http://tajikam.com

Истиқлоли Тоҷикистон хидмати Тоҳири Абдуҷаббор буд PDF Чоп
Муаллиф: "Озодӣ"   
09.09.2013 22:01

Бознашр аз торнамои родиои Озодӣ
“Агар истиқлоли Тоҷикистон ифтихоре дорад, қабл аз ҳама ба номи Тоҳири Абдуҷаббор бармегардад. Дер ё зуд ин ҳақиқатро эътироф хоҳем кард.”
Ин шарҳро дар вокуниш ба матлаби Барнои Қодирдухт “Муаллифи истиқлоли мо кӣ буд? Тоҳири Абдуҷаббор? Ё Ҳувайдуллоев”, ки рӯзи 5 сентябр дар сомонаи озодӣ нашр шуд, як хонандаи мо бо ники “Шогирди устод Тоҳир аз дур” навиштааст. Муаллиф ба сӯҳбатҳои раиси кумитаи парлумони вақти Тоҷикистон Абдусаттор Ҷабборов , ки мегӯяд, матни Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро дар асл ӯву Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев навиштаанд, на Тоҳири Абдуҷаббор, розӣ нест.

Матни пурраи вокуниши ин хонандаро, ки назари шахсии ӯст, дар гӯшаи “Блогистон” дар маърази қазовати хонандагони дигари Озодӣ мегузорем.

“Абдусаттор Ҷабборов ягона шахс нест, ки даъвои муаллифии Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро мекунад. Баъзе шоирони дарбории мо ҳам дар бораи баъзе шахсон, ки он замони истиқлолиятхоҳӣ маскавпарастӣ мекарданд ва аз калимаи истиқлолият меҳаросиданду ба маънои он дуруст сарфаҳм намерафтанд, шеърҳо бахшидаанд ва онҳоро бунёнгузорони истиқлол хондаанд... Ва бовар дорам, ки боз чунин "муаллифон"- и Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон пайдо хоҳанд шуд...

Вале ман ба ҳарфҳои комилан дурӯғи Абдусаттор Ҷабборов дар ҳайратам. Замоне ӯ ва ҳама депутатҳои дигар, ки ба пешниҳоди устоди шодравон Тоҳири Абдуҷаббор дар бораи давлати соҳибихтиёр ва мустақил эълон кардани Тоҷикистон муқобил баромаданд, имрӯз даъвои муаллифии Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон мекунанд. Агар ба ихтиёри онҳо мебуд, онон ҳеч гоҳ намехостанд, Тоҷикистон мустақил шавад. Вале барои устод Тоҳири Абдуҷаббор истиқлолият маънии зиндагиаш буд ва созмони мардумии Растохез, ки бунёнгузораш ӯст, ҳам истиқлолиятро яке аз ҳадафҳои асосии хеш эълон карда буд.

Мавзӯи ин ки меъмори истиқлолияти Тоҷикистон устод Тоҳири Абдуҷаббор аст( бо ин ном бо кӯшиши Аҳмадшоҳ Комилзода дар бораи устод китоб чоп шудаасту даҳҳо мақола ҳам навишта шудааст) ин нуктаи бебаҳс аст ва инро Ашӯрбой Имомов ва Ҳайдаршо Акбаров ҳам дуруст таъкид кардаанд.Вале нуктаи дигаре ҳам ҳаст, ки дар таҳияи тарҳи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон ҳамсафони устод ҳам ширкат кардаанд ва номи ин ашхос дар китоби зикршуда оварда шудааст. Устод Тоҳир баробари омода кардани тарҳи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон, пеш аз он дар нимаи соли 1989 ҳамчунин Эъломияи истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистонро ҳам навишта буд.

Ба гунае, ки гуфтем, ба ҳама ин Эъломияҳои пешниҳодкардаи устоди мо он замон намояндагони мардумӣ , ки имрӯз даъвои соҳибии истиқлолият мекунанд, зид буданд ва мехостанд, ки онон якумр ғулом ва Тоҷикистон тобеи Маскав бошанд.

Аз ҷумла худи Абдусаттор Ҷабборов ва дигар "муаллифҳо"- и Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон ҳам он замон ва пасон ҳам ба истиқлолият муқобил буданд ва чун ҳама ҷумҳуриҳо яке аз паси дигаре истиқлолияти хешро эълон карданд, онон ҳам пас аз як соли ба истиқлолият муқобил овоз доданашон дубора ҳама ба ҷонибдории он ройъ доданд.

