http://tajikam.com

Масъуд ба ростӣ як тоҷик буд PDF Чоп
Муаллиф: Дарвеши Дарёдилӣ   
09.09.2013 23:34

Бознашр аз торнамои "Тоҷикон"

Баргардон аз хати форсӣ: Насибҷон Амонӣ

Тоҷик худаш як қавм аст, як мардум аст, як миллат аст. Тоҷик аз худ манофеъ ва хостаҳои хосе дорад, ки набояд зери по гардад. Мо ба сароҳат мегӯем, ки дар шароити кунунии Афғонистон, надоштани нигоҳи тоҷикмеҳвар, ба маънои худкушӣ аст барои тоҷикҳои он кишвар.

Инро ҳам пинҳон намекунем, ки яке аз ҷозибаҳои бузурги Масъуди қаҳрамон барои мо тоҷик буданаш аст.

Дувоздаҳумин солрӯзи шаҳодати солори шаҳидони роҳи ҷиҳод ва муқовимату озодихоҳӣ шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд(р.ҳ) ро ба ҳама инсонҳое, ки дар рӯи замин дӯстдори он марди бузург ҳастанд, табрику тасаллият мегӯем. Аз Худованд (ҷ) хоҳонем, ки рӯҳи Масъуди азизи моро ҳамеша шод дошта бошад. Барои бону Масъуд(ҳамсари он шаҳид) ва барои фарзандонашон сабру шикебоии бисёр орзу мекунам. Ранҷ ва андӯҳи аз даст рафтани Омир соҳиби бузургро фард - фард инсонҳои мусулмону озодихоҳ ва боэҳсосу боинсофи кишвари мо дар ин солҳо доштаанд, аммо ҳақиқат ин аст, ки ранҷу андуҳе, ки хонум ва фарзандони Омир соҳиб доранд, он чиро ки онҳо дар ин солҳо кашидаанд, ҳеч кас наметавонад ҳатто тасаввурашро ҳам кунад. Ҳамсар ва фарзандони Омир соҳибро кас надид, аз ҳолашон кас напурсид , аз назарҳо пинҳон буданд ва ба танҳоӣ бузургтарин ғами ҷаҳонро таҳаммул кардаанд. Ба он азизон дуруд мефиристем ва барояшон офарин мегӯем. Дуо мекунем, ки пас аз ин рӯйи ғаму мусибатро набинанд.

Мо ба номи номии Масъуди бузург (р.ҳ) ифтихор мекунем ва аз таҷоруби муборизотиаш меомӯзем. Сӣ соли ҷиҳоду муқовимати қаҳрамононаи тоҷик таҳти раҳбарии хирадмандона ва беназири Аҳмадшоҳ Масъуд (р.ҳ) беҳтарин дарсҳои роҳгушоро барои мо меомӯзонад. Миллати бузург ва силаҳшӯри тоҷик бо дастгирӣ аз таҷоруби пешгомони муҷоҳиду мубориз ва инқилобии хеш метавонад роҳи рӯшанеро барои расидан ба хостҳои одилонаи худ баргузинад. Дар паҳлӯи ибрози эҳосоту таҷлили отифӣ аз корномаҳои дурахшони шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд(р.ҳ) , мо ниёзи бисёр дорем ба ин ки таҷоруби ҷиҳоду муқовиматро ба сурати дуруст, дақиқ, илмӣ, ҳамаҷониба ва ниқодона(танқидӣ) шиносоӣ, бознигарӣ ва арзёбӣ кунем. Имрӯз ҳар касу ҳама кас бо ангезаҳои мухталиф ва бардоштҳои фардии худашон аз “Роҳи Масъуд” сухан мегӯянд, аммо ҳеч касе рӯшан насохтааст, ки “Роҳи Масъуд”, ба ростӣ, чӣ ва кадом аст? Ҳар кас барои дуруст ҷилва додани андешаҳо, рафторҳо, мавзеъгириҳо ва бархурдҳои шахсии худ “Роҳи Масъуд” мегӯяд ва он чиро, ки худ меандешад ва анҷом медиҳад, “Роҳи Масъуд” мехонад.

Дар ин солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуди қаҳрамон(р.ҳ) аз донишмандон ва хубрагони тоҷик таманно мекунем, ки нисбат ба ин масъалаи муҳим бетаваҷҷуҳ набошанд ва дар ҷиҳати шиносоӣ ва ҷамъбандии таҷоруби сӣ соли ҷиҳоду мубориза ва муқовимати мардуми мо аз ҳеч кӯшиш дареғ накунанд. Бо шахсияту андешаҳои Масъуди бузург (р.ҳ) , бо сӣ соли муборизаи миллати мо, танҳо ва танҳо бархурди эҳсосӣ ва отифӣ кардан ва ба тавсифҳо ва мадеҳасаро иҳои клишаӣ ва такрорӣ қаноат доштан, кори дуруст нест. Мо бояд фаротар аз ин биравем ва аз зовияҳои дигаре низ ба масъала нигоҳ кунем. Таҷрибае, ки ҷунбиши озодихоҳӣ ва муқовимати мардумии мо аз сар гузаронд, як таҷрибаи бисёр гаронбаҳо ва боарзиш аст, ки агар натавонем аз он дарсҳои лозимро бигирем ва дар муборизаву фаъолиятҳои имрӯз ва фардои худ аз он чароғи роҳ насозем, ҳар қадар ки эҳсоси мадеҳасароӣ ва эҳсосбарангезӣ кунем, қадршиносӣ ва подошти ростин аз он муборизот ва қаҳрамониҳо шумурда намешавад.

