http://tajikam.com

Ҳафтаномаи “Ойина” садсола шуд PDF Чоп
Муаллиф: Наҷми Ковиёнӣ, корманди илмии Пажуҳишкадаи байнулмилалии таърихи иҷтимоии Амстердам   
20.08.2013 00:39

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Замона ва корномаи ҳафтаномаи “Ойина”

Ҳафтаномаи “Ойина” сад сол пеш дар 20 августи соли 1913 ба сардабирии Маҷмудхоҷа Беҳбудии Самарқандӣ (1875 --1919) дар Самарқанд, яке аз марказҳои фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон оғоз ба нашр кард.

"Ойина” дар нахустин шуморааш навишт:

“ Дар ин замон баъзе ашхосе, ки бо чашми боз аҳвол ва авзоъро нигоҳ мекунанд, талаби ислоҳ мешаванд... Агар аз онҳо пурсида шавад, ки ислоҳ аз куҷо сар (оғоз) мешавад, ҷавоб хоҳанд, гуфт, ки аз мактабу мадраса . Чунки ҳаёти миллат вобаста ба мактабу мадраса аст...

 

 

 

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар баровардани ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон имкон ва фурсате ба даст омада, ки ба корҳои пажӯҳишӣ ҳуввияти таърихии минтақа ниҳодина гардад. Дар ҳамин росто аз оғози даҳаи навади садаи бистум як раванди густурдаи тоҷикшиносӣ ва мутолиаи ҷунбишҳои фарҳангӣ, маданӣ ва фикрӣ дар ин ҳавза шакл гирифта, нишастҳои мутаадид анҷом пазируфта ва даҳҳо китобу садҳо мақолаи пажӯҳишӣ тавассути тоҷикҳо, эрониҳо ва дигарон навишта, чоп ва пахш шудааст. Ба бовари нигоранда, нигариши пажӯҳишӣ ба корномаи рӯзномаҳои таъсиргузор бар ҷанбаҳои маданӣ, фикрӣ ва фарҳангии ин ҳавза дар сад соли пасин аз аҳамияти вижа бархурдор аст. Навиштаи зер бар пояи маҷмӯаи ҳафтаномаи “Ойина” дар ҳамин росто нигариш ёфтааст.

Ҳафтаномаи “Ойина” сад сол пеш дар 20 августи соли 1913 ба сардабирии Маҷмудхоҷа Беҳбудии Самарқандӣ (1875ғғ 1919) дар Самарқанд, яке аз марказҳои фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон оғоз ба нашр кард.

“Ойина” дар нахустин шуморааш навишт:

“ Дар ин замон баъзе ашхосе, ки бо чашми боз аҳвол ва авзоъро нигоҳ мекунанд, талаби ислоҳ мешаванд... Агар аз онҳо пурсида шавад, ки ислоҳ аз куҷо сар (оғоз) мешавад, ҷавоб хоҳанд, гуфт, ки аз мактабу мадраса . Чунки ҳаёти миллат вобаста ба мактабу мадраса аст...

Иморати мактабу мадраса кам нест, аммо кайфияти таълими он хуб нест ва илм, ки зотан ба мо лозим аст, дар мактабу мадрасаи мо нест...

Миллатҳои бедор дар боби ислоҳи мактабу мадраса сайъи балеғ доранд. Чунки ислоҳ ва интизоми мактабу мадраса боъиси тараққии дин ва миллат аст”¹

Сардабири ҳафтанома “Ойина”-ро номи муносибе барои баёни роҳ, равиш ва дарунмояи нашрия медонад ва онро дар нахустин шумора зери унвони “Ойина чист?” чунин тавзеҳ медиҳад:

“Шахсе аз банда чунин суол мекунад, ки мурод аз ойина... чист ва чи чизро нишон медиҳад? Гуфтам, ойина ки...бар вай инсон назар афканад, худро мебинад ва аз чигунагии ҳолот ва қиёфаи худ воқиф ва огоҳ мешавад ва пас ба илоҷ мекӯшад...”²

Омоҷи аслии ҳафтаномаи “Ойина” тарвиҷи илм ва маориф, гушоиши мадорис, ислоҳи низоми омӯзиш ва парвариш, пешрафт ва ободии Бухоро буд.

Пешзаминаи поягузории ҳафтаномаи “Ойина”

Дар оғози садаи бистум чанд дигаргунии муҳим дар минтақа рӯй дод, ки дар таҳаввулоти Бухоро таъсир гузошт. Аз ҷумла: пирӯзии низомии Жопон бар имперотурии Русия дар соли 1905 ва дарҳам шикастани афсонаи қудрати бартари урупоӣ, вуқӯъи инқилоби 1905 - 1907 Русия ва дар пайи он оғози таҳаввулот дар ин кишвар ва сарзаминҳои таҳтулҳимояи он, барпоии инқилоби 1906 - 1909 дар Эрон, ки роҳро бадрои таҳаввулоти бузурги таҷаддудхоҳӣ боз кард. Ба роҳ афтодани тағйирот дар давлати Усмонӣ дар соли 1908 ва фосила гирифтани он аз андешаи иттиҳоди ислом ва наздик шудани он ба андешаи миллатгарои турк . Густариши ҷунбиши озодихоҳӣ ва бедории рӯзафзуни мардуми Ҳинд ба унвони бузургтарин муқовимати ғайрихушунатомези тӯдаӣ, ки пояи истеъмори Бритониёро ларзонд.