Яъне он замон худ ба истиқлолияти фардӣ нарасида буданд ва тору пуди онон печида ба андешаи зидди истиқлол буд ва онон устод Тоҳир барин истиқлолхоҳҳоро чашми дидан надоштанд. Ҳамон дарди кӯҳна-- бадбинии мардони муборизи миллӣ - ҳоло ҳам аз ҷисму равони онон дур нашудааст.

Маҳз чунин аст, ки имрӯз Адусаттор Ҷабборов дар бораи устод Тоҳир боз як буҳтони дигаре паҳн кардааст. Ӯ мегӯяд: "...Вале баъзе чизҳое, ки онҳо(Тоҳири Абдуҷаббор ва ҳамсафонаш ) мехостанд, масалан, давлати исломӣ ва низоми дигари давлатдориро мо қабул карда наметавонистем.»

Ин чи дурӯғест! Дар банди аввали тарҳи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон, ки устод Тоҳири Абдуҷаббор пешниҳод карда буд, омадааст: "Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон давлати мустақил ва соҳибихтиёр мебошад." Дар яке аз бандҳои дигари он таъкид шудааст, ки "Тоҷикистон давлати демократии ҳуқуқбунёд буда, дар он тамоми қудрати давлатӣ ба халқ тааллуқ дорад... "

Дар куҷои ин Эъломия дар бораи бунёди давлати исломӣ нуктае ҳаст? Ба ёди оқои Абдусаттор Ҷабборов мерасонем, ки ҳадафи истиқлолият ва бунёди ҷомиаи демократӣ дар Барномаи созмони Растохез низ зикр ва ҳатто дар корти узвияти он ҳам сабт шудаст.

Устод Тоҳир то охири зиндагӣ ба ормонҳои истиқлолият содиқ буд ва чунин андешаҳои волои миллӣ ва истиқлолиятхоҳӣ буд, ки ӯ аз худи рӯзҳои нахусти нооромиҳо ҳарду ҷониби низоъро даъват кард, ки силоҳ ба замин гузоранд ва ба хотири миллату Ватан даст аз хунрезӣ бардоранд . Ӯ гуфта буд, ки як қатра хуни мардум ҳазорон бор болотар аз ҳама мансабу дороӣ ва ҷоҳу ҷалол аст ва ба хотири мансабу ҷоҳу ҷалол хунрезӣ кардан хиёнат ба миллат ва Ватан аст!

Барои ҳамин оқои Абусаттор Ҷабборов ва ӯ барин "истиқлолхоҳҳо", ки дар бораашон Нусратулло ҳам хеле хуб навиштааст, на танҳо хостори истиқлолият набуданд, балки бештарашон бегонапараст буданд ва истиқлолиятро ба як пул ҳам намегирифтанд. Вале, барои устод Тоҳири Абдуҷаббор истиқлолият, озодӣ, мардумсолорӣ, адлу дод, тоҷику Тоҷикистон мафҳумҳои муқаддас буданд ва ҳеч гоҳ эшон муқобили ин равишҳо гом нагузоштаанд.

Ҳақ бар ҷониби рӯзноманигори шинохта Раҳматкарими Давлат аст, ки ҳама талошу кӯшишҳо ва ҷонбозиҳои устод Тоҳири Абдуҷабборро дар роҳи истиқлолият ба қалам дод,таъкид карда буд: “Агар истиқлол ифтихоре дорад, ки ҳатман дорад, қабл аз ҳама ифтихори истиқлоли Тоҷикистон ба номи Тоҳири Абдуҷаббор бармегардад. Дер ё зуд ин ҳақиқатро эътироф хоҳем кард.”
Ном: Беном аз: Душанбе
07.09.2013 12:58
Посух
Мумкин дуруст бошад хамин фикр чунки дар солхои 1990-ин одамое ки хозир гап мезананд-ХЕЛЕ АЗ ИН ГАПУ ФИКРХО ДУРИ ДУР БУДАНД ХАТО НАМЕФАХМИДАНД КИ Т. АББДУЧАБОР ЧИ ГУФТА ИСТОДААСТ Ё ЧИ МЕХОХАД.
Дар посух
Ном: Донишчу аз: Канада
08.09.2013 12:41
Посух
Ба акидаву орзуи худ бовар доштан ва то охири умр бо он зистану мубориза бурдан аз нишонаи мард будану дили васеъ доштани Тохири Абдучаббор аст, ки ин марди дурандеш барои миллати худ орзу дошт. Ёдаш ба хайр бод!
Вале ммууттаассииффоонна дар тули 22 сол хукумат барои таквияти истиклолият корхои назарнок дар самти иктисоди кишвар накардаистодааст.

