http://tajikam.com

Муаллифи истиқлоли мо кӣ буд? Тоҳир Абдуҷаббор? Ё Ҳувайдуллоев? PDF Чоп
Муаллиф: Барнои Қодирдухт   
09.09.2013 21:51

Бознашр аз торнамои родиои  Озодӣ
Ҳар сол дар арафаи иди истиқлолияти Тоҷикистон – 9-уми сентябр - баҳсе рӯ мезанад, ки истиқлоли кишвар дар авоили солҳои 90 чӣ гуна ва дар чӣ фазое ба даст омад?·   

Бархе аз нигорандагон вакили мардумӣ ва раҳбари созмони “Растохез” Тоҳири Абдуҷабборро “меъмори истиқлолияти Тоҷикистон” меноманд, аммо гурӯҳи дигар мегӯянд, таҳияи эъломия як кори дастҷамъонаи вакилони парлумон буд.

Абдусаттор Ҷабборов, ки дар солҳои 1990-95 раҳбари кумитаи сохтори давлатии Шӯрои Олӣ будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, лоиҳаи эъломияи истиқолияти Тоҷикистонро ӯ ва  Нурулло Ҳувайдуллоев, раиси ҳамонвақтаи  кумитаи қонунияти конститутсионӣ ва қонунияти парлумон  таҳия кардаанд.


·    Муаллифи аслии Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон кист?

Аммо ӯ иқрор мекунад, ки он замон аз ҷониби мухолифон низ тарҳе ба унвони раёсати парлумон ворид шуда, мавриди истифодаи муаллифон қарор гирифта буд: «Лоиҳаи коркардашударо ба раёсат пешниҳод кардем, ки он маҷлиси охирин буд. Дар иҷлосия сараввал Нурулло Ҳувайдуллоев маърӯза кард ва баъд ман сухан гуфта, ба ҳамаи саволҳо ҷавоб додам. Бештари вакилон ҷонибдор буданд, ки лоиҳа қабул шавад. Баъзеҳо гуфтанд, шояд ҳоло барвақт бошад. Вале вақте Қаҳҳор Маҳкамов онро ба овоз монд, ҳама бе ягон зиддият ба он овоз доданд.»

Ҷаноби Ҷабборов муаллифи эломия будани Тоҳири Абдуҷабборро қабул надорад ва мегӯяд: «мо аз лоиҳаи мухолифон тахминан 20 дарсад ҳам нагирифтаем. Зеро хеле зуд навишта шуда буд ва ба эъломия ҳам монанд набуд. Лекин ба ном лоиҳаи алтернативии мухолифон буд. Мо барои он ки муносибатҳо вайрон нашавад, он бандҳоеро, ки ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯй бошад ва дар лоиҳаи мо навишта шуда бошад, ҳаммаъно гуфта қабул кардем. Лекин ба фикрам лоиҳаи мо аллакай дар дасти онҳо буд, ки бисёр нуктаҳояш ба ҳам наздик буд. Вале баъзе чизҳое, ки онҳо мехостанд, масалан, давлати исломӣ ва низоми дигари давлатдориро мо қабул карда наметавонистем.»

Аммо вакили дигари парлумони вақт Ҳайдаршоҳ Акбаров мегӯяд, мавзӯъи истиқлолият аввалин аз ҷониби вакилони озодандеш Тоҳири Абдуҷаббор ва Аслиддини Соҳибназар ба миён гузошта шуда буд. Оқои Акбаров дар бораи тарҳи навиштаи Тоҳири Абдуҷаббор аз ҷумла мегӯяд: «Дар марҳилаи аввал эъломия мавриди истиқбол қарор нагирифт. Аммо аз ҷониби мардум хуб пазируфта шуд. Чун он солҳо иҷлосия мустақиман тавассути радиову телевизион пахш мешуд.  Вале саранҷом вақте истиқлолияти Тоҷикистон эълон шуд, лоиҳаи Тоҳири Абдуҷаббор ба назар гирифта шуд ва тақрибан ҳамон лоиҳа қабул шуд.»

Ҷаноби Акбаров мегӯяд, вакилони парлумон замоне масъалаи истиқлолро ҷонибдорӣ намуданд, ки дарк карданд, ки он дигар ба як амри ногузир табдил ёфтааст. Зеро ҳаракати озодихоҳӣ аллакай дар дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ шуда буд: «Вале замоне ки ҷасорат ва матонате зарур буд, ки дар он фазо ин ҳарфҳоро бигӯянд, ҳеҷ кас сару садое надошт. Он замон ҳанӯз Маскав побарҷой буд ва ҳар кас ҳам ҷасорат намекард, ки ин ҳарфро бигӯяд. Вақте ки Тоҳири Абдуҷаббор сари минбар дар ин бора сухан мегуфт, онҳо аз тарс ҳарфе намегуфтанд. Мавзӯъи аслӣ ин аст.»

