http://tajikam.com

Бобоназарова: Ҳадди ақал маро дар чандзанӣ муттаҳам карда наметавонанд PDF Чоп
Муаллиф: Искандари Фирӯз   
06.10.2013 00:09

Бознашр аз торнамои Би Би Си

Муҳоҷирати корӣ як падидаи маъмулӣ дар куллияи ҷаҳон аст. Вале муҳоҷират аз муҳоҷират фарқ дорад. Тибқи як гузориши Би-би-сӣ, ҳамасола ҳудуди 3,5 дарсади мардони тоҷик дар Русия издивоҷ карда муқими он кишвар мешаванд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон низ зану фарзанд доранд. Ман мухолифи маҳдудияти иҷбории сафари ин афрод ҳастам. Вале бояд коре кард, ки тавонем барои онҳо дар дохили кишвар ҷойҳои корӣ таъсис диҳему бо фасод мубориза кунем, зарур нест ки ин миқдор тоҷикистониён ба муҳоҷирати корӣ бираванд.
Ва сахттар он аст, ки “мағзҳо”, зиёиён рафта истодаанд. Барои тарбияи ҳар як зиёӣ ҳам дар мадраса ва ҳам дар донишгоҳ маблағи зиёди будҷа сарф шудааст. Бояд аз ин амр ҷилавгирӣ кард.

Ойниҳол Бобоназарова, ки Иттиҳоди нерӯҳои ислохотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ӯро ахиран ба унвони номзад барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар муъаррифӣ карданд, дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Искандари Фирӯз аз тардиду умедҳои худ дар заминаи рақобати қарибулвуқуъи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон мегӯяд. Ӯ нахуст ба ин савол посух гуфт, ки муъаррифиашро ба унвони номзади ИНИТ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро чигуна дарёфт.
Ба ростӣ, замоне ки узви ин Иттиҳодия шудам фикри номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шуданро дар сар надоштам. Зеро бар ин назар будам, ки номзади арзанда ё Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва ё Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукротҳо ҳастанд.
Дар бештаре аз ҷаласаҳои машваратӣ ман ин нуктаро таъкид мекардам ва ҳатто боре хоҳиш карда будам, ки мавзӯъи пешниҳоди номзадии ман аслан баррасӣ нашавад.
Барояшон гуфта будам, ки Иттиҳодия аз ду ҳизб иборат аст. Якум, ҲНИТ ва вақте интихобкунандаҳо сари сандуқи раъйдиҳӣ меоянд, мехоҳанд номзадеро бубинанд, ки чеҳраи исломӣ дошта бошад. Имиҷи ман дигар аст ва лутфан барои худ мушкил эҷод накунед.
Аз сӯйи дигар ман аз номзадии Раҳматилло Зойиров низ пуштибонӣ мекардам. Зеро солҳои тӯлонӣ бо он кас ошно ҳастам ва медонистам, ки қасд дорад дар интихобот номзад шавад. Ва бештаре аз ҷонибдорони ИНИТ низ бар ин бовар буданд, ки агар Кабирӣ номзад нашуд, пас Зойиров ҳатман номзади интихобот мешавад.
Вале дар ниҳоят тасмим шуд, ки номзадии ман муъаррифӣ шавад. Ҳарчанд, боз таъкид мекунам, ки тасмими ниҳоӣ дар анҷумани ин ду ҳизб гирифта хоҳад шуд.
Масъулони ин ду ҳизб мегӯянд, ки ба хотири осонтар сабти ном кардани номзади ягонаи ИНИТ аз номзадии шумо пуштибонӣ кардаанд. Шумо мутмаъин ҳастед, ки дар роҳи сабти ном шудани шумо ба унвони номзад барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мушкил эҷод намешавад?
Мусаллам аст, ки ҳар номзаде аз ин ду ҳизб пешбарӣ мешаванд, дар мавриди сабти ном ба мушкил рӯбарӯ мешаванд. Зеро, ин ду ҳизб ҳоло муқовимат нишон дода хостори ислоҳот ҳастанд ва худро расман мухолифи давлат ном мебаранд.
Муҳиддин Кабирӣ дар нишасти ахир дар ин замина изҳор дошт, ки шояд дар сурати пешбарии номзадии худаш ин мушкил шиддат меёфт. Зеро, ҳоло мардумро тарс медиҳанд, ки вай такрори соли 1992 мехоҳаду ҳадафаш бунёди давлати исломӣ аст.