Ном: сухроб султонов аз: казахстан алматы
07.09.2013 14:00
Посух
хм,хмм...сабр...сабр,хандаам меояд,мардум оинаро кур мегуянд ё ранги сиехро сафед,хар нафаре ки хатто камтар савод дорад ба хуби медонад ки бо ба забон овардани ИСТИКЛОЛИЯТИ ТОЧИКИСТОН хатман пеши назар симои УСТОДИ НОТАКРОР ТОХИРИ АБДУЧАББОР пеши назар меояд

Ном: Хакикат
07.09.2013 14:10
Посух
Рузе мерасад,ки номи ин марди бузург Тохири Абдучаббор бо хатти заррин навишта мешавад ва дар таърихи точик абади хохад монд.Гуфтори У рафтори У бо забони модари суханронии У донишмандии У худаш барои мардуми ориеиначот як дарс хаст.

Ном: ХУДАМ аз: ТОШКАНД
07.09.2013 15:02
Посух
Салом ба мардуми шарифи ТОЧИКАМ: Ба фикри ман агар зимоми кудрат дар дасти мардуми БО САВОДУ БО ИЛМУ ДОНИШУ ФАХМ нахурад ба инхо на танхо мархум Т.АБДУЧАБОРРО балки бокимонда олимону бузургхоямона хам наслхои ояндаамон намешиносанд.

РАХМАТ ОЗОДИ КИ ХАСТИ

Ном: Вакил аз: аз Парламент
07.09.2013 15:11
Посух
Ман хуб дар ёд дорам кабули Эъломияи истиклоли Точикистонро.Каххор Махкамов бо норозиги ва андухи сахт масъалаи пешгузоштаи вакилонро ба барраси пешниход намуд. Хувайдуллоев, Чабборов, Ахмедов ва боз чанде дигарон баромад намуда пешниход намуданд,ки Точикистон мамлакати сохибистиклол дар хайати СНГ эълон гардад. Пас Тохир Абдучаббор суол кард,ки оё пули милли, армияи милли, сархади муайяни мамлакати сохибистклол низ фаъолият хохад кард ё на? Вакилони дар толор буда баъди ин суол чунон ба Тохир Абдучабор ва дигар хаммаслаконаша тамасхуру ришханд мезаданд, ки бубинед ин девонахо пули милли, сархади муайян ва армияи муайян мехоханд. Боз онхо шарм накарда худро созандагони Точикистони сохибистиклол мешуморанду Абдучабору Сохибназарову дигаронро душман. Душманон кибуданд ба хама маълум мебошад. Дар ин чо Рахим Масов будан хатми нест!!!!!!!

Ном: Sadri Jalol аз: moscow
07.09.2013 15:17
Посух
Салом ба хамагон! Баъдан ба ноширони ин матн гуфтаниям, ки Нурулло Хувайдуллоев бахри ИСТИКЛОЛИЯТИ ТОЧИКИСТОН чони худро нисор кардааст! Ба ин харфхо дуруст диккат дихед, Т. Абдучабор дар солхои 90-91 ки буд ва чи имконятхо дошту ,Прокурори Чумхури чи имконятхо? Андеша карда баъдан матне дарч намоед!!! Бо эхтиром Садри Чалол!
Дар посух
Ном: Сарбоз аз: Маскав
08.09.2013 13:21
Посух
Дар як пахлуи тарозу гузоштани устод ТОХИРИ АБДУЧАББОР бо як чиновники онвакта прокурори генералии Точикистон Нурулло Хувайдуллоев аз руи инсоф ва аз руи акл нест.Чаро ки Тохири Абдучаббор таррохи истиклолияти Точикистон буду кушиш мекард давлати озоди демократиро дар Точикистон бисозанд.Н Хувайдуллоев он вакт дар фикри аз даст надодани курсиаш озодфикрони ТОЧИКРО таъкиб мекарду метарсонду -монеа ба онхо месохт.Ва аз хама асосиаш Хувайдуллоев тарафдории асосии СССР буд .на тарафдори Точикистони озод.
Дар посух
Ном: Mehrdad аз: Tajikistan
09.09.2013 20:30
Кани хама махмаддонохо дар бораи Сафарали Кенчаев ва Хувайдуллоев, чахду талоши инхо бахри ИСТИКЛОЛИЯТ, чонбозихои ин нафарон ки чи медонад, кани бинвисад. Ман интизорам. Бас дигар сафсата гуфта аз руи гуфти дигарон кор карда ким кадомро кахрамон гуфтан. Мо бояд кахрамони асосиро ёбем. Муйро бояд аз хамир чудо кард.

