ,вале наметавонанд мардуми худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоянд ва маводи хӯрокаро аз берун харидорӣ мекунанд. Имрӯз кишварҳои пешрафта, ки дар онҳо камтар аз 15 % аҳолии замин зиндагӣ мекунанд, дар иқтисод ва сиёсати ҷаҳон нақши асосиро мебозанд. Онҳо ҳиссаи бештари маҳсулоти саноатӣ ва техноложии муосири ҷаҳонро тавлид ва арза мекунанд. Даромади саронаи миллиашон аз ҳама зиёдтар (дар ҳудуди 25 000 - 35 000 доллар) аст, дар ҳоле ки дар кишварҳои ақибмонда ин шохис ба маротиб камтар аст . Масалан, дар Тоҷикистон, тибқи омори расмӣ, даромади саронаи миллӣ дар ҳудуди 350 доллар аст.

Вижагии дигар ин аст, ки дар кишварҳои пешрафта шеваи зиндагии мардум ва арзишҳои иҷтимоӣ низ тағйир ёфтанд. Дар ҷомеаи варосанъатӣ илму дониш ба сармояи асосӣ табдил ёфтааст, аммо дар ҷомеаи суннатӣ( феодалӣ) -- замин сармояи асосӣ ба шумор меравад. Яъне дар ҷомеаи суннатӣ одами “бой” касе аст, ки замини зиёд дошта бошад. Дар ҷомеаи санъатӣ касе сарватманд ҳисоб мешавад, ки фабрикаю корхонаҳо дошта бошад. Аммо дар ҷомеаи варосанъатӣ одами “бой” касе аст, ки соҳиби илму дониш ва иттилооти бештар бошад. Бинобар ин, чунин ҷомеаро ” ҷомеаи иттилоотӣ” меноманд.

Вазъи сиёсиву иқтисодии кишварҳо низ хеле дигаргун шуданд. 40 - 50 сол пеш кишварҳоро ба се даста тақсим мекарданд: 1. Кишварҳои пешрафтаи санъатӣ( ҷаҳони сармоядорӣ); 2. Кишварҳои сотсиалистӣ. 3. Кишварҳои Ҷаҳони Саввум, яъне кишварҳое, ки на капиталистӣ ва на сотсиалистӣ буданд. Ба ин гурӯҳ ҳамаи кишварҳои ҷавон ва аз лиҳози иқтисодӣ ақибмондаю фақири Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинро шомил месохтанд. Бар асари талошҳои пайгиронаи халқҳою ҳукуматҳо, пешрафти илму техника, рушди саноат ва хидамот ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, аксари кишварҳо ба дастовардҳои бузург ноил шуданд. Аз ҷумла бархе аз кишварҳои Ҷаҳони Саввум, ба вижа, Ҳонконг, Сингопур, Куриёи Ҷанубӣ, Тойвон, Бразил, Оржонтин ва Мексико хеле муваффақ буданд ва ба кишварҳои санъатӣ табдил шуданд. Акнун онҳоро “кишварҳои санъатии ҷадид” меноманд. Баъзе кишварҳои Ҷанубу Шарқи Осиё, Шарқи Наздик ва Африқо низ дастовардҳои хуб доранд. Таи 20 соли ахир Чин ва Ҳиндустон низ бо суръат пеш мераванд ва дар ҳоли табдил шудан ба қудратҳои бузурги иқтисодию сиёсии ҷаҳон мебошанд.

Аммо бузургтарин таҳаввулот дар ҷаҳони сусиёлистӣ сурат гирифт. Ин кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон аз низоми сусиёлистӣ (коммунистӣ) даст кашида, роҳи гузор ба иқтисоди бозор, яъне роҳи эъмори ҷомеаи сармоядориро пеш гирифтаанд. Бинобар ин, ҳоло кишварҳои сотсиалистии пешинро “ кишварҳои дар ҳоли гузор” меноманд. Дар ин ҷо 10 - 15 сол аст,ки ислоҳоти бунёдии сиёсиву иқтисодиро амалӣ мекунанд. Албатта, суръати ин дигаргуниҳо ва натоиҷи онҳо дар ҳама ҷо яксон нест: Кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ҷумҳуриҳои канори Балтик, Русия, Қазоқистон...дар ин роҳ хеле пеш рафтаанд ва раванди ислоҳот қариб ба поён расидааст. Вале дар аксари ҷумҳуриҳо, аз ҷумла, дар ҷамоҳири Осиёи Миёна ислоҳот ҳанӯз идома дорад. Интизор мерафт, ки ин ислоҳот боиси болоравии иқтисод хоҳад шуд. Аммо дар натиҷаи он, иқтисод натанҳо боло нарафт, баръакс, шадидан суқут кард, сатҳи зиндагии мардум поин омад, таварруми сарсомовар ҷомеаро фаро гирифт, фақру нобаробариҳои иҷтимоӣ густариш ёфт, илму маориф ва фарҳанг таназзул кард...Бинобар ин, созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон ва бархе кишварҳои ҳамсуд (ИДМ -- СНГ)ро ба гурӯҳи кишварҳои Ҷаҳони Саввум шомил месозанд, зеро вазъи иқтисодии онҳо бадтар аз вазъи бисёр кишварҳои ақибмонда шудааст.