Бо дарназардошти вазъи бархе аз кишварҳои исломӣ ва арабӣ оқои Кабирӣ ба натиҷа расид, ки дар атрофи номзадиаш мухолифатҳо шиддат меёбад.
Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ ин мавзӯъ мавриди муҳокимаи истифодабарандагон қарор дорад ва бештаре аз онҳо бар ин назаранд, ки бояд номзадии Раҳматилло Зойиров аз сӯйи ИНИТ пешниҳод мешуд. Шумо мувофиқ ҳастед?
Ман на танҳо мувофиқам, балки тарафдори номзадии Раҳматилло Зойиров ҳастам. Аммо дар мавриди номзадии вай низ як нукта мавриди назар буд. Тӯли чанд соли ахир алайҳи оқои Зойиров иқдомоте барои бадномкунӣ рӯйи даст гирифта шуда ва аз ҷумла аз ӯ ба унвони “ҷосуси Ӯзбакистон” ном бурдаанд.
Худи оқои Зойиров ҳам дар як матлабаш навишта буд, ки “чаро онҳо аз Кабирӣ сахт наметарасанду аз ман сахт нигарон ҳастанд? Онҳо аз Кабирӣ не, аз ҷонибдоронаш метарсанд. Зеро худи Кабирӣ шахсияти диплумотик аст. Дар мавриди ман бошад, аз ҷонибдоронам наметарсанд, зеро теъдодашон андак аст ва танҳо аз Зойиров эҳсоси хатар мекунанд. Зеро ман гоҳе маврид тунд изҳори назар мекунам”.
Баъзе аз тоҷикистониён хостори ислоҳоти сареъ дар кишвар ҳастанд ва мутмаъинанд, ки ин амрро метавонад, Раҳматилло Зойиров иҷро кунад. Ҳамзамон бояд бигуям, ки гуруҳе аз аъзои ҲНИТ аз номзадии Раҳматилло пуштибонӣ накарданд. Ин нукта дар мавриди ҷамъоварии имзо барои сабти ном мушкили эҷод мекунад.
Шумо ин мушкилро нахоҳед дошт?
Бо ин мушкил ман низ рӯбарӯ хоҳам шуд, вале барои онҳо шиддаташ сахттар мешавад. Ҳам Раҳматилло ва ҳам ман ҳуқуқдон ҳастем. Шояд ман муҳорибаҳои сиёсиро қабл аз Раҳматилло оғоз кардаам. Солҳои 1983-1984 ман бо давлати вақти шӯравӣ ва КҶБ муҳорибаҳо сар карда будаму барои муддате ҳам зиндонӣ шудаам.
Аммо Раҳматилло дар солҳои ахир хеле фаъъол буду дар қиболи давлат вокунишҳои тунд мекард ва ба ин далел эҳтимол дорад, ки муқовимати ниҳодҳои давлатӣ дар қиболи номзадиаш низ сахттар шавад. Зимни тасмимгирӣ дар бораи номзад ин нукот мавриди назар буданд.
Давлати Тоҷикистон дар чанд соли ахир алайҳи номзадҳои эҳтимолии мухолифон иқдомоте анҷом додааст. Аз ҷумла, сарнавишти Зайд Саидов ба ҳама маълум аст. Алайҳи шумо чунин иқдоме сурат намегирад?
Бештаре аз мухолифонро дар дузанӣ мутаҳҳам карданд. Ҳадди ақал ин иттиҳомро дар нисбати ман наметавонанд истифода кунанд. Дуввум, ман тиҷорате дар ихтиёр надорам, ки тавонанд бо баҳонаи он маро ба ҷурме мутаҳҳам кунанд.
Аз замони касби истиқлол ман дар ниҳодҳои давлатӣ кор накардаам, ки тавонанд маро ба ҷурме мутаҳҳам кунанд. Тӯли ин солҳо ман дар созмонҳои байналмилалӣ кор кардааму ҳоло раҳбарии як созмони ғайридавлатиро бар душ дорам, ки иҷрои тарҳеро дар ихтиёр надорад.
Ба ин далел шояд “часпонидани” иттиҳоме ба ман барояшон душвор мешавад. Барои иҷрои ин амр фурсати зиёде зарур аст, вале вақт кам мондааст. Бо ин вуҷуд шояд алайҳи ман ҳам ҳарфе эҷод мекунанд.
