http://tajikam.com

Моршол Фаҳим: Сарпарасти Ҳизби ҷамъият бояд устод Ато бошад PDF Чоп
Муаллиф: Ораши Хуросонӣ   
02.07.2013 22:00

Бознашр аз торнамои “Ҷовидон”

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Чанде пеш нишасте бо ҳузури Салоҳиддин Раббонӣ, Абдуллоҳи Абдулло, Аҳмад Зиё Масъуд, Муҳаммад Исмоил ва Атомуҳаммади Нур дар хонаи моршол Муҳаммадқасим Фаҳим баргузор шуд. Дар ин нишаст моршол Фаҳим ба Салоҳиддин Раббонӣ гуфтааст, ки замони кори ӯ ба унвони сарпарасти Ҷамъият ба поён расидааст ва бояд сарпарастии Ҷамъият ба устод Атомуҳаммади Нур вогузор шавад.

 

Ба нақл аз як манбаъ, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, Салоҳидддин Раббонӣ аз моршол Фаҳим тақозо кардааст, ки бояд замони кори вай ба унвони сарпарасти Ҷамъияти исломии Афғонистон то як соли дигар тамдид шавад, аммо моршол Фаҳим дар посухи Салоҳиддини Раббонӣ гуфтааст: “Пас аз шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд ва устод Раббонӣ калони ҷабҳаи муқовимат ва Ҳизби ҷамъият ман ҳастам. Вақте устод шаҳид шуд, мо дар як вазъияти рӯҳӣ ва отифии хос, худатро ба унвони як ҷавони дарсхонда ва хориҷдида сарпарасти Ҷамъият сохтем. Тасаввури мо ин буд, ки худат ҳам дар равобити хориҷии Ҷамъият талош мекунӣ ва ҳам дар дохил ба далели дур будан аз танишҳои дохилӣ Ҷамъиятро ҷамъ месозӣ ва аъзои Ҷамъиятро, ки аз ҳизб дур мондаанд, дар он гирдиҳам меоварӣ. Аммо бо гузашти беш аз як сол дида шуд, ки худат дар ростои густариши равобити Ҷамъият дар берун коре накардӣ, дар дохили Афғонистон ҳам натавонистӣ аъзои Ҷамъиятро гирдиҳам биёварӣ.”

Моршол Фаҳим дар идомаи суҳбатҳояш гуфтааст, ки шаҳид Устод Бурҳониддин Раббонӣ -- раҳбари Ҷамъият, дар замони ҳаёташ бар ин бовар буд, ки бояд раҳбарии Ҷамъиятро устод Ато ба ӯҳда гирад ва акнун ман аз ин мавзеъ ҳимоят мекунам. Ба гуфтаи моршол Фаҳим, устод Ато ҳам аз назари мардумӣ ва ҳам аз назари тавони мудирият дар шароити кунунӣ танҳо касе аст, ки метавонад Ҷамъиятро ҷамъ созад. Моршол Фаҳим ба Салоҳиддин Раббонӣ гуфтааст, ки худат ҷавон ҳастӣ ва замони зиёд дорӣ, аммо акнун сарпарастии ҷамъиятро ба Устод Ато вогузор мекунӣ, чун фурсате, ки бароят дода шуда буд, хуб амал накардӣ. Вай ба Салоҳиддин Раббонӣ таъкид кардааст, ки машвараи ман ба унвони узви аршади Ҷамъият ин аст, ки худат сарпарастии ҷамъиятро раҳо кунӣ, чун бештар масруфи Шӯрои Сулҳ ҳастӣ, аммо агар худат мехоҳӣ ба сурати мустақил сарпарастии Ҷамъиятро идома диҳӣ, он гоҳ ман ҳимоят намекунам.

Ҳизби Ҷамъият аз аҳзоби пурнуфузи исломӣ дар Афғонистон аст, ки дар тамоми кишвар нуфузи чашмгир дорад. Пас аз террори Устод Бурҳониддин Раббонӣ --раҳбари Ҳизби Ҷамъият Салоҳиддин Раббонӣ -- писари аршади вай аз сӯйи аъзои аршади ин ҳизб ба унвони сарпараст таъин шуд, аммо ҳоло гуфта мешавад, ки барои сомон додани сохтори ин ҳизб бояд каси дигар ба унвони сарпарасти Ҷамъият баргузида шавад.