Бад-ин тартиб Бухоро шоҳиди вазиши насими ҷунбишҳои таҷаддудхоҳӣ ва ислоҳталабӣ дар минтақа буд. Нашриёти ислоҳталаб ва таҷаддудхоҳ , ки дар кишварҳои дигар нашр мегардид, дар оғози садаи бистум роҳи худро ба сӯи Бухоро боз кард. Ин нашриёт, ба рағми ҳама мавонеъ, ба дасти гурӯҳҳои ислоҳталаб мерасид ва дар амри бедориву ташаккули онҳо нақши боаҳамият дошт. Дар ҳамин барҳа ҷунбишҳои фикриву сиёсии Бухоро, ки пеш аз ҳама бар меҳвари таҷаддудхоҳӣ ва ислоҳталабӣ сар баланд карда буданд, ба муборизаи сиёсиву иҷтимоӣ барои пиёда кардани ислоҳот ва таҷаддуд пардохтанд. Дар солҳои поёнии даҳаи аввали садаи бистум муборизаи сиёсӣ- иҷтимоӣ миёни онҳо ва неруҳои мутаассиб ва суннатгаро шиддат касб кард, ки дар натиҷа неруи ҷадиде дар Бухоро падид омад, ки ба номи “ҷадидиҳо”(ҷавонбухороиён) номида шуданд. Ҷавонбухороиён ба манзури огоҳ сохтани мардум аз авзоъи ҷаҳон, минтақа ва Бухоро ва ҳамчунин пиёда кардани ислоҳот ба нашру таблиғи муназзами дидгоҳ ва андешаҳои худ дар миёни мардум пардохтанд ва дар моҳи морчи(март) соли 1912 рӯзномаи таҷаддудхоҳ ва ислоҳталаби “Бухорои шариф” - ро дар шаҳри Бухоро ба забони форсӣ мунташир карданд. Ин рӯзнома пас аз интишори 153 шумора дар январи соли 1913 ба дастури амир Олимхони манғит³, амири Бухоро мутаваққиф шуд. Панҷ моҳ баъд аз мутаваққиф шудани он ба кӯшиши “ҷадидиҳо” ҳафтаномаи “Ойина “ дар 20 августи соли 1913 дар шаҳри Самарқанд мунташир шуд, ки нақши фаъолони ҷунбиши “ҷадидиҳо” ва беш аз ҳама Маҳмудхоҷа Беҳбудии самарқандӣ дар навиштани мақолаҳо барҷаста аст.

Навгароии ҷавонбухороиён вокуниши шадиди муллоёни мутаассиб ва амири Бухороро барангехт. Амири Бухоро якҷо бо муллоёни мутаассиб дар солҳои 1917- 1918 даст ба куштори оми ҳазорҳо рӯшанфикр зад, ки дар таърих камтар назир дорад. Ин саркӯби хунин фурӯпошӣ ва парокандагии созмони ҷавонбухороиёнро дар пай дошт. Бахше аз неруҳои ҷавонбухороиён ба болшевизм ва бахше ҳам ба панисломизм ва пантуркизм пайвастанд ва таҷаддудгароёну таҷаддудгароӣ ба бӯтаи фаромӯшӣ супурда шуд.

Зиндагинома:

Маҳмудхоҷа Беҳбудии самарқандӣ рӯзноманигор, намоишноманавис ва яке аз пешгомони наҳзати ҷадидиҳо” дар Фароруд, дар соли 1875 дар Самарқанд зода шуд ва баъд аз омӯзиши ибтидоӣ дар мадориси суннатӣ ба унвони муфтӣ дар Самарқанд таъин гардид.⁴

Вай миёни солҳои 1900 то 1914 аз Усмонӣ(Туркия), Миср ва Русия дидан кард ва бо авзоъву аҳволи мадорис, маориф, адабиёт, матбуот ва зиндагии мардуми ин кишварҳо ошно шуд. Боздид аз ин кишварҳо дар таҳаввули андеша ва дидгоҳҳои Беҳбудӣ саҳми боаҳамияте дошт.

