http://tajikam.com

Оё аз ин пас Тоҷикистонро метавон хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон номид? PDF Чоп
Муаллиф: Неъмат Неъматзода   
02.07.2013 23:19

Бознашр аз торнамои "Миллат"

Беш аз як сол аст, ки қазияи Равшан Собиров, вазири пешини рушди иҷтимоӣ ва раҳбари ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон аз як додгоҳ ба додгоҳи дигаре кашида мешавад ва дар ниҳояти кор ба Додгоҳи олии Қирғизистон расид. Ин додгоҳ   ҳукми Додгоҳи шаҳри Бишкекро дар бораи Равшан Собиров бетағйир боқӣ гузошт. Рӯзи 7 марти соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Бишкек мурофиаи Равшан Собировро ба поён бурда, ӯро ба панҷ соли зиндон маҳкум карда буд. Мувофиқи ҳукми ин додгоҳ бояд тамоми амволи ӯ низ мусодира гардад.
Равшан Собиров ба он айбдор дониста мешавад, ки дар замони вазири рушди иҷтимоии ин кишвар буданаш гӯиё ба ришвахӯрӣ даст задааст. Парванда алайҳи ӯ бо нишондоди собиқ ёвараш, Тоҳир Мирзоаҳмадов оғоз шуд, ки 4-уми июли соли 2012, зимни гирифтани ришва аз як ширкати итолиёвӣ дастгир шуда буд. Ӯ изҳор дошт, ки маблағро бо дастури Собиров гирифтааст, вале баъдан эътирофоташро ба манфиати Равшан Собиров тағйир дода буд.
Агар Худо накарда, акси ин амал рух медод, яъне як вазири қирғизтабори Ҳукумати Тоҷикистон  бо номи фарз кардем Усен Қурманов бо туҳмати ёвараш ба ҷурми порагирӣ муттаҳам карда мешуд, чи ҳодисае рух медод? Аввалин коре, ки мешуд ин буд, Душанбе аз ҷониби Бишкек нотаборон мегардид ва тамоми Ҳизбҳои дар Қирғизистон фаъолият дошта, ҷомеъаи байналмилиро бар по мехезониданд ва якҷоя бо онҳо Душанберо бар нақзи ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ муттаҳам мекарданд. Шарикони стротегии мо аз  Созмонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ то Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба пуштибонии Ҳукумати Қирғизистон бархеста аз Душанбе талаби  ҳарчи зудтар озод кардани вазири қирғизтабори Тоҷикистонро мекарданд. Ё нодуруст мегӯям? Дар ин сурат онҳо ҳақ ҳам буданд, зеро ки вазир Қурманов худ дар вақти гирифтани пора дастгир нашуда буд ва ёвараш низ дар мурофиаҳои минбаъда аз туҳмати таҳти фишор кардаи худ дар ҳақи сардораш низ даст кашид.
Бидуни ҳеч шаку шубҳа ҷонибдорони Қурманов сад дар сад ба нишон додани чунин вокунишҳо ва ҳимояту пуштибонии ӯ ҳақ ҳам доранд. Барои он ки беисботи гуноҳ ягон суд ҳақу ҳуқуқ надорад, ки касеро муттаҳам ва зиндонӣ кунад.
Боз ба хотири тақвияти ин гуфтаи худ рӯи саҳифа як мисоли дигарро меоварам. Ба наздикӣ як қирғиз дар асорати толибони Афғонистон афтода буд. Баъди шунидани ин хабар чи сару садое дар Ҳукумати Қирғизистон баланд шуд. Мо дар бораи талош ва пофишориҳои Вазорати хориҷӣ ва дигар мақомоти ин кишвар чизе намегӯем, танҳо инро ёдрас мешавем, ки  тамоми мақомоти қудратии Қирғизистон ҷамъ омада, барои озодии як шаҳрванди кишвари худ гуруҳи зудамал таъсис дода буданд.
Танҳо мо дар Тоҷикистон ба тақдири ҳаммиллатони худ, бепарво ҳастем. То ҳанӯз таҳдиди Раиси собиқи ҷумҳури Русия Д. Медведов барои як шаҳрванди кишвараш ва як нафари шахси барои ин кишвар бегонаи танҳо фомили русӣ дошта аз хотирҳо нарафтааст. Мо бошем ҳимоят ва пуштибонии ҳаммиллатони худро танҳо бо овози баланд гаштаву баргашта такрор кардани шиори "Тоҷикистон хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон" медонем.  Барои чӣ Душанбеи расмӣ ва Анҷумани "Пайванд", ки худро пуштибони тоҷикон дунё эълом кардаанд, то ба ҳанӯз барои дастгирии Равшан Собирови бегуноҳ, ки гирифтори туҳмату дасисаи гуруҳи миллатгаро гаштааст, ҳеч вокунише нишон надодаанд? Оё баъд аз ин дигар тоҷикони бурунмарзӣ ба шиорҳои ҳавоии мо эътимод баста метавонанд?

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

rumijelaludd.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?