Дарвоқеъ, бо вуҷуди пешрафтҳою дигаргуниҳои ҷиддие, ки дар замони шӯравӣ дар кишвари мо ба вуқӯъ пайваст, Тоҷикистон ҳанӯз ба пояи ҷомеаи санъатӣ нарасидааст. Саноати мо ноқису заиф аст. Қариб ҳамаи мошинолоту таҷҳизот ва колоҳои санъатии мавриди ниёзи мардум аз хориҷ ворид карда мешавад. Бештари (70%) мардум дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва аксари онҳо ба кишоварзӣ машғуланд, вале кишвар эҳтиёҷоти худро бо маводи хӯрока таъмин намекунад. Музди кор, ба вижа музди кишоварзон хело ночиз аст. Он ҳатто ба як зиндагии фақирона намерасад. Бекорӣ дар авҷ аст. Нобаробариҳои иҷтимоӣ густариш ёфтааст: як гурӯҳ бою сарватманд шуданду аксарият дар фақру бенавоӣ рӯз мегузаронанд. Мардум гирифтори ҳазор гуна мушкилот мебошанд. Нарху наво пайваста боло меравад,обу барқ ва гоз намерасад,... Хуллас, нишонаҳои як ҷомеаи ақибмонда комилан ошкор аст. Саволе пеш меояд, ки чаро мо ин қадар ақиб мондаем? Чаро кишварҳои дигар, аз ҷумла онҳое, ки 40 - 50 сол пеш хеле ақибмонда буданд ва манобеи саршори табиӣ ҳам надоранд( мисли Куриёи Ҷанубӣ, Сингопур, Ҳонконг, Тайвон..., ) таи чанд даҳсола ба дастовардҳои ҳайратангез ноил шудаанд, вале кишвари мо, бо вуҷуди имконоти хуб ва захираҳои фаровони табиӣ, аз неъмати пешрафт бенасиб мондаанд ва чунин ҳоли зор дорад?

Ақибмондагӣ ва гузор ба низоми ҷадид. Аксаран мегӯянд, ки мушкилоти Тоҷикистон -- мушкилоти марҳилаи гузор аст, яъне дардҳои зоямону истиқрори низоми ҷадид аст. Албатта, ин ҳарф ҷон дорад: ҳама гуна гузор аз як низом ба низоми дигар аз роҳи ислоҳоти бунёдӣ сурат мегирад. Ин ислоҳот, моҳиятан як инқилоб аст ва ҳама гуна инқилоб (хоҳ бо роҳи осоишта сурат гирад, хоҳ бо роҳи хушунату зӯроварӣ) шикасту рехтҳо дорад ва мушкилоту маҳрумиятро ба бор меоварад. Хусусан, дар кишвари ақибмондае, ки аз лиҳози моддию техникӣ ва равонӣ барои чунин тағйирот омода набошад, ва, ба ин нигоҳ накарда, дар пайи зудтар амалӣ кардани таҳаввулоти инқилобӣ шавад. Тоҷикистон ҳамин ҳолро дорад. Он дар замони шӯравӣ ҳам хело ақибмонда буд . Саноеъи пешрафта надошт. Аксари корхонаҳои санъатӣ маҳсулоти ниҳоӣ тавлид намекарданд. Онҳо мисли ҳалқаҳои як занҷир сохта шуда буданд ва ба корхонаҳои дигар ҷумҳуриҳо сахт вобаста буданд. Пахтаро дар Тоҷикистон парвариш мекарданд, аммо коркарди он ва тавлиди либос дар ҷумҳуриҳои дигар сурат мегирифт. Корхонаи тавлиди алуминиум дар Тоҷикистон буд, маводи хоми онро аз Украина меоварданд ва маҳсулоти ниҳоиро дар Русия месохтанд...

Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ робитаҳои иқтисодӣ байни ҷумҳуриҳо мушкил ё гусаста шуд ва ин ба фаъолияти онҳо таъсири манфӣ расонд. Илова бар ин, таҷҳизоту мошинолоти корхонаҳо кӯҳнаю фарсуда шуда буданд. Ин ҳолат бӯҳрони иқтисодиро доман зад ва ногузир таназзули шадидро ба бор овард.