Абдулқодир Шакурии Самарқандӣ (1875 -1943) аз маорифпарварони барҷастаи тоҷик , барои нахустин бор мактабе ба сабки ҷадид дар Самарқанд таъсис кард ва Беҳбудӣ дар соли 1908 хонаи худро маҳалли ин мактаб қарор дод ва аз лиҳози моддиву маънавӣ ба он ёрӣ расонд. ⁵

Беҳбудӣ дарёфта буд, ки пешрафти ҷомиа реша дар мактабу маориф дорад, аммо бо рӯшанӣ дид, ки китобҳои дарсиву усули омӯзишу парвариш посухгӯи ниёзҳои ҷомиа нестанд. Аз ин рӯ вай барои чопи китобҳои дарсӣ дар Самарқанд чопхона таъсис кард ва даст ба таълифи чанд китоби дарсӣ зад.

Беҳбудӣ соли 1911 нахустин намоишномаро навишт, ки мавзӯъи он рақобат миёни бозаргонӣ бо шеваи суннатӣ ва бозаргонӣ ба шеваи навин буд. Вай ин намоишномаро соли 1913 дар Самарқанд ,Бухоро, Тошканд ва чанд шаҳри дигар ба иҷро даровард.

Вай аз апрел то сентябри соли 1913 нашрияи “Самарқанд”- ро ҳафтае ду бор дар ин шаҳри бостонӣ мунташир кард. Ин нашрия дар маҷмӯъ 45 шумора ба чоп расид. Сипас Беҳбудӣ ба чоп ва нашри ҳафтаномаи “Ойина” пардохт. Беҳбудӣ дар шаклгирии рӯзноманигорӣ ва матбуоти тоҷик саҳми боаҳамияте дорад.

Беҳбудӣ мепиндошт, ки низоми аморати Бухороро метавон бо рушди илм, маориф, фарҳанг, санъат ва иқтисод ислоҳ кард. Аммо амир Олимхон на танҳо ба тавсияҳои ҷадидиҳо дар амри тарвиҷи илм ва маориф таваҷҷуҳ накард, балки поксозии ҷадидиҳоро ба роҳ андохт ва дар солҳои 1917 - 1918 даст ба қатли оми ҳазорҳо рӯшанфикр зад. Ин амр мӯҷиби дигаргунии андешаҳои сиёсии Беҳбудӣ шуд, ба тавре ки вай наҷоти кишварро на дар ислоҳи низоми аморати Бухоро, балки дар барандохтани он медид.⁶

Беҳбудӣ моҳи апрели соли 1917 ба унвони узви ҳайъати раисаи Шӯрои умумии мусулмонон ва узви ҳайъати таҳрири нашрияи “Ҳуррият” баргузида шуд⁷ ва дар майи соли 1918 комиссари омӯзиш ва парвариши Самарқанд таъин шуд.

Беҳбудӣ дар моҳи марти соли 1919 ҳангоми сафар дар Шаҳрисабз ба дасти авомили

амир Олимхон дастгиру шиканҷа шуд ва саранҷом ба фармони амир дар шаҳри Қаршӣ ба қатл расид.⁸

Мушаххасоти ҳафтаномаи “Ойина”

Ҳафтаномаи “Ойина” дар андозаи 15 дар 25 бо хати настаълиқ дар Самарқанд мунташир шудааст. Нашрия матолиберо аз рӯзномаҳои дигар низ иқтибос ва мунташир кардааст. Шеъри форсӣ дар сафҳаҳои маҷалла ҷойгоҳе чашмгир доштааст. Маҷалла “дар Қафқоз, Эрон, Туркия, Афғонистон, Тотористон(бахше аз Русия), Ҳинд ва дигар кишварҳои Осиё хонанда дошт”⁹.

Насри форсии ҳафтанома омезае аз форсии куҳан ва форсии мутаориф дар Эрону Афғонистон бо лаҳҷаи самарқандӣ, ки яке аз лаҳҷаҳои ширини форсӣ аст, буда ва мутаассир аз ҳузури вожаҳои арабӣ ва русӣ мебошад. Аксари вожаҳои арабиро мадориси Бухоро ба кор мебурданд ва қишри рӯзномахон умдатан омӯзиши мадрасаӣ доштанд ва вожаҳои русиро дар он замон дастгоҳи девонии импротурии рус ва муассисоти санъатӣ дар Бухоро истифода мекарданд. Аз ин рӯ нашрия ногузир ба корбурди ин вожаҳо буда.

Ба таври кулл, насри форсии ҳафтанома ба рағми ин ки пешинаи садсола дорад, равону қобили фаҳм аст. Забони бисёре аз навиштаҳо содда аст ва ин амр заминаи нуфузи онро на танҳо дар миёни гурӯҳҳои равшанфикрӣ афзоиш дод, балки мизони таъсиргузории онро дар миёни лояҳои камсаводи ҷомиа боло бурд. Насри “Ойина” иффати калом, ҳурмат ва иззати қаламро нигаҳ дошта, ва аз ба кор бурдани ибороти мустаҳҷин( зишту шармовар) дурӣ намуда ва ба таври кулл аз иттиҳому ифтиро( дурӯғ, тӯҳмат), захми забону истеҳзо парҳез намуда.

