http://tajikam.com

Пирӯзии Эрон пирӯзии мо, ҳама форсизабонон аст! PDF Чоп
Муаллиф: Adminstrator   
03.07.2013 01:00

Ҷойи хушист, ки Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки пуштибон ва такягоҳи ҳама форсизабонон ва эрониасли ҷаҳон аст, рӯзҳои ахир лаҳзаҳои ёдмон ва пирӯзиҳои чашмрасе ёр мегарданд. Ба дунболи интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар, ки дар он нахуст 8 ва пасон 6 номзад барои рабудани гӯйи пирӯзӣ сабқат карданду мардуми кишвар низ дар ин маърака ба гунаи бесобиқа ширкат доштанд ва онон Ҳасани Рӯҳониро бо 50,7 дарсади ройъ раиси ҷумҳур баргузиданд, футболбозони кишвар низ даҳҳо миллион ҳаводорони хешро шодмону сарбаланд гардониданд. Онҳо дар мусобиқаи пешакии интихобии Ҷоми ҷаҳон дар бозии ниҳоии гурӯҳ дастаи футболи Куриёи Ҷанубиро , ки яке аз дастаҳои неруманди қораи Осиё ва ҳам ҷаҳон аст, дар майдони онон бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд ва бо 16 имтиёз ҷойи якумро гирифта, соҳиби роҳхат ба бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон дар Бразил шуданд.

Ин пирӯзиро футболбозони эронӣ ба осонӣ ба даст наёварданд. Зеро дар ин гурӯҳ дастаҳои Куриёи ҷанубӣ ва Ӯзбакистон бо тамоми неру деворе барои ба мусобиқаи ҷаҳонӣ роҳ ёфтани Эрон сохтанӣ буданд. Ба вижа, дастаи Куриёи Ҷанубӣ пеш аз бозии охир ҳаёҳуеро барпо кард. Аз ҷумла, сарвари ин даста дар бораи Эрон ва футболбозони эронӣ ҳарфҳои носазо гуфт. Вале мурабии дастаи Эрон гуфт, ки онон ба ин ҳарфҳо дар майдони футбол посух хоҳанд дод ва дере нагузашта футболбозони эронӣ чунин посухи сазоворро дар майдони рақиб ба онон доданд ва пешсафи ягона ва пирӯзи гурӯҳ гардиданд. Дастаи Куриёи Ҷанубӣ бо 14 имтиёз ҷойи дуюм ва роҳхати дигарро ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонӣ гирифт. Дастаи Ӯзбакистон ҳам 14 имтиёз ба даст овард, вале таносуби ками голҳо ононро ба ҷойи сеюм фаровард.

Пирӯзии Эрон ин танҳо комёбӣ ва пирӯзии ин кишвар нест, балки он пирӯзӣ ва мояи сарбаландии ҳама мардуми форсизабон ва ҳама мардуми фулоти фарҳангии Эрон аст. Мо, тоҷикони ҷаҳон дастаи футболи Эрон ва ҳама мардуми кишварро бо ин пирӯзӣ шодбош мегӯем ва ин рӯзҳо ҳамроҳи Шумо шодиву шодмонӣ мекунем. Басо хурсандиовару нишотафзост, ки мо дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳони соли 2014 танҳо тамошобини оддӣ нахоҳем буд, балки акнун мо дастае дорем, ки ҳама бо дилу ҷон аз он пуштибонӣ мекунем. Ин дастаи футболи Эрон аст! Мо ба футбобозони эронӣ дар ин сабқати ҷаҳонӣ пирӯзиҳои нав орзумандем ва хоҳони онем, ки он рӯзҳое ҳам бирасанд, ки чунин лаҳзаҳои шодиву нишотро дастаҳои баргузидаи футболи Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам ба мо ҳадя оранд ва ин ду кишвар ҳам чун Эрон мояи ифтихор ва сарбаландии ҳамаи форсизабонон гарданд!

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?