http://tajikam.com

Барандаи асосии интихобот бояд мардум бошад! PDF Чоп
Муаллиф: Насибҷон Амонӣ   
06.10.2013 08:14

... Атрофиёни раиси ҷумҳур хостанд ба Қонуни Асосӣ тағйирот ворид карда, Саид Муҳаммади Хотамӣ ин сиёсатмадори тавоно ва дӯстдоштаи ҳамагонро, ки барои пешрафти Эрон кори зиёде кардааст, бори сеюм номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд. Вақте ба ӯ  гуфтанд, ки ҳоло дар кишвар ба мақоми раиси ҷумҳурӣ аз Шумо арзандаву беҳтаре нест ва Шумо барои пешбарии номзадиатон ризоият бидиҳед, ӯ басо нороҳат шуд ва гуфт:

--Ин чӣ ҳарф аст?! Дар Эрони чандҳазорсола, Эроне, ки бо илму адаб ва фарҳанги волояш дар дунё машҳур аст, каси дигаре ҳампояи ман нест?! Ин нукта таҳқири Эрон ва мардуми мост. Дар Эрон ҳазорон инсонҳое ҳастанд, ки чун ман ва болотар аз мананд. Ман ҳеч гоҳ хостаи чанд танро болотар аз Қонуни Асосӣ намегузорам ва ба худ ва ё ҳар каси дигар  иҷоза намедиҳам, ки ба он тағйирот ворид намоянд. Қонуни Асосӣ муқаддас аст! Бигзор мардум шахси дилхоҳашро аз номзадҳои нав баргузинад, мардум заршинос ва дорои масъулияти баланд аст ва ҳеч гоҳ дар гузиниши хеш иштибоҳ намекунад...


Ҳоло дар Тоҷикистон корзори интихоботӣ  рӯз то рӯз гармтар мешавад ва имкон дорад, агар ҷонибдорони ислоҳотталаби кишвар, ки ҳамаи мухолифони  аслии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ташкил мекунанд, ба сабти номи номзадашон Ойниҳол Бобоназарова  даст биёбанд, бегумон мо шоҳиди як интихоботи бас тезу тунд ва пур аз баҳсу талошҳои доғ  мегардем. Дар кишвари дигари форсизабон—Афғонистони ба мо ҳамсоя ҳам сабти номи номзадҳо оғоз гардид ва аллакай тоҷикон дар он ҷо бо ақвоми гуногун чанд  эътилофе ташкил карда, номзадҳои худро пешниҳод карданд, ки бегумон номзади нерумандтарини онон доктор Абдуллоҳи Абдуллост. Вале дар кишвари пешгоми форсизабонон Эрон  чанд моҳ пеш мардум ин ҳама баҳсу талошҳои интихоботиро поён бахшида, идораи ҳукуматро ба дасти  номзади ислоҳотхоҳ Ҳасани Рӯҳонӣ доданд ва ҳоло онон аз чунин гузиниши дурусти худ изҳори шодмонӣ карда, паёмадҳои некӯи ин гузиниши хешро эҳсос мекунанд. Вале дастёбӣ ба чунин гузиниш ва рӯи кор овардани номзади дилхоҳ ба мардуми  Эрон ба осонӣ даст надод ва ин роҳ бегумон ба мардуми ҳамтаъриху ҳамзабон ва ҳамсарнавишти Тоҷикистону Афғонистон ва дигар кишварҳое, ки дар роҳи мардумсолорӣ ва барқарорсозии адолату озодиҳои мардум навомӯзанд, қобили омӯзиш ва пайравӣ ва ҳам дарсест ба онон дар корзори интихоботии имрӯза ва пасонашон...
