http://tajikam.com

Муборизи фарҳанг ва худшиносии миллӣ PDF Чоп
Муаллиф: Аҳмадиён Ҳаким Раббимпур, Филаделфия-Самарқанд   
08.09.2013 07:39

Дар замони Шӯравӣ, чун ҳунарпешагони тоҷик ба шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини Ӯзбакистон, ба вижа Самарқанду Бухоро сафар ҳунарӣ мекарданд ва ё ҳангоми баргузории даҳаҳои адабиёт ва ҳунари тоҷик дар ин сарзамин ҳунарманди бузурги тоҷик Маҳмуди Воҳид ҳамеша дар оғози ҳунарнамоӣ байти «Эй Модари Ватан, писаронат намурдаанд, Осуда бош, ки гӯли аҷониб нахӯрдаанд»- ро мехондааст. Ин байт воқиан ифодакунандаи ҳолат ва ҳама шебу фарозҳои аз сар гузаронидаи мардуми ин шаҳрҳои бостониамон—гаҳвораи тамаддуни мардуми тоҷик буд, ки онон бо ҳама “мурда мурда зинда монданҳо” гӯли аҷониб нахӯрданд. Ин байтро метавон дар бораи занону духтарони мубориз ва худшиноси тоҷики ин гаҳворашаҳрҳо низ баён кард.

Зеро дар Самарқанду Бухоро дар ҳама замонҳо занону духтарони фаъол ва сарсупурдаи миллат баробари тарбияи фарзанди тандуруст дар паҳлуи мардон дар роҳи ободиву озодии мардуми хеш кӯшишҳои зиёд кардаанд.

 

Амина Шарофиддинова яке аз чунин занони номвари Самарқанд аст, ки дар роҳи худшиносӣ ва таблиғи фарҳанги мардумамон ва ба вижа, густариш ва тавсиаи мактабҳои тоҷикӣ дар Самарқанд ва ҳам дар Ӯзбакистон саҳми боарзише дорад. Ба гуфтаи худи ӯ, барои ба роҳи милливу фарҳангпарварӣ гом ниҳодани вай ду омил таъсири амиқ гузоштааст. Нахуст, ӯ дар деҳае ба дунё омадааст, ки он деҳа дар оғӯши хеш шоирону нависандагон ва донишмандону мутахассисони номдорро парвардааст ва имрӯз ҳам он рӯшанфикрони деҳаи Чоршанбе парчами бедориву худшиносӣ ва фарҳангпарвариву миллатдӯстиро боло мебардоранд . Омили дигар ин устоди донишгоҳии ӯ Азиза Юсуфӣ, хоҳарзодаи шоири оташинсухан ва ватандӯсти тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ аст. Ҳарчанд Амина дар овони кӯдакӣ ва навҷавонӣ дар таълимгоҳи ҳаштсолаи рақами 34 ва мактаби миёнаи рақами 12- и ноҳияи Самарқанд беҳтарин шогирд буд ва пас аз дохил шудан ба бахши суханшиносии Донишкадаи омӯзгории вилояти Самарқанд низ аз устодон Б. Насридинзода, С. Аслиддинов, М. Исматова ва С. Иброхимзода дониш ва ҷаҳонбинии хешро хеле васеъ намуд, вале нақши Азиза Юсуфӣ барои ҳамчун фарди худшинос ва миллатдӯст ба камол расидани ӯ басо калон аст.

