http://tajikam.com

"Академик Мансуров пири табибони тоҷик буд" PDF Чоп
Муаллиф: Би Би Си   
27.08.2013 07:00

Дар Масҷиди марказии Душанбе ташйиъи ҷанозаи окодемисиян Ҳомид Мансуров баргузор шуд
Дар маросими ташйиъи ҷанозаи Ҳамид Мансуров, пизишки саршинос ва раҳбари Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи (муолиҷаи амрози дохилӣ) Тоҷикистон ӯ устоди бештари пизишкони ин кишвар ва “пири табибони тоҷик” унвон шуд.

Дар ин маросим, ки рӯзи душанбеи 26 август, дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, Нусратулло Файзуллоев, раиси Фарҳангистони улуми тибби Тоҷикистон гуфт, дар зарфи 65 соли фаъъолияти худ окодемисиян Мансуров 100 номзади илми тиб ва 20 дуктури илмро тарбият кардааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Файзуллоев, аз Ҳамид Мансуров 50 рисолаи илмӣ ва беш аз 500 мақолот дар бахши амрози дохилӣ боқӣ мондааст.
Зимнан, окодемисиян Ҳамид Мансуров баъд аз зӯҳри  якшанбеи 25 август бар асари бемории тӯлонӣ даргузашт.
Окодемисиян Мансуров дар қабристони Лучоби Душанбе, ки чеҳраҳои саршиноси илму адаби Тоҷикистон дафн шудаанд, ба хок супорида шуд.
Ҳамид Мансуров рӯзи 25 декабри соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада ва дастпарвари донишгоҳи тибии ин шаҳр будааст.
Пас аз таҳсил дар пажӯҳишгоҳи муолиҷаи амрози дохилии Фарҳангистони улуми тиби Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав ва дарёфти унвони номзади илми тиб ӯ дар авоили даҳаи 1950 ба Душанбе омада ва то охири умр дар ин шаҳр фаъъолият ва зиндагӣ кардааст.
Дар соли 1965 ба ибтикори Ҳамид Мансуров дар Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи (муолиҷаи амрози дохилӣ) таъсис шуда ва то лаҳазоти ахири умраш раҳбарии ин ниҳодро ба ӯҳда дошт.
Дар ҷараёни фаъъолият дар ин пажӯҳишгоҳ окодемисиян Мансуров аз марказҳои мушобеҳ дар шаҳрҳои Лондон, Кембриҷ, Оксфорд, Берминҳем ваЭдинбурги Бритониё дидан карда ва аз тарҷрубаи ин марокиз барҳрабардорӣ кардааст.
Окодемисиян Мансуров барандаи ҷоизаи Давлатии ба номи Абуалӣ Ибни Сино буда ва бо нишону медолҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон қадр шудааст.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?