Ба болои ин, ҳукумати кишвар ба таври кӯркӯронаю муқаллидона ба гузаронидани ислоҳот даст зад. Зимнан, гузор ба низоми ҷадид на ба шеваи Чин,яъне на ба таври тадриҷӣ, балки ба шеваҳои ифротӣ, ки онро ба русӣ “ шоковая терапия” номидаанд, амалӣ шуд. Тоҷикистон дар ин кор аз Русия ва аз раҳнамоиҳои хоми баъзе созмонҳои байналмилалӣ пайравӣ кард. Ислоҳоти иқтисодӣ ба таври оқилонаю одилона сурат нагирифт. Хусусисозии корхонаҳо ба шеваи нодурусту бедодгарона амалӣ шуд ва мешавад. Амалан хусусигардонӣ (“приватизатсия”) не, балки тороҷгарии моликияти мардум( “прихватизатсия”) сурат гирифт. Бештари корхонаҳо ба нархҳои хело арзон “фурӯхта” шуданд . Онҳоро касоне соҳиб шуданд, ки лаёқату тавони истифодаи босамари онҳоро надоштанд... Беҳуда нест, ки дар Русия низоми кунуниро “бандитский капитализм” меноманд. Ин ҳама боис шуд, иқтисоди ин кишварҳо на танҳо боло нарафт, балки баракс бештар суқут кард... Масалан, маҳсулоти нохолиси Тоҷикистон дар соли 2000 ду баробар камтар аз соли 1990 буд.

Албатта, ин ҳама омилҳою сабабҳо корсоз буданд. Вале ин танҳо як тарафи масъала, тарафи моддию техникии он аст. Тарафи дигари масъала, агар ба истилоҳи илми иқтисод бигӯем, -- омили инсонӣ, дурусттараш сифати омили инсонӣ, яъне сатҳи донишу тахассуси мардум аст ва ин басо муҳимтар аст. Зеро пешрафти ҷомеа пеш аз ҳама ба ин омил вобаста аст. Маҳз инсонҳо ҳастанд, ки кишварро обод ё хароб кунанд. Агар сатҳи донишу тахассуси мардум баланд бошад, агар ҷомеа аз илму техникаи пешрафта бархурдор бошад, агар ахлоқи нек дошта бошад, агар назму низоми сиёсии кишвар одилона бошад ва ҳукуматдорон оқилу кордон бошанд, мардум биёбонро ба гулистон табдил медиҳанд ,вагарна, мумкин аст, кишвари ободро хароб кунанд.

Ин воқеият( факт), ки кишвари мо ақибмонда ва гирифтори бӯҳрони иқтисодӣ аст ва сиёсатҳои ҳукумат оқилона нест, худ далолат бар он мекунад, ки дар Тоҷикистон( ва аксари кишварҳои ҳамсуд) сифати омили инсонӣ баланд нест. Мушкилоти ҷомеаи мо , пеш аз ҳама, натиҷаи поин будани сатҳи маърифат ва фарҳанги ҳукуматдорон ва тӯдаҳои васеи мардум аст. Он танҳо натиҷаи марҳилаи гузор нест. Зимнан, бояд гуфт, ки ин бори аввал нест, ки ҷомиаи мо роҳи гузорро тай мекунад.

Агар дақиқтар ба ин масъала бингарем, равшан мегардад, ки марҳилаи гузор дар сарзамини мо қариб 100 сол пеш оғоз шуда буд ва ҷомеаи ҳанӯз аз ин марҳала берун нашудааст. Дар охирҳои садаи 19 ва авоили садаи 20 нахустин унсурҳои ҷомиаи сармоядорӣ ба вуҷуд омада рушд мекарданд. Ин оғози гузор аз феодализм ба капитализм буд. Вале дар ин роҳ ҳанӯз ба ҷое нарасида будем, ки дар Русия ҳукумат ба дасти болшевикон афтод ва марҳилаи гузор ба низоми сусиолистӣ(коммунистӣ) шурӯъ шуд. Зоҳиран, дар Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ҷомеаи сусиолистӣ сохта шуд ва ҳатто ба зинаи “ сусиолизми мутараққӣ” расидем. Қарор буд дар ояндаи наздик ба зинаи болотари он, яъне ба “коммунизм” бирасем. Аммо дар авоили солҳои 90 ин нақшаҳо барбод рафтанд. Марҳалаи гузор ба коммунизм ба поён нарасида буд, ки бо ибтикор ва “таҳти раҳбарии хирадмандонаи партия ва ҳукумати ҷоноҷон”, яъне коммунистҳое, ки ба ногаҳ худро демократ эълон карданд, мо шурӯъ кардем ба гузаштан ба низоми капиталистӣ. Албатта, дар зеҳни ҳар кас саволе пайдо мешавад, ки чаро коммунистон(!) роҳи гузаштан ба низоми...капиталистиро(!?) пеш гирифтанд? Коммунистоне, ки ҳам ҳукумат ва ҳам Шӯрои Олиро дар даст доштанду доранд, чаро роҳи низомеро пеш гирифтанд, ки 70 сол бар зидди он мубориза мебурданд ва ҳамаи бадиҳоро ба он нисбат медоданд? Чаро дар Тоҷикистон сохтмони ҷомеаи сусиолистиро идома надоданд, ҳатто агар Русия аз он рӯй гардонида бошад? Оё бидуни раҳбарии “бародари бузург” худашон наметавонистанд бо роҳи сусиолизм пеш бираванд? Оё ақли худшон ба ин кор намерасид? ...Ин худ мавзӯи баҳси ҷудогона аст. Дар ин ҷо кофист, ин нуктаро зикр намоем, ки ин “ислоҳот” натиҷаи андеша ва таҳлилҳои амиқу ҳамаҷонибаи ҳукумати мо набуд. Ин нишони он аст, ки “коммунистони мо” ҳамеша тобеъю фармонбардор буданд. Бинобар ин, онҳо ҳеч гоҳ андешаи мустақил надоштанд ва , тавре ки мебинем, ҳоло ҳам надоранд...Ба ҳар сурат, мо вориди марҳалаи гузор ба ҷомеаи сармоядорӣ шудем ва ба сад азоб ин марҳаларо ҳам аз сар мегузаронем...Бубинем, ки ин дафъа то ба куҷо мерасем...

