http://tajikam.com

Боз гӯям, боз гӯям, боз гӯям: Тоҷикам! PDF Чоп
Муаллиф: Баҳори Саид   
20.08.2013 00:27

Бознашр аз торнамои "Тоҷикам"

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Духти афғон нестам, духти Хуросонам ҳанӯз

Духти Кобул аз тани худ то Бадахшонам ҳанӯз.

Духти тоҷик аз ҳазоронсолаи ин меҳанам,

Кист гӯяд нестам хуни ниёконам ҳанӯз?

Ту, ки худро аз табори худ биномӣ, бок не,

Ман агар номам, занӣ бо тир осонам ҳанӯз.

Ту, ки хоҳӣ дӯст дорӣ модаратро,бок не,

Ман, ки хоҳам дӯст дорам, дашнаборонам ҳанӯз.

Ту забонатро, ки менозӣ касе чизе нагуфт,

Ман агар нозам, занӣ муште ба дандонам ҳанӯз.

Ту саросар кишвари моро ба номат кардаӣ,

Ман пайи як палма “донишгоҳ” ба зиндонам ҳанӯз¹.

“Ҷам” бигӯ, “Ораш” бигӯ, “Таҳмина” - ву “Рустам” бигӯ,

Ҳай, чаро бо ин ҳама дасту гиребонам ҳанӯз.

Меҳани ман нест гӯё хонаи ман, хоки ман,

Ман, ки беруни табори худпарастонам ҳанӯз?

Боз гӯям, боз гӯям, боз гӯям: Тоҷикам

Будаму ҳастаму хоҳам буд, медонам ҳанӯз.

Ваҳ куҷо дасте аз ин озодагиҳо мекашам,

Хӯ гирифтан нест бо девори зиндонам ҳанӯз.

Гар ба дастат санг дорӣ ё ки бар дӯшат туфанг,

Ҳарчӣ мехоҳад шавад, ман хеш мемонам ҳанӯз.

 

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?