Азиза Юсуфӣ, ки баробари омӯзгорӣ ҳамзамон раиси Созмони сиёсиву фарҳангии тоҷикони Самарқанд буданд, ба донишҷӯён ба ҷуз омӯхтани забону адабиёт боз аз худшиносӣ ва сафҳаҳои пурифтихори миллати тоҷик суҳбатхо мегузарониданд ва ҳамин гуна дар дили Амина ва дигар донишҷӯён ин ғояхои худшиносиву миллатдӯстӣ аз овони донишҷӯӣ сахт ҷой гирифт. Баьди хатми бомуваффақияти донишкада соли 1985 Аминаро ба шуъбаи маорифи ноҳияи Самарқанд ҳамчун роҳбалад(инструктор) ба кор пазируфтанд ва ӯ дар ин вазифа барои пешравии мактабҳои тоҷикӣ ҳиссаи худро гузошт. Дар ин солҳо, ки чун замони бозсозии горбачёвӣ ёд мешавад, дар Самарқанд тоҷикон алайҳи беадолативу нобаробарие, ки нисбат ба онон тайи даҳсолаҳо мавҷуд буд, садо баланд карда, аз ҳукумати шаҳр тақозо карданд, ки барои фарҳангу маорифашон таваҷҷуҳ зоҳир намояд.Ва дере нагузашта маҳфили адабии “Сайқал”, ки шоиру нависандагон ва хештаншиносонро дар гирди хеш ҷамъ оварда буд, барои боло бурдани фарҳанги тоҷикон ба кори худ оғоз кард. Амина ҳам узфи фаъоли ин маҳфил буд. Солҳои 1989-90 ҳаракати сиёсиву фархангӣ ва маркази фархангии тоҷикон “Самарқанд” ташкил ёфт. Дар ҳар ду созмон Амина Шарофиддинова ҳамраис ва ҳамзамон мутасаддии шуъбаи маориф буд. Аминаву дигар фарҳангиёни тоҷики Самарқанд аз дигаргуниҳои мусбат, ки ниҳоят ба дӯстии миллатҳо дар ҷумҳурӣ ва рафоқату бародарии ду миллати асосии Ӯзбакистон -- тоҷику ӯзбакҳо мусоидат мекард, рӯҳу неруи тоза гирифта, барои беҳбудии кор дучанд фаъолият мекарданд.

Чунин фаъолиятҳои муассири Амина Шарофиддинова буд, ки соли 1988 ӯро бо хоҳиши омӯзгорони забону адабиёт, устодони донишкадаву донишгоҳ ва ду созмони тоҷикон ба Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони вилояти Самарқанд чун роҳбар-мутахассиси шуъбаи тоҷикӣ ба кор пазируфтанд. Садҳо нафар омузгори забон ва адабиёти тоҷик аз тамоми вилоятҳои Ӯзбакистон омада дар ин ҷо донишу маҳорати омӯзгории худро такмил медоданд. Ва албатта, онон баробари ошноӣ бо навигариҳои илму фарҳанг, аз Амина ва дигар ҳамкоронашон дарси бедории миллӣ ва эҳёи фарханги бостонӣ, ифтихор аз таъриху адабиёти чандҳазорсола ва забони шаҳду ширини форсӣғ тоҷикӣ мегирифтанд ва ин дарсро дар мактабхои худ ба шогирдонашон меомӯзониданд.

Замоне ки доду гирифт ва рафту омад бо Тоҷикистон мушкил шуд, Амина ба Душанбе рафта халта-халта китобҳои дарсиву адабиро оварда ба мактабҳо тақсим мекард. Нусхаҳои китобхои хониш ва дастурҳои илмиро оварда аз ҳисоби худ чоп карда ба мактабҳо мерасонд. Албатта, иҷрои ин корҳо ба Амина ба осонӣ даст намедод, зеро дар марзи Ӯзбакистон китобҳои тоҷикиро, ба истилоҳ, аз ғалбер мегузаронанд...Дар донишкада ва ҳукумат ҳам ин ташаббусҳои фидоии маориф ва миллат ба бисёриҳо маъқул набуд ва бадхоҳон чанд бор хостанд бо ҳар баҳона ӯро аз кор бигиранд ва ниҳоят онон соли 2011 бидуни ҳеч гуноҳе Аминаро аз кор берун карданд. Арзу додхоҳии эшон ва хамкоронаш ба хукумат, вазорати маориф ва додгох хеч натичае надод ва ин мутахассиси варзида то холо бекор аст.

