http://tajikam.com

Эъломия дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон PDF Чоп
Муаллиф: Тоҳири Абдуҷаббор   
09.09.2013 22:15

Чун дар рӯзҳои ҷашнгирии истиқлолияти Тоҷикистон баҳсҳо дар мавзӯи аз ҷониби кӣ навишта шудани Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон дар сафҳаҳои воситаҳои ахбори омма доир гардид, мо лозим донистем, ки матни лоиҳаи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро, ки Тоҳири Абдуҷаббор беш аз як сол пеш аз қабули Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон дар замони шӯравӣ  навишта буду дар ин кор ҳамсафонаш ҳам ширкат доштанд, пешкаши Шумо гардонем. Нуктаи дигаре, ки қобили таваҷҷуҳ аст, ин ки нукоти ин Эъломия имрӯз пас аз 22 соли истиқлолият то чи андоза пазируфта ва иҷро гардидааст...

Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мутобиқ ба иродаи халқи Тоҷикистон, аҳкоми нормаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, арзишҳои умумиинсонӣ, принсипҳои демократия ва ҳаққи худмуайянкунии миллатҳо, ба мақсади эҷоди далати демократии ҳуқуқбунёд, таъмин намудани озодию комилуқуқии халқи тоҷик, ҳар фарди ҷомеа ва эҷоди заминаи мусоид барои пешрафту тараққии Тоҷикистон ба намояндагӣ аз ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ эълон менамояд:

1. Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон давлати мустақил ва соҳибихтиёр мебошад.

 

2. Сарзамини ҶШС Тоҷикистон ва ҳудудҳои он дахлнопазир ва ғайри қобили тақсим буда, бидуни иродаи халқ наметавонад тағйир дода шавад.

3. Тамоми сарзамини Тоҷикистон, фазои ҳавоию сарватҳои табии он ба шумули замин, об, ҷангалҳо, конҳо ва ғайра, ҳамаи корхонаҳо , муассисаҳо, идораҳо, бонкҳо ва инфраструктураи иқтисодию иҷтимоии дар қаламрави Тоҷикистон воқеъшуда моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Истифодаи сарватҳои табиӣ ва фаъолияти корхонаҳою муассисоти ҷумҳурӣ танҳо мутобиқи қонунҳои Тоҷикистон сурат мегирад.

ҶШС Тоҷикистон дар моликияти умумииттиҳодӣ саҳми худро гузоштааст ва ҳақ дорад, ки аз он моликият, аз ҷумла аз хазинаҳои алмосу тилло ва захираи пулӣ (валютаи) хориҷии ИҶШС ҳиссаи худро дарёфт намояд.

ҶШС Тоҷикистон ҳамаи шаклҳои моликиятро таҳти ҳимоя қарор дода, баробарҳуқуқӣ ва рушди озодонаи онҳоро таъмин менамояд.

4. ҶШС Тоҷикистон бонки миллӣ ва силсилаи бонкҳои ихтисосиро таъсис намуда, мустақилона сиёсати андоз, қарз, нарху наво ва гумрукии худро танзим ва амалӣ месозад ва ҳам агар лозим шавад, воҳиди пули худро ҷорӣ менамояд.

Муассисаи олие, ки танзими системаи молӣ ва қарзро ба ӯҳда дорад, Бонки миллии ҷумҳурӣ мебошад, ки он танҳо ба Шӯрои Олии Тоҷикистон тобеъ аст. ҶШС Тоҷикистон ҳамчунон дар ташкил ва истифодаи буҷети худ комилан мустақил аст. Зимнан ташаккулёбии буҷетҳои маҳаллӣ ва давлатии Тоҷикистон «аз поин ба боло» сурат мегирад, яъне ҳамаи корхонаҳо ва муассисот як қисми даромади худро ба буҷети ҳамон маҳале месупоранд, ки дар он ҷо воқеъ шудаанд.

5. Давлати ҶШС Тоҷикистон сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона тартиб, танзим ва амалӣ менамояд, дар интихоби шеваи зиндагӣ, роҳҳои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии хеш, дар танзими муносибат ва робитаҳои байналмилалӣ комилан соҳибихтиёр мебошад.