Ном: Шокир аз: Душанбе
07.09.2013 15:50
Посух
ман кати ин шахси бузург сухбат кардагиам,ин олим хамон солхо аз (депутатхои он вакта ва хозира ) 50сол пеш буд, вай одамонро ба махал ва мазхаб чудо на мекард.ба якин агар ба гапи вай мешуд,ин хел хор , 2млн мухочир намедоштем ва сархами хамсояхо намешудем, рахмати хам иктисодшинос ва хам сиёсатмадори оли буд, ба мисли вай хозир дар РТ нест. бовар кунед , ки намебинам мисли У ,

Ном: Rustam+ аз: Dushanbe
07.09.2013 16:15
Посух
Ин кадар таърифаш кардед. У яке аз он нафароне буд, ки Точикистонро бо митингхояш ба гирдоби чанги хунини шарванди овард. Уро лоики ягон унвону ифтихор намешуморам !
Дар посух
Ном: Фарход аз: Душанбе
08.09.2013 12:52
Посух
Хамон митингхо буданд, ки шумо имруз сохиби давлат шудед.

Ном: Мурод аз: Душанбе
07.09.2013 16:20
Посух
Хакикат аз хама кимматтар ва бузургтарин неъматест, ки инсониятро аз нокомихо эъмин медорад. Умри дуруг хеле кутох буда хар касе , ки ба худ онро раво мебинад зуд ё дер ба нокомихо гирифтор шуда обруи манзалати хешро дар назди чомеъа ба пасти мебарад. Дар охирхои соли 80-ум ва аввалхои соли 90-ум як зумра зиёиони вокеъии миллат, дар хакикат, ба майдони сиёсии кишвар ворид шуда масъалагузорихои истиклолият ба даст овадани Точикистони азиз, ба забони точики додан макоми давлати, барпо намудани артиши милли, ба муомилот баровардани пули миллиро пешниход мекарданд. Ва мо чавонони солхои номбаршуда аз воситахои ахбор: аз телевизон, рузномаю мачаллахо медидем ва мешунидем, ки яке аз чехрахои дар хакикат сарсупори миллат устод Тохири Абдучаббор доимо отрофи масъалахои дар боло зикр гардида масъалагузори мекарданд. Афсус, дар он давра хусусан дар байни "депутатхои мухтарам" гайр аз 2-3 нафар ягонтои онхо сарфахм намерафтанд, ки устод Тохири Абдучаббор дар бораи чи сухан мекунад ва у чи мехохад. Дар телевизион чандин маротиба тамошо кардаем, ки хангоме, ки устод Тохири Абдучаббор гояхои миллатдустонаи худро мехост баён намояд, монеъаги эъчод мекарданд ва суханхои дурандешона ва хирадмондонаи устод, ки бахри харчи зуддар ба даст овардани истиклолияти Чумхурии Точикистон равона шуда буд гуш намедоданд. Сесияхои Шурои Оли дар он зомонхо бо тарики телевизион нишон дода мешуд ва албатта ин сабтхо дар бойгони мавчуданд. Абдучаббор Сатторов умуман дар бораи истиклолияти давлат тасаввурот надошт. ва бузург нишондодани хеш баъд аз 22 соли истиклолият аз руи инсофу чавонмардию хоксори нест. Мардуми шарифи Точикистон аллакай хеле зирак, худшинос, нуктасанч, хубу бадро фарккунанда шудаанд ва мардуми асили кишвар бояд дар атрофи рохбарияти сиёсии кунунии кишвар, ки мехоханд зиндагии мардуми кишвар чавобгуи даврони истиклолият бошад саю кушиши бузург ба харч медиханд, мутахид шуда барои пешравии Точикистони азизу ягона камар бандем. Ва ман боварии комил дорам, ва бо дастгирии Худои бузургвор бо гузаштани начандон вакти зиёд номи Тохири Абдучаббор мавкеъи аслии худашро сазовор мегардад. Дар охир гуфтаниям, миллати Бузурги точик махз туфайли фарзандони фарзонаи худ мисли Тохири Абдучаббор ва садхо дигарон бузургони худро кадршиноси менамоянд ва галабаи хакикат дар дили мардуми азизи мо боз мехру мухаббатро барои зиндаги, пешравии кишвар ва ояндаи дурахшони Точикистони азиз кавитар менамояд