Чунин бархурди нодурусту ноодилона дар мавриди Амина ва дигар фаъолони созмони тоҷикони Самарқанд борҳо ба мушоҳида расидааст. Ҳангоми ба кори илмӣ даст задан низ Амина дучори чунин саддгузориву ноадолатиҳо гардид. Ӯ соли 1977 таҳти роҳбарии донишманди шинохта Раззоқ Ғафоров дар мавзӯи “Вохидхои фразеологӣ дар романи «Гуломон»-и устод Садриддин Айнӣ” ба пажӯҳиши илмӣ оғоз кард ва пас аз вафоти устодаш рисолаи номзадиро зери назари профессор Ботур Валихоҷаев ба охир расонид. Вале пас аз марги нобаҳангоми ин донишманд

дифои рисола ба як муаммо табдил ёфт. То ҳоло Аминаро аз идора ба идора, аз донишгох ба вазорати маориф сарсону саргардон карда истодаанд. Ҳар гуна баҳонаҳое пеш меоранд ва мегӯянд, ки комиссияи тоҷикӣ нест. Ҳарчанд дар Самарқанд ин комиссия буд, вале нахостанд ба кори Амина мусоидат намоянд. Ӯ бо хости ин ҷоҳнишинон ду бор кори илмиашро ба забонҳои русӣ ва ӯзбакӣ тарҷума намуд, вале боз натиҷае нест. Сабаби асосии чунин саддгузориҳо тоҷику тоҷикпараст будани ӯст ва ҳукумат намехоҳад ба ин кас унвон дихад. Агар Амина аз роҳи пешгирифтааш-- тарғиби забону фарҳанги тоҷикӣ ва худшиносии миллӣ даст мекашид ва чун бисёриҳо ба ҳама беадолатиҳое, ки дар Ӯзбакистон, ки кам неву зам мешавад, чашм мепӯшид, барвақт соҳиби унвонҳои баланди илмӣ мегардид…

Чун ҳама кӯшишҳо дар Ӯзбакистон натиҷа надод, соли 2008 мо, дӯстон маслиҳат карда, роҳи наҷотро аз Тоҷикистон ҷустем ва ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рудакӣ муроҷиат кардем. Дар он ҷо ҳарчанд ба ҳимояи Амина дар пажӯҳишгоҳ ризоият доданд, вале талаб карданд, ки ба хазинаи онон нахуст бояд 2000 доллари амрикоӣ гузаронд…Вале як омӯзгори одӣ ин миқдор маблағро аз куҷо пайдо мекунад! Боз мо аз он ҳайратзада шудем, ки наход ба як тоҷики фидоӣ, узви Анҷумани тоҷикони ҷаҳон « Пайванд», ки берун аз Тоҷикистон дар шароити душвор барои фарҳангу забони он хидмат мекунад, ягон имтиёзеро раво набинанд ва сабукие накунанд…Дар ин робита пешниҳоду дастгирии устод Шакурӣ ҳам, ки бо вуҷуди беморӣ ёрии худро дареғ надоштанд, кор надод. Мо ноилоч бо боли шикаста ба Самарқанд баргаштем. Ҳангоме устод Акбар Турсон раиси ин пажӯҳишгоҳ таъин шуданд, дубора дар дили мо шӯълаи умед пайдо шуд ва боз роҳии Душанбе гардидем...Ҳоло рисолаи илмии Амина дар ин пажӯҳишгоҳ дар ҳолати омӯзиш аст ва умед дорем он рӯз дур нест, ки ниҳоят меҳнату ҷустуҷӯйҳои илмии чандинсолаи ӯ натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод …

Вале, аз сӯи дигар, Амина бидуни доштани унвони илмӣ ҳам дар роҳи илм корҳоеро анҷом додаст, ки он камтар аз кори донишмандони унвондор нест. Дар тули зиндаги ӯ беш аз 60 мақола оид ба бедории миллати точик, фарҳанги он ва забони форсии точикӣ эҷод кардаст. Мақолаҳои ӯ « Забони мо-- сарвати мо», «Воҳидҳои фразеологӣ дар нутқи персонажҳо», « Душанбе --шаҳри орзуи ман», « Дар Арабу Аҷам мисли Рӯдакӣ шоире нест», « Нависандаи забардаст Садриддин Айнӣ», « Аз ачдодон чи бурдему ба авлод чи додем», ки дар нашрияҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба чоп расидаанд, ба хонандагон ошно ҳастанд. Амина ҳамчунин муаллифи китоби дарсии забони форси точикӣ барои синфи 7 ва барномаи таълими забон ва хати форсӣ барои синфҳои 5-9 ва ҳаммуаллифи барномаи забони форсии тоҷикӣ барои синфҳои 5-9 дар Ӯзбакистон аст.

Амина баробари ин ҳама корҳо ва сарфи назар аз гузоштани саддҳои чинӣ аз ҷониби мақомоти Ӯзбакистон, фаъолияти сиёсиву фарҳангии хешро ҳамоно бебокона идома медиҳад. Ӯ дар ҳама гуна фаъолиятҳои созмони тоҷикони Самарқанд ба шумули гуруснанишиниву намоишҳои эътирозӣ барои дастёбии миллати тоҷики Ӯзбакистон ба ҳаққу ҳуқуқҳои худ аз фаьолтаринҳо буду ҳаст. Ёдам меояд, охири солҳои 80 садаи гузашта, баьд аз эътирозу гуруснанишинии аьзои созмонамон ҳукумат маҷбур шуд ба тоҷикон рухсат диҳад то онҳо дар шиноснома худро тоҷик нависанд. Амина бо шогирдони худ ба деҳаву гузарҳои Самарқанд рафта, мардумро таблиғ кард, ки ба асли хеш баргарданд ва ҳарчанд онон худ тоҷиканд, боз дар ҳуҷҷати расмӣ ҳам инро таъйид созанд. Ӯ ба мардум мефаҳмонд, ки ҳарчанд дар Ӯзбакистон шумори тоҷикон беш аз даҳ миллион аст, вале чун бештарашон бо айби замона ва сиёсатҳои барғалату миллатгароёна дар ҳуҷҷат ҷабран ӯзбак зикр шудаанд, аз ин рӯ шумори тоҷиконро каме бештар аз як миллион медонанд ва ин рақам дар тӯли 70 соли замони шӯравӣ зиёд нашуд. Дар натиҷа дар ин кишвар тоҷиконро ба қатори миллатҳои ақаллият шомил кардаанд, ки ин комилан ғалат аст. Дар натиҷаи чунин корҳои таблиғотӣ ва рӯшангарӣ чанд хазор точики расман аз асл дуршуда, ба асли хеш баргаштанд ва худро дар шиноснома тоҷик нависонданд. Барои чунин фаъолиятҳои миллӣ, ки онро дар Ӯзбакистон чун хатаре ба кишвар меҳисобанд, ин фарзанди миллат дар ин солхо хеле рӯзу рӯзгори сахтро аз сар гузаронид. Ҳукумату Хадамоти амнияти миллӣ бо ҳар роҳу васила кӯшиш мекарданд, ки ӯ аз ин роҳ гардад, мардумро ба хештаншиносӣ ташвик накунад. Вале ҳеч кор ва чизе рӯҳияи оҳанини Аминаро шикаста натавонист ва ӯ ҳамоно ба ақидаву андеша ва роҳи пешгирифтаи хеш устувор аст ва орзуву ниятҳои зиёд барои эҳёи забону фарҳанги тоҷикони Самарқанд ва Ӯзбакистон доранд. Дар ин роҳ ҳамчунин ӯро садҳо ва ҳазорҳо тоҷики бедори Самарқанд ва Ӯзбакистон ҳамроҳ ва мададгоранд.

