http://tajikam.com

Абдуллоҳи Абдуллоҳ барои курсии Карзай талош дорад PDF Чоп
Муаллиф: "Озодӣ"   
06.10.2013 07:58

Абдуллоҳи Абдуллоҳ  ба таври расмӣ номзадиашро барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон эълон кард.
Тибқи иттилои бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, дар нишасте, ки дишаб дар хонаи Салоҳиддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва сарпарасти ҳизби Ҷамъияти исломӣ дар Кобул баргузор шуд, аъзои ин ҳизб дар мавриди номзадии доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ тавофуқ карданд.

Оқои Абдуллоҳ Хон Муҳаммад аз Ҳизби исломӣ (ҷиноҳи ҷудошуда аз ҳизби Гулбиддин Ҳикматёр) ва Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломиро ба ҳайси муовинони худ баргузидааст. Оқои Хон Муҳаммад аз Ҳизби исломӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин тасмим  пас аз баҳсҳои тӯлонӣ гирифта шудааст.

Доктор Абдуллоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар соли 2009 дар рақобат бо президенти кунунии ин кишвар ба даври дувум роҳ ёфт, аммо дар он замон, ба хотири ончӣ тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳури гузашата хонда буд, аз идомаи мубориза даст кашид.

Абдуллоҳи Абдуллоҳ яке аз аъзои барҷастаи Иттиҳоди интихоботӣ, ки бо иштироки беш аз 13 ҷараёни сиёсӣ барои иштирок дар рақобатҳои интихоботӣ таъсис шуда, низ мебошад.То кунун мушаххас нест, ки вай ба намояндагӣ аз Иттиҳоди интихоботӣ худро номзад карда ва ё ҳам ба таври мустақил.

Рӯзҳои ахир нишастҳо ва талошҳои аҳзоби сиёсӣ ва афроди мустақил дар Афғонистон, ки қасди ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли ояндаро доранд, афзоиш ёфтааст. Қабл аз ин Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси раванди интиқоли масъулиятҳои амниятӣ аз нерӯҳои байналмилалӣ ба нерӯҳои афғон, барои иштирок дар интихобот, аз мақомаш истеъфо дод. Қаюм Карзай, бародари раиси ҷумҳур Ҳомид Карзай, Зулмай Расул, Абдураб Расул Сайёф ва Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ низ аз ҷумлаи номзадҳои эҳтимолии интихоботи соли оянда мебошанд.

Раванди сабти номи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳудуди ду ҳафта қабл аз сӯи Комиссияи мустақили интихоботи ин кишвар расман оғоз шудааст. Бар асоси гузоришҳо, то кунун танҳо Бисмиллоҳ Шер ба унвони яке аз номзадҳои интихобот сабти ном кардааст. Қарор аст интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон дар моҳи апрели соли оянда баргузор шавад.