Гузаштанҳои маҷбурӣ. Ҷолиб ин аст, ки ин гузаштанҳои мо ҳамеша ноқису нотамом буданд. Иллати ин он аст, ки муҳаррики( нерӯи ҳаракатдиҳандаи) он ҳама дигаргуниҳо дар дохили ҷомеаи мо набуд. Мардуми мо фоъили он таҳаввулот набуданд, дар он нақши фаъол надоштанду надоранд. Он ҳама дигаргуниҳои сиёсию идеологӣ ва иҷтимоию иқтисодие, ки таи садаи охир дар ин сарзамин ба вуқӯъ пайвастанд, (сарфи назар аз ҷанбаҳои мусбату манфии онҳо) натиҷаи андешаю амали огоҳонаи ҷомеаи мо набуданд, ба ихтиёру иродаи мардуми мо сурат нагирифтанд. Онҳо натиҷаи ҷабран таҳмил кардани иродаи бегонагон буданд. Таваҷҷуҳ кунед: низоми феодалии ҳукуматҳои мустабидро, ки то солҳои 20- уми садаи 20 дар сарзамини мо ҳукмрон буд, мо аз байн набурдаем. Ин корро русҳо анҷом доданд.Ҳамчунон низоми сармоядорӣ натиҷаи рушду такомули иқтисодию иҷтимоии халқи тоҷик набуд. Унсурҳои низоми сармоядориро ба Осиёи Миёна русҳо оварданд ва болшевикони Русия онро якҷо бо феодализми пӯсидаи ин сарзамин бо зӯр аз байн бурданд. Андешаҳою мафоҳими сиёсӣ, аз қабили ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, баробарӣ, ҳукумати қонун, низоми мардумсолорӣ, муносибати нави иҷтимоию иқтисодӣ, низоми навини омӯзишу парвариш ва ғайра, ки хоси низоми демократӣ аст ва дар ин авохир ба забону фарҳанги мо ворид шуданд, низ маҳсули рушди худи ин ҷомеа набуданд.

Низоми сусиолистиро ҳам дар кишварамон худи мо насохтем. Ин русҳо буданд, ки пас аз инқилоби соли 1917 бо зӯри силоҳ низоми кӯҳнаро аз байн бурданд ва ба ҷои он низоми сусиолистиро дар Русия ва дар Осиёи Марказӣ барпо карданд ва таи даҳсолаҳои баъдӣ идеологияи коммунистию низоми ба истилоҳ сусиолистиро пойдор нигаҳ доштанд.

Сиёсати бозсозии сотсиализмро ҳам на мо, балки худи русҳо “аз боло” оғоз намуданд. Дар Тоҷикистон (ва дар маҷмӯъ дар Осиёи Марказӣ) онро ба мисли ҳамаи дигар сиёсатҳои Маскав “маъқул” шумурда, зоҳиран пуштибонӣ карданд, вале дар амал дигаргунии чашмгире рӯнамо нашуд. Дар солҳои 1985 -- 91 донишмандону сиёсатмадорони Русия, Укроин ва ҷумҳуриҳои назди Балтику Қафқоз таи мақолоту баёнияҳои худ аз минбарҳои пасту баланд , аз ҷумла аз минбари Анҷумани намояндагони халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, иштибоҳоту нуқсонҳои низоми мавҷуда в сиёсатҳои норавои КПСС ва ҳукуматро ошкор ва танқид карданд. Дар рӯзномаҳою маҷаллаҳо ва родиёю телевизиони Русия ва дигар ҷумҳуриҳои бахши аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ даҳҳо ва садҳо мақолоту гуфторҳои ҷиддӣ нашру пахш шуданд, ки тамоми мардуми шӯравиро ба ҳаяҷон овард.

