http://tajikam.com

Гулрухсор: Генералҳои шӯравӣ Масъудро дӯст медоштанд PDF Чоп
Муаллиф: Ибодуллоҳи ТОҲИР   
09.09.2013 23:11

Бознашр аз торнамои "Озодагон"

Фаришта Ҳазратӣ, узви анҷумани форсизабонони "Пайванд", яке аз наздикони Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд, бегонаситезию мустақил будан   ва озода зистан дар хуну устухони Аҳмадшоҳ буд. Ба гуфтаи Фаришта Ҳазратӣ "агар Масъуд зинда мебуд, имрӯз 42 кишвари ҷаҳон дар Афғонистон намебуд...

Дар ҳамоише бахшида ба 12-умин солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, ки дар меҳмонхонаи “Серена”-и Душанбе баргузор шуд, хотироти дӯсту душман аз ин абармарди тоҷик ва қаҳрамони миллии Афғонистон баён шуд.

Гулрухсор Сафиева, шоири саршиноси тоҷик, хотироти генералҳои шӯравиро аз Аҳмадшоҳи Масъуд зикр кард. Ин шоири тоҷик гуфт, “агар ман бигӯям, ки ду душмани аршади Аҳмадшоҳи Масъуд, дӯстони мананд, маро сангборон накунед. Ман се сол дар парлумони охири шуравӣ дар Кремл бо ин дӯстҳо кор кардам. Лекин инҳо ҳам қурбонӣ буданд, чун онҳоро ҳам аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг фиристода буданд. Якеи аз онҳо генерал-Руслан Аушев буд, ки баъд президенти ингушҳо шуд ва якеи дигараш Валерий Очилов, ки аз қавми қалмиқ буд. Ин Аушев, ки худаш мусулмон аст ва Очилов, ки будоист, ба Аҳмадшоҳи Масъуд бисёр эътиқод доштанд. Ӯро бисёр дӯст медоштанд. Ин генералҳо гуфтанд, боре Аҳмадшоҳи Масъуд барои наҷоти аскарони шӯравӣ, ки он замон бо онҳо меҷангид, дар роҳи баромадашон майдони минагузоришударо нишон дод. Ин генералҳо мегуфтанд, гарчанде бо Аҳмадшоҳ дар ҳоли ҷанг буданд, эҳсос мекарданд, ки ӯ як шахси сулҳхоҳ аст.”

Хонум Гулрухсор мег
ӯяд, на Аҳмадшоҳи Масъуд на Аушов ва ҳеч кас ҷангро намехоҳад: “Аслан ҷангро дар ҷаҳон то 50-100 нафар эҷод мекунад ва ҳамаи ҷангҳо ба хотири пур кардани чанд ҷайб аст, дигар хеч. Дар ин дунё ҳеч кас на зур асту на нотавон. Ҳар кас бо нафаси худаш зиндагӣ мекунад. Ман мехоҳам бигуям, ки мо ҳама барраи қурбонии замони худ ҳастем. Аммо Аҳмадшоҳи Масъуд барраи қурбонӣ набуд, вай инсоне буд, ки бо шарафи инсонияш тавонист, ки инсон будани худро нишон диҳад.”

Фаришта
Ҳазратӣ, узви анҷумани форсизабонони “Пайванд”, яке аз наздикони Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд, бегонаситезию мустақил будан ва озода зистан дар хуну устухони Аҳмадшоҳ буд. Ба гуфтаи Фаришта Ҳазратӣ “агар Масъуд зинда мебуд, имрӯз 42 кишвари ҷаҳон дар Афғонистон намебуд. Ман низ ба ҳайси як шаҳрванди Афғонистон аз будани кишварҳои хориҷӣ дар кишварам хушҳол нестам. Масъуд инро намехост ва фикр мекунам, ҳамин ҳам буд, ки Масъудро куштанд. Ӯ як фармондеҳе бесармоя буд. Шояд дар Панҷшер касе ба мисли падару падаркалони Масъуд сармоядор набуд. Аммо ӯ бо аскари худ ва бо мардуми худ баробар зиндагӣ карда ва ягон сармояе аз худ боқӣ намонд ба ҷуз номи нек, ки ин бузургтарин сармоя аст.”

Хонум Фаришта мег
ӯяд, баъди шаҳодати Масъуд дар Афғонистон ду маротиба интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дӯст ва душмани Масъуд бо акси ӯ раъйи мардуми Афғонистонро гирифтанд: “Имрӯз Масъудро фаротар аз марзҳои Афғонистон мешиносанд. Ман дар Аврупо ба сар мебарам ва тааҷҷуб мекунам вақте, мебинам, баъзеҳо дар деворҳои хонаҳояшон акси Аҳмадшоҳи Масъудро овезон карданд.”

Латифи Пидром, вакили парлумони Аф
ғонистон, яке аз ҳамнишинони Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд, навиштаҳои муҳақиқони ғарбро дар бораи Аҳмадшоҳ баргардон бояд кард то дӯстдорони ӯ бидонад, ки дар ғарб ӯро чигуна мешиносанд: “Аҳмадшоҳи Масъуд ғайр аз ин, ки як одами низомӣ буд, дар шеъру адабиёт низ беназир буд, зиёд мехонд, зиёд баҳс мекард ва зиёд гуфтугӯ мекард. Яке аз хусусиятҳои Масъуд ин буд, ки адабиётро хуб медонист ва Бедилро хуб мешинохт ва ашъори ӯро зиёд мехонд. Масъуд рӯи ирфони исломӣ низ бисёр одами бомаълумот буд. Ӯ як зумра навиштаҳое дорад, ки мутаасифона то ҳол мунташир нашудааст ва дар ихтиёри бародараш Аҳмадалӣ Масъуд аст.”

Бино ба
қавли Латифи Пидром, дар ин навиштаҳо ёддоштҳои шаҳид бо шахсиятҳои шинохта аст. “Ин нуқтаҳои бисёр муҳим аст, ки бояд дар ихтиёри аҳли умум қарор бигиранд, ки аз он ҷо пай хоҳем бурд, ки Масъуд сари мавзӯҳои мухталиф чӣ андешаҳое доштааст. Зимнан нависандаҳои аврупоӣ низ дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд навиштаҳои зиёде доранд, ки инҳоро бояд ба забони модарии Масъуд баргардон кард, то бидонем, ки ғарбӣ дар бораи Масъуд чӣ фикр мекунад.”-афзуд Латифи Пидром.

 

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?