Ин мубориза аст. Вале ман тарафдори он ҳастам, ки ҳар гуна муборизот созанда (конструктивӣ) буда ва қавоиди бозӣ вуҷуд дошта бошад.
Президент Раҳмон борҳо изҳор дошт, ки интихобот шаффоф ва мунсифона баргузор мешавад. Агар оқои Раҳмон ин ваъдаи худро иҷро кунад, набояд чунин мушкиле пеш ояд.
Мегӯянд, ки вай қаблан низ чунин ваъдаҳо мекард. Вале бубинед, ки қаблан эътилофе ҳам вуҷуд надошт ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба чунин эътилофҳо намепайваст. Яъне замон дигар шудааст ва ба гунаи солҳои қаблӣ аз роҳи фишор наметавон пируз шуд.
Яъне барои пирузии номзади интихобот ин нукта зарур аст, ки тавонад ислоҳотеро анҷом дода ислоҳотеро дар ҳукумат рӯйи даст бигирад. Аслан интихобот беҳтарин роҳ барои бидуни низоъ ҳал кардани масоил аст. Интихобот қабл аз ҳама ба худи ҳукумат зарур аст.
Бубинед, дар бархе аз кишварҳои осиёӣ назири Жопун, Куриё, Бангладеш ҳукумат ҳар сари вақт баъд аз пайдо шудани масъалае иваз мешавад.
Ҳоло зиёд мардумро аз эҳтимоли сар задани ҷанг метарсонанд, вале ҳеҷ нафари ҳушёре ин фикрро дар сар надорад. Фақат шахси девона метавонад хостори ҷанг бошад.
Шахсан ман дар ин кишвар зиндагӣ мекунам ва фарзандонам ин ҷо ҳастанд. Дар суфуфи ИНИТ низ касе хостори ҷанг нест.
Дар сурати пирӯзӣ дар интихобот шумо оғоён Кабирӣ ва Зойировро ба кобинаи давлат истихдом мекунед?
Дар ин замина наметавонам қавл бидиҳам. Вале куллия афроди арзанда истихдом хоҳанд шуд.
Шумо метавонед аз онҳо мушаххас ном бубаред?
Теъдоди онҳо зиёд, ҳудуди 45 нафар аст. Миёни онҳо оғоён Кабирӣ, Зойиров, дуктар Умаров, Маҳмудҷон Қосимов ва дигарон ҳастанд. Онҳоро ҷомеъа мешиносад ва ҳар яке мутахассиси соҳаи худ мебошад.
Ҳоло аслан намехоҳам дар бораи мансаб сӯҳбат кунам. Ҳоло дар дасти мо консепсиюне ҳаст, ки моли ИНИТ ҳам нест. Мо ба мардум муроҷиъа карда хоҳиш кардем, ки пешниҳодоти худро ба мо ирсол кунанд ва ҳазорҳо дархост гирифтем.
Яъне ин консепсиюн бар пояи ин дархостҳо таҳия шудааст. Ва агар мо он ислоҳотеро иҷро кунем, пас фарқ надорад ки чӣ шахсе - Кабирӣ аст ё Қодиров ба симматҳо интисоб мешаванд. Хеле ҷавонони зиёде дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд ва онҳо низ бояд ба кори давлат ҷалб карда шаванд.
Охир, кор то ҷое расидааст, ки давлати Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақа пиртарин дониста мешавад.
Ба ин далел намехохам имруз қавл диҳам, ки агар сари қудрат расидам нафареро ба суфуфи кобинаи давлат истихдом хоҳам кард. Барои ман мансубияти ҳизбии шахсе фарқ надорад – хоҳ Кабирӣ бошад, хоҳ Зойиров ё як кумунист. Бояд ҳукуматеро ташкил дод, ки тавонад ба рушди Тоҷикистон даст ёбад.
Лутфан метавонед нуқоти аслии сиёсати хориҷа ва дохилӣ, иқтисод ва иҷтимоии интихоботии худро шарҳ бидиҳед?
Бо ҳар кишваре, ки метавонад судаш ба Тоҷикистон бирасад, бояд бо он ҳамкорӣ дошта бошем. Ва фарқе надорад, ки он кишвар ғарбӣ аст ё шарқӣ. Аммо авлавиятҳо низ вучуд доранд. Бояд қабл аз ҳама ҳатман бо кишварҳои ҳамсояи худ, Ӯзбакистон ва Қирғизистон равобити хуб дошта бошем.