Вале таи ин давра аз ҷониби мақомоти расмии Тоҷикистон ва афроди вобстаи онҳо садое баланд нашуд . Агарчи мушкилоту масоили мо камтар аз Русия ва ё дигар ҷумҳуриҳо набуданд, вале аз тарафи ҳукуматдорон ва ҷомеашиносони мо ягон мақола ва ё рисолаи воқеан илмӣ дар бораи норасоиҳои назарияи сотсиализм ва раванди сохтмони он дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба вижа дар Тоҷикистон навишта нашуд. Ҳар чизе ки навишта ва гуфта шуд, асосан аз “маъқул” донистану “пуштибонӣ” кардани сиёсатҳои раҳбарони ҳизбу давлат ва мадҳу санои онҳо иборат буд. Гӯё дар ин сарзамин ба ақли солим қаҳтӣ омада буд. Ин худ нишони он буд, ки дар ин сарзамин, на танҳо тӯдаҳои мардум огоҳу озод нестанд, балки “раҳбарони” ба истилоҳ давлати Тоҷикистон низ ихтиёре надоранд ва дар мақоми нӯкарони “Марказ” ҳастанд. Чун онҳоро дар Маскав ба мақому мансабҳои ҳизбию давлатӣ тайину барканор мекарданд, онҳо сад дар сад дар хидмати Маскав қарор доштанд, на дар хидмати халқи тоҷик.

Дар ин миён, танҳо бахше аз равшанфикрони тоҷик ва созмону ҳизбҳои навбунёд буданд, ки дар мақолоту баёнияҳои худ сиёсатҳои нодурусти ҲКИШ ва беадолатиҳои ҳукуматдорон дар Тоҷикистонро танқид карданд ва демокрасию соҳибихтиёрии халқҳоро, аз ҷумла халқи тоҷикро талаб намуданд. Озодихоҳони тоҷик , ба вижа созмони мардумии “Растохез”, умед доштанд, ки агар дар кишвар низоми мардумӣ( демокрасӣ) мустақар гардад ва ҳукуматро мардум интихоб кунанд, ҳукуматдорони Тоҷикистон дар хидмати мардум хоҳанд буд ва аз ҳаққу ҳуқуқ, забону фарҳанг ва манофеи миллии мо пуштибонӣ хоҳанд кард. Вале на ҳама инро дарк карданд...

Кӯтоҳи сухан, дар Тоҷикистон назарияю амалияи сохтмони “сотсиализм” ва фаъолиятҳои КПСС(ҲКИШ) ба таври васеъ баррасию нақд нашуд. Гузашта аз ин , халқи тоҷик барҳам додани низоми сотсиалистиро ҳам талаб накард.Сотсиализмро болшевикони Русия сохтанд. Коммунистони он кишвар, бар асари сиёсати носолим ва амали ғайриодилонаи худ, он низомро ба ҳолати бӯҳронӣ расонданд ва худашон ба бозсозии сотсиализм шурӯъ карданд. Дар ниҳоят худашон аз он низом рӯй гардонданд. Халқи тоҷик, ҳамон тавре ки дар сохтмони сотсиализм ихтиёре надошт, дар барҳам додани низоми коммунистӣ низ саҳме надорад. Мардуми мо, дурусттараш ҳукуматдорони Тоҷикистон, ки зери фармони русҳо кӯркӯрона ба сӯи “коммунизм” мерафтанд, акнун кӯркӯронаю муқаллидона гӯё аз сотсиализм даст кашидаанд.

Ҳамин гуна, халқи тоҷик на дар сохтани “Иттиҳоди Шӯравӣ” ихтиёре дошт ва на дар кори барҳам додани он. Он давлате, ки ба номи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии СотсиалистӣҶШС, СССР) вуҷуд дошт, дар асл, чуноне ки дар авоили даҳаи 90 навишта будам, на давлати шӯравӣ буд, на сотсиалистӣ, ва дар он ҷо амалан на ҷамоҳире буду на иттиҳоде. Дар воқеъ, он як давлати воҳиди тоталитарӣ буд. Дақиқтар бигӯем, ҳамон империяи мустамликадории Русия буд, ки дар асри 19 дар натиҷаи сиёсати таҷовузкоронаи ҳукумати подшоҳии Русия ва забт кардани Осиёи Миёна ва дигар сарзаминҳо сохта шуда буд. Пас аз ба сари қудрат расидани болшевикон номашро СССР гузошта буданд. Вале моҳияти сиёсати он дигар нашуд ва беш аз пеш озодию истиқлолияти халқҳо ва забону фарҳанги онҳоро зери по мекард... Он ҳамчунон давлати ғайриқонунӣ буд, зеро Созишномаи соли 1922 дар бораи сохтани СССР на бо хоҳишу розигии миллатҳо, балки зери фишори сарони давлати Русия тавассути “ намояндагони Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ имзо шуда буд. Инҳо воқеитяҳое ҳастанд, ки онҳоро дар Ғарбу Шарқ ҳама медонанд ва таи солҳои ахир донишмандону сиёсатмардони Русия, аз ҷумла донишмандони маъруфи таърих, иқтисод ва сиёсати он кишвар Ю.Н . Афанасев, Г.Х.Попов, А.Н.Яковлев, Р. Медведев, А. Арбатов, О. Латсис, Э.Паин ва дигарон низ борҳо таъйид кардаанд. Маҳз сиёсати азаматталабонаю бузургманишонаи Русия , кӯшишҳои роҳбарони он дар ҷиҳати русисозии халқҳои ғайрирус ва иштибоҳоту беадолатиҳои ҳизби коммунист ва давлати шӯравӣ боиси авҷ гирифтани ҳаракатҳои миллӣ- озодихоҳӣ гардид, ки он оқибат бо фурӯпошии Империя анҷомид. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ натиҷаи болоравии худшиносии миллатҳо( асосан дар ҷумҳуриҳои қисмати аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ) ва авҷ гирифтани муборизаи онҳо бар зидди сиёсатҳои миллии сарони КПСС буд. Ва аммо “роҳбарон”- и Тоҷикистон ва бештари мардуми мо дар ин равандҳо низ нақше надоштанд. Ба ҳар сурат, воқеият ин аст, ки ҳукуматдорон ва аксари аҳолии Тоҷикистон барои озодию истиқлолияти халқу Ватани худ мубориза накарданд ва мардуми мо барҳам додани низоми сотсиалистиро низ талаб накарданд.