Ҷо дорад, ки ба як нуктаи дигар низ ишора кунем. Ҳар кас назар ба далелу далоиле ба Масъуди бузург(р.ҳ) дилбастагӣ дорад. Мо ҳам далоили худро дорем ва аз Масъуди шаҳид огоҳона ва бо як дарку биниши рӯшан таҷлил мекунем. Таҷлил кардани мо аз шаҳид Масъуд (р.ҳ) як амри сирф отифӣ ва эҳсосӣ нест, балки даҳҳо далели амиқи фикрӣ ва эътиқодӣ низ барои дилбастагии хеш ба Масъуди бузург(р.ҳ) дорем. Намегӯем, ки дар даврони ҷиҳод дар канораш будем, рафиқу ёраш будем, намегӯем, ки тамоми он чи ки мо меандешем ва мегӯем, ҳамон аст, ки Масъуди шаҳид меандешид ва мегуфт; намегӯем, ки ҳамин дидгоҳу таҳлил ва тарҳеро, ки мо дорем, айни ҳамон тарҳу дидгоҳе аст, ки Масъуди шаҳид (р.ҳ) дошт. Аммо мегӯем, ки андешаҳо ва муборизоту шахсияти Масъуд дар шаклдиҳии дидгоҳҳо ва афкори мо хеле таъсир доштааст. Дар ҳоле ки Масъуди бузург(р.ҳ) барои мо як улгуи бисёр барозандаи инсонӣ ва озодихоҳӣ аст ва мекӯшем, ки дидгоҳҳои рӯшанашро аз они худ месозем, ба ин бовар ҳастем, ки тоҷикҳо дар шароити кунунӣ ба нигаришҳо,таҳлилҳо, андешаҳо ва тарҳҳои навин ва имрӯзӣ ниёз доранд, ки вазъият ва шароити мавҷудро ба дурустӣ бозтоб диҳанд ва роҳҳои берунрафтиро ба мо нишон диҳанд, ки ҷойгоҳу манофеи тоҷикон дар он таъриф шуда ва тазмин шуда бошад. Ба бовари мо, тоҷикҳо аз ҳар нигоҳ дар он мавқеияте нестанд, ки бист сол пеш ва ҳатто даҳ сол пеш буданд. Шароити имрӯзӣ аз мо металабад, ки таҳлилҳо ва тарҳҳои имрӯзӣ дошта бошем. Тарҳе ки нақш ва ҷойгоҳу манофеъву хостҳои тоҷикон дар он ба дурустӣ ва рӯшанӣ таъриф ва мушаххас нашуда бошад, тарҳи судманд барои тоҷикон нахоҳад буд. Пас аз ин аз зикри номи тоҷик набояд парҳез кунем, пас аз ин набояд ҳуввияти тоҷикро пинҳон созем, пас аз ин манофеи тоҷикро набояд маҷҳул бимонем, пас аз ин фарзандони тоҷикро набояд ба хотири манофеи дигарон қурбон созем, пас аз набояд худро бифиребем, ки “ваҳдати миллӣ” дорем ва он чиро, ки дигарон мехоҳанд, ҳамон ба суди тоҷикҳо низ ҳаст.

Тоҷик худаш як қавм аст, як мардум аст, як миллат аст. Тоҷик аз худ манофеъ ва хостаҳои хосе дорад, ки набояд зери по гардад. Мо ба сароҳат мегӯем, ки дар шароити кунунии Афғонистон, надоштани нигоҳи тоҷикмеҳвар, ба маънои худкушӣ аст барои тоҷикҳои он кишвар.

Инро ҳам пинҳон намекунем, ки яке аз ҷозибаҳои бузурги Масъуди қаҳрамон барои мо тоҷик буданаш аст. Як идда азизон бар ин боваранд, ки Масъудро набояд марбут ба як хонавода ва як минтақа ва як миллат донист. Вале мо мегӯем, ки Масъуд баростӣ як тоҷик буд. Тоҷик будани Масъуд ҳеч зиён ва осебе ба азаматаш намерасонад. Мо бихоҳем ё нахоҳем, ҷаҳониён Масъудро бо ҳувияти қавмиаш мешиносанд ва дар ҳама ҷо аз вай ба унвони як раҳбари тоҷик ёд мекунанд. Масъуд афзун бар ҳама хубиҳо ва авсофу мушаххасоти фикриву эътиқодиаш, афзун бар ин ки як шахсияти ҷаҳонӣ, исломӣ, фаромиллӣ, фароқавмӣ, фароминтақаӣ ва мутааллиқ ба ҳама мардуми ҷаҳон ва ҳама мардуми Авғонистон буд, ба як хонавода, ба як минтақа, ба як миллати муайян ҳам тааллуқ дошт ва ҳеч касе бо ҳеч мантиқе наметавонад ин ҳақиқатро инкор кунад ва гуфтанашро мамнӯъ созад. Ин ки дигарон чӣ доварӣ доранд ва чи ҷанбаҳои шахсият ва андешаҳои Масъуди шаҳид(р.ҳ) барояшон кашишу ҷозиба ва барҷастагӣ дорад, ба худашон марбут мебошад. Мо дар канори ҳама хубиҳои дигари Масъуди бузург ин хубиро ҳам ба ифтихор барҷаста месозем, ки он қаҳрамони беҳамто як шахсияти маҳбуби тоҷик ва яке аз намодҳои ростини ҳувиятии мо, тоҷикон мебошад. Масъуд як қаҳрамони воқеии тоҷик, як ифтихор ва сармояи фанонопазири миллати мост. Ёдашро ҳамеша гиромӣ медорем ва барои шодии рӯҳаш дуо мекунем.

Бо сипос,

Дарвеши Дарёдилӣ,

аз ҷониби дабирони пойгоҳҳои “Тоҷикон” ва “Тоҷикам”

9 сентябри соли 2013.


 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?