Бубинед, чӣ миқдор тоҷикон дар Ӯзбакистон ва чӣ миқдор ӯзбакҳо дар Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ва раиси ҷумҳури оянда наметавонад танҳо президенти тоҷикон ва ё ӯзбакҳо бошад.
Масоили иқтисодӣ муҳимтарин мавзуъ аст. Ва ба ин далел ба тими иқтисоди бояд мутахассисини беҳтарин ҷалб карда шаванд. Зеро ҳоло мебинем, ки омор дигар асту вазъи воқеъӣ дигар.
Бояд қавонине эҷод кунем, ки раванди ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистонро тағйир диҳад. Танҳо аз ин роҳ метавонем иқтисоди кишварро ба роҳи рушд бубарем. Зеро Тоҷикистон наметавонад ба танҳоӣ куллия мушкилоти иқтисодии худро ҳал кунад.
Дар робита бо Русия ва имкони бозгашти марзбонони рус ба ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон чӣ назар доред?
Русия шарики истротежики Тоҷикистон аст ва бо дарназардошти теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳар як сиёсатмадор бояд қабл аз изҳори назар дар ин замина андеша кунад, ки суханонаш чӣ пайёмадҳое ба сарнавишти тоҷикон хоҳад дошт.
Бозгашти марзбонони рус ба ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон як мавзӯъи ҳассос аст. Ин мавзӯъ чандон воқеъӣ ҳам ба назар намерасад. Фикр мекунам Тоҷикистону Русия метавонанд дар заминаи фарҳанг, омӯзишу парвариш ва ҷалби сармоя ҳамкории густурда дошта бошанд.
Сиёсат ин манфиъат аст. Сиёсат бародариро намепазирад. Манофеъи ҳар ду ҷониб бояд мавриди назар бошанд. Дигар мавзуъи бародари бузургу кучак матраҳ набошад.
Дар мавриди равобит бо кишварҳои шарқӣ ва арабӣ чӣ назар доред?
Барои ман фарқе надорад, ки кишвари шарқӣ аст ё ғарбӣ. Муҳим манофеъи ҳар ду ҷониб риъоят шаванд.
Барои раҳоии Тоҷикистон аз вобастагӣ ба пули муҳоҷирон, ки гуфта мешавад ҳудуди 47 дарсади тавлидоти нохолиси миллӣ аст, талош мекунед?
Муҳоҷирати корӣ як падидаи маъмулӣ дар куллияи ҷаҳон аст. Вале муҳоҷират аз муҳоҷират фарқ дорад. Тибқи як гузориши Би-би-сӣ, ҳамасола ҳудуди 3,5 дарсади мардони тоҷик дар Русия издивоҷ карда муқими он кишвар мешаванд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон низ зану фарзанд доранд.
Ман мухолифи маҳдудияти иҷбории сафари ин афрод ҳастам. Вале бояд коре кард, ки тавонем барои онҳо дар дохили кишвар ҷойҳои корӣ таъсис диҳему бо фасод мубориза кунем, зарур нест ки ин миқдор тоҷикистониён ба муҳоҷирати корӣ бираванд.
Ва сахттар он аст, ки “мағзҳо”, зиёиён рафта истодаанд. Барои тарбияи ҳар як зиёӣ ҳам дар мадраса ва ҳам дар донишгоҳ маблағи зиёди будҷа сарф шудааст. Бояд аз ин амр ҷилавгирӣ кард.
Ман ба куллия манотиқи Русия садҳо сафарҳо карда ва бо муҳоҷирони тоҷик дидор ва гуфтугӯ доштам. Ҳоло теъдоди зиёди занони тоҷик ҳам кудакони худро дар хона монда ба муҳоҷирати корӣ мераванд, ки ба афзоиши ҷароим миёни ноболиғон мунҷар шудааст.
Бояд мизони молиёт таҷдид шавад ва тоҷирон тавонанд дар Тоҷикистон ҷойҳои корӣ таъсис диҳанд. Озодии иқтисод даркор аст, зеро дар бархе аз кишварҳо ки демукротик нестанд, озодии иқтисодӣ ба густариши арзишҳои демукросӣ мунҷар шуд.
Мунтақидони шумо мегӯянд, ки дар як суханронии худ шумо аз зарурати роиҷ кардани чандзанӣ дар Тоҷикистон изҳори назар кардаед. Ин дуруст аст?