Демократия ба гунаи эронӣ
Инак, Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳури тозагузидашудаи Эрон ба фаъолияти хеш оғоз намуд ва дар муддати хеле кӯтоҳ бо сиёсати дурусту  мардумпарваронаи хеш дар байни кишварҳои ҷаҳон соҳиби ҷойгоҳи ба Эрон шоиста  ва обрӯи хуб мегардад.  Вале роҳи ба қуллаи мақсуд расидани ин сиёсатмадор чандон ҳамвору осон набуд ва воқиан интихобот аз худи рӯзҳои  нахусти эълон шуданаш то баргузида шудани  раиси ҷумҳури нав мавзӯи доғ  дар худи Эрон ва ҳам берун аз он буд. Зеро интихоботи Эрон, ки ҷомиаи демократӣ ва ба вижа кишварҳои Ғарб аз он шадидан интиқод мекунанд ва онро ғайридемократӣ меноманд, вижагӣ ва бартариҳое дорад, ки онҳо на танҳо барои кишвари мо, балки барои бештари  кишварҳои пасошӯравӣ омӯзанда ва судманд аст. Бегумон,  дар масъалаи пешбарии номзадҳо ва пасон аз ҷониби Шӯрои нигаҳбон аз ғалбер гузаронидани онҳо дурравиҳое  аз  хостаҳои демократӣ  намоёнанд. Вале ин ҷо бояд чунин воқеиятро пазируфт, ки Эрон кишвари исломист ва интихобот ҳам дар ин ҷо дар чаҳорчӯби хостаҳои ҷомиаи исломӣ ҷараён мегирад. Аз сӯи дигар, рӯшан аст, ки ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ  на ҳар камхираду бедонишон ва шахсони нолоиқу бесалоҳият, ки ҳусну қубҳи ин маъакаро мекоҳонанду пайкори интихоботиро ба бозиву мазҳакаи сиёсӣ табдил медиҳанд, пешниҳод гарданд. Вале пас аз ин ки Шӯрои нигаҳбон 8 номзадро аз 800 довталаби мақоми раёсати ҷумҳурӣ баргузид, интихоботи Эрон ба маҷрои воқеии демократӣ даромад: ҳам баҳсҳои телевизиониву мулоқотҳо бо интихобкунандагон ва ҳам аз рӯйи диду андеша ва гаравиш ба равишҳои гуногун созмон додани эътилоф ва ё ба суди дигаре аз идомаи рақобат даст кашидани номзадҳо ва дар интихобот ба гунаи фаъол ширкат кардани мардум( 72 дарсад) ва басо кам рух додани тақаллуб ва қонуншиканӣ ҳангоми ройдиҳӣ таъйидкунандаи ин гуфтаҳоанд. Барои тақвияти ин андеша метавон боз чанд нуктаро ёдовар шуд.
Нахуст пеш аз интихобот рӯшан буд, ки дар ин маърака барои ба даст овардани роъйи мардум асосан гурӯҳҳои усулгаро бо ислоҳталабону миёнаравҳо пайкор хоҳанд кард. Усулгароён, ки қудратро дар даст доранду  ба гунаи ошкор ҳам набошад, аз ҷониби мақомоти  кишвар  пуштибонӣ меёфтанд,  Саид Ҷалилӣ --дабири Шӯрои олии амнияти миллиро  пешбарӣ карданд. Вале таърихи анқариб 35 солаи ҷумҳурии исломии Эрон гувоҳ аст, ки борҳо  дар интихобот мардум на ба номзаде, ки аз ҷониби мақомоти кишвар пуштибонӣ мешавад, балки бештар ба андеша ва барномаву амали пасини номзад роъй медиҳанд. Чунин буд, ки дар интихоботи ҳафтум, ки дар он Саид Муҳаммад Хотамӣ--китобдори Теҳрон ва вазири пешини фарҳанг ва Нотиқи Нурӣ-- раиси Маҷлиси кишвар пешбарӣ шуда буданд, мардум на ба Нотиқи  Нурӣ, ки пуштибонаш ҳукумат  буд, балки ба Муҳаммади Хотамӣ роъй дод ва ӯ ду бор барандаи интихоботи Эрон гардид.
Мардум нахуст Рафсанҷонӣ ё Хотамиро мехост...