Аз Тоҷикам:  Ба ин матлаб хонандагон назари хешро баён карда, дар зимн аз ақвоми ин кишвар, аз ҷумла, тоҷикон  ёдовар шудаанд, ки барои хонандаи мо бас ҷолиб аст. Аз ин рӯ, мо он назарҳоро ҳам ин ҷо пешкаши хонандагони гиромиамон  мекунем.    
Ном: Беном 
Дар матлабе, ки дируз дар бораи пешбарии номзадии Ашраф Гани Ахмадзай чоп кардед, як нуктае хаст, ки бояд ба он Шумо тавачух мекардед.Дар матлаб омадааст, ки беш аз нисфи ахолии Афонистон паштунхоанд. Ин нукта комилан вокеият надорад ва бофтаи бародарони паштун аст. Вокеият ин аст, ки дар ин кишвар хеч гох саршумории расмӣ гузаронида нашудааст ва ба асоси пажухишҳо ва саршумории тахмини, ки созмонхои байналмилалӣ дар солхои охири 70 и садаи гузашта ва бори дигар аввали қарни 21 гузаронидаанд, шумори точикон ва паштунхо такрибан баробар буда, онон хар яке аз 38 то 42 дарсади мардуми кишварро ташкил медиханд. Вале баъзе коршиносон чунин мешуморанд, ки шумори паштунхо дар худи кишвар дар асл хеле кам аз ин ракам аст. Ба гуфтаи онон , хангоми чунин пажухишҳо ва саршумориҳои тахминӣ ба шумори паштунхо он паштунхое, ки дар марзи озод ва бахшхои Покистон, ки дар назди марзи Афғонистонанд, низ хамрох карда мешаванд. Яъне бо он паштунхои дар асл покистонӣ шумори ин кавм дар Афғонистон ба 38-42 дарсад расонида шуда. Вагарна дар асл шояд шумори онон аз 25- 30 дарсад беш нест. Вокеиятро дар ин маврид як коршиноси паштун(холо номаш ёдам нест) баён кардааст, ки ба гуфтаи вай шумори хамкавмонаш дар Афгонистон баробар ба сеяки чамъияти кишвар аст. Аз суи дигар шумори точикон дар Афгонистон имруз имкон дорад, беш аз он ракамест, ки мо ёдовар шудем. Зеро ҳукумати кавмгарои Афғонистон барои ин ки шумори тоҷикон коҳиш ёбад, бештари гурӯҳҳои қавми монанди аймоқҳо, мардуми помирӣ, қизилбошҳо ва содотҳоро, ки онон аслан худро тоҷик медонанд ва забонашон ҳам форсист, чун ақвоми дигар шомил ном бурдаанд. Агар ба сари қудрат як тоҷики бедор биёяд ва саршумории воқеиро гузаронад, ошкор хоҳад шуд, ки кадом мардум аксарият асту кавми дигар, ки то имруз худро аксарият мехонад, ақаллият мебошад. Бояд нуктаи дигарро ҳам ёдовар шавам, ки ҳукумати Афғонистон, ки солҳои зиёдест дар дасти паштунҳост, ҳеч кушише намекунанд, ки дар кишвар саршумории дуруст рохандози шавад. Хатто онон маблагхои аз чониби созмонхои байналмилалӣ ҷудошударо низ обу лой карданд ,вале саршумориро нагузарониданд, зеро онон медонанд, ки агар ин маърака рохандозӣ шавад,мисашон мебарояд ва ё ба иборати дигар пуффаки пурбодашон мекафад ва дигар онон хеч гох даъвои сохиби ин сарзамин ва миллати асосии кишвар карда наметавонанд ва ях об шуда, баъд имкон дорад ба гунаи бебозгашт ҳукумат ба миллатҳои ғайрипаштун ва дар навбати аввал ба тоҷикон бигзарад.
Хампешагони гироми, ман медонам, ки Шумо ар бораи Афғонистон ва мардуми ин кишва маълумоти зиёд доред, вале ин навиштаҳои ман ҳам шояд баъзе паҳлуҳои норӯшани масоили ин кишварро бароятон бозгӯӣ кунад. Зеро ман дерест ба ин масъал таваччух кардаам ва такрибан бештари нашрияхои форсии ин кишварро пайгири мекунам ва хамрохи дустони точики афғонистониам торнамои "Точикам"-ро пеш мебарам. Хамчунин ман бо бисёр нухбагони сиёсӣ ва фарҳангии тоҷики Афғонистон ошно ҳастам ва баъзе далелу арқом бар асоси суҳбатҳо бо онон ба даст омадааст. Нутаи дигаре, ки мехоҳам Шумо, гиромиён ба он таваҷҷуҳ кунед, ин аст, ки ҳангоми чоп ва навиштани матлаб дар бораи Афғонистон кушиш кунед, ки тоҷик будани шахсиятҳои ҳаммилати мо дар ин кишварро ёдовар шавед. Ба гунае, ки аз Ашраф Ғаниро пашту ном бурдед.Чунин шахсиятои тоҷик дар ин кишва хеле зиёданд.Устод Атомуҳамади Нур, маршал Фаҳим, Юнус Қонунӣ, Исмоилхон, Амрулло Солеҳ, Латифи Пидром, бародарони Аҳмадшоҳ Масъуди бузург Аҳмад Вали ва Аҳмад Зиё Масъуд, доктор Маҳдӣ, хонум Фавзия Кӯфӣ... аз ҷумлаи онҳоанд. Шогирди Аҳмадшоҳ Масъуд доктор Абдулло ҳам модараш тоҷик аст ва аз ҳама асосиаш дар муҳити тоҷикӣ бузург шудааст.
Дар посух
Ном: Беном 
Tashakkur barodar va durust kajd kardi ,ki mo vakte hususi tojikoni in jo on davlati hamsoya harf mezanem boyad albattavu zaruran tojik budani uro binavisemu guem chun in hele zarur ast ...mo boyadu boyad bo ham nazdik boshem , chun hele kuvvahoe hast ,ki dast ba poshhurii mo zadandu mezanand.