Ин зани донишманд ва мубориз ҳамчунин дар конфронсу семинархои байналмилалӣ дар шахрхои Москва, Новгород, Алмаато, Ашкобод. Бишкек, Тошканд ва Душанбе ширкат ва суханронӣ карда, аз ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон дар Ӯзбакистон, ки дар вазъи ногувор қарор доранд, ҳимоя кардааст. Ӯ дар се анҷумани тоҷикони ҷаҳон «Пайванд» ширкат карда, таваҷҷуҳи ҳамагонро дар ин анҷуманҳо ба масъалаи тҷикони Самарқанду Бухоро ва Ӯзбакистон ҷалб кардааст. Вале бо ин ҳама вазъи тоҷикон дар ин кишвар бадтар мешаваду беҳтар не. Сол то сол шумори мактабҳои тоҷикӣ дар ин ҷо кам мегардад ва фарзандони тоҷикро маҷбур месозанд, ки ба забони ӯзбакӣ таҳсил бикунанд. Ҳоло Амина ва ҳамсафонаш ҳарчанд талоши зиёд мекунанд, вале ин ҳолати ба тоҷикон ногувор ва сангинро дигар карда натавониста истодаанд ва дар ин роҳ ёриву мадад ва дастгирии ҷомиаи байналмиалӣ ва ҳама тоҷикони ҷаҳонро хоҳонанд…

Амина мегӯяд, ки дар ҳар кор агар касро дӯстони мушфиқ ва ёвару ёрирасонҳои меҳрубоне набошад, ӯ ба душвориҳо дучор хоҳад омад ва ҳатто рӯҳияаш шикаста гардида аз идомаи роҳ даст мекашад. Барои Амина чунин одамони ҳамдилу меҳрубон модари азизаш Ҳалима Исматова ва Вафо Эшониёнғғ узви созмони мо ва раиси деҳаи Чоршанбе ғғмарди худшинос ва фарҳангпарвар ҳастанд.

Дар ин рӯзҳо, ки мардуми Тоҷикистон ҷашни навбатии истиқлолияти хешро таҷлил мекунаду дар Душанбешаҳр тоҷикони ҷаҳон ба анҷумани хеш гирд омадаанд, Амина Шарофиддинова ба синни мубораки 50 мерасад. Ман ин зани ҳамфикру ҳамандеша ва ҳамнабард дар роҳи худогоҳии миллиро бо ин санаи хуҷаста шодбош мегӯям ва барояш зиндагии бардавоми пурсамар, некбахтиву шодмонӣ ва дар корҳои илмиву фаъолият барои эҳёи фарҳанг ва худшиносии миллӣ пирӯзиҳо орзу дорам.

Аз «Тоҷикам»: Мо дастандаркорони торнамоҳои «Тоҷикам» ва «Тоҷикон» ҳам ин зани муборизро бо ин ҷашни хуҷаста табрик мегӯем ва орзумандем, ки ӯву мардуми Самарқанду Бухоро ва ҳама тоҷикони Ӯзбакистон ба ҳадафҳои волои хеш, ки эҳёи фарҳанги миллӣ ва забони форси тоҷикӣ ва дастёбӣ ба ҳама ҳаққу ҳуқуқҳои шаҳрванди ва тоҷикиашон аст, бирасанд.

Normal 0 7 false false false KZ X-NONE AR-SA MicrosoftInternetExplorer4 /* Style Definitions */ table.MsoNormalTable {mso-style-name:"Обычная таблица"; mso-tstyle-rowband-size:0; mso-tstyle-colband-size:0; mso-style-noshow:yes; mso-style-priority:99; mso-style-qformat:yes; mso-style-parent:""; mso-padding-alt:0cm 5.4pt 0cm 5.4pt; mso-para-margin:0cm; mso-para-margin-bottom:.0001pt; mso-pagination:widow-orphan; font-size:11.0pt; font-family:"Calibri","sans-serif"; mso-ascii-font-family:Calibri; mso-ascii-theme-font:minor-latin; mso-fareast-font-family:"Times New Roman"; mso-fareast-theme-font:minor-fareast; mso-hansi-font-family:Calibri; mso-hansi-theme-font:minor-latin; mso-bidi-font-family:Arial; mso-bidi-theme-font:minor-bidi;}

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?