Ҳуқуқдони тоҷик Ашӯрбой Имомов, ки солҳои навадум ба ҳайси раиси Кумитаи назорати конситутсионии Тоҷикистон  фаъолият кардааст, тасдиқ мекунад, ки муаллифи асосии эъломия Тоҳири Абдуҷаббор буд ва дар навиштану муайян кардани меъёрҳои эъломия ҳам саҳм дошт. Аммо ӯ ҳам тасдиқ мекунад, ки ин кори як кас набуд: «Дар қабул кардани он бисёр шахсон ҳузур доштанд. Бисёр баҳсу мунозира шуда буд. Аммо мо аввалин набудем, ки чунин санадро қабул кардем, мо аз дигар ҷумҳуриҳо дертар қабул кардем. Барои ҳамин ногузирии он барои вакилон кам-кам фаҳмо буд. Бо вуҷуди ин бештари мардум дар бораи мустақилияти Тоҷикистон ҳатто лаёқати шунидан ҳам надоштанд.»

Ин баҳсу мухолифатҳо бар сари тарҳи эъломияи истиқлоли Тоҷикистон моҳи августи соли 1990, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, барпо шуда буд. Аммо дар таърихи 9 сентябри соли 1991 тарҳи нави Эъломияи истиқлол, ки ба истиқлоли комили Тоҷикистон таъкид мекард, дар байни ҳамагӣ чанд дақиқа ва бидуни кадом баҳс ва тақрибан бо иттифоқи оро пазируфта шуд. Ин алакай рӯзҳое буд, ки мондани рӯзҳои башумор то марги СССР дигар барои ҳама яқин шуда буд.

Ба назари Ашӯрбой Имомов, истиқлол барои тоҷикон як падидаи бисёр муҳиму зарурӣ буд, вале оммаи мардум ба қабули он омода набуд. Аз ҷумла афроди зиёде, ки имрӯз дар садри ҷашнҳои истиқлол қарор мегиранд, он замон мухолифи истиқлолият буданд. Дар моҳи марти соли 1991, ҳамагӣ ним сол пеш аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва касби истиқлол кардани Тоҷикистон, мардуми ин ҷумҳурӣ дар як назарпурсии саросарӣ 95 дарсад ба тарафдорӣ аз ҳифзи СССР раъй доданд.

Бисёре аз  мардуми қаторӣ дар Тоҷикистон, ба гуфтаи ҷомиашиносон, то ҳол истиқлолиятро кадом рукни муқаддаси ҳаёти худ намедонанд, балки бисёриҳо ҳамчунон ҳасрати даврони Шӯравиро мехӯранд ва ҳамоно дар орзуи бозгашт ба он давронанд. Ҷомиашиносон мегӯянд, ин эҳсоси манфӣ нисбат ба истиқлоли кишвар бештар аз авоқиби сахти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки Тоҷикистон бо касби истиқлол ба гирдобаш фурӯ рафт, фарқи хеле маҳсуси сатҳи зиндагии бахусус мардуми оддӣ дар он аҳд ва имрӯз ва ҳам аз фасоду беадолатие, ки ба ақидаи бисёриҳо, ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро баъди хуруҷаш аз зери контроли Маскав фаро гирифт, об мехӯрад.
·    Чоп кунед
·    Назари Шумо чист (22)
·    Иштирок:
·   
·   
·   
·     
Гурӯҳбандии назарҳо
Назари худро бинависед (22)
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Баъдӣ 
Ном: кадридин аз: тч
05.09.2013 18:29
Посух
дар хакикат дар он солхо дилу чигар даркор буд ки ба даст ручка гирию имзои худро гузори ки мо истиклолият мехохем имзо карданро хеч точикистони ба гардан нагирифт ба гайри аслонов лекин т абдучабор еломияро навишта буд ки марди худо аст худо хардуро рахмату магфират кунад то абад зиндаеданд