Ном: Статистик аз: Маркази Омор
Ба Беномхо:
Афгонистоон бо сарумори ва бесаршумории точикхо дар тули таърих мамлакати паштунишин арзёб и шудааст ва мувофики тамоми маводхои расми зиёла аз 70 фоизашро паштунхо ташкил медиханд. Саршуморшудагон хамаги 21 фоиз ва бокимондаро асосан узбекхо ташкил медиханд.
Ном: Mаркази омор
Маркази омор гапи дуругро назан.ба фикрами аз кавми мангит хастед ва бахили мекунед. Мардуми точик 42-45% ташкил мекунанд.
Ном: Беном аз: аз дур
Ба Статистик аз маркази омор: Чу бишнавӣ сухани аҳли дил магӯ, ки хатост, Суханшинос наӣ, ҷони ман, хато ин ҷост! Он нуктае, ки ман дар шарҳи худ овардам, ҳама бар пояи пажӯҳишҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аст. Ба Шумо, статистикрӯшан бод, ки бар пояи ҳамон пажӯҳишҳо ва таъйиди бештари коршиносони масоили Афғонистон мардуми асосии ин кишвар тоҷикон ва паштунҳоанд ва дарсадии онҳоро ман дар шарҳам овардам. Дар ҷои сеюм мардуми ҳамзабони мо ҳазораҳо ҳастанд, ки онон дар ҳудуди 15 дарсади ҷамъияти Афғонистонанд. Ӯзбакҳо дар мақоми чорум буда, онон ҳамроҳ бо туркманҳо то 9 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд. Бо назардошти ҳамин шумораи нуфус ҳамеша вақте як паштун номзад ба мақоми раиси ҷумҳур мешуд, ҳатман муовини аввали хешро аз намояндагони тоҷик мегирифт. Аз ҷумла, оқои Аҳмад Зиё Масъуд, бародари Аҳмадшоҳ Масъуди бузург ва маршал Муҳаммадқасими Фаҳим муовинони аввали Ҳомид Карзай буданду ҳастанд. Вале ин бор тоҷики басо бедор ва худшинос Устод Атомуҳаммади Нур, ки волии Балхи бостон аст, ин одати маъмулро шикаст ва гуфт, ки акнун мо, тоҷикҳо дигар дуюм будан намехоҳем ва мо ҳам дар сарзамини хеш ҳаққи якум буданро дорем.
Дар посух
Ном: Беном аз: аз дур
Посух
Идомааш:Ва дере нагузашта, дар Балх намояндагони шинохтаи ақвоми тоҷик, ҳазора ва ӯзбак ҷамъ омада, як иттиҳоди интихоботиро ташкил карданд ва гуфтанд, ки онон ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2014 бо номзади ягона мераванд. Дере нагузашта беш аз 15 созмони сиёсии кишвар эътилофи интихоботиро ба вуҷуд оварданд ва дар натиҷа онҳо докторАбдуллоҳи Абдулло, шогирд ва пайрави Аҳмадшоҳ Масъуди бузургро номзади хеш баргузиданд. Оқои Абдулло муовинони аввал ва дуюми хешро аз ақвоми паштун ва ҳазора баргузид ва ин кор ба намояндаи ӯзбакҳо Абдуррашиди Дӯстум, ки мехост муовини дуюм бошад, писанд наомад ва бо вуҷуди он ки онон пештар ба Қуръони карим қасам хурда буданд, ӯ аз эътилоф берун шуд ва ҳоло дар ҷустуҷӯи шарики дигаре дар интихобот аст.Чун ба мақоми муовини аввали раиси ҷумҳур намояндаи қавми паштун пешниҳод шудааст ва номзадии доктор Абдулло аз ҷониби ҳизби Ҷамъияти исломӣ, ки аксари аъзоаш тоҷиконанд ва ҳамчунин чанд чеҳраи шинохтаи сиёсии кишвар аз байни тоҷикон монанди Устод Атомуҳаммади Нур, Муҳаммадюнуси Қонунӣ, Салоҳиддини Раббонӣ ва … пуштибонӣ гардидааст ва ҳам оқои Абдулло пайванд бо тоҷикон дораду дар муҳити тоҷикӣ бузург шудааст, метавон гуфт, ки ин бор тоҷикон дар интихобот бо номзади хеш ширкат мекунанд. Ин ҳам баёнгари он аст, ки тоҷикон аз ақвоми асосии кишваранд. Нуктаеро дар бораи аксарият набудани қавми паштун дар Афғонистон бисёр донишмандон, аз ҷумла худи донишмандони паштун