Гузашта аз инҳо, имрӯз чунин вонамуд мешавад, ки гӯё мо аз низоми сотсиализм ва режими тоталитарӣ даст кашида, ба сӯи демокрасӣ ва иқтисоди бозаргонӣ меравем. Вале равшан аст, ки ин роҳро ҳам мо огоҳона ба ақлу ихтиёри худ интихоб накардаем... Ин ҳам як амали кӯркӯронаю муқаллидонаи ҳукуматдорон аст.

Хуллас, ҳеч кадоми ин назму низомҳо ва роҳу равишҳоро мо ба ақли худ нашинохтаем ва ба ихтиёри худ қабул ё рад накардаем. Он ҳама дигаргуниҳо маҳсули рушду такомули ҷомеаи мо набудаанд, аз даруни мо сар назадаанд, дар ин сарзамин нарӯидаанд ва рушд наёфтаанд. Мо бо ақлу имхтиёри худ ба ин роҳҳо нарафтаем, балки дигарон бо зӯр моро бурдаанд.Мо фақат, мисли бардагон, ба ҳар ҷое, ки рондаанд, рафтаем, ё мисли кӯроне будему ҳастем, ки дигарон ба ин ҷою ба он ҷо бурдаанду мебаранд. Ва мо ҳам, бе он ки бидонем чаро ва ба куҷо мебаранд, зери фармони дигарон мутеъёна қадам мезанем.Мо намедонем, ки дар он ҷое, ки моро мебаранд, моро чи рӯзгоре интизор аст ва оё ин ҳама дигаргуниҳо ояндаи беҳтареро барои тамоми мардуми мо таъмин мекунанд ё на. Ва аслан ҳеч моро напурсидаанд ва намепурсанд, ки чӣ мехоҳем ва ба куҷо мехоҳем биравем. Хоҷаҳои ваҳшисифату фурӯъмоя ва нӯкарони зархариди онҳо моро гӯё ба ҷое бурданду мебаранд. Ва мо ҳам, мисли ғуломон, бидуни чуну чаро,бидуни эътироз меравем... Ба ҳар ҷое, ки баранд..., хоҳ ба ҷаҳаннам...

Бадҳукуматӣ -- иллати ақимондагӣ. Ин ҳама баёнгари он аст, ки мушкили аслии мо дар омили инсонӣ аст, дар поин будани сатҳи маърифату худшиносии мардум ва савияи тахассуси онҳо дар риштаҳои гуногун, дар пасмондагии илму техника, дар барҷо мондани афкору андешаҳои сиёсию иҷтимоӣ, дар ҷаҳлу фурӯмоягӣ ва худхоҳии ҳокимони аҷнабию хоназоди кишвар аст. Албатта, ин ба он маъно нест, ки тавони зеҳнии мардуми мо маҳдуд аст ва ё онҳо танбалу коргурезанд. Баръакс, мардуми тоҷик зотан хушзеҳну боистеъдоданд. Заҳматкашию пуртоқатӣ, сахтҷонию бурдборӣ ва шарофатмандию меҳрубонӣ ва хушмуомилагӣ ҳамеша хислати тоҷикон буда ва ҳаст . Маҳз ин хислатҳои наҷиби мардум ва осори гаронмояи маънавии бузургони мо будааст, ки тоҷикон то ба ҳол ҳуввияти худро аз даст надодаанд. Онҳоро дар тӯли таърих борҳо қатлиому хонавайрон кардаанд ва то ба сарҳади нобудӣ расондаанд. Вале, бо вуҷуди он ҳама фоҷеъаҳо, мардуми мо боз ба по хостаанд ва ба офаридани арзишҳои волои маънавӣ, ба сохтани тамаддуну фарҳанги инсонӣ пардохтаанд. Ин воқеиятҳое ҳастанд, ки онҳоро донишмандону муҳақиқони Ғарбу Шарқ борҳо тазаккур додаанд. Ин аст, ки Рустам Шукуров, донишманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Русия, дар мақолаи хеле ҷолиби худ ба гузаштаҳои талхи мардуми мо ишора карда, халқи тоҷикро ба Феникс, яъне мурғи самандар, монанд кардааст, ба мурғи афсонавие, ки, тибқи ривоятҳо, пас аз 500 ё 1000 сол зиндагӣ, дар оташ сӯхта фано мешудааст ва боз аз хокистараш дубора зинда мешудааст.( Р. Шукуров, “ Феникс”, журн. “Аманат”. 2002, № 1, с. 212 -- 215. Семипалатинск).