Ин бор ҳам интихобот монанди он интихоботи пешин буд. Танҳо дигаргунӣ дар он буд, ки ислоҳталабон ва миёнаравҳо нахуст мехостанд дар интихобот аз ду раиси ҷумҳури пешин Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Саид Муҳаммади Хотамӣ якеро чун номзад пешниҳод кунанд ва ниҳоят онон Ҳошимии Рафсанҷонии 79 соларо розӣ сохтанд барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ бори дигар вориди пайкори интихоботӣ гардад. Вале ин чеҳраи шинохта ва соҳибарҷ чун Раҳим Машоӣ --раиси пешини дастгоҳи идораи раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод аз ҷониби  Шӯрои нигаҳбон таъйид нагардид ва дар охири кор ӯву ҳамтои дигари пешинаш Саид Муҳаммади Хотамӣ аз номзадии Ҳасани Рӯҳонӣ, ки гаравишҳое ба ислоҳталабӣ дошт, пуштибонии худро эълон карданд ва барои ба пирӯзӣ расидани ин номзад нақши калидӣ доштанд. Омили дигаре, ки ба пирӯзии номзади ислоҳталабону миёнаравҳо мусоидат кард, мавқеи бас фаъол доштани мардуми Эрон, худогоҳӣ, худшиносӣ, масъулиятшиносӣ ва фарҳанги волои сиёсии онон буд.  Агар онон дар роҳи ҳадафи хеш -- ба пирӯзӣ расонидани номзадашон дасти ҳамдигарро маҳкам гирифта талош намекарданд ва ҳар як ба гунаи фаъол паси сандуқҳои роъй намерафтанд, гумон аст, ки Ҳасани Рӯҳонӣ  ба панҷ номзади дигари усулгаро, ки ҳама аз шахсиятҳои шинохтаи ҳукумати Эрон буданд, дар даври аввал(!) бо дарёфти 50,7 дарсади оро ба пирӯзӣ мерасид. Нуктае, ки бештари мардуми Эронро, ки ташнаи ислоҳот ва тағйир буданд, ба ҷунбиш оварда, бисёриҳоро  пуштибони Рӯҳонӣ кард, ин буд, ки ӯ ваъда дод пас аз пирӯзӣ бо иҷрои дақиқи Қонуни Асосӣ роҳро барои озодиҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва низ демокросӣ кардани ҷомиа ҳамвор хоҳад кард. Яъне, ҳамин омилҳо  раванди интихоботро ба суди Ҳасани Рӯҳонӣ дигар кард.
Сухан бифканад минбару дорро...
Ин бори дуюм буд, ки дар интихоботи ҶИЭ сухане, ки дархури хостаҳои мардум аст, коро ва ҳалкунанда гардид. Бори нахуст, дар интихоботи ҳафтум чун номзади усулгаро Нотиқи Нурӣ-- раиси Маҷлиси кишвар гуфт, ки мактаби писаронаю духтаронаро алоҳида хоҳад кард, Саид Муҳаммади Хотамӣ, баръакс, аз ҳамроҳ хондани писарон ва духтарон дар дабистонҳо пуштибонӣ кард ва мардум ӯро раиси ҷумҳури хеш баргузиданд. Яъне, дар интихоботи Эрон нақши андеша ва барномаи номзадҳо, ки онон барои аҳли ҷомиа ва кишвар   чи пасомади созандае доранд, басо муҳим аст. Ба фармудаи мо, дар интихоботи Эрон ба калӯшномзадҳо роҳ нест ва калӯшинтихобкунандаҳо ҳеч нақше надоранд. Маърифати баланди сиёсии интихобкунандагон дар ин кишвари ҳамзабони мо намегузорад, ки ононро бо ваъдаҳои пучу холӣ ва барои ҷомиа беарзиш фиреб диҳӣ. Ба гунаи дигар бигӯем, дар бештари интихоботҳои кишвар ҳарфи охирро мардум мезананд ва роъйу сухани онон бар ҳаво намеравад ва ё наметавон роъйи ононро дуздид ва аз они хеш кард...Агар ба интихоботҳои пешини кишвар назар биандозем, мебинем, ки тақрибан дар ҳамаи онҳо мардум то ҷое имкон ва шароити интихоб доштанд ва ба роъйу интихоби онон арҷ гузошта мешуд. Агар чунин намебуд, пешвои мазҳабии Эрон оятуллоҳ Хоменеӣ аз нахустинҳо шуда ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ баргузида шудани Ҳасани Рӯҳониро шодбош намегуфт.