Бино бар гуфтаҳои манбаъи хабар, аксари аъзои аршади Ҷамъият, ки дар нишасти рӯзи панҷшанбеи 26 савр дар хонаи моршол Фаҳим ҳузур доштанд, барои ин мувофиқат карданд, ки Атомуҳаммади Нур бояд сарпарастии Ҷамъиятро ба ӯҳда гирад.

Ёддошти “Тоҷикам”: Ҳизби Ҷаъияти исломии Афғонистон, ки дар бунёди он шахсиятҳои оламшумули тоҷикони Афғонистон устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуди бузург нақши калидӣ доштанду он аз нерумандтарин ниҳоди сиёсии Афғонистон ба шумор мерафт, пас аз террори ин шахсиятҳо оҳиста –оҳиста рӯ ба сустиву парокандагӣ овард ва бештари аъзои он худ созмонҳои сиёсии наве ба вуҷуд оварданд. Ин вазъ ағлаби аъзои ҳизб, ба вижа тоҷикони кишварро яъсу ноумед карда буд, зеро ин созмон ҳарчанд дар сафҳои хеш намояндагони ақвоми гуногунро гирдиҳам оварда буд, вале дар маҷмуъ бахши бузурги аъзои ҳизбро тоҷикон ташкил медоданд ва сусту пароканда шудани ин ҳизб метавон гуфт, ки маънии парокандагиву сустии қавми тоҷикро дар Афғонистон нишон медод. Пас аз ба шаҳодат расидани устод Раббонӣ ва сарпарасти ҳизб баргузида шудани писари ӯ Салоҳиддин Раббонӣ вазъ рӯ ба беҳбуд наовард ва баръакс ҳукумати Карзай Салоҳиддин Раббониро ба кори рамзӣ ва бенатиҷаи Шӯрои Сулҳ ҷалб кард ва бо ҳамин таваҷҷуҳ ва талоши ӯро аз кори ҳизбӣ дур кард. Ба бовари аҳли назар ва дастандаркорони торнамоҳои Тоҷикам ва Тоҷикон ягона шахсе, ки метавонист ҳизбро дубора ба шоҳроҳи хеш бароварда, барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва ободиву озодӣ ёрӣ мерасонд, ин устод Атомуҳаммади Нур аст ва дар шаҳри Кобул, дар хонаи моршол Фаҳим бо ҳузури ағлаби шахсиятҳои шинохтаи тоҷики кишвар -- шогирдону пайравони Устод Раббониву Аҳмадшоҳ Масъуди бузург ба сарпарастии ҳизб пешниҳод гардидани устод Атомуҳаммади Нур як фоли нек ва гоми хуҷастаест, ки дар оянда барои ҳамагон паёмадҳои хушоянде хоҳад дошт. Зеро устод Атомуҳаммади Нур, ки волии яке аз вилоёти бузурги кишвар Балх асту ин остон яке аз бахшҳои пешрафтаи кишвар ба шумор меравад, метавонад ба унвони сарпарасти ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон низ корҳои бузургеро анҷом хоҳад дод ва бо ёрии Худованд ҳизб ва қавми тоҷикро дар кишвар чун пештара обрӯманду машҳур хоҳад кард. Пасон, сарпараст гардидани Устод Ато ба бузургтарин ҳизби кишвар дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз аҳамияти бузурге бархурдор аст. Зеро ӯ низ аз ҷониби тоҷикон ва дигар ақвоми ғайрипаштун чун номзад дар интихобот ширкат карданашро эълон кардааст ва сарпарастии ҳизби Ҷамъият ба волии номдори Балх боз як неруи наве мегардад дар ин маъракаи бузурги сиёсӣ ва расидан ба ҳадафҳои волои ӯ.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

rumijelaludd.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?