http://tajikam.com

“Иттиҳоди интихоботии Афғонистон” эъломи мавҷудият кард PDF Чоп
Муаллиф: Ҷовидон   
29.08.2013 23:49

Бознашр аз торнамои “Ҷовидон”

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Понздаҳ ҳизб ва ҷараёни сиёсӣ дар Афғонистон бо ҳам якҷо шуда ва барои доштани номзади муштарак дар инихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ, иттиҳоди тозае мавсум ба “Иттиҳоди интихоботии Афғонистон”- ро ташкил доданд.

Ба гузориш аз Би Би Сии форсӣ, Аҳмад Зиё Масъуд-- раиси Ҷабҳаи миллии Афғонистон, Муҳаммад Муҳаққиқ --раиси ҳизби Ваҳдати исломии мардуми Афғонистон, Абдуррашид Дӯстум -- раҳбари ҳизби Ҷунбиши миллӣ- исломии Афғонистон, Абдулло Абдулло-- раҳбари “Эътилофи миллӣ”, Юнус Қонунӣ--раҳбари ҳизби Афғонистони навин ва узви Маҷлиси намояндагон, Атомуҳаммади Нур-- волии Балх, Салоҳиддин Раббонӣ --раиси муваққати ҳизби Ҷамъияти исломӣ ва Амрулло Солеҳ --раиси “Раванди сабз” аз чеҳраҳои саршинос дар ин раванд ҳастанд.

 

 

Аъзои ин иттиҳод имрӯз мувофиқатномаеро имзо карданд.

“Иттиҳоди интихоботии Афғонистон” дар ин мувофиқатнома тааҳҳуд карданд, ки номзади воҳидеро барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии оянда муаррифӣ хоҳанд кард. Ба асоси ин мувофиқатнома бояд тасмимгириҳо дар ин иттиҳод ба иттифоқи оро сурат гирад.

Сарони ин иттиҳод гуфтанд, ки дар вақти муайян номзади интихоботиашонро муаррифӣ хоҳанд кард ва пас аз он ситоди интихоботиро ташкил хоҳанд дод, ки истротежии интихоботии ин иттиҳодро тартиб хоҳад дод.

.

. Ҷараёнҳои сиёсии узв дар “Иттиҳоди интихоботии Афғонистон”

Ҷамъияти исломии Афғонистон

Ҳизби ваҳдати исломии мардуми Афғонистон

Ҷунбиши миллӣ -исломии Афғонистон

Эътилофи миллии Афғонистон

Ҷабҳаи миллии Афғонистон

Ҳизби муттаҳиди Афғонистон

Ҳизби ҳақиқати Афғонистон

Раванди сабз

Ҳизби Афғонистони навин

Ҳизби иқтидори миллии Афғонистон

Ҳизби адолат ва тавсиа

Ҳизби иттиҳоди ақвоми Афғонистон

Шӯрои инсиҷоми қавми араби Афғонистон

Ниҳоди иҷтимоии туркманҳои Афғонистон

Ҳизби ваҳдати исломии миллати Афғонистон.

Дар мувофиқатномаи Итиҳоди интихоботии Афғонистон омада: “Ин иттиҳод барномаи миллии Шӯрои ҳамкориро бо шохисаҳои ислоҳоти бунёдӣ дар сохтори сиёсии низом, мушорикати одилонаи ақвом, тавсиаи мутавозин ва тавзеъи одилонаи қудрат ва манобеъ барои ҳалли мунозиъоти иҷтимоиро таъйид мекунад.

Роҳи боз барои узвият дар иттиҳоди интихоботӣ

Дар гуфтугӯҳои ибтидоӣ барои ташкили ин иттиҳод , Ҳаниф Атмар, аз аъзои шӯрои раҳбарии ҳизби ҳақ ва адолат, Қайюм Карзай--бародари раиси ҷумҳури Афғонистон, Залмай Халилзод --сафири пешини Иолоти Муттаҳидаи Амрико дар ин кишвар ва Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ, вазири дохилаи пешин низ ҳузур доштанд. Аммо дар рӯзи эъломи мавҷудияти иттиҳод, ин афрод дар байни онҳо дида намешавад.

Абдуллои Абдулло мегӯяд: “Онҳо алоқа гирифтанд, ки бифаҳманд итиҳоди интихоботӣ ба чӣ шакле аст ва мабноаш чӣ аст. Онҳо, як теъдод дӯстҳояшон ҳоло дар Афғонистон набуданд ва ваъда карданд, ки диулугҳоро(гуфтугӯҳо) идома хоҳанд дод”.

Дар яке аз маводи мувофиқатномаи ин иттиҳод низ омада: “Иттиҳоди интихоботии Афғонистон” барои тавсиаи ҳарчи бештари пояҳоисиёсиву иҷтимоии худ бо соири аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва шахсиятҳои сиёсии матраҳ , ҳамоҳангӣ ба вуҷуд меоварад ва заминаи ҳузури фаъолашонро дар ин иттиҳод фароҳам месозад”.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣбарои гузиниши раиси ҷумҳури ояндаи Афғонистон (қарор аст--Н.А) дар шонздаҳуми ҳамали( фарвардин) соли 1393 баргузор шавад.

Акнун камтар аз ҳашт моҳ ба баргузории интихобот боқӣ мондааст. Қайюм Карзай --бародари раиси ҷумҳурии Афғонистон, Ҳаниф Атмар-- узви ҳайъати раҳбарии ҳизби Ҳақ ва адолат, Анварулҳақ Аҳадӣ-- вазири тиҷорати Афғонистон ва намояндаи ҳизби Афғонмиллат ва Абдуллои Адулло-- раҳбари Эътилофи миллӣ аз ҷумлаи касоне аст, ки ба унвони номзадҳои эҳтимолӣ аз онҳо ном бурда мешавад.

Ёддошти “Тоҷикам”: Ба гунае, ки рӯшан гардид, дар ин иттиҳоди интихоботӣ ағлаби созмонҳои сиёсӣ ва шахсиятҳои шинохта аз ақвоми гуногуни кишвар гирди ҳам омадаанд. Аз ҷумла, дар иттиҳод тоҷикон ва шахсиятҳои мансуб ба ёрони Аҳмадшоҳ Масъуди бузургро Атомуҳаммади Нур, Аҳмад Зиё Масъуд(бародари Аҳмадшоҳ Масъуди бузург) , Абдулло Абулло, Юнус Қонунӣ, Салоҳиддин Раббонӣ (писари Устоди равоншод Бурҳониддини Раббонӣ) ва Амрулло Солеҳ намояндагӣ мекунанд. Чунин иттиҳод дар муқобили номзадҳои эҳтимолие, ки аз ҷониби ҳукумат ва дигар ашхоси шинохта дар байни мардуми афғон( паштун) пешниҳод мегардад, неруи қавие хоҳад гардид ва кӯшиш хоҳад кард то дар корзори интихоботӣ бовари бештари мардуми кишварро ба даст оварад.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?