Вале истеъдоду тавоноии зеҳнӣ, агарчи хело муҳим аст, аммо он танҳо яке аз омилҳои пешрафт аст. Ва он дар ҷое самар медиҳад, ки омилҳои дигар, ба вижа шароити сиёсию иқтисодӣ низ мусоид бошанд. Мутаассифона, таи садаҳои зиёд ин шароит дар сарзамини мо мусоид набудааст. Бинобар ин, имконоти билқувваи( потенсиалии) мардуми мо ба воқеият напайвастааст. Ва ин барои мо беасар намондааст. Мо имрӯз самараи гузаштаҳоро мечашем, ояндагон самараи корҳои неку бади моро хоҳанд чашид.

Ба ҳар сурат, воқеият ин аст, ки имрӯз, бо вуҷуди истеъдоду тавоноии баланди зеҳнӣ ва заҳматкашӣ, сифати омили инсонии мо, яъне савияи тахассус ва маърифати сиёсию ҳуқуқии мардуми мо хело поин аст. Ва ин омили асосии ақибмондагии ҷомеаи мо аст.

Албатта,иллатҳои ақибмондагии Тоҷикистон зиёданд. Вале омилҳои зерин, ба назари ман, нақши асосиро доштанд.

  1. Маҳрум шудани халқи тоҷик аз истиқлолияти давлатӣ. Дар тӯли садаҳои зиёд сарзамини мо пайваста майдони тохтутози ваҳшиёнаи ақвоми бегона будааст. Онҳо кишвари моро ғасб ва ғорату хароб карда, мардуми моро қатлиом ва аз истиқлолияти сиёсӣ маҳрум сохтанд.
  2. Ҳукуматҳои мустабиду истеъморгар сиёсатҳои хирадситезу озодикушро пеш гирифтаанд. Онҳо идеоложиҳои бардагию фармонбардориро бо зӯр бар мардуми мо таҳмил кардаанд ва садди роҳи пешрафт шудаанд.
  3. Дар натиҷаи тасаллути сиёсию идеологиии бегонагон, халқи тоҷик аз истиқлолияти фикрӣ низ маҳрум шудааст, имконоти рушди андешаҳои сиёсию иқтисодӣ ва пешрафти илму техникаро аз даст додааст. Режимҳои салтанатию тоталитарӣ бо истифода аз зӯр ва мубаллиғони зархаридашон, рӯҳияи ғуломиро талқин кардаанд, то мардумро дар зери фармони худ нигаҳ доранд. Дар кишвар озодии андешаю баён аз байн бурда шуда, як фазои тираву тор,як истибдоди фикрию идеологӣ ҳукмфармо гардидааст. Дар натиҷа, мардум рӯҳияи озодагию озодандеширо аз даст дода, аз асли худ дур шудаанд ва ба фармонбардорию бандагӣ хӯ гирифтаанд. Раванди табии рушду такомули ҷомеа гусаста шудааст ва он аз худравию худсозӣ ва навоварӣ боз мондааст.

Ба сухани дигар, иллати асосии ақибмондагии ҷомеаи мо авомили сиёсӣ, яъне режимҳои истибдодӣ ва озод набудани ҷомеа мебошад. Мутафаккири номдори Фаронса Ж. Ж. Руссо гуфта буд, ки “ он чи мо ҳастем, натиҷаи он чизе аст, ки ҳукумат аз мо сохтааст...Ва норасоиҳою гуноҳҳои мо ҳосили он бадҳукуматие аст, ки бар мо шуда аст”. Дар ҳақиқат, азхудбегонагию ғуломсифатӣ ва сатҳи поини маърифати сиёсии тӯдаҳои васеи мардуми мо ҳосили бадҳукуматиест, ки дар тӯли садаҳо бар мо шудааст, натиҷаи сиёсатҳои зиддиинсонии истеъморгарону ҳукуматдорони ҷоҳилу мустабид ва талқини идеологияи бардагӣ аст. Ин ҳолат боиси таназзули иқтисоди кишвар ва забону фарҳанги мо гардидааст. Дар тӯли садаҳо дар ин сарзамин ҳамвора ду чиз ҳукмфармо будааст: ҷаҳл ва фақр, ҷаҳле, ки фақр меборад, ва фақре, ки ҷаҳл мезояд...