Ном: Нусратулло аз: Новосибирск
07.09.2013 17:27
Посух
Харчанд дар дил як зумра миллатпарастхо будем, лекин дар дил орзуи чудошави аз СССР- ро надоштем. Истиклолият барои мо тасодуф аз осмон афтод. Лекин Тохири Абдучабор ва чанд нафари дигар андешахои милли доштанд. Ин андешахо ба гуши Абдусаттор Чаборов баринхо намефорид. Онхо инро бояд дарк кунанду хомуш бигарданд.
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
Пешӣ   Баъдӣ 
Ном: Шахрванди Точикистон аз: Кургонтеппа
07.09.2013 18:01
Посух
Хамон солхо нагз дарёд дорем донишчу будем барои истиклолият факат Т Абдучабборов А Сохибназаров К Аслонов ки онвакт Раиси Шурои Оли буданд сахт пофишори мекарданд аммо К Махкамов Г Афзалов Ахмедов ва дигарон ки аксарият аъзоёни Хизби кумунист буданд ба мукобили истиклолият буданд азончумла Табаров .Имруз ин "кахрамонхо " худро хиссагузори истиклолият мегиранд Онхое ки бахри истиклолият мубориза бурданд холо дар кайди хаёт нестанду ин самозванцхо худро кахрамону муаллифи истиклолият мегуянд Господа у вас совесть есть ?

Ном: Абдукодир аз: Россия
07.09.2013 19:56
Посух
Авалан мардуми точикро ба истиклол табрик мегуям. Дувум истиклоли Точикистон хидмати Горбачев ва Елсин буд на Тохири Абдучабор ва диагр бузургмардони точик. Мо нахостем ку ёд доред 99 фоиз ба чи овоз дода буд. Ба мо муфт, мачбури ин истиклолро доданд. сеюмаш аз байн 200-300сол нагузаштааст-ку

Ном: мухлис аз: Душанбе
07.09.2013 21:32
Посух
Тохири Абдучаббор ифтихори миллати точик аст. У вакте ки дар ичлосия точикона сухан мегуфт ин зумра одамоне, ки даъвои эъломияи истиклолиятро доранд шарм накарда боз мегуянд хидмати мо аст. Шумо А.Чабборов камтар инсоф кунед. Шумо зидди арзишхои милли будед. Хатто шумо забони давлатии точики будед. Таърих худаш бахо медихад.

Ном: Кач шину аз: рост гап зан
07.09.2013 22:36
Посух
Чи ин кадар шарм накарда ба ин Истиклолатон мефахред аз рузе ки истиклолиятро ба даст овардед аз хамон руз халк саргардон хаст то хол мардум гарибу дар ба дару гуломи дигарон шудааст.то ба даст омадани истиклол зиндаги хама як буд.Бо як маош зиндагиро хаматараф пеш мебурдед.Хамин одамоне ки шумо васфашон карда истодаенд сарчашмаи хама ин саргардонихоянд.Агар инхо намебуданд шояд имруз 2-милион точик дар ба дар намешуд. Бо эхтиром кач шину рост гап зан.

Ном: ШЕРАЛИ
07.09.2013 23:36
Посух
Қаҳрамони асил ва миллии Тоҷик ба назари банда Тоҳири Абдуҷабор, Yстод Саид Абдулоҳи Нyри, Аслиддин Соҳибназар ва мешавад номи Yстод Тyраҷонзодаро ҳам инҷо овард. Инҳое ки давои қаҳрамони доранд интиқлолро бо зури силоҳи Русy Yзбак дуздиданд.

