http://tajikam.com

Хатогӣ
  • Ошибка при загрузке канала данных.
Муаррихи тоҷик: "Хатти кириллӣ саратони забони миллист" PDF Чоп
Муаллиф: Луқмон БОЙМАТОВ, муаррих   
06.10.2013 08:06

Мо бояд бидонем, ки хатти кириллик (русӣ) саратони хуни маънавиёти миллат аст. Хатти кириллик - русӣ аз гурӯҳи хатти арабиасос нест ва он барои русзабонон омили пешрафат аст, вале барои тоҷикон нобудкунандаи селулҳои ҳастии миллат ва маънавиёти он аст. Замоне ки миллат рӯҳияаш қавӣ аст, ҳар зарбаро метавонад таҳаммул кунад, вале рӯҳияи шикастаи миллатро кадом ҷомеъа метавонад таҳаммул намояд? Фақат хатти ниёкон хуни зиндасоз дар сарнавишти таърих, ҳуввият ва тафаккури миллӣ аст ва бидуни хуни хеш сарнавишти хеш зиндаву солим нахоҳад буд!

Озодагон: Чанд моҳи қабл муаррих ва шарқшиноси тоҷик Луқмон Бойматов дар Донишгоҳи Уппсалаи Суед (Шветсия) дар мавӯи «Забон ва хатти тоҷикӣ: гузашта, имрӯз ва оянда» суханронии илмӣ дошт. Ин суханронӣ дар асл пажӯҳиши муҳаққиқ дар масоили таърихӣ - иҷтимоии забони миллӣ аст. Муаллиф дар ин таҳқиқи худ хатти киррилик-русиро саратони забони миллӣ номидааст. Мо тасмим гирифтем, то қисмати охир ё хулосаи ин матни комили суханронии муаррихи тоҷикро ба чоп расонда, дигаронро ҳам ба ин баҳс даъват кунем.


"…Бояд мутазаккир бошем, ки яке аз масоъили бисёр муҳим ва дар айни ҳол нигаронкунанда, масъалаи забони миллӣ ҳаллу фасл намудани шароит ва муҳити гузаштан ба хатти ниёгон аст. Албатта, дар ин замина донишмандону ва муҳаққиқин, бахусус, адибону адабиётшиносон, файласуфону ҷомеъшиносони ҷумуҳурӣ изҳори назар карда ва ҳанӯз ҳам баҳсҳо миёни рӯшанфкарон ва аҳли зиё идома дорад.

Ба унвони як муаррих мегӯям, ки бетаваҷӯҳҳии муаррихин ва пажӯҳишгарони таъриху фарҳанги миллӣ нисбати ин мавзӯъ зиёда нигаронкуннада аст. Бо камоли таассуф, аѓлаби муаррихин ва нависандагони таърихи миллӣ аз ҳаллу фасл ин масъала боз ҳам ба наҳве канорагирӣ мекунанд. Шояд ин фирқа аз аҳли илм «сукут ва бепарвоиҳо»-ро нисбат ба ҳассостарин ва дар айни ҳол, муаассиртарин омили пойдории ҳуввияти миллӣ, иқдоме аз «дурнигарӣ», «эҳтиёткорӣ» ва ё «дурандешиҳо»-и сиёсии хеш бидонанд. Аммо ин дидгоҳ на «дурандешӣ ва на «эҳтиёткорӣ» аст, балки бо тамоми маъно, беэҳтиромӣ ва шояд дуруст бошад бигӯем, ки навъе аз хиёнатҳо нисбат ба вазоифи илмиву миллӣ хеш аст. Дар зимн, бояд огоҳ бошем, ки сафаҳоти таърих пур аз он чизе, ки ба ѓалат бетаваҷҷӯҳӣ мехонданд, дар асл хиёнат будааст! Надониста хомӯш ва бетафовут будани олим далели заъфи хирадаш, вале дониста хомӯш ва бетафовут будан - хиёнати ақлаш аст.

Дар кишварҳое, ки бӯҳрони ҳуввияти миллии худро паси сар намуда ва истиқлоли воқеъиро касб кардаанд (мисли Эрон, Туркия, Миср ва ғ.) муаррихин ва пажӯҳишгарони масоили таърих буданд, ки қабл аз ақшори дигари ҷомеъа назари хешро нисбат ба таъйини авомили сарнавиштсози миллаташон эълом намуда буданд, чун онон хуб медонистанд, ки роҳҳои ҳалли ҳар гуна масоъили фарҳангӣ, беш аз пеш реша дар умқи таърих дорад.