Нуктаи ҷолиби дигар ин ки 5 рақиби Ҳасани Рӯҳонӣ, ки ҳама усулгаро ва аз ҳамсафони оятуллоҳ Хоменеӣ ҳастанд, пас аз шикасти хеш дар даври нахуст бохти худро мардонавор пазируфтанд ва аз ҷониби онон ҳеч эътирозе аз ҷараёни интихобот шунида нашуд... Ҳамчунин худи роъйдиҳандагон ҳам аз қонуншикании густурдае ёд накарданд ва худ пирӯзии намояндаи гурӯҳи ислоҳталаб  бар панҷ рақиби усулгаро  баёнгари нисбатан одилона ва шаффофу дар доираи  қонун баргузор шудани интихобот аст.
Саид Муҳаммади Хотамӣ: “Чун ман ва беҳтар аз ман дар Эрон ҳазоронанд...”
Нуктаи дигаре, ки интихоботро ба маъраки муҳими сиёсӣ табдил додааст, ин муҳлат ва шарту шароити баргузор кардани он аст. Дар Эрони исломӣ, ки ҳеч лофе аз демократия ва эҳтироми қонун намезананду касе барои ҷалби мардум савганд ҳам намехӯрад, вале дар асл  дар ин ҷо ба мардумсолорӣ содиқанду онро амалан иҷро менамоянд, раиси ҷумҳур барои чаҳор сол баргузида мешавад ва ӯ ҳақ дорад пас аз анҷоми раёсати хеш барои давраи нав номзадиашро пешбарӣ намояд. Вале ҳеч кас, ҳатто оне, ки барои мардум ва ин кишвар аз осмон ситора оварда ҳам бошад, ҳақ надорад, ки пай дар пай бори сеюм номазади раёсати ҷумҳурӣ шавад. Ин талаботи асосии интихоботро хостанд дар давраи раёсати ҷумҳурии Саид Муҳаммади Хотамӣ дигар кунанд. Атрофиёни раиси ҷумҳур хостанд ба Қонуни Асосӣ тағйирот ворид карда, ин сиёсатмадори тавоно ва дӯстдоштаи ҳамагонро, ки барои пешрафти Эрон кори зиёде кардааст, бори сеюм номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд. Вақте ба Саид Муҳаммади Хотамӣ гуфтанд, ки ҳоло дар кишвар ба мақоми раиси ҷумҳурӣ аз Шумо арзандаву беҳтаре нест ва Шумо барои пешбарии номзадиатон ризоият бидиҳед, ӯ басо нороҳат шуд ва гуфт:
--Ин чӣ ҳарф аст?! Дар Эрони чандҳазорсола, Эроне, ки бо илму адаб ва фарҳанги волояш дар дунё машҳур аст, каси дигаре ҳампояи ман нест?! Ин нукта таҳқири Эрон ва мардуми мост. Дар Эрон ҳазорон инсонҳое ҳастанд, ки чун ман ва болотар аз мананд. Ман ҳеч гоҳ хостаи чанд танро болотар аз Қонуни Асосӣ намегузорам ва ба худ ва ё ҳар каси дигар  иҷоза намедиҳам, ки ба он тағйирот ворид намоянд. Қонуни Асосӣ муқаддас аст! Бигзор мардум шахси дилхоҳашро аз номзадҳои нав баргузинад, мардум заршинос ва дорои масъулияти баланд аст ва ҳеч гоҳ дар гузиниши хеш иштибоҳ намекунад...