6. ҶШС Тоҷикистон асноди мӯътабари ҳуқуқи байналмилалиро, ки муттакӣ бар арзишҳои волои умумибашарӣ мебошанд, таъйид ва эҳтиром намуда, қонунҳои худро бар асоси онҳо бо дарназардошти ирода ва манофеи халқ танзим месозад.

7. Қонунҳои Тоҷикистон дар саросари қаламрави ҷумҳурӣ нофиз мегардад ва барои ҳамаи сокинони он ҳатмӣ мебошад. Қавонин ва қарорҳои Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо баъд аз тавассути Шӯрои Олии Тоҷикистон тасдиқ шуданашон, дар ҷумҳурӣ нофиз мегарданд.

8. ҶШС Тоҷикистон муносибати сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳамкориҳои илмиву техникии худро бо ҷумҳуриҳои иттиҳодӣ ва дигар давлатҳои ҷаҳон бар асоси муоҳидаҳо ва созишномаҳои дуҷонибаву бисёрҷониба, ки бар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва адами мудохила ба корҳои якдигар тартиб ва ақд мегарданд, рушду тавсеа медиҳад.

9. ҶШС Тоҷикистон якҷо бо дигар ҷумҳуриҳои бародар, ки ҳамчунон давлатҳои мустақил ва соҳибихтиёр мебошанд,бар асоси як созишномаи ҷадиди Иттиҳоди ҷумҳуриҳои Шӯравии сусиёлистӣ, яъне иттиҳоди давлатҳои мустақил ва соҳибихтиёрро ташкил медиҳад.

10. Дохил шудан ба Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои (давлатҳои ) шӯравӣ ва берун шудан аз он барои ҳар як ҷумҳурӣ комилан ихтиёрӣ буда, бар асоси майлу ирода ва хоҳиши халқи ҷумҳурӣ сурат мегирад. Иродаи мардум дар ин бобат аз тариқи гузаронидани референдуми умумихалқӣ муайян карда мешавад.

11. ҶШС Тоҷикистон давлати демократии ҳуқуқбунёд буда, дар он тамоми қудрати давлатӣ ба халқ тааллуқ дорад ва халқ онро( қудрати давлатиро) бевосита ва ҳам аз тариқи намояндагони худ амалӣ месозад.

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон (сарфи назар аз миллаташон ) халқи тоҷикро ташкил медиҳанд. Халқи тоҷик соҳибихтиёр ва манбаи ягонаи қудрати давлатӣ мебошад. ҶШС Тоҷикистон давлати миллии халқи тоҷикро ҳимоя ва ҳифозат мекунад.

Дар ҶШС Тоҷикистон ҳеч гуна ҳизби сиёсӣ, созмон, ташкилот ва ё гурӯҳи иҷтимоӣ ҳақ надорад, ки қудрати давлатиро инҳисор намояд, ҳукуматро ба даст гирифта , болои халқ фармонравоӣ кунад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ танҳо дар сурате қобили эътибор, қонунӣ ва босалоҳият маҳсуб мегардад, ки агар бо роҳи қонунӣ аз тарафи халқ интихоб шуда бошад ва ҳамеша дар хидмати халқ буда, иродаю хостаҳои онро амалӣ созад.

Ҳар гоҳ ҳукумати мавҷуда аз хислатҳои мардумӣ орӣ гардад, принсипҳои демократиро поймол намуда, иродаю манофеи мардумро ифода накунад, ва ё умури давлатиро ба таври бояду шояд идора ва иҷро карда натавонад, дар он сурат халқ метавонад чунин ҳукуматро барканор созад ва ба ивази он ҳукумати дигареро , ки ҷавобгӯи хостаҳою армонҳои мардум бошад, интихоб кунад.