Таҷаддугароёни маъруфи он замон, аз ҷумла, Саидризо Ализодаи самарқандӣ, Абдуррауфи Фитрат, Мирзо Сироҷи Ҳакими Бухороӣ, Сиддиқии Аҷзии самарқандӣ, Садриддин Айнӣ... ва дигарон дар ҳафтаномаи “Ойина” мақола навиштанд¹⁰.

Меҳварҳои асосии ҳафтанома

Дар мақолаҳои “Ойина” масоили муҳими иҷтимоӣ ҳамроҳ бо назари дастандаркорони он бозтоб ёфааст. Андешаҳо ва дидгоҳҳои нашрия пеш аз ҳама мутаассир аз наҳзати ҷадидиҳои Бухоро ва ҷубиши таҷаддудхоҳии минтақа дар ҳамон давра буд. Аз ин рӯ, ошно шудан бо дарунмояи навиштаҳои ҳафтаномаи “Ойина” дар амри шинохти андешаҳо ва дидгоҳҳои гардонандагони маҷалла, ки бозтобдиҳандаи назариёти рӯшанфикрони Бухоро дар ҳамон барҳа буд, кӯмак мекунад ва ҳамчунин дар амри шинохти масоили ҷиддии матруҳа дар ҳамон давра. Мусалламан ин амр барои пай бурдан ба авзоъву аҳвол ва муносиботи иҷтимоӣ - сиёсии ду даҳаи нахусти садаи бистуми аморати Бухоро боаҳамият аст. Мақолаҳои ҳафтаномаи “Ойина” умдатан мазӯъҳои зеринро дарбар мегирад: таъмими улум, тарвиҷи маориф, гушоиш ва ислоҳи макотиб ва мадорис, пешрафти иқтисодӣ, мубориза алайҳи ҷаҳл, хурофаписандӣ ва одоти нописанд. Аммо масъалаи меҳварии ҳафтанома масъалаи ислоҳи низоми омӯзиш ва парвариш дар аморати Бухоро буд. Албатта, ислоҳи низоми омӯзишу парвариш дар он замон яке аз аҳдофи ҷиддӣ ва барҷастаи маҳофил ва гурӯҳҳои рӯшанфикр ва ислоҳталаб дар минтақа ва аз ҷумла, дар аморати Бухоро буд.

Маорифпарварӣ дар Бухоро решаҳои таърихӣ дорад ва ба сухани Муҳаммадҷон Шакурӣ “яке аз муҳимтарин хусусиёти рӯшанфикрии тоҷикӣ ин аст, ки идеали маорифпарвариро аз таърихи миллат, аз таърихи фарҳангу маънавиёти вай ҷуст ва пайдо кард”. ¹¹ Аммо ба рағми чунин гузаштаи таърихӣ дар Бухоро, аз ҷумла дар Самарқанд мадорис вазъи нобасомоне дошт ва теъдоди босаводон ва шогирдони мадорис андак, шеваи омӯзиш кӯҳна, кайфияти он дар сатҳи нозил ва амри фарогирии улум маҳдуд буд.

Маорифпарварони Бухоро мехостанд шабакаи мадорис густариш ёбад, кайфияти тадрис беҳбуд ҳосил кунад, шеваи тадрис ҷадид шавад ва дар мадорис таъриху ҷуғрофиё, ҳисобу улуми табиӣ дарс дода шавад. Онҳо пофишорӣ доштанд, ки бидуни тадрис ва фарогирии ин улум пешрафти ҷомиа имконнопазир аст.

Ҳафтаномаи “Ойина”, ки бозтобдиҳандаи андешаҳо ва дидгоҳҳои маорифпарварони Бухоро дар ҳамон барҳа буд, усули омӯзиш ва парвариш, кайфият ва шеваи тадрисро дар мадориси Бухоро ба нақд мекашид ва амри таъмими(умумият додан) илм, ишоъаи маориф(рушду инкишоф) ва гушоиши мадорисро як амри “диниву миллӣ” медонад ва нақши маорифро дар бедории мардум ва мубориза алайҳи ҷаҳл, хурофаписандӣ ва инкишофи ҷомиа барҷаста месозад.

“Ойина” дар ин росто на танҳо хонандагони хешро ташвиқ ба омӯхтани улуми табиӣ ва иҷтимоӣ ва ашоъаи маорифу ислоҳи мадорис мекунад, балки дар ин замина пешниҳодҳои мушаххасро барои амири Бухоро ва дастгоҳи идораи он ва гурӯҳҳои рӯшанфикрии аморати Бухоро ироа мекунад.