Ном: Ворухи аз: аз Русия
05.09.2013 20:26
Посух
гуфтаи мухтарам А Имомов дар хакикат дуруст хаст афроде ки холо истиклолиятро ба онхо мансуб медиханд дар он вакт шадидан мухолифи истиклолият буданд хукумате ки барои истиклолият заррае хам сахм надоштааст бояд мардона муаллифи декларацияи истиклолият будани Т Абдучаббор ва эъломияи истиклолиятро имзо намудани рохбари вакти ондавра шодравон К Аслоновро расонаи кунанд ин факт хаст
Дар посух
Ном: Хочи аз: Душанбе
06.09.2013 07:36
Посух
Чун аз парлумон пахши мустаким мерафт, хама медонанд, ки яке аз муаллифони асоси Тохири Абдучаббор буд ва Чабборов дуруг мегуяду имруз худро яке аз муаллифони Истиклолият гуфтани мешавад. Барфхо об шуданду пайхо руфта? Не, таърих ба хама чиз окибат бахои вокеи медихад.Он замон командаи Чабборов на дилу гурда ва на максади истиклолиятро доштанд. .Тохири Абдучаббор-ин "микрофони шаши" хомушнашаванда аст ва хазорон нафар пайрав дорад. Зинда бод истиклолият!
Дар посух
Ном: Абдулло аз: ЧТ
07.09.2013 12:29
Аз парвардигори Оламхо минатдор шавед!

Агар Аллохи Зулчалол намехост на истиклолиятро медидед на шароити инчо коментнависи медошттед!

Ном: Нусратулло аз: Новосибирск
05.09.2013 23:23
Посух
Соле ки як гурух вакилон ба Хучанд фирор карда буданд, мухтарам максади чудо кардани вилояти Ленинободро аз Точикистони кунуни доштанд азон чумла Чаборров. Хотирам хаст дар зали кумитаи хизби коммунист фаъолонро чамъ карданд. Чаборов вазъи сиёсиро тахлил карду хамин масъаларо гузошт, банда баромад карда сахт мукобилият нишон додам ва аз вакилони мачлиси вилояти хохиш кардам ки ба ин кор рох надиханд.

Ном: Беном
06.09.2013 06:41
Посух
истиклолият барои мо сюрприз буд - касе тайер набуд
махкамов аз илтичо хароб шуда буд ки истиклолият надиханд чунки точикон наметавонанд идора кунанд е давлатдори кунанд

Ном: Беном
06.09.2013 06:53
Посух
Муаллифи истиклоли мо Елтсин, Шушкевич ва Кравчук хастанд. На Тохир Абдучаббор, на Аслонов ва на Хувайдуллоев.

Ном: Назаров Аҳтам Пулотович аз: ш. Ваҳдат
06.09.2013 07:26
Посух
Бародарони азиз. Тоҳир Абдуҷабор яке аз муаллиф ва асосгузорони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст. Яъне ӯ муаллифи эъломияи ҷанги шаҳрвандӣ аст, душмани халқ буд.

Ном: Беном
06.09.2013 07:44
Посух
дар хакикат мо озод шудем!озод аз конун!....дар муддати 21 сол системаеро бунёд карданд,ки дар он КОНУН УМУМАН НЕСТ!
Дар посух
Ном: G-20
07.09.2013 12:22
Посух
Э,,,,, ЧОНТА ГАРДЫМЕ ! ба и суханои хакыт.

Ном: беном аз: Душанбе
06.09.2013 07:48
Посух
Бовар кунен ин мардака аз бахилишон аз руи саводаш ва хушригиш куштан ин кошу чашмонашро бинед худо хазор рахматат кунад хазор рахмат ва котилонатро тахтарини дузах чояшон бошад ..ин милати азизи мо то хол хор хастан ...Илтимос э мардум итиход шавед бас кунед ин дуне ба касе мерос нест ..якдигаро бо тухмат турма ё несту нобуд накунед ....Ба душманони милатро хурсанд накунед махбусини сиесиро дар хамин рузи истиклолят озод кунед агар бехтарин кор мешавад ..

Ном: Rustam+ аз: Dushanbe
06.09.2013 09:50
Посух
Шодравон Хувайдуллоев шахсест, ки барои осудагии ватанаш хаеташро дарег надошт. Ин гуна шахсони нотарсу абармард сазовори унвони кахрамон аст. Шахсан аз ингуна шахсон фахр дорам ! Дар хакикат ватандуст буд.