12. Ба манзури таъмин намудани демократия ва адолати иҷтимоӣ муқаррар мегардад, ки :

а) як нафар шаҳрванд ҳақ надорад, ки дар як вақт ба беш аз як шӯрои намояндагони мардум интихоб гардад;

б) як нафар шаҳрванд набояд дар як вақт мансабҳои давлатӣ ва ҳизбиро ишғол намояд. Ашхосе, ки ба мансаби давлатӣ интихоб мешаванд, бояд ғайриҳизбӣ бошанд(агар узви ҳизб бошанд, баъд аз интизоб шудан ба вазифаи давлатӣ бояд аз ҳизб хориҷ шаванд) , то битавонанд манофеи тамоми мардумро ҳимоя кунанд, на иродаи кадом як ҳизб ё гурӯҳеро;

в) дар органҳои идораи давлатӣ, дар урду, Вазорати корҳои дохилӣ, Комитети бехатарии давлатӣ, дар системаҳои додгустарӣ(маҳкама ва прокуратура), маориф, илм, маданият ва дигар соҳаҳое, ки фаъолити онҳо ба зиндагии тамоми аҳолӣ аъсир дорад, ташкилотҳои ҳизбӣ мамнӯъ мебошад.

13. Дар ҶШС Тоҷикистон органҳои қонунбарорӣ, иҷроия ва додгустарӣ аз ҳам ҷудо мебошанд. Органҳои додгустарӣ( маҳкама ва прокуратура) фақат тобеи қонун мебошанд ва бо риояти аҳкоми қонун ва адлу инсоф фаъолият менамоянд.

14. Прокурори Тоҷикистон аз тарафи Шӯрои Олии Тоҷикистон таъин мгардад ва риояту иҷрои қонунҳои ҷумҳуриро назорат менамояд.

15. Дар ҶШС Тоҷикистон урдуи миллӣ эҷод мегардад ва ҷавонони Тоҷикистон хидмати аскариро асосан дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон адо менамоянд.

16. Неруҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон (урду, ВКД, КБД) аз сиёсат ва идеология комилан ҷудо мебошанд .Вазифаи муқаддас ва ягонаи урду муҳофизати Ватан аз ҳамлаю таҷовузи неруҳои хориҷӣ буда, истифодаи он бар зидди халқи ҷумҳурӣ қатъиян мамнӯъ мебошад.

Вазорати корҳои дохилӣ ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятиро бар ӯҳда дорад.

17. Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, тамоми органҳои ҳукумат ва идораи давлатӣ , корхонаҳо, муассисаҳо ва ҳизбҳои сиёсию созмонҳои ҷамъиятӣ ба шумули ташкилотҳои динӣ мутобиқи  аҳкоми Қонуни Асосӣ в дигар қонунҳои Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд ва таҳти ҳимояи қонун мебошанд.

18. Дар ҶШС Тоҷикистон ҳамаи созмонҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва ҳаракатҳои мардумӣ комилан баробарҳуқуқ мебошанд ва ба онҳо барои иштирок кардан дар умури идораи давлат имконияти баробар фароҳам оварда мешавад.

19. Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар ҷумҳуриҳои иттиҳодӣ аз тамоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои дар Қонуни Асосии Тоҷикистон ва дигар асноди мӯътабари ҳуқуқи байналмилалӣ пешбинишуда, аз ҷумла, озодии ақида, сухан, матбуот, митингҳо, роҳпаймоиҳо, гирдиҳамоиҳо, озодии дину мазҳаб ва иҷрои маросими динӣ, рафтуомади озод ба ҷумҳуриҳои бародар ва кишварҳои хориҷӣ ва ғайра бархурдор мебошанд ва ҳукумати Тоҷикистон риояти онҳоро тазмин менамояд.

20. Ҳуқуқ ва масъулиятҳои шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон бар асоси созишномаҳо ва нормаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунҳои Тоҷикистон муайян карда мешавад.

21. ҶШС Тоҷикистон риояти ҳуқуқҳои гражданӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии намояндагони миллатҳои ғайритоҷикро , ки дар Тоҷикистон сукунат доранд, таъмин менамояд.

ҶШС Тоҷикистон ҳуқуқ ва манофеи шаҳрвандони худ ва ҳамаи тоҷиконеро, ки берун аз қаламрави ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳимоят карда, ба онҳо ғамхорӣ менамояд.