Ҳафтанома дар шумораи саввум зери унвони” Моро ислоҳи мадорис ва макотиб лозим аст” ҳама бадбахтиҳоро аз набуди “мадорис ва макотиби мунтазама(дуруст танзимшуда)” медонад ва таъкид мекунад, ки ҳеч миллате ва ҳеч тоифае тараққӣ ва пешрафт накардааст магар дар сояи мадорису макотиби мунтазама... Аммо дар мактабҳои мо шогирд 7- 8 сол дарс хонда, номи худро базӯр( ба душворӣ) навишта метавонад... Дар ҳоле ки солҳост, ки мусалмонони соири мамолик дараҷаи лузум ва аҳамияти макотиби(мадорис) ҷадидаро дониста... дар ҳар шаҳру қария( русто) онро доир намуда, рӯз ба рӯз ба такмили он мекӯшанд, аммо мо...на танҳо макотиб ва мадориси ҷадид таъсис наменамоем, балки онҳоро ҳанӯз бидъат ва ҳаром мешуморем...¹²

“Ойина” дар шумораи ҳафтум ин баҳсро идома дода ва зери унвони “Илм ва тараққӣ” навишт:

“Тараққии ҳар миллат вобаста ба илм аст... Ҳар миллат, ки тараққӣ кардааст, ба воситаи илму маориф ва ба сабаби ҳунару саноеъ аст...Ҳикмат ва маърифатро дар ҳар ҷо дидед, ахз кунед. Таълимдиҳанда хоҳ муслим бошад, хоҳ кофар...”¹³

“Ойина” ба дабистон, ба омӯзишу парвариши навбовагон(кӯдакон) таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дошта ва таъкид карда:

“Тараққӣ намудани ҳар миллат вобаста ба илм аст ва аввалин ҷойи таҳсили илм мактаби ибидоӣ( дабистон) аст...ва лозимтарин вазоиф ва воҷибтарин таколифи инсон таълиму тарбияти навниҳолон аст”¹⁴. Ҳеч миллате тараққӣ нахоҳад кард магар бо ислоҳи макотиб ва мадорис . Макотибу мадорис ҳам ислоҳ нахоҳад шуд магар мувофиқ ба замони ҳозир...”¹⁵

Ҳафтанома омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ ва фаронсавиро зарур медонад ва назарияи онҳоеро, ки омӯхтани забони русиро гуноҳ медонанд, интиқод ва тақбеҳ мекунад. Нашрия дар ҳамин робита таъкид мекунад:

“Забони русиро, ки аз ҷиҳати равнақи тиҷорат ва саноат ва беҳбудии умури зиндагонӣ ва маишатамон ба вай мӯҳтоҷ ва маҷбурем”, бояд омӯхт¹⁶.

“Ойина” ҳукумати Бухороро дар иҷрои салоҳият ташвиқ мекард ва аз амир Олимхон даъват кард, ки дар арсаи ислоҳи омӯзиш ва парвариш ислоҳотро амалӣ созад. Дар ҳамин росто ҳафтанома дар шумораи 8 соли 1915 зери унвони “Иқдомоти ислоҳкоронаи ҳукумати Бухоро” навишт :

“Муддатест бо камоли ҷиддият ҳарчи садо доштем, фарёд кашида, лузуми ислоҳи мадраса ва мактабҳоро ба пешгоҳи миллат арз кардем...то қалам роҳ мерафт, навиштем...ки агар мактабҳоямонро мутобиқи тақозои замон ислоҳ накунем, аз муҳофазаи ҳаёту шарафи миллияи хеш ба куллӣ оҷиз хоҳем монд...

Ин ҳама фарёдҳои мо бетаъсир намонд. Дар дили зумрае ҷавонони мутафаккир нақш баст. Имрӯз дар ҳар гӯшаи мамлакати мо хеле хеле тараққихоҳон ва ислоҳталабон пайдо шуда, ки машғули ҳаракати ислоҳкорона гардиданд...”¹⁷

Аммо амири Бухоро ва дарбориёни ӯ на танҳо гӯши шунаво барои шунидани пешниҳодҳои ислоҳии маорифпарварон ва ислоҳталабони Бухоро надоштанд, балки ин пешниҳодҳоро ба ҳоли иқтидори ҳокимияти худ музир медонистанд. Дар чунин авзоъ ва аҳвол ҳафтанома зери унвони “Чаро асар намебахшад?” навишт:

“Ба рағми ин қадар баҳсҳо, мақолаҳо, ашъор дар бораи омӯхтани илм ва тарвиҷи маориф(ки дар “Ойина” ба нашр мерасад) дар амал ҳеч таъсир надорад. Дар ҳоле ки тараққии ҳар миллат зодаи илм аст ва зиллати ҳар миллат зодаи ҷаҳл аст. Мардуми дунё ҳар рӯз дар тараққӣ, мо маъкусан(баръакс) дар таназзул”¹⁸.

Ҳафтанома пайваста кӯшиш карда, ки кишварҳои исломиро дар арсаи маориф мисол биёварад ва Бухороро бо онҳо муқоиса кунад. Аз ҷумла навишт: “Дар кишварҳои исломии Туркия,Миср, Марокко, Эрон, Афғонистон,...ҳукумат ва уламо дар садади боз кардани мактаб ҳастанд, аммо дар Бухоро баръакс.