Агар он ҳангом  раиси ҷумҳур Саид Муҳаммади Хотамӣ дархости тамаллуқкоронаи чанд танро, ки шояд ҳадафи аслии он пешниҳод ҳифзи ҷоҳу ҷалол ва мансабу дороии хеш буд, мепазируфту ба Қонуни Асосӣ тағйирот ворид карда, худро бори сеюму чаҳорум ва...раиси чумҳур мекард, бешубҳа, дигар ба раги ҷомиа хуни тоза ворид намешуд ва оҳиста -оҳиста Эрон            шукӯҳу шаҳомат ва роҳи беҳтарин ва осоиштаи додани қудрат ба шахси баргузидаи мардумро аз даст медод ва имрӯз мардум номзади дилхоҳаш Ҳасани Рӯҳониро баргузида наметавонист. Зеро ҷомиашиносон бар ин боваранд, ки ҳукумати бардавоми як шахс    ногузир низоми худкомаеро мезояд ва ҷомиа ба рукуд дучор мегардад. Бар илова, ва ин нукта бас муҳим аст, агар Саид муҳаммади Хотамӣ он ҳангом барои шахси хеш ба Қонуни Асосии кишвар дигаргунӣ медаровард, пасон ин “таҷриба”-и дароз кардани раёсати ҷумҳуриро дигарон ҳам такрор мекарданд ва дигар мардум тавони гузинишро   пурра аз даст медод ва интихобот дар кишвар  ба бозичае табдил меёфту  он интихоботҳо  бидуни интихоб мегузашт... Вале мардуми Эрон ҳам ҳеч гоҳ хостори чунин интихоботи бидуни интихоб  ва ба дарозо дар сари қудрат мондани як шахс набуду нест . Зеро ба бовари коршиносон, беҳтарин ва муассиртарин интихобот ин аст, ки муҳлати он беш аз чаҳор ё панҷ сол набошад ва ҳеч касе натавонад, ки беш аз ду давраи раиси ҷумҳуриаш паёпай номзад ба ин мақоми боло гардад ва чунин интихобот ҳам роҳи беҳтарин ва осоиштаи интиқоли қудрат асту ҳам омили пешрафт ва аз байн бурдани норасоиҳои  ҷомиа ва рӯйи об баровардани ҳама хасу хошокҳо, қилро аз хамир ҷудо кардан ва гузиниши зари холис! 
Бартариҳои интихоботи шаффофу демократӣ
Бар илова, интихоботи шаффофу демократӣ, ки дар он мардум ба гунаи фаъол  ширкат мекунанд, чунин афзалиятҳоро дорост:
а) нигоҳ ва таъсири кишварҳои хориҷиро аз байн мебарад  ва ба ҳукумати тозаинтихобшуда дар арсаи байналмилалӣ мустақилияту истиқлоли зарурӣ медиҳад;
б) ҳукуматро маҷбур месозад, ки мувофиқи хостаи мардум кор кунад;
в) ҳукумат ногузир ба ислоҳот ва ислоҳи дарунии худ даст мезанад .
Вале агар интихобот ноодилона бигзараду он пур аз тақаллубу қонуншиканӣ бошад,  бо роҳи истифодаи “чарх” ҳо (каруселҳо) даҳҳо ва садҳо нафар ба ҷойи ҳазорон ва миллионҳо роъй диҳанд ва ё роъйи ба номзади дилхоҳ додаи ононро ба номи дигарон бинвисанд; бо шеваи дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҷойгузин кардани намояндагони танҳо як ҳизб ё гурӯҳ пиёда кардани шиори истолинии “Чи гуна ва ба кӣ роъй додан муҳим нест, балки муҳим чи гуна шуморидани роъй аст!”  натиҷаи интихоботро ба суди хеш бинвисанд, чунин интихобот на танҳо ҷомиаро аз рушд боз медораду рӯ ба рукуд меорад, балки боиси дилсардии мардум ва ҳатто имкон дорад, бо роҳи ғайриқонунӣ ва истифодаи неру дигар кардани ҳокимияти сиёсӣ гардад. Вале бо ин ҳама мардум бояд дар чунин интихоботҳои сад дарсад тақаллубдошта ба гунаи фаъол ширкат кунад, то он ҳама беадолатиҳоро бо чашми сар бубинад ва пасон аз пайи ислоҳи он гардад! Нуктаи дигари бас муҳим ин аст, ки дар чунин интихоботҳо  намояндагони ҳокимият мебинанд, ки дар асл мардум алайҳи онон роъй дода, роҳу равиши ононро пуштибонӣ намекунад ва ин ҳам худ дарсест ба онон  то пасон онон бояд гомҳои хешро бо андеша бимонанд ва аз роҳи рост дур нараванд, то дар фарҷом  ба чоҳ наафтанд.