Ном: rustam аз: dusanbe
08.09.2013 11:23
Посух
Tarigai rahmat va shoistai jannat kunad ustodrro khudo gunohoyshro bakhsad.khizmati kalone baroi istigloyti tojikiston ardast u in rejimro gairi konuni medonist va durust ham meguft.bo ihtirom Rustam agzoi Rastokhez.

Ном: Шахточ аз: Москов
08.09.2013 13:46
Посух
Озодфикрони(демократхои)солхои 1990 ки яке аз онхо Тохири Абдучаббор буд. одамоне буданд ки истиклолияти Точикистонро пеш аз дигар давлатхо ба дуне эълон карданд.Аз аввалинхо шуда забони модарии моро давлати карданд.Аз руи инхо дуне Точикистонро шинохт.Онхо на махалро на кавмро мепарастиданд балки миллатро .миллати Точикро.Бо точикони дуне (точикони Узбакистон.Афгонистон .Чин.Киргизистон)забон ефтанд.Вале онхоро нагузоштанд ки идеяхои худро амали кунанд.Душманони миллат.бо шуравипарастхо ва коммунистхои (ки хозир худро демократ ном ниходанд)он замон чанги шахрвандиро барангехтанд ва миллатро (зиеени моро ки магзи миллат буданд ба зуди ва осони нест карданд.Сад хайф......

Ном: Сорбони Ошик.РФ аз: Вилояти Амур,байни обхо.
08.09.2013 15:21
Посух
Муаллифи навиштахои сатрхову таснифоти истиклолияти Точикистон устод Тохири Абдучаббор буданд.На шодравонхо Хувайдуллоеву Аслонов.Рахматии Хувайдуллоев хам инсони донишманду равшанфикр буд.Лекин амбицияи сиёсиаш ба чониби коммунистхо буд.Ягон коммунист,чонибдори истиклолияти точикистон набуд.Зеро рахматии Н Хувайдуллоев,гаравгони парлумони коммунистии РСС Точикистон буд.Ба хар хол у он солхо Прокурори Генералии РСС Точикистон,генерал-майори адлия буд.Ва дар курсии чунин вазифа нишастан ба парлумон вобастаги дошт.Чонишини раиси шурои парлумон ва баъдтар муваккатан раиси шуро рахматии Кадриддин Аслонов хам хеч ягон муносибате ба мухокимаи лоихаи навиштаи Т Абдучабборов низ надошт.У ин хуччати мухимро аз руи вазифааш имзо карда буд.Вале пешдастиро акнун мо боз аз чониби вакилони парлумони коммунистии Точикистони шурави мебинем.Холо боз каме гузарад,тамоми коммунистхои кухансоли Точикистон даъво мекунанд,ки онхо хама тарафдори истиклолияти Точикистон буданд.Хатто,Адолат Рахмоноваву,Рахмону Мирзоалиеву Амиршоеву Афзалову Достиеву Табаров аз минбархо баланд мегуянд,ки онхо на танхо тарафдор ,балки мубуроиза бурдаанд.Боз даъвои ордену медалу унвонхо хам мешаванд.Ана баъд "ситоаборон"ро мебинем-дия.Бозор Собир демократ буд,озодихох буд,холо бошад,боз зидди истиклолияту чонибдори Ленину СССР гардид.Ситораи 3-ро гирифт.Баъди интихоби Рахмон ба президенти ,ситораи 2-ро мегирад,баъд дар рузи чашни 75-солагиаш ситораи 3-ро гирифта Америка меравад.Боз баръакс чунин пирони "бохирад" пайдо мешаванду мегуянд,ки мо дар вакташ хато кардем,ки зидди истиклолияти Точикистон будем.Зинда бод истиклолияти Точикистон гуфта,ашк хам мерезонанд.Фаромуш кардаанд,Россия пеш аз Точикистон,яъне 1-солу 3-мох пештар истиклолияти худро аз СССР эълом карда буд.Агар СССР дар Белоруссия пош намехурд,Точикистон то холо хам истиклолиятро намехост,аникаш хамон пирони обу тоб ёфтаи коммунист сади рох мешуданд.

