http://tajikam.com

Номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ мушаххас шуд PDF Чоп
Муаллиф: Би Би Си   
10.09.2013 16:30

Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар пешниҳод шудааст
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон номзадии Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиносро ба интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар пешниҳод кардааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, дар ҷаласаи гурӯҳи кории ин ниҳод дар рӯзи душанбеи 9 сентябр дар ин замина тавофуқ ҳосил шудааст
Оқои Сайфуллозода гуфт, қарор аст, фардо 10 сентябр, дар як нишасти хабарӣ дар қароргоҳи ҲНИТ ин хабар расман эълом шавад.
Қаблан сару садоҳо дар бораи имкони пешниҳоди Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби мухолифи сусиёл-демукрот ба унвони номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ пайдо шуда буд.
Ҳамчунин, пруфессур Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи словянӣ, дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони саршинос ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, донишманд ва сиёсатмадори маъруфи Тоҷикистон аз ҷумлаи номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ рӯйи забонҳо буд.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва раиси пешини фокултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар аволии даҳаи 1990 ба Ҳизби демукроти кишвар пайваста ва пас аз ба қудрат расидани ҳукумати феълӣ як муддат зиндонӣ буд.
Феълан, хонуми Бобоназарова раёсати созмони ғайридавлатии “Перстектива+”-ро ба ӯҳда дошта ва аз фаъъолони дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

180px-avicenna_persian_physician.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?