Ман ин хел нагуфтаам. Мӯҳтавои суханони ман ба ин маънӣ буданд, ки низоми давлатдории Тоҷикистон демукротик аст ва ин амр мухолифи арзишҳои демукросӣ мебошад.
Ва бубинед, ки ҳарчанд барои чандзанӣ ҷазо муқаррар шудааст, вале ҳамарӯза афроди мутаҳҳам ба ин ҷурм афзоиш меёбанд. Ва порлумон ва президентро зарур аст, то дар ҳалли сареъи ин мушкил иқдом бикунанд.
Оё дуруст аст, ки шумо имрӯз арзишҳои мазҳабиро таблиғ ё пуштибонӣ мекунед?
Сухан аввал дар бораи арзишҳои башарӣ аст ва сипас арзишҳои мазҳабӣ. Қавонини Тоҷикистон бояд барои ҳама ва дар ҳар соҳа баробар бошад. Яъне, намозгузорон бояд бидуни монеъ ибодат кунанд. Сиёсатмадор бидуни маҳдудият ба кори давлатӣ истихдом шавад.
Аммо дар Тоҷикистон аз рушди исломгароӣ нигарониҳое низ вуҷуд доранд ва гуфта мешавад давлат низ ба ин хотир маҳдудиятҳое ҷорӣ мекунад. Шумо дар оянда сиёсати маҳдудсозиро идома медиҳед ё хостори озодиҳо дар ҳама арса ҳастед?
Ман бар ин фикрам, ки вақте расонаҳо аз намояндаҳои ҲНИТ интиқод карда онҳоро дар иртикоби ҷароими мухталиф мутаҳҳам мекунанд, бояд ба ҷониби мухолиф ҳам имкони изҳори назар дода шавад.
Ба суди давлат мешуд, ки ба ҳангоми таҳияи чунин матолиб назари ҷонибдорони ҲНИТ низ оварда шавад. Вақте равандеро фишор меоред, он зеризаминӣ мешавад.
Ҳукумат бояд суханони нафаронеро бишнавад, ки аз ин давлат норозӣ аст. То ба ин васила роҳи ҳалли мушкилот пайдо шавад. Аз роҳи маҳдудсозӣ то ҳол ҳеҷ мушкиле ҳал нашудааст.
Омодаам ҳатто дар сурати пирӯз нашудан дар ин интихобот барномаҳоямро ба давлат бисупорам, то ҳукумат онҳоро иҷро кунад.
Тӯли солҳои истиқлол дар Тоҷикистон қавонине қабул шудааст, ки на ҳама аз ин аснод ба суди кор дониста мешаванд. Ба унвони мисол, аз қонуни танзими расму ойин ва маросим ном мебаранд. Оё шумо омода ҳастед чунин қонунҳоро таҷдиди назар кунед?
Зимни таҳияи ин қонун ман аввалин шахсе будам ки расман аз он интиқод карда изҳор доштам, ки ин санад алайҳи ҳуқуқи башар аст. Чун ин ба ҳуқуқи табиъйии инсон рабт дорад, ки касеро ба меҳмонӣ даъват кунад ё хайр.
Агар бидуни нақзи қонун маблағ ҷамъ карда ва мехоҳад тӯйи суннатӣ ё арусӣ баргузор кунад, ҳаққи ӯст. Вақте мегӯянд, ки хароҷоти маросимҳо камтар шудааст, дуруст нест. Зеро соҳибони маросимҳо мегӯянд, ки ночоранд барои ҳамкорон, ҳамсояҳо ва пайвандон маросими ҷудогона баргузор кунанд.
Ба эътиқоди ман, куллия қонунҳое, ки ҳуқуқҳои башарӣ ва маданиро нақз мекунанд, ҳаққи вуҷуд доштанро надоранд.
Омода ҳастед қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳоло президент барои 7 сол интихоб мешавад, таҷдиди назар кунед?
Дар ин бора дар консепсиюни интихоботии ИНИТ омадааст, ки барои шахсе ки нахуст интихоб мешавад муҳлати раёсати ҷумҳурӣ чаҳор сол бошад. Сипас ӯ меравад ва бо машварати мардум тасмим гирифта мешавад, ки замони раёсати ҷумҳурӣ чанд сол муқаррар шавад.
Дар чаҳор соли аввал ин мавзӯъ ва масоили тақсими салоҳияти президент, нахуствазир ва порлумон низ бояд таҷдиди назар шаванд.
Сипсогузорам аз сӯҳбат.

 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

s_ayni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?