Ном: Беном аз: Душанбе
08.09.2013 15:32
Посух
Солхои 1990-ПАТЕНЦИАЛИ АКЛИИ МИЛАТ хамаш дар Точикистон буд.Лекин душманони миллат зиракирро аз даст надода тез пеши рохи онхоро гирифтан ба хар восита онхоро пароканда карданд дар натича мо 100-солахо кафо мондем .Патенциали акли миллат ин нишонаи якуми пешравии давлат мебошад-пул мол иктисодиёт сиёсат ин хамааш гапхои дуюмдарача мебошанд ва ба осони ёфт мешаванд.Афсус100солахои дигар тарбия кардан даркор мешавад.Ба умеди ягон кас шудан даркор нест факат хондан ва тарбия кардан даркор аст фарзандонро то патенциали аклии миллатро баркарор кунем.

Ном: рачаб аз: душанбе
08.09.2013 19:15
Посух
ИСТЕД!!! Адусаттор Ҷаббороваш кист? Барои Истиклолият вилоятхои Кулоб ва Ленинобод зид баромада буданд. Дар ёдам хаст.
Дар посух
Ном: Софназар аз: точикистон
08.09.2013 22:19
Посух
Ачаб мо мардуми кунчковем дустон О чи лозим аз киву аз чи огоз шудааст ин неъмат Мо магар шукри неъмат дорем? Мо хама гунахкорем, ки дар талоши аз ману аз туву аз у гуфтанхо холи ин миллатро хароб мекунем Дар сари ин мавзу андешарони доштам ки Устод Валичон Акбари вориди
дафтари кориам шуданд ва Тохири Абдучабборо яке тарафтори шаддиди истиклолу озодии миллат Ватан буд Бале ман чонибдори ин андешахои устод хастам ва он даврахо дар телевизион барномахои озоди озодихохии миллату Ватан садо медод Ва анкариб 90 фисади ахли калами кишвар сарпояндахои хушзавки номи дар баробари
Тохири Абдучаббор ба миён вожахои,, мероси ниёгон'' ''хештаншиноси" ,,хуввияти милли'' ,,эхёи эхёхо,,......... бештару бештар ба забон меоварданд Холо бошад таърих хеч гох фарзандони хизматкардаашро фаромуш накунад Дар ин боб набояд нигарон буд Адлу инсоф галаба дорад ва рузи галабааш номи фарзонафарзандонаш аввал кадрхохи гардад Акнун имруз чи корхоеро бояд тахрези кунем ва шояд худи мо хам гунахкорем ки ва хам намеоем ва мушкилихои чомеаро барои бартараф кардан тамошобинем Киро тамошо мекунем? Мансабдоронро? Онхо пул дорад гами хонаводаашонро хурдаанд Холи мардуми бечора ва тифлакони масъум пирони асобадасти рохгумзадаро ки мехурад ?!!!! Эй мардуми азизи кишвар !!!! Дилам абгор шудааст аз точик тавлид шуданам ва ин холро дар кучаву бозор диданам ва аз кутахдастихоям ки натаванам хамаро даст гирам Холи мардуми кишвар хароб фикр доред?!!!!!! Холи занхои шавхармухочир хароб ! Холи фарзандони падармухочир хароб! Модарони рохпои пули писармухочир хароб!!! Дигар бас аст !!! Дигар мо чиро интизор ?!!! Чаро ба хам намеоед?!! Чаро ростон хасраткарину качравон болонишин?!!! Чаро таърих такрор мешавад ба сари ин миллати сарсахт?!!!!
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
Пешӣ    
Ном: Хайридин аз: Душанбе
09.09.2013 06:40
Посух
Ин бахс ба бахси оё 2 х2 =4 аст? монанд аст.Мо агр имруз дар 22 сол кундзехну фаромушхотир бошем пас соли 2050 наслхои баъди муалифи эъломияи Истиколоиятро Ислом кармов ва шушкевич хоханд гуфт.бародарон холо хам дар бойгони сабти овози Устод Тохири Абдучаббор мавчуд аст.Ин идеяи Растохез буд аамо дар кадом машинка чоп карданд,кадом котимба ба мачлис бруд мухим нест.Истиклоият ягона моли зехнии Растохез аст...

Ном: Салими Сармаст аз: Растохез
09.09.2013 16:33
Посух
Истиклолияти "Растохез" бо гуфтор, рафтор ва пиндори нек буд. Истиклолияте, ки имруз дорем шабех бар мусулмонии Хоча Хофизи Шерозист.
Мусулмони гар аз он аст, ки Хофиз дорад,
Ох агар аз паси имруз бувад фардое.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?