Ин аст, ки аксари мардуми мо ҳанӯз ҳам аз хислатҳои ҷомеаи асримиёнагӣ дур нашудаанд. Онҳо ҳанӯз ҳам мутеъю фармонбардоранд ва гароиш ба ситоишу парастиши ҳукуматдорон, ба хушомадгӯию маддоҳӣ доранд. Рафтору кирдори онҳоро аксаран на қонун, на далоили ақлонӣ, балки робитаҳою вобастагиҳои шахсӣ ва мансубият ба қавму маҳал муайян мекунад.Онҳо ҳанӯз ҳам пойбанди расму оинҳои кӯҳна ва анъанаҳою хурофоти мазҳабӣ мебошанд. Аз нигоҳи равонӣ онҳо ҳанӯз ба низоми феодалӣ наздиктаранд. Тасодуфӣ нест, ки ҳоло дар кишвар, ба вижа дар деҳоти мо муносиботи феодалӣ рушд мекунад. Нишонаҳои он дар мақолаи иқтисоддони шинохтаи тоҷик Ҳ. Умаров ба равшанӣ баён шудааст( “ Ба ақиб, ба сӯи феодализм”, Ҳафтаномаи “Миллат” №№ 6 ва 7 соли 2007). Дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ва дигар ҷамоҳири Осиёи Миёна амалан феодализми давлатӣ роиҷ шуда буд. Ҳоло феодализми суннатӣ рушд мекунад. Шумори арбобкамолҳою одинаҳо ҳам рӯ ба афзоиш аст.

Пешрафти моддию маънавии ҷомеа ва эҳёи миллати мо фақат замоне муяссар мешавад, ки мардуми мо аз рӯҳияи тобеъияту бардагӣ раҳо шаванд, ба озодагӣ, ба хирадварзӣ ва ростию додгарӣ рӯй оранд. Равшан аст, ки раҳоӣ аз бардагию фармонбардорӣ маънои сарпечӣ кардан аз қонун ва дур шудан аз ахлоқи накӯи инсониро надорад. Ин тарғиби худписандию беэҳтиромӣ кардан бар дигарон нест. Барои инсонҳои бофарҳанг ҳамагон, танҳо ба хотири ин, ки инсон ҳастанд, лоиқи эҳтиром мебошанд. Сазовори эҳтироми бештар онҳое ҳастанд, ки ахлоқи накӯю маърифати баланд доранд ва хидмати мардумро мекунанд. Аммо ҳеч касе муқаддас ва сазовори парастиш нест. Пеши касе сар хам кардан, тобеияту фармонбардорӣ кардан на танҳо шоистаи инсон нест, балки таҳқири инсоният аст. Ва тамаллуқу чоплусӣ, ки ранги риё дорад, бадтар аз он аст.

Албатта, раҳоӣ аз хӯи ғуломӣ ва расидан ба озодагӣ кори осон нест ва ба зудӣ муяссар намешавад. Зеро равони ( психологияи) иҷтимоӣ хислати консервативӣ дорад: он таи мудати зиёд зери таъсири авомили гуногун ташаккул меёбад ва оҳиста - оҳиста тағйир мекунад. Барои сифатан дигаргун шудани он замони зиёд лозим аст. Чунонки Шайх Саъдӣ гуфтааст:

Саъдӣ ба рӯзгорон меҳре нишаста бар дил,

Берун наметавон кард илло ба рӯзгорон.

Вале имрӯз замон дигар асту шароит дигар. Имрӯз рӯҳияи дигар ва рафтору кирдори дигар лозим аст,то бақои миллати мо таъмин шавад. Ҳеч касе, ба ҷуз мо мулки моро обод намекунад. Ё мардуми мо ба зинаҳои баландтари илму маърифат мерасанд, ё дар печу хамҳои таърих гумном мешавем. Дар марҳилаи кунунӣ озодию истиқлолияти моро, ояндаи халқи моро хатарҳои ҷиддӣ таҳдид мекунанд. Ҳам аз дохил ва ҳам аз берун. Агар мо хоҳем, ки аз он хатарҳо дар амон бошем, пешрафту ободии Ватани худро таъмин намоем ва зиндагии беҳтар дошта бошем, моро мебояд, ки ба хирадварзӣ, ба равишҳои илмии ҳалли мушкилоти ҷомеа рӯй оварем. Моро лозим аст, ки ҳуқуқу масъулиятҳои нсонии худро нек бишносем, тахассусу маҳорати баланд дар ришатоҳи гуногуни илму техника дошта бошем, аз масоили сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишварамон ба хубӣ огоҳ бошем ва дар ҳалли мушкилоти ҷомеа фаъолона саҳм гузорем.

24.03.07.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?