http://tajikam.com

Таассуф PDF Чоп
Муаллиф: Зафари Сӯфӣ   
11.08.2013 23:39

Бознашр аз торнамои «Озодагон»

Онҳо аз табори офтобанд дар зулмат. Дар он зулмате, ки шояд чанд даҳаи дигар комилан боиси нобудии фарҳангу забони ин табор дар сарзаминҳои бобоияшон шавад. Онҳо вопасинҳоянд ва мо барои идома ва роҳрави дигар доштани роҳи онҳо ҳеч коре анҷом надодаему анҷом намедиҳем. Ҳарчанд иддаоҳои пучамон гӯши фалакро кар мекунад...
Онҳо чанд тан бештар нестанд. Барои шуморашон шояд ангуштони ду даст кофӣ бошад. Ин чанд тани ангуштшумор умеди ману афроде мисли ман аст, ки дар он марзу буми аҷдодӣ барои зинда мондани тоҷик талош кардаанду талош мекунанд. Онҳо баҳонае воқеъӣ барои мутанаффир нашудани ману афроде мисли ман аз ҳамзабонҳову ҳамхунҳо дар он обрав буданду ҳастанд. Онҳо парчамдоранд, онҳо қаҳрамонҳои воқеан миллӣ ҳастанд. Устод Муҳсин Умарзода яке аз он нафарон буданд. Ду рӯз аст, ки бо шунидани хабари даргузашти устод Умарзода бори сангини андӯҳе олудаи яъс рӯи шонаҳоям сангинӣ мекунад. Охир аз шумори камшумори пуштибонҳои миллати азиятдида дар он сарзамини бобоӣ боз як нафар кам шуд. Ҳарчанд медонанду медонам, ки хеле аз талошҳои эшон ҷуз дарди сару азият барои шахси онҳову атрофиёнашон ҳеч ҳосиле ба бор наоварда, аммо боз дилам хуш буд, ки чанд тан ҳастанд ва пас ҳанӯз метавон умедвор буд...

Муҳсин Умарзода! Шояд ин ном барои аксари ҳаммилатони ман дар ин сӯи марз ноошно бошад. Ҳатто шояд дар ниҳоде бо иддаои бузург мисли Бунёди пайванд хабар надошта бошанд, ки инсоне бузург, тоҷике cарбаланд ва пуштибони забону фарҳанги миллат ба номи Муҳсин Умарзода дар Тошканд пайкору зиндагӣ мекард. Дар асл, ҳамон ҳикмати аз боғ калонтар будани обмӯрӣ дар фаъолияти Бунёди пайванд сидқ мекунад. Иддаои ба ҳам пайванд додани тамоми тоҷикони ҷаҳонро доштану аз бузургтарин талошгарҳо дар ростои зинда мондани миллат дар сарзамини аҷдодӣ барои ширкат дар нишастҳо даъват накардан боризтарин далели пучии иддаоҳои ин ниҳод будаву ҳаст. Набояд фаромуш кард, ки бештарин шумори тоҷик дар он марзу бумест, ки имрӯз дар харитаи ҷаҳон Узбакистон ном дорад. Чанд тан меҳмони доимии нишастҳои Бунёди пайванд аз Урупоро ҳар сол мебинему суханҳои тамаллуқомез ва гоҳо чоплусонаашонро дар ҳаққи президенти Тоҷикистон мешунавем. Шояд ин ҳеч бадие надошта бошад, аммо чи суде барои тоҷикон дорад? Гузашта аз ин биёед ёд бигирем, ки ҳама чизро бо номи худаш ном бибарем. Раҳбари ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гуфтани президенти кишвар, агар тамоми бисту чаҳор соат дар як шабонарӯз ва тамоми сол беист таблиғ шавад ҳам ба ҳеч ваҷҳ баёнгари воқеият нест. Бештарин шумори тоҷикон дар хориҷ аз марзҳои Тоҷикистон дар Узбакистон мебошад. Оё медонед чанд кас аз ин ҷамъияти чандмиллионнафараи ҳамхунҳои мо Эмомалӣ Раҳмонро раҳбари худ медонанд? Ҳеч кас! Аз сӯи дигар чаро чунин бидонанд, чи коре дар ҳақашон анҷом додаему додаед, ки чунин бигӯянд? Ҳатто бузургтаринҳояшон дунёи фониро тарк бигӯянд ба худ заҳмати як таслияти хушк гуфтанро намедиҳем. Охир ин ҳукумат барои тоҷикон чи кори фавқулоддае анҷом дода, ки раҳбари онро ба сифати раҳбари тамоми тоҷикони ҷаҳон эълон медорему эълон медоранд?!...

Муҳсин Умарзода! Ин ном беҳтарин хотироти миллатдӯстона ва худшиносонаи чанд насли тоҷикро дар Самарқанду Бухорову Фарғонаву Кешу Насафу Тирмизу Намангону Тошканд зеб мебахшид. Ҷои таассуф дорад, ки шумори чунин мардони миллатдӯст зиёд набуду нест. Албатта инҳоеро, ки шиор медиҳанд ва миллатдӯстияшон барои таъмини манфиатҳои ночизи шахсияшон мебошад, ҳеч гоҳ ба шумор набояд овард.

Устод Умарзода дар деҳаи Учқурғони Қирғизистон, ки аҳолияш ҳама тоҷиканд, дида ба олам кушода ва пас аз хатми донишгоҳ то замони бознишаста шудан дар рӯзномаи “Овози тоҷик” фаъолият доштанд. Фақат ду мақолаи устод кофист, ки ҳар тоҷики худогоҳ ва миллатдӯст барои ҳамешаи торих аз устод миннатдор бошад. Ин ду мақола таҳти унвонҳои “Маънои тоҷик” ва “Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст!” дар рӯзномаи “Овози тоҷик” ба нашр расида буд ва вокунишҳои фаровонеро чи аз сӯи дӯстон ва чи аз ҷониби бадхоҳони миллат ба дунбол дошт.

Ба ин орзӯ, ки Худованд устод Муҳсин Умарзодаро шоистаи раҳмату ҷаннат гардонда бошад, инак мақолаи “МАЪНОИ ТОҶИК”-ро дар бахши фарҳанг пешкаши Шумо - хонандагони гиромӣ мегардонем ва аз устоди фарҳехтаву бузургвор Доро Дӯст ва бародари арҷманд Шамсиддини Солеҳ барои таҳияи ин мақола самимона сипосгузорам.
Руҳи устод шод ва роҳашон пурроҳрав бод!

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?