ҳам таъкид кардаанд. Профессор Ҷамил Ҳанифӣ, устоди пешини мардумшиносӣ ва таърихи Афғонистон дар Амрико, ки аз паштунҳои Сурхоби Лӯгар аст, пажӯҳиши густурдае дар мавриди Луя Ҷиргаҳо(Маҷлиси бузург) ва даъвоҳои аксарияту ақаллият анҷом додааст. Ӯ бо дастёбӣ ва ҳаллоҷии ҳам асноди ҷиргаи замони Амонулло( 1919-- 1928) мегӯяд, ки маҷмӯи намояндагони паштун дар ҷиргаи соли 1924 32 дарсад буда, ки тақрибан нуфуси воқеии онҳоро дар Афғонистон нишон медодааст. Ӯ мӯътақид аст, ки ин таркиб, ки камокон ба ҳоли худаш боқист, метавонад мабнои хубе барои ҳалли масъалаи печидаи ақвом дар Афғонистон қарор гирад.(Ниг. ба http://tajikam.com/tajik/index.php?option=com_content&view=article&id=144:2013-04-15-17-05-33&catid=6:2012-02-06-07-19-05&Itemid=5). Дар ин мақола ҳамчунин омадааст, ки « ягона саршумории нисбатан беҳтар дар ҷуни( июни) соли 1979 ҳукумати Таракӣ сурат гирифт, ки бо вуҷуди дастбурд тавассути Ҳафизулло Амин( яке аз қавмгароёни хунхори паштун), паштунҳоро 38 дарсад нишон медиҳад.( Таваҷҷуҳ кунед, ба сойти( торнамои) Си Ой Ойи соли 2000 ва мадорики Созмони Милали Муттаҳид). Вале баъд аз раёсати Ҳомид Карзай, Си Ой Ой он рақамро ба 42 дарсад боло бурд, то саҳми бештари паштунҳоро дар қудрат тавҷеҳ кунанд». Пас аз овардани ин далелҳо дар ин бора , ба андешаам, ҳеч ҳоҷате барои ба дарозо кашонидани сухан намемонад… Вале бо ин ҳама ба як нуктаи Статистик, ки мегӯяд, «мувофиқи ҳама маводи расмӣ шумораи паштунҳо 70 дарсад аст», низ бояд рӯшанӣ андохт. Нахуст, ба гунае, ки гуфтем, чун саршумории расмии саросарӣ гузаронида нашудааст, рӯшан аст, ки ягон маводи расмӣ ҳам баёнгари пурраи воқеият буда наметавонад. Ду сол пеш дар Афғонистон як чунин «маводи расмӣ» пайдо шуд. Дақиқтараш дар ” Доиратулмаорифи ( Донишнома) ҷадиди Афғонистон”, ки бо фотиҳаи Ҳомид Карзай аз чоп баромад, шумори паштунҳоро дар кишвар 62 дарсад ва тоҷиконро ҳамагӣ 12 дарсад нишон додаанд, ки ин дурӯғи шохдори ҳокимияти қавмгаро ва думравони онҳо ба вокуниши шадиди мардуми кишвар ва ба вижа тоҷикон дучор шуд ва дар натиҷа ин китобро зуд аз фурӯш берун кашиданд. Шояд
Дар посух
Ном: Махмуд аз: Душанбе
02.10.2013 10:33
"Абдуррашиди Дӯстум, ки мехост муовини дуюм бошад, писанд наомад ва бо вуҷуди он ки онон пештар ба Қуръони карим қасам хурда буданд, ӯ аз эътилоф берун шуд" - ин бори аввал нест, ки Дустум точиконро "подводить" (удар со спины) мекунад. Вакте баъди хуручи нерухои шурави аз Афгонистон хокимият ба дасти Раббони гузашта буд, хамин Дустум гуё гурехта ба чояш Генерал Маликро монда, хамаи узбакора ба чониби толибон гузаронд. Точикон бошанд аз узбакхо чунин умедро (рафторро) надоштанд. Чунки точикону узбакхо дар Афгонистон як мардум (факат бо ду забон гап мезаванд, фаркият хамин буду халос) ба хисоб мерафтанд. Вале дар ин чо дасти Узбакистон хеле калон аст ва Дустум ва саркардагони дигари узбак "одамони" (агентхои) Узбакистонанд ва аз ин чо "регулировка" мешаванд. То солхои навадуми асри 20-ум точикону узбакони Афгонистон як мардум хисоб мешуданд ва бо таъсири Узбакистон ва сиёсати ифлоси у имруз дар байни точику узбак "трещина" ба миен омад ва окибаташ ба хайр бошад. Аз ин ру аз сиесати "ночавонмардонаи" Узбакистон бояд эхтиет шуд.