Ҳукумат ва уламои Бухоро ду ва се мактабро, ки ҷавонони боғайрати Бухоро дар хонаҳои худҳо боз карда буданд, баст ва ин баста шудани мактабро виҷдони ҳеч як аз ҳукумот ва уламои исломияи кураи замин қабул нанамуда буд. Хеле амри аҷиб ва боъиси гиря аст...кӯдаконро аз донистани зарурияти диния ва таълими ҳисоб ва таърих ... манъ намудан...”¹⁹

Яке аз ҳадафҳои маорифпарварон нигаҳдории мероси адабӣ, илмӣ ва фарҳангии Бухоро аст. “Ойина”гилоя дорад, ки чингизиён китобҳои илмии моро сӯхтанд ва фарангиён онҳоро ба китобхонаҳои худ интиқол доданд ва аз он истифода карданд. Ҳафтанома навишт: “То имрӯз фарангиён китобҳои кӯҳнаи моро ба нархи аъло аз мо мегиранд ва мебаранд?”²⁰

Ҳафтанома қочоқи осори адабӣ ва таърихии Бухороро ба Ғарб интиқод мекунад ва пешниҳод медиҳад, ки ҳукумат аз меросҳои таърихии Бухоро посдорӣ кунад.

Мубориза бар зидди хурофаписандӣ, ҷаҳолат ва суннатҳои нописанд

Вопасмондагии ҷомиа , сатҳи поини савод ва пеш аз ҳама, сиришти истибдодии низоми амирони Бухоро порае аз суннатҳои нописанд ва одоти музирро дар ҷомиа эҷод карда буд, ки гурӯҳҳои васее аз мардум ба он бовар доштанд.

Ин боварҳои хурофӣ ба масобаи неруи сахтҷон ба унвони монеъ дар роҳи асрисозӣ ва рушди ҷомиа амал мекарданд. Амиру муллоҳои муҳофизакор кӯшиш мекарданд, ки мардуми одиро дар ҷаҳлу хурофаписандӣ нигаҳ доранд.

Ҳафтанома хурофаписандӣ, ҷаҳолат ва суннатҳои нописандро интиқод мекунад. Ба назари маҷалла, «ҷаҳолат яъне бесарватӣ, беқувватӣ, бадбахтӣ, гумроҳӣ, фалокат, зиллат, монеъи тараққӣ,…аст, ки моро ходим ва нӯкари бегонагон сохта… ҷаҳолат душмани бузурги мост. Бухоро замоне маркази улум буд, вале ҳоло дар ҷаҳолат ғарқа аст…»²¹

«Ойина» расму ривоҷи издивоҷу ҳазинаи сангини онро интиқод карда ва онро боъиси анвои фаҳшо медонад ва ҳамчунин маросими пурҳазинаи хоксупорӣ ва фотиҳахониро низ интиқод мекунад ва мардумро ба тарки ҷаҳолат, суннатҳо ва одоти нописанд тарғиб менамояд.

Номгузории фарзандон

Гузиниши номи некӯ ва бомаънӣ, зебо ва хушоҳанг барои фарзандон дар ҳама фарҳангҳо аз аҳамияти вижае бархурдор аст. “Ойина” дар ҳамин робита зери унвони “Ном ниҳодани бачагон” ба ин мавзӯъ пардохта:

“Банда дар мактаб муаллим ҳастам. Чун атфол ба мактаб барои хондан меоянд, аз исми онҳо суол менамоям...(Бархе) ҷавоб медиҳанд, ки Умурқулӣ, Болтақулӣ, Ҷӯрақулӣ, Эшмурод, Тошмурод ва амсоли ин гуна номҳо мешунавам... Ин номҳои хуб барои бачаҳо нест...Бар мо лозим аст,ки ба фарзандони худ номи некӯ ва бомаънӣ гузошта, ин ҳақро аз гардани худ соқит намоем...”²²

Номгузории фарзандон як мавзӯъи муҳими иҷтимоӣ ва таърихӣ аст, ки диққат ва таваҷҷуҳи ҷиддиро металабад. Гузиниши ном, номи хонаводагӣ ва тахаллус намояндагӣ аз сатҳи огоҳии инсон аз фарҳанг, таърихи миллат ва сарзаминаш мекунад. Ононе, ки ба таърих ва фарҳанги хеш алоқаманд ҳастанд, ба сӯйи номҳои форсӣ, номҳои “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ, номҳои меҳанӣ... рӯй меоваранд... Агар мо ба фарҳанг ва таърихи худ нигоҳ кунем, бо ҳазорон номи зебо ва бомаънии форсӣ бармехурем.

