http://tajikam.com

Аҳмадшоҳ Масъуд чӣ гуна марде буд? PDF Чоп
Муаллиф: Икром Андешаманд   
09.09.2013 22:43

Бознашр аз торнамои “Тоҷикам”

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Дар рӯзи ёдбуди сипаҳсолори номвари тоҷик Аҳмадшоҳ Масъуд мо чанд матлабро дар бораи ин бузургмарди таърих ба нашр расонида, ба равони покаш дуруд мефиристем.

Аҳмадшоҳ Масъуд марде бо қади мутавассити моил ба баландӣ буд. Пӯсти гандумии соф ва рӯшан дошт, чашмони сиёҳи тезбини нофиз ва кунҷковаш назари ҳар бинандаеро ҷалб мекард. Дорои сари бузург бо мӯйи муҷааъди анбӯҳ ва сиёҳ буд, ки дар солҳои ахир сафедиҳое дар миёни мӯйҳояш ба чашм мехӯрд.

Бинии уқобӣ ва рӯйи устухонӣ дошт. Бадани моҳичадор ва азлонӣ , шона ва синаи фароху паҳн ва шиками фурӯрафта дошт. Дар маҷмӯъ рехти зоҳириаш зебо ва ҷаззоб буд. Дар либос пӯшидан босалиқа ва пок менамуд. Либосҳои рӯшан ва бештар ранги кремии мутамоил ба хокӣ ва ранги обии рӯшанро меписандид. Дар тамоми рӯзҳои даврони ҷиҳоду муқовимат ва айёми кори расмӣ дирешии низомӣ ба ранги хокистарӣ ва ё сабзи камранг ба тан дошт. Доим ба сараш кулоҳи пакул мегузошт,ки ба як тарафи сар тамоил пайдо мекард.

Бештари авқот(вақт), бахусус, дар даврони ҷиҳод ба гарданаш дастмол меовехт. Дар либос пӯшидан, сухан гуфтан ва ҳаракоти хеш аз касе тақлид намекард. Баръакси атрофиён, ҳамразмон ва касоне, ки ҳатто аз наздик ӯро надида буданд, кӯшиданд то аз ӯ тақлид кунанд. Забони модариаш форсӣ буд, ки онро бо лаҳҷаи хоси дар ҳам омехтаи панҷширӣ ва кобулӣ сӯҳбат мекард. Ба забони фаронсавӣ ба роҳатӣ сухан мегуфт. Забонҳои пашту ва урдуро мефаҳмид. Ба забони арабӣ ошноие дошт. Ба варзиш алоқаманд буд. Варзиши субҳгоҳиро тарк намекард. Варзишҳои бокс, таеквандо, футбол, волейбол ва шиноро ёд дошт ва гоҳе дар авқоти фароғат ба футбол ва шино мепардохт. Аз рангҳо ранги обӣ ва аз ғизоҳо шӯрбо( обгӯшт), аз меваҳо себ ва аму ва аз силоҳи дастӣ калашникуфро бештар меписандид. Дар роҳ рафтан бо тундӣ ва устуворӣ қадам мебардошт. Дар мусофиҳа(масофа)  даст медод ва камтар оғӯш боз мекард. Аз рӯйбӯсӣ ба ҷуз дар мавориди истисноӣ, ки маҷбур намешуд, иҷтиноб меварзид. Ба атфол(кӯдакон) шафқат ва меҳрубонӣ дошт. Бо бузургон ва аҳли илму фазл боэҳтиром ва бо тавозӯъ бархурд мекард. Ҳеч гоҳ дар ҳолати хашму ғазаб сухани носазо, фаҳш ва дашномро ба забон намеовард. Ҳарчанд ки дар мавқеи қаҳру хашм муҷрим ва хатокореро ба дасти худ мавриди латту кӯб қарор медод, бо дӯстону ёронаш самимӣ буд ва дар баробари душманон гузашт ва мадоро дошт. Бо асирони душман бархурди неку башардӯстона менамуд ва дар нигаҳдории онҳо ҷиддан усули ахлоқиро риоят медошт. Дар бархурд бо омм мардум бо кушодарӯӣ ва дур аз тазоҳур амал мекард. Амали зишт ва хилофи қонун ва масолеҳи оммаро тақбеҳ менамуд ва омилинашро бад медид. Аз ситамгару ситам ва аз фасоду беадолатӣ танаффур дошт ва дар баробари зулму беадолатӣ ба шиддат меистод ва мухолифат меварзид, тазоҳур ва риёкориро намеписандид. Тамаллуқро накӯҳиш мекард. Дар анзори(назари) омм камтар зоҳир мешуд. Гапу каломаш ҳамеша шаффоф ва кӯтоҳ буд. Истилоҳи “ҷони гап”- ро дар гуфтугӯ бо тараф ба кор мебурд. Бо ихтисору рӯшанӣ “ҷони гап”- ро ба мухотаб ироа мекард ва аз мухотаб низ мехост то “ҷони гап”- ро бигӯяд. Гапи тарафро бо диққат мешунид. Дар гуфтугӯҳо ва пурсишҳо бисёр ҳозирҷавоб буд. Қудрати дарку фаҳмишаш дар сатҳи олӣ қарор дошт. Барои афроде, ки дар пойи каломаш менишастанд, шахсияти ҷозиб ва қобили эътимод маҳсуб мешуд. Савлат ва салобати шахсияташ мухотабро таҳти таъсир ва нуфуз мегирифт. Ҳар касе, ки ба ӯ наздик мешуд, худро дар афору ормон бо ӯ ҳамоҳанг эҳсос мекард, аз ҳамроҳиву итоаташ лаззат мебурд ва ба ваҷд меомад. Шуҷоат , пушткор ва пойдории аҷиб ва шигифтангезе дошт. Ҳеч гоҳ бе рӯҳия ва ноумед намешуд. Ирода ва тасмими маҳкам ва ғайри қобили тасхир дошт. Дар баробари масоил бо ақлоният бархурд мекард. Аз пазириш ва амал бар мабнои отифа ва эҳсосот дурӣ меҷуст. Аз ҳамин ҷиҳат дар умури низомӣ ва фаъолияти муҳорибавӣ ба кори иттилоотӣ ва кашф аҳамияти асосӣ медод. Дар натиҷаи ин равиш шабакаи иттилоотии бисёр нерӯманд ва муназзамро ба вуҷуд овард. Ба шӯро ва машварат аҳамияти ҷиддӣ медод. Ва ағлабан бидуни машварат ва диққати амиқ ба кор ва амале иқдом намекард. Ба китоб ва мутоила дилчаспӣ ва алоқаи вофир дошт. Дар ҳар ҳолате китобро бо худ интиқол медод ва аз ҳар фурсате барои мутолиа истифода мекард. Мубоҳиса ва мунозираҳои илмӣ, сиёсӣ ва адабиро бо донишмандон ва рӯшанфикрон меписандид. Ба шеъри форсӣ алоқаманд буд ва девони Ҳофизи Шерозиро аксаран бо худ дошт.