22. Ҳеч касе ҳақ надорад, ки афроди ҷомеаро бар хилофи қонун гунаҳкор, боздошт ё ҳабс намояд. Ашхосе, ки бидуни риояти аҳкоми қонун, худсарона фармон содир мекунанд ва ё онро иҷро мекунанд ва ҳама онҳое, ки аҳкоми қонуниро бо тарзу шеваҳои ғайриқонунӣ ва дур аз ахлоқи инсонӣ иҷро мекунанд, шадидан ҷазо дода мешаванд.

Зимнан шаҳрвандони Тоҷикистон муваззафанд, ки талабу муқтазиёти қонунии органҳои салоҳиятдори давлатиро бидуни муқовимат иҷро намоянд.

23. ҶШС Тоҷикистон эҳёи фарҳанги миллии халқи тоҷик, расму ойин ва анъанаҳои неки таърихии онро таъмин намуда, истифодаи васеъ ва биломонеаи забони форсии тоҷикиро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият тазмин ва амалӣ месозад.

ҶШС Тоҷикистон масоили марбути тараққиёти маориф, илм ва фарҳанги миллии худро комилан мустақилона ҳаллу фасл менамояд ва ба ҳамаи миллатҳои ғайритоҷик, ки дар ҷумҳурӣ сукунат доранд, ҳаққи рушди озодонаи фарҳанги миллиашонро тазмин менамояд.

Ҳамаи ёдгориҳои таърихӣ ва арзишҳои маънавию осори фарҳангии дар қаламрави Тоҷикистон воқеъшуда моликияти халқи ҷумҳурӣ мебошад. ҶШС Тоҷикистон ҳақ дорад, ки осори таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷикро, ки ба мулкҳои дигар бурда шудаанд, ба халқи тоҷик баргардонад.

24. ҶШС Тоҷикистон сиёсати бетарафии фаъолро ихтиёр намуда, дар ҳеч гуна блокҳои ҳарбию низомӣ ширкат наменамояд. ҶШС Тоҷикистон худ силоҳи зарравӣ истеҳсол намекунад, аз дигарон онро намехарад ва намегузорад, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ силоҳи зарравӣ ҷойгузин шавад.

25. ҶШС Тоҷикистон тарафдори принсипҳо ва нормҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳаллу фасли ҳама гуна ихтилофот аз роҳи музокироти сиёсӣ буда, ҳуқуқ, озодӣ ва истиқлолияти ҳамаи халқҳо ва кишварҳоро эҳтиром менамояд ва ба хотири сулҳу осоиш ва дӯстию бародарӣ ва пешрафту тараққӣ дар саросари ҷаҳон талош меварзад.

26. Қонуни Асосӣ ва дигар қонунҳои ҷадиди Тоҷикистон ва созишномаи ҷадиди Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бояд дар асоси нукоти дар эъломияи мазкур зикршуда тартиб ва танзим шаванд.

Дар таҳияи лоиҳа инҳо ширкат варзиданд:

Х. Ҳомидов – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ҷонишини вазири адлия;

Т. Абдуҷабборов – номзади илмҳои иқтисодӣ, депутати халқи Тоҷикистон , ходими калони илмии Институти қувваҳои истеҳсолкунандаи АИ Тоҷикистон;

А. Холиқов—номзади илмҳои таърих, устоди ДДТ;

Ш, Юсуфов—номзади илмҳои фалсафа , ходими калони илмии Институти фалсафаи АИ Тоҷикистон;

Х. Ҳабибуллоев –номзади илмҳои физикаю математика, мудири шӯъбаи консерни «Хидмат»;

Б. Мақсудов—номзади илмҳои физикаю математика, устоди ДДТ;

Р. Мусулмонқуов—доктори илмҳои филология, профессор, устоди ДДТ;

Б. Собир—шоир, депутати халқи Тоҷикистон;

С. Абдулло—номзади илмҳои филология, ходими илмии Институти ховаршиносии АИ Тоҷикистон;

Н. Зиёев—муаллими калони ДДОТ.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?