Номи фарзандон аз як сӯ бояд зебо, гиро, пурмаънӣ, хушоҳанг ва кӯтоҳ буда, аз сӯйи дигар, реша дар фарҳанг ва таърихи мардумони мо дошта бошад. Аз гузиниши номҳои хурофӣ, бемаънӣ, ғуломона, зиллатпазир...бар навзодон парҳез кард. Номҳоеро бояд барои навзодон баргузид, ки ба амри худшиносӣ, худогоҳӣ ва худбоварии онҳо мадад расонад. Хушбахтона, дар чанд даҳаи пасин рӯйгарди хонаводаҳо ба номҳои тоҷикӣ, эронӣ, хуросонӣ ва дар як вожа форсӣ машҳуд аст, аммо ҳанӯз роҳи дароз пеширӯ аст.

Носири Хисрави Балхӣ мегӯяд:

Номи некӯ гузин, ки бад - он чи бихонамат

Дар дилат шодӣ ояду дар ҷонат хуррамӣ.

Чанд матлаби дигар

“Ойина” шеваи гуфтугӯро бо хонандагон ба кор бурда ва номаҳои ононро мунташир карда. Номаҳо бештар дарбаргирандаи пурсиш, пешниҳод ва интиқод буданд. Нашрия ба бархе аз номаҳо посух дода.

Дар пушти ҳафтанома пайваста шуморе аз китобҳои форсӣ бо қиматҳои он мунташир шуда. Ин китобҳоро алоқамандон метавонистанд аз идораи “Ойина” ба даст оваранд.Дар пушти яке аз шумораҳои ҳафтанома номи китобҳои зерин омадааст:

“Шаҳнома”, куллиёти Низомӣ ва Бедил, “Маснавии шариф”( Маснавии маънавӣ), “Хат ва хаттотон”, “Таърихи Эрон”, “Таърихи Эрони бузург”, рубоиёти Мавлоно, “Таърихи Бахтиёрӣ”, “Усули илми ҷуғрофиёи мусаввар”, дастури забони форсӣ, “Ҳақиқнома”, “Ҳайъати ҷадида”, “ Тақвими Эрон”...

Нашрияи “Ойина” дар шароите мунашир мешуд, ки фарҳанги рӯзномахонӣ ва навиштани мақола дар рӯзномаҳо дар он барҳа дар сатҳи нозил қарор дошта аст. “Ойина” дар ҳамин робита чунин навишта:

“Баъзе аз соҳибмансабони(кормандони аршад) ҳукумати Бухоро аз идора хоҳиш медоранд, ки имзои онҳо маҳфуз бошад, чунки дар Бухоро мақоланависӣ ва ё матбуотхонӣ аз ҷумлаи қабоеҳ ҳисоб мешавад...”²³

Мунозира

“Ойина” барои бештари аҳдофи худ шеваи мунозираро ба кор бурдааст.

Пеш бурдани мунозира, диолог, пурсишу посух дар сафҳаҳои рӯзномаҳо яке аз шеваҳои шинохташуда барои баёни афкор ва эътироз алайҳи душвориҳо ва нобасомониҳои иҷтимоӣ аст. Ҳафтанома аз ин шева истифода кардааст. Дарунмояи мунозираҳои ҳафтаномаи “Ойина” умдатан бар меҳвари илму ҷаҳл, маориф ва бесаводӣ устувор аст. Дар ин ҷо тикаҳоеро аз “Мунозираи қадимӣ бо ҷадидӣ меоварем. Дар мунозира ҳафтанома кӯшиш мекунад ба ду пурсиш посух бидиҳад: “Чаро иддаеро ҷадидӣ мегӯянд?” ва “Чаро забони русиро бояд омӯхт?”

Мунозира чунин оғоз мешавад:

Қадимӣ: Бародар, шуморо чаро ҷадидӣ мегӯянд?

Ҷадидӣ: Ҷадидиҳо мехоҳанд, ки ба кӯмаки Қуръон ва аз рӯйи иқтизои замон ҳар гуна улум ва фунуни ҷадидаро биёмӯзанд, ҳамчун: фалсафа, ҷуғрофиё, ҳисоб, ҳандаса, тиб, таърих... забонҳои русӣ, фаронсавӣ, англисӣ ва ғайра...Инак, бинобар ҳамин ҷиҳат моро ҷадидӣ меноманд.

Қадимӣ: Ҳар касе, ки забони русӣ ёд мегирад, кам -кам ахлоқаш фосид ва эътиқодаш аз байн суст мешавад...

Ҷадидӣ: То ҳол ҳеч кас аз донистани забони русӣ ...кофар нашудааст ва нахоҳад шуд...Ҳоло ки ҳукмрони мамлакат ва омири мо рус аст, на танҳо забони ӯро , балки низ хату қонунҳои ӯро донистан лозим аст...”²⁴

Сухани фарҷом

Ҳафтаномаи “Ойина” дидгоҳҳои “ҷадидиҳо”- ро пеш аз ҳама бозтоб дода ва “ ...беҳтарин нашрияи маҳаллии Осиёи Миёна пеш аз инқилоби Уктубар будааст” ²⁵. Ин ҳафтанома нашрияе буд сиёсиву иҷтимоӣ ва бештар ба масоили густариши маориф, ислоҳи мактабҳо ва мадорис, саводомӯзӣ, донишандӯзӣ ва омӯзиши улуми динӣ ва дунявӣ , омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҷустуҷӯи роҳу чора барои илоҷи дардҳои ҷомиа, ободии Ватан, бедории миллат ва мазаммати ақоиди хурофӣ пардохтааст.