Муаррихине, ки баъд аз ҳаллу фасли муҳимтарин масоъили таърихӣ ва тақдирсоз, изҳори назар мекунанд ва «тарафдорӣ» аз таҳвуллоту ислоҳоти анҷом шуда менамоянд, дар воқеъ, беш аз почалесону чоплусони қудрат нахоҳанд буд.

Боиси хушнудист, ки иддае аз муаррихон ва пажӯҳишгарони таърихи миллӣ бо дарки масъулияти илмӣ, гузаштан ба хатти ниёконро аз муҳимтарин ва муаассиртарин омили пешрафти миллат медонанд. Онон дуруст мегӯянд, ки миллат бидуни хатти аслӣ ва суннатии хеш наметавонад ояндаи худро бисозад.
Мо бояд бидонем, ки хатти кириллик (русӣ) саратони хуни маънавиёти миллат аст. Хатти кириллик - русӣ аз гурӯҳи хатти арабиасос нест ва он барои русзабонон омили пешрафат аст, вале барои тоҷикон нобудкунандаи селулҳои ҳастии миллат ва маънавиёти он аст. Замоне ки миллат рӯҳияаш қавӣ аст, ҳар зарбаро метавонад таҳаммул кунад, вале рӯҳияи шикастаи миллатро кадом ҷомеъа метавонад таҳаммул намояд? Фақат хатти ниёкон хуни зиндасоз дар сарнавишти таърих, ҳуввият ва тафаккури миллӣ аст ва бидуни хуни хеш сарнавишти хеш зиндаву солим нахоҳад буд!

Оре, ҳар чиз ба асли худ муроҷиа менамояд ва руҷӯъ ба асл низ аз фитрати вижаи инсон аст. Чун забон ҳам аз аносири аслии инсон аст, пас чаро гуфта нашавад, ки такомулаш аз роҳи расидан ба аслаш бошад?

Барои пешрафту такомул ба коргирии унсури асл муҳим аст, на фаръ. Аѓлаби рӯшанфикарону фарҳангиён, чӣ дар гузашта ва чӣ дар муосир аслро раҳо мекарданду дунболи фаръ мегардиданд ва ин суннат, бо камоли таассуф, ҳанӯз ҳам побарҷост. Фарҳангиёни миллӣ, мисли гузашта амали худро намебинанд, фақат илалу авомили сонавиву атрофро ба ҳисоб меоваранд.

Воқеъияти талхи таърихи муосири миллӣ ин аст, ки ислоҳоти сарнавиштсоз ҷиҳати ҳимояти забони миллӣ ҳанӯз, ки ҳанӯз сурат нагирифтааст! Масъала бо интиқоди андешаву дидгоҳҳо ҳалл намешавад. Роҳи ҳалл фақат якест ва он ҳам анҷоми ислоҳоти решаиву сарнавиштсоз аст.

Оқил бошем ва бояд бипазирем, ки мабдаъ ва роҳи ислоҳи аслии ҳар гуна мушкилот худ ҷомеъа аст ва дар амри ислоҳ донишмандон ва фарҳанигён, ки масъулияти бештареро бар ӯҳда доранд, боястӣ иродаву ҷасорат аз худ нишон бидиҳанд. Агар марди донишманд иродаву ҷасорат надошта бошад ва сухани ҳаққро напазирад, вай фақат дузди босавод аст. Вақте ки дар миёни рӯшанфикрони миллат дуздони андеша ва дар миёни андешмандон чоплусони қудрат зиёд мешаванд, дар ҷомеъа фақру бенавоии маънавият ҳоким мегардад. Фақри маънавият модари ҳамаи фасодҳои ҷомеъа аст. Пас, нахуст бояд илали фақрро аз миён бардошт!

Биёед, бо афкор ва андешаи нек баҳри пешрафт ва саодати ҷомеъа як дилу як тан бошем ва бо пиндору гуфтору кирдорамон забони модариро пос дошта бошем ва ин ҳақиқатро низ фаромӯш накунем, ки рӯйдодҳои фардоро аз кайфияти имрӯз метавон пешбинӣ кард. Хостан тавонистан аст!»


 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

somoni.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?