Ном: Абдукодир аз: Душанбе
06.09.2013 09:55
Посух
Хайдаршох Акбаров комилан дуруст мефармояд. Вакте ки Тохири Абдучаббор пешниход кард, порлумон истиклолияти Точикистонро эълом кунад, хеч вакиле чонибдори накардаш, хама мехостанд дар хайати Шурави бимонанд, аз чумла, раиси чумхурии кунунии Точикистон низ, ки лофи истиклол мезанад!
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Пешӣ    
Ном: Рустам аз: Истиклол
06.09.2013 14:33
Посух
Устодони азиз Хайдаршо Акбаров ва Ашурбой Имомов дуруст ва хакикатро гуфтаанд.Эъломияи Истиклолияти Точикистонро Тохири Абдучаббор навишта буд. У донишманде буд, ки даххо Академияю академикхо якчо шуда, як харфи уро гуфта наметавонистанд ва хло низ чунин аст.Вале Абдусаттор Чабборов аз кучо пайдо шуд. Шарм бояд дошт. Умуман ягон комунист хукуки сухан гуфтан дар бораи истиклолиятро надорад, зеро то хол онхо дар орзуи СССРашон хастанд, харчанд комунеистхои Росия якчо бо скинхедхо тархи комилан несту нобуд кардани точиконро кашидаанд. Комунистхо бояд дар назди рухитавонои Тохири Абдучаббор бояд тавба кунанд вагарна хамаашон бо авлоди худ иншоолллох кур хоханд шуд.

Ном: Точикистони аз: Руссия
06.09.2013 17:41
Посух
Дар хакикат хизмати шодравон Т. Абдучаборов калон аст барои ба даст омадани истиклоият, лекин хозир дар ин бора хозир касе гап намезанад. У дар хакикат шахси озодандеш дорои чахонбинии васеъ ва шахси босавод буданд, аммо мардуми мо инро нодида гирифтанд.

Ном: Кадам аз: Саратов
06.09.2013 19:18
Посух
Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон.
Бародарони азиз, ба фарорасии ин ИДИ БУЗУРГ-хама шахрвандони ВАТАН-ро муборакбод мегуям.
Аслан онхоеро,ки ба маънои мафхуми ИСТИКЛОЛИЯТ сарфахм мераванд,албатта!
Имруз бародарон,хануз барвакт ба оне,ки бигуем хизмати КИ!-бисьёр! Албатта хама асосгузорони ИСТИКЛОЛИЯТИ ВАТАН-зери хоки хунук,НОМИ НЕК-ашон агар фаромуш накардааму-намекунем ин худ хело ДАВЛАТ!
Имруз-аккалан кушиш ба харч мебояд дод,ба оне,ки он МАРД-хои замон зери мафуми ИСТИКЛОЛИЯТ чиро дар назар доштанду-мехостанд,ба мардум пешкаш намоянд,ба мардум имруз,мухтаррамхо фахмонед,ин хам мебуд ХИЗМАТ-и БУЗУРГ! Мардум фахманд ИСТИКЛОЛИЯТ чист! на ба ном дар амал,дар тассавурот аккалан! ИСТИКЛОЛИЯТ -шукрона гуё дорем,дар асл магар хаст?
Дар амони АЛЛОХ!

Ном: Беном
06.09.2013 20:30
Посух
Ustod Tohiri Abdujabbor meemori Istiqlol bud, qairi az un kase un zamon in juraatro nadosht.

Ном: Рахим ба Ахтам аз: Боку
06.09.2013 22:40
Посух
Ахтам, шояд тарбияи хубро хануз нагирифтаи, чунки Т.Абдучаббор кайхост зери хок аст ва дар хаки мурда сардсухан бояд нашуд. ба маълумотат мерасонам, ки махз чонбозихои Тохиру у баринхо буд, ки шахди истиклолро ту баринхо чашида истодаи!