Дар посух
Ном: Беном аз: аз дур
Посух
Поёнаш:Статистик чунин иттилоҳои қавмгароёнро хонда ва шояд бидуни донистани воқеият онҳоро чун далели дуруст пазируфта бошад. Дар ҳоле ки чунин иттилоҳо ҳеч дуруст нестанд. Як худи овардани номи шаҳру вилоятҳое, ки дар онҳо тоҷикон аксарият ҳастанд, пурра дурӯғ будани чунин иттилоҳоро нишон медиҳад: Кобул, пойтахти кишвар, Ҳирот, Балх, Ғазнӣ, Бадахшон, Самангон, Панҷшер, Парвон, Тахор... ва боз чанд шаҳру вилоят... Умуман тоҷикон шояд ягона мардуме бошанд, ки дар ҳама бахши кишвар, чи дар шимолу чи дар ҷануб ва чи дар шарқу чи дар ғарб сукунат доранд.
Статистик ҳамчунин мегӯяд, ки “Афғонистон бо саршуморӣ ва бесаршумории точикхо дар тули таърих мамлакати паштунишин арзёбӣ шудааст”. Вале дар ин ҷо нагуфтааст, ки тӯли таърихаш чанд сол аст. Шояд ин нуктаро Статистик надонад ё аз гуфтанаш парҳез карда бошад. Вале ман ба ӯ ва чандин нафари монанди ӯ ёдовар мешавам, ки пештар кишваре бо номи Афғонистон набуд ва ин сарзаминро Хуросон меномиданд. Ин сарзамин чун Самарқанду Бухоро ва бахши бузурги Осиёи Миёна дар арзи вуҷуди фарҳанг ва тамаддуни мардуми тоҷик ва ҳама мардуми форсизабон нақши бузурге дошт. Дар ин ҷо пештар паштунҳо сукунат надоштанд ва ин сарзамин макони тоҷикон буд. Дар ин робита ховаршиноси шуравӣ И.М. Рейснер навишта буд, ки “дар қарни XI ва баъд, аҳолии бумии минтақаҳои марзҳои имрӯзаи Афғонистон, аз ҷумла минтақаи байни кӯҳҳои Ҳиндукуш ва кӯҳҳои Сулаймон асосан аз тоҷикҳо ва минтақаи байни кӯҳҳои Сулаймон ва соҳили рости дарёи Ҳинд аз қавмҳои мухталифи ҳинду иборат буда аст. Қабоили афғон бошад дар ибтидо дар атрофи кӯҳҳои Сулаймон сукунат доштанд ва дар сатҳи поёнтари рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ қарор доштанд”.(Ниг. ба http://tajikam.com/tajik/index.php?option=com_content&view=article&id=142:-2&catid=1:history&Itemid=2)
Паштунҳо 265 сол пеш аз куҳҳои Сулаймон поин фаромада, ба забти ин сарзамин сар карданд ва ҳукумати қабилавии худро ташкил карда, оҳиста --оҳиста дар бахшҳои гуногуни кишвар ҷойгузин шуданд. Аз ин нигоҳ, ҳеч наметавонем гуфт, ки Афғонистон кишвари паштуннишин буд ва ё мардуми бумии он паштунҳоанд. Воқеият ин аст, ки ҳоло ин кишвари зиёдмиллат аст ва дар он ба гунае ки гуфтем, нуфуси аз ҳама бештарро тоҷикон ва паштунҳо ташкил мекунанд. Вале ба ҳеч ваҷҳ наметавон гуфт, ки ягон қавме дар ин кишвар аксарият аст. Дар мавриди забон бошад, бегумон метавон гуфт, ки забони форсӣ забони аксарият аст ва бар пояи иттилову андешаҳои коршиносон бо ин забон наздик ба 60 дарсади мардуми кишвар гуфтугӯ мекунанд. Вале забони пашту, ки он ҳам монанди забони форсӣ забони расмӣ ва давлатист, чунин ҷойгоҳро дар кишвар надошту имрӯз ҳам надорад, вале ин мавзуест дигар ва дар ҷойи дигар...
Дар посух
Ном: Точик аз: Афғонистон
Салом ба кулли точикон! Статистик ту хабере аз Афғонистон надори лофи бехуда мазан. Ту худ йке аз мангиттаборон хасти ки точикро дидан намехохи. Ман худ зодаи Кандахор хастум ва ин чизро хели хуб мидонум. Шукри Оллох имруз шахрвандии Точикистонро дорум ва бо точик будан ифтихор дорум.



 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?