Ҳафтанома кӯшиш карда, ки бухороиёнро бо тамаддуни ҷаҳонӣ ошно созад ва бар ин бовар буд, ки мардум бояд сохторҳо ва қавонини давлатмадории кишварҳои дигарро бидонанд. “Ойина” ба таҷрибаи пешрафт ва таҷаддуд дар Ҷопон таваҷҷӯҳ дорад ва аз пешрафти ин кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла, тараққии илм ва матбуот ёд мекунад. Ин нашрия, ки дар остонаи тадоруки ҷанги ҷаҳонии аввал мунташир мешуд, ба масоили ҷанг низ пардохтааст ва далели шӯълавар шудани онро дар таҳаққуқи давлатҳои гуногун медонад

“Ойина” дар набуди низоми матбуотӣ ва қонуни матбуот, яъне дар фазое, ки дастур ва фармони амири Бухоро қонун буд, муташир мешуд. Умдатарин душвории фаъолияти нашрия мавҷудияти фазои мустабид ва ихтиноқ ( нафасгир) буд. Андешаҳои рӯшанфикронаи “Ойина” бо эътирози сахти баъзе аз муллоҳо рӯбарӯ шуд ва онҳо нашрияро ба инҳироф аз масири(роҳ) ислом муттаҳам карданд.

Ҳафтаномаи “Ойина” аз 20 августи соли 1913 то 15 ҷуни( июн) соли 1915, маҷмӯъан 68 шумора чоп ва мунташир шудааст. Ҳамин 68 шумораи ҳафтанома асноди арзишманди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии он рӯзгор аст.

Понавишт:

¹Ойина, шумораи 1, 20 августи с. 1913

²Ҳамон ҷо

³Амир Олимхони манғит(1880 - 1944). Амири Бухоро дар соли 1920 ба Афғонистон паноҳанда шуд ва соли 1944 дар Кобул даргузашт ва дар ҳамон ҷо дафн шуд. Амири Бухоро дар солҳои паноҳандагӣ дар аин кишвар хотироти худро ба номи ” Таърихи ҳузналмилали Бухоро” ба забони форсӣ нашр кард, ки бо кӯшиш ва эҳтимоми муҳаммад Акбар Ашиқи кобулӣ дар соли 1990 дар Пешовар нашр шуд. Насри навиштаи вай омезае аз гӯиши забони форсии Кобул ва Бухоро аст.

⁴ Донишномаи адабиёт ва ҳунари тоҷик, забони форсӣ, сириллик, ҷ. 1, саҳ. 127.

⁵Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ, Донишномаи ҷаҳони ислом, ҷ.1, саҳ. 2210

Ҳамо ҷо.

⁷Туркистон дар оғози ҷарни бистум, забони русӣ, Тошканд, 2000, саҳ.14

⁸ Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ, Донишномаи ҷаҳони ислом, ҷ.1, саҳ. 2210

⁹Донишномаи шӯравии тоҷик, забони форсӣ, сириллик, ҷ. 5, саҳ. 309

¹⁰ Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ, Донишномаи ҷаҳони ислом, ҷ.1, саҳ. 2210

¹¹Муҳаммадҷон Шакурӣ, Ҷасторҳо дар бораи забон, адаб ва фарҳанги Тоҷикистон, ба кӯшиши Масъуд Миршоҳӣ,Интишороти Асотир, Теҳрон, 1382, саҳ. 145

¹²Ойина , шумораи 3, 10 ноябри соли 1913

¹³ Ойина , шумораи 7, 7 декабри соли 1913

¹⁴ Ойина , шумораи 22, 22 марти соли 1914.

¹⁵ Ойина , шумораи 10, 28 декабри соли 1913

¹⁶ Ойина , ҳамон ҷо.

¹⁷ Ойина , шумораи 8, 30 январи соли 1915

¹⁸ Ойина , шумораи 48, 20 сентябри соли 1914

¹⁹ Ойина , шумораи 39, 19 июли соли 1914

²⁰ Ойина , шумораи 2, 2 ноябри соли 1913

²¹ Ойина , шумораи 22, 22 марти соли 1914

²² Ойина , шумораи 31, 24 майи соли 1914

²³ Ойина, ҳамон ҷо.

²⁴ Ойина , шумораи 31, 24 майи соли 1914

²⁵Донишномаи адаби форсӣ, ҷилди 1, Осиёи Марказӣ, 1375 хуршедӣ, Теҳрон, саҳ. 204

 

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

massoudafghana_org.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?