Ном: Сичоиддин Саидов аз: Посбони "Ашан"-Москва
07.09.2013 02:03
Посух
Худорахматии Кадриддин Аслонов,дар хакикат рохбари хубу дилсоф буд.Ягон боре хам мушохида нашуд,ки у аккалан дар чое ба махалгароиву хешу табори ишорае карда бошад.Дар синни 33-солагиаш.директори генералии Иттиходияи Истехсолии "Сельхозтехника"и вилояти Кургонтеппа шуд.Баъдтар боз ба ин сохтор Иттиходияи муассисахои хизматрасонии техникиву электроникунонии вилоятро якчоя карданд.Он солхо ман як чавони баъди хизмати харби,дар яке аз чунин шуъбахои иттиходия кор мекардам.Дар чунин як корхонаи бузурги вилояти,тамоми шахсони гуногунзабону гуногунмазхаб кор мекарданд.Дастгохи марказии иттиходияро дара шахри Кургонтеппа асосан русзабонхо ба зимма доштанд.Мутахассисони марказ,дар хакикат аз рохбарии рахматии Аслонов хело рози буданду шодравонро зеботарин шахсу олуфтатарин рохбар мешумориданд.У дар овони бачагиву чавониаш,бо фарзандони шодравон котиби якуми комитети партиявии нохияи собик Колхозобод,Точиддин Исоев дусти дошт.Аз ин ру шодравон котиб хатто Кадриддини чавонро хам фарзанди хонадон мешуморид.Шабу руз аз паси ичрои корхо будБоре,ман хамчун аъзои комсомол дар як мачлиси вилоят иштирок кардам.Котиби якуми Комитети Партиявии вилояти Кургонтеппа,шодравон Гоибназар Паллаев,бо забони руси хело озоду тоза сухан меронд,бо лахчаи тезу тунд иброз кард":В области,только я и Аслонов Кадриддин работаем,остальные вообще не работают или не хотят работать,тогда давайте с заявлениями ко мне,товарищи".Рахмати хамчун рохбар аз чояш хеста рохбаронро химоя кард.Хангоме.ки у ба назди механизаторону кормандони шуъбахо хозир мешуд,коргарони одди аввал гуё ба Брежневи чавон вомехурданд.Бо забонхои узбеки хам гохо сухан мекард.зеро дар вилоят узбекзабонхо хам бисёр буданд."Ман хам корро аз устохонаи таъмири(мастерской цех) и колхоз,хамчун челонгар(слесарь) сар кардаам",.мегуфт рахмати.Баъд котиби якуми комитети партиявии нохияи Панч,баъдтар котиби КМ ПК и Точикистони шурави таъин гардид.Яъне дар синни каме аз 40-боло,дар КМ кор мекард.Хамчун вакили мардуми дар парламенти аввалини Точикистон ба хайси Раиси Шуро интихоб гардид.Гунохаш хамин буд,ки "Ленинро чаппа" кард.Хол он ки,"ленинчаппакунандахо" асосан олимону шахсони зиёии Точикистони хамон солхо буданд.Бесаводии хукукшиносхову вакилонро бинед,ки барои кандани як хайкали аз гилу гачу охан сохта,розигии шахсан Раиси шуро лозим будааст.Хол он,ки дар худи Россия ин корхоро ба зиммаи рохбари ягон КЖКП мемонданд.Акнун имрузхо даххо хайкалхову хайкалчахову осорхонахоро мекананд,розигии ягон вакилу раиси шуроро намепурсанд.Он солхо хамин як "ленинкани"ро як гурух бахонаи сиёси карда Аслоновро аз вазифаи раиси шуро гирифтанд.Шодравон хеч бовари надошт,ки мардуми чамъомада ин кадар вахшиёнаву бетартибона,хангоми кандани Ленин рафтор мекунанд.Баъди чанде у боз ба вилояти Кургонтеппа,хамчун рохбар баргашт.Азбаски дили нихоят софу мардумдустор буд,мехост.ки дар байни мардуми мехнаткашу оддии вилоят сулху амониву осоиштаги бошад.Боз бо хамон боварии софдилонааш аз паси дарёфти сулху салох ва дустиву мусолихаи оштии ахолии харду вилояти чангхурда огоз кард.Ман фикр дорам.ки у оё дар хакикат барои истиклолияти Точикистон саъю кушиш дошт ё не,бароям маълум набуд.Чунки максади рахмати пеш аз хама осоиштагиву оромии Точикистон буд.Парлумони Точикистони шурави,яку якбора,баъди сарнагун кардани рахматии Аслонов,дархол истиклолияти Точикистонро эълом карданд,ки боиси ба хайрат омадани мухолифони сиёси гардид...Пас чаро охир ин кадар бо хам мукобилият кардан?.Барои унвону вазифахо.Шодравон Кадриддин Аслонов дар асл кахрамони Точикистон аст.У барои мансаб не,барои осоиштагии мардум курбон шуд.Хонаи охираташ обод бод,худоё!

Ном: Рустам аз: Истиклол
07.09.2013 14:02
Посух
Як зумра дар хакки Тохири Абдучаббор суханони носазо мегуянд. Онхо то дируз атеист буданд.Шояд имруз ришу фаш монда бошанд.То дируз аз калимаи истиклолият хазар мекарданд, вале имруз бешармона зинда бод истиклол мегуянд. Вале маълум аст, ки дуруяги ва чоплуси мекунанд. Ман сад дар сад боавар ба он дорам, ки Тохири Абдучаббор Кахрамони миллат эълон хохад шуд.Агар имруз не, пас фардо хатман! Гавхаршиносе пайдо хохад шуд!

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

246p9oi.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?