Одами сахт мутадаййин ва парҳезгор буд. Динро омили раҳбарӣ ва камоли шахсияти инсон талаққӣ мекард. Намозҳои панҷгонаро дар вақташ бо ҷамоат адо менамуд. Ҳамеша бо вузӯъ ба сар мебурд. Қабл аз рафтан ба хоб шабона намози таҳҷид мехонд. Бо таъбирҳои ифротгароёна ва мутаҳаҷҷирона аз ислом мухолиф буд. Исломро дини мӯътадил мепиндошт ва ба тавоноӣ ва нақши ислом дар камолу саодати ҷомиа аз роҳи ҳифзу густариши арзишҳои ахлоқӣ таъкид мекард. Ӯ ба ташкили ҳукумати мӯътадили исломӣ ва миллӣ дар Афғонистон ва ҳамзистии мусолиматомез бо ҷомиаи байналмилалӣ ҳам мӯътақид ва ҳам мутааҳид буд. Суботи сиёсиро дар кишвар ба эҷоди як давлати миллии мумассили ирода ва хостаҳои одилонаи мардум дар пайванд медонист. Ҷиддан хоҳони як Афғонистони босубот ва муқтадир аз лиҳози сиёсӣ ва кишвари пешрафта ва шукуфо аз лиҳози иқтисодӣ буд.

Озодии мардум ва ватанашро ба шидат дӯст дошт. Ҳеч гоҳ истиқлолияти худ, масолеҳи мардум ва манофеи меҳанашро бо ҳеч бегонае ба созиш ва муомила нагузошт. Таҳаққуқи сулҳ ва субот дар Ватан, таъмини адолати иҷтимоӣ, рифоҳи мардум ва пешрафти кишвар ва эҷоди як Афғонистони муқтадиру мустақил орзуҳои дерину ҳамешагиашро месохтанд.

Ҳангоми шаҳодат 49 сол дошт. Бо духтари ёвараш Ҳоҷӣ Тоҷиддин дар даврони ҷиҳод дар соли 1366(1988) издивоҷ кард. Ин издивоҷ ба далоили амниятӣ дур аз анзори омма сурат гирифт. То замони шаҳодат соҳиби як писар ва панҷ духтар шуд.

.

 

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?