Интихоботи озоду одилона ва шаффофу демократӣ, ки бидуни тақаллуб ва қонуншиканӣ мегузарад, давоест ба ҷисми ҷомиа. Он дардҳоро марҳам мегардад  ва он дардҳо дар давраи маъракаи интихоботӣ рӯйи об баромада,  пас аз пирӯзии номзади баргузидаи мардум рӯ ба беҳбудӣ ва дурустшавӣ меорад. Дар натиҷа, ҷомиа тандурусту солим мегардад.
Баръакс, интихоботи ғайридемокративу пуртақаллубу ноодилона , ки натиҷааш бо роҳи тақаллуб на номзади хостаи мардум, балки номзади хостаи як гурӯҳ ё шумори басо ками одамонро ба сари қудрат менишонад, он ҳам дардҳои пешини ҷомиаро пинҳон месозаду ҳам дардҳои наверо бар он меафзояд ва тани бе он ҳам абгори ҷомиаро боз ҳам абгортар месозад ва ҳатто он  имкон дорад, боиси нобудии низом ва парешониву дарбадарии мардум гардад. Вале ҳатто дар чунин интихоботҳои пуртақаллуб, ки қонун зери по мегардаду натиҷаи онро ҳокимият ба номи хеш сабт месозад, бояд ширкат кард . Зеро ҳар интихобот барои мардум ва ҷомиа озмоиш ва равишҳоест  барои дар охири кор расидан ба ҷомиаи демократӣ.  Дар ин роҳ  ногузир хато хоҳӣ кард, вале риск бояд кард , бояд ба ҳама гуна бедодиву саркӯбӣ бардошт кард, то дар ниҳоят ба натиҷаи дилхоҳ расид.  Агар аз хато тарсӣ, ба пеш гом намезанӣ ва дар интихобот кунҷи хонаро ҷойи хеш медониву  аз сиёҳу сафедҳо , аз воқеияти ҷомиа, аз бадхоҳону некхоҳони он, ки ба гунаи рӯшан танҳо дар интихобот  маълум мегарданд, огоҳ намешавӣ. Ин воқеиятро низ интихоботи Эрон нишон дод. Дар интихоботи пешин , ки Маҳмуди Аҳмадинажод дубора пирӯз дониста шуд, ҳокимият ба тақаллуб ва истифода аз имконоти идорӣ даст зад, вале мардум дар он ширкат карданд то ҳокимият бифаҳмад, ки мардум чӣ мехоҳад.  Дар натиҷа диди мардум аз интихобот то интихобот дигар мешуд, онон рӯшанбинтару жарфнигартар мегардиданд. Чунин жарфнигариву рӯшанбинӣ буд, ки дар интихоботи ахир намояндагони ислоҳталаб дар лаҳзаҳои ҳалкунанда бо ҳам омаданд ва номзади ислоҳталаб Мухаммад ризо Ориф  манфиатҳои ҷомиаро болотар аз суди хеш дониста, аз идомаи рақобат ба суди Ҳасани Рӯҳонӣ даст кашид.
Омили дигари пирӯзии  ислоҳталабону миёнаравҳо дар интихобот ин аст, ки онон аз бохти таҳмилӣ дар интихоботи гузашта дилсард нашуданд  ва баръакс дар ин интихобот густурдатар аз пешина шират карданд. Ин худ раванди табиист ва дар он ҷойе, ки қонуншиканию тақаллуб ва нодида гирифтани хоставу ройъи мардум боло равад, мухолифат ҳам зиёд хоҳад шуд ва дер ё зуд мардум аз мухолифон дифоъ хоҳанд кард ва ононро ба пирӯзӣ хоҳанд расонд...
Дасти бегонагон бурида шуд!
Дар ағлаби кишварҳои пасошӯравӣ бо наздикрасии корзори  интихоботи раёсати ҷумҳурӣ  бештари номзадҳои эҳтимолӣ на аз пайи устувор кардани ҷойу  мақоми хеш дар байни мардум мешаванд, балки давутози худро ба Маскаву Вашингтон  ва сафоратҳои кишварҳои гуногуни хориҷӣ оғоз мекунанд, ва ҳар гуна амалҳои ба он кишварҳо хушоянд ва судбахшро дар остона ва рӯзҳои интихобот ба роҳ меандозанд  то нахуст аз ҷониби  Русияву ИМА ва дигар кишварҳои пурнуфузи минтақа ба худ пуштибон пайдо кунанд... Аз ҷумла, сафарҳои вақтҳои ахир ба Русия анҷомдодаи Эмомалӣ Раҳмон ва  мулоқотҳои ӯ бо Путин,  маҳз дар рӯзҳои интихобот аз ҷониби парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонидани муҳлати будубоши ройгони сарбозони рус дар Тоҷикистон то соли  соли 2042, дархости Тоҷикистон аз Русия  барои ба ин кишвар фиристодани 4000 омӯзгори забони русӣ  аз ҷумлаи духтарон(!?), ризоият додани  Тоҷикистон ба ширкати русӣ ба саҳми 30 дарсадаи хеш ( ??) дар истихроҷи гози Сариқамиш ва дар рӯзҳои интихобот баргузор кардани рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистонро коршиносон аз ҷумлаи чунин амалҳои ба кишварҳои абарқудрат  худро ширин кардани  ҳукумати Тоҷикистон медонанд. Чунин амалҳои пасипардагӣ, ки ҳадафи асосии онҳоро коршиносон  на такя ба неруи  мардуми хеш, балки ба қудратҳои бегона медонанд,  аз як сӯ худи интихоботро аз равиши  демократӣ берун бароварда,  ба тақаллубу ношаффофӣ ва  қонуншиканиҳо  бибарад, аз сӯи дигар, ин гоми номуборакест, ки  фарҷомаш бозичаи дасти бегонагон шудан ва ба варта кашидани кишвар аст.     Бо чунин бархурдҳои носавоб чунин  сарони кишварҳо сарнавишти хеш ва кишвари хешро ба дасти бегонагон месупоранд ва то замони дар сари қудрат будан хидмати кишвару мардуми хеш не, балки хидмати бегонагонро  мекунанд! Худ рӯшан аст, ки ягон сиёсатмадори бегона  бошад, бидуни ғараз ва ё ҳадафи давлатии хеш  як рубл, як доллар, як сӯм ва як юанашро ба касе намедиҳад ва ё касро холисона ва ё бар пояи ойини дӯстии хусусӣ пуштибонӣ намекунад... Дар китоби таърих  бисёр рӯйдоди нангине сабт шудааст, ки сарварони ба бегонагон фурӯхташуда  пасон миллат ва кишварро ҳам ба онон фурӯхтанд ва сабабгори нобудии даҳҳо ва садҳо ҳазор нафар мардуми хеш  ва харобии кишвар гардиданд... Вале агар дар интихобот   номзадҳо ба умеди дасти бегонагон нашуда, худхоҳиву худкомагӣ ва манфиатҳои хонаводагиву маҳаллиашонро як сӯ гузошта, бо ном ва дарназардошти суди миллату кишвар  мардона ба корзори интихоботӣ ворид шаванд  ва даст аз қаллобиву қонуншиканӣ  ва сохтакорӣ бардошта, бо дигар номзадҳо ҳаққу ҳалол барои расидан ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ талош кунанд ва дар  ин росто танҳо ба хоста ва ройъи мардум такя кунанд, дар чунин интихобот ҳарчанд яке баранда ва чанди дигар бозанда  мегарданд, вале дар маҷмӯъ,  мардум ва худи кишвар барандаи интихобот мегарданд.  Оне, ки дар чунин интихобот ба пирӯзӣ мерасад, ҳам дар дохили кишвар арҷ меёбаду ҳам дар берун аз он ва ӯ бо такя ба ройъи мардум ҳеч гоҳ гоме берун аз хостаи онон гузошта наметавонад.  Баръакс, дар интихоботҳои бидуни интихоб , яъне интихоботҳои   пуртақаллубу ношаффоф, ки натиҷааш аз оғоз барои ҳамагон маълум асту дар ин интихоботҳо бархе номзадҳо  пушибонии хешро аз мардум намеҷӯянду такя ба кишварҳои бегона мекунанд, як нафари худкома ба ном баранда ва чанд тани дигар ба ном бозанда мешаванд, вале дар асл, дар ин намоишномаи интихоботӣ бозандаи асосӣ  мардум ва худи кишвар асту бас! Яъне дар чунин интихобтҳо шаҳди пирӯзиро на мардум ва худи кишвар, балки номзади худхоҳу бегонапараст ва хоҷагони хориҷии ӯ мечашанд...Дар чунин интихоботҳо ба мардум танҳо заҳри нокомиву азобу ранҷ мерасад... Бисёр  интихобот дар кишварҳои худкома ва пасошӯравӣ  ва ҳатто дар Эрон  борҳо ин воқеиятҳоро  собит сохт.
Ба бовари коршиносон, ба вижа, дар интихоботи  навбати дуюми Маҳмуди Аҳмадинажод  низоми мавҷуда аз имкони идорӣ кор гирифт  ва тақаллубу қонуншиканиҳо ҷой дошт ва пас аз эълони натиҷаи интихобот даҳҳо ҳазор нафар ба хиёбонҳо баромада, эътирози шадиди хешро баён карданд. Дар натиҷа, бовар ва эътимод ба ҳукумат коҳиш ёфт ва ҳамаи ин ба суди кишварҳои бегона буд. Онҳо аз заъфи ҳукумат ва поин рафтани пуштибонии мардум аз он истифода карда, алайҳи Эрон ҳар гуна таҳриму амалҳои зиёнборро роҳандозӣ карданд.  Вале интихоботи ёздаҳум вазъро дубора дигар кард. Ин интихобот, ба гунае, ки гуфтем, бо ширкати фаъоли мардум ва нисбатан озоду демократӣ  ва шаффофу одилона баргузор шуд, бовари мардум ба ҳукуматро дубора зиёд кард ва акнун ҳокимият бо такя ба пуштибонии  васеи мардум дар арсаи байналмилалӣ даст ва забони дароз хоҳад дошт. Кишварҳои дигар, ба вижа, кишварҳои Ғарб, ки ба Эрон нигоҳи нек надоштанд, мекӯшиданд, ки бо ҳар роҳ хостаҳои хешро ба ин кишвар таҳмил карда, онро дузону биншонанд, акнун маҷбуранд, чунин воқеиятро ба инобат бигиранд,  ки ҳукумат бо сарварии Ҳасани Рӯҳонӣ акнун як қудрати заифе нест ва он ҳокимиятест, ки аз он мардуми кишвар пуштибонӣ кардааст! Онон хуб медонанд, ки ҳукумате бо чунин пуштивонаи нерумандро набояд бо чашми кам дид ва таҳаввулоти ахир дар ҳаёти сиёсии Эрон дар муносибат бо кишварҳои Ғарб, ба вижа, Иолоти Муттаҳидаи Амрико дурустии ин гуфтаҳоро собит сохт ва боз бо камоли боварӣ метавон умедвор шуд, ки ҳукумати Эрон аз ин пас низ бо сарварии Ҳасани Рӯҳонӣ --раиси ҷумҳури аз ҷониби мардум одилона баргузидашуда ба дастовардҳои беш аз ин ноил хоҳад гардид ва намунаи  ибрати дигар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистону Афғонистон хоҳад  шуд. 


 

 

Суруди ҳафта


Фарзандони тоҷик

abduljabbar.jpg

Тоҷикам ба форсӣ


Барги Тоҷикам дар Фейсбук


 

Назарсанҷӣ

Назари Шумо дар масъалаи бозгашт ба хати ниёкон,яъне хати форсӣ ва даст кашидан